Даргузашти Эшони Абдулқуддус

Эшони Абдулқуддус, аз руҳониҳои маъруфи Тоҷикистон, имрӯз (7 январи 2018) дар синни 68-солагӣ дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт.

Ба гуфтаи наздикони марҳум, ӯ муддате пеш ба иллати як беморӣ дар бемористон бистарӣ шуда будааст ва вақте аз онҷо мураххас мешавад, дар роҳ ба манзил ва дар дохили мошин, ҷон ва ҷонофарин месупорад. Тибқи гуфтаи ин манбаъ, се моҳ қабл яке аз фарзандони марҳум чашм аз дунё мебандад ва ҳамин фоҷеа сабаби вахим гардидани ҳоли марҳум Эшони Абдулқуддус мешавад ва ӯро ба бемористон мунтақил мекунанд.

Эшони Абдулқуддус, фарзанди аршади марҳуми Эшони Абдурраҳмонҷон аст ва марҳуми Эшони Абдурраҳмонҷон аз пирони тариқати Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Ба гузориши сойти Ахбор, “маросими дафни Эшон рӯзи 8 январ доир мешавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки ӯро дар маҳалли зисташ – ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок месупоранд ва ё ба зодгоҳаш – деҳаи Қалъаи нави минтақаи Оби Гарм хоҳанд бурд.”

Дақоиқе пеш ба мо хабар доданд, ки ҷанозаи марҳумро ба зодгоҳаш деҳаи Қалъаи нав хоҳанд бурд.

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Ҷомеа

Метки:

1 reply

  1. Худованд махфираташ кунад

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: