Вақте бо эҳсосоти мардум бозӣ мешавад… (тасовир)

Аз замони нооромиҳо дар порае аз шаҳрҳои Эрон, тасовир ва филмҳое ба сурати густарда дар бархе расонаҳо ва миёни корбарони фазои маҷозӣ мунташир шуд, ки сиҳҳат надоштанд ва марбут ба замонҳои гузашта ё тазоҳуротҳои соири нуқоти дунё буданд.

Дар ин гузориш, нигоҳе хоҳем дошт ба бархе аз ин тасовир ва филмҳо:

1)

Тасвири боло, ки бисёре аз рӯзноманигорон ва корбарон дар Твиттер ва Фейсбук онро ба унвони тасвири “Зани шуҷоъи эронӣ” дар ҳоли мубориза бо саркӯбгарон мунташир кардаанд, яке аз саҳнаҳои филми “Қалодаҳои тилло” аст.

Ин филмро инҷо метавонед тамошо кунед:

2)

Бархе аз корбарони фазои маҷозӣ филмеро мунташир кардаанд, ки муддаӣ аст пулиси Эронро дар ҳоли сирқат аз мағозаҳо нишон медиҳад.

Бо вуҷуди ин, мушаххас аст, ки ин филм марбут ба Эрон нест; ҳам юниформи пулисҳо ва ҳам ҳак шудани иборати испониёии “Policia” рӯи либосҳои онҳо, ба вузуҳ нишон медиҳад, ки ин филм иртиботе бо иғтишошот дар Эрон надорад. Расонаҳои мексикӣ гуфтаанд, филми мавриди назар дар таърихи 26 декабри 2017 гирифта шуда ва пулиси Мексикро дар ҳоли сирқат аз гӯшиҳои мубойл аз як мағоза нишон медиҳанд.

3)

Расонаҳои арабзабон ва рӯзноманигорони расонаҳои ҷараёни аслии ғарбӣ бо интишори тасвире аз як писари 13-сола ба номи Амирҳусайни Попӣ иддао карданд ӯ тавассути нерӯҳои амниятӣ дар тазоҳуроти “Дуруд” кушта шудааст. Ӯ андаке баъд, бо интишори видеое ин шойеаро такзиб кард.

4)

Коноли телегромии “Омаднюз” дар рӯзҳои гузашта бештарин тасовир ва филмҳои ҷаълиро аз иғтишошоти Эрон мунташир кард. Дар яке аз ин тасовир, “Омаднюз” бо интишори як тасвири оғушта ба хун навишт: “Хунҳои рехташуда тавассути ҷинояткорони ҳукумати исломӣ дар Аҳвоз; модарони миҳан интиқоми хуни фарзандонашонро аз додгоҳи адли илоҳӣ хоҳанд гирифт.”

Тасвире, ки “Омаднюз” мунташир карда буд, дар воқеъ қаблан дар расонаҳои арабӣ ба унвони “кушта шудани тазоҳуроткунандагони мисрӣ” мунташир шудааст.

5)

“Омаднюз” тасвире аз фурудгоҳи Тифлиси Гурҷистон ба ҷои фурудгоҳи Имом Хумайнӣ мунташир карда ва навишта буд, ҳавопаймоҳо “дар ҳоли боргирии муҳаввалаҳои шимши тилло ва дулор ва евро барои хуруҷ аз кишвар ҳастанд.”

6)

Шумори бисёр зиёде аз корбарон видеое аз як тазоҳуроти густарда дар Баҳрайн дар соли 2011-ро мунташир карда ва навиштаанд, 300 ҳазор нафар дар ҳоли тазоҳурот барои демукросӣ дар Эрон ҳастанд.

7)

Видеои мунташиршудаи дигар, марбут ба тазоҳуроте дар Буэнус-ойреси Оржонтин (Аргентина) аст, ки борҳо тавассути корбарони фазои маҷозӣ мунташир шудааст. Бо он ки садои мардум дар ин филм дар ҳоли сӯҳбат ба забони испониёӣ шунида мешавад, ин видео ҳам ба номи тазоҳурот дар Эрон мунташир шудааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: