Адли илоҳӣ (4)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (4)

Таъсири каломи исломӣ дар фалсафаи исломӣ

Баҳсҳои каломии исломӣ ҳарчанд ба натиҷаи ниҳоӣ нарасид, вале ин мабоҳис кӯмак ва мадади фаровоне кард ба ҳукамо ва фалосифаи исломӣ дар масоили илоҳиёт. Яке аз ҷиҳоте, ки фалсафаи исломӣ дар масоили “Илоҳиёт бил-маънал-ахасс” (дар истилоҳ, он бахш аз фалсафа, ки ба шинохти Худо ва олами муҷаррадот ихтисос дорад, “Илоҳиёт бил-маънал-ахасс” номида шудааст) сарзаминҳои ҷадиде фатҳ кард ва фосилааш бо фалсафаи юнонӣ ва искандаронӣ зиёд шуд, мояҳое аст, ки аз каломи исломӣ гирифт. Мутакаллимон ин ҳақро ба гардани фалосифа доранд, ки уфуқҳои наве гушуданд ва масоили вежае тарҳ карданд агарчи худ аз ӯҳдаи ҳалли онҳо барнаёмаданд.

Мутакаллимон, илова бар ин ки бо тарҳи як силсила масоил, роҳро барои фалосифа боз карданд, аз роҳи дигар низ хидмати басазое карданд, ва он ин ки: чун дар муқобили андешаи юнонӣ таслим набуданд, ба мақоми муъораза бармеомаданд ва ба чеҳраи фалсафа ва фалосифа нохун мезаданд, дар радди фалсафа ва фалосифа китоб менавиштанд ва орои онҳоро нақзу радд мекарданд. Боби ташкику тардид дар андешаҳои фалсафиро онҳо боз карданд. Тасодум ва истикоки оро ва ақоиди мутакаллимон бо орои фалосифа ва талошҳои сахти фалосифа барои хуруҷ аз бунбастҳо, таҳарруки хоссе дар илоҳиёти фалсафаи исломӣ ба вуҷуд овард. Дар талошҳои сахт аст, ки барқҳое меҷаҳад ва сарзаминҳои тозае кашф мешавад.

* * *

Мактаби ақлии шиъӣ

Дар ин миён, мактаби каломӣ ва фалсафии шиъӣ ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Мактаби Мӯътазила ва Ашоира, ки аз онҳо сухан гуфтем, ҳар ду марбут аст ба ҷаҳони тасаннун. Шиъа ҳамчунон ки дар фурӯъи аҳком истиқлол дошт, дар усул ва масоили каломии фалсафӣ ва ба истилоҳ дар “маорифи исломӣ” низ комилан мустақил буд.

Дар мактаби каломӣ ва фалсафии шиъӣ, масоили адл ва тавҳид матраҳ ва амиқтарин назариёт иброз гардид. Дар чаҳор масъалаи маъруф — яъне адл ва ақл ва иститоат ва ҳикмат — ҷониби Мӯътазила ҳимоят шуд ва ба ҳамин ҷиҳат шиъа ҷузъи “Адлия” ба шумор омад. Вале дар мактаби шиъа, мафҳуми ҳар як аз ин чаҳорто бо он чи Мӯътазила ба он мӯътақид буданд, тафовутҳое дошт. Масалан, дар мактаби шиъӣ ҳаргиз “ихтиёр” ба сурати “тафвиз” ва вогузорӣ, ки навъе салби ихтиёр аз зоти Ҳақ ва навъе истиқлол дар фоилият ва навъе худогунагӣ барои инсон аст, ки табъан мулозим бо ширк аст, тафсир нашуд. Дар ин мактаб, барои аввалин бор имомони атҳор (алайҳимус-салом), ки илҳомбахши ин мактаб буданд, асли “амр байнал-амрайн”-ро тарҳ карданд, ва ин ҷумла маъруф ва машҳур шуд, ки:

لا جبر ولا تفويض بل أمر بين الأمرين

(“На ҷабр аст ва на тафвиз, балки амрест байни ин ду амр”)

Дар ин мактаб, асли адл ба мафҳуми ҷомеи худ таъйид шуд бидуни он ки кучактарин зарбае ба тавҳиди афъолӣ ё тавҳиди зотӣ ворид ояд; адл дар канори тавҳид қарор гирифт ва ба ҳақ гуфта шуд, ки:

العدل والتوحيد علويان، والجبر والتشبيه أمويان

(“Адлу тавҳид ҳар ду алавӣ ҳастанд, ва ҷабру ташбеҳ ҳар ду умавӣ.”)

Дар ин мактаб, асолати адл ва ҳурмати ақл ва шахсияти озод ва мухтори инсон ва низоми ҳакимонаи ҷаҳон исбот шуд бидуни он ки хадшае бар тавҳиди зотӣ ё афъолӣ ворид шавад. Ихтиёри инсон таъйид шуд бидуни он ки инсон ба сурати шарике дар “мулки илоҳӣ” чеҳра бинумояд ва иродаи илоҳӣ мақҳуру мағлуби иродаи инсонӣ талаққӣ шавад. Қазо ва қадари илоҳӣ дар саросари ҳастӣ исбот шуд бидуни он ки натиҷааш маҷбур будани инсон дар баробари қазо ва қадари илоҳӣ бошад.

Дар мактаби каломии шиъӣ, дар масоили марбут ба тавҳид, гароишҳо ҳама тавҳидӣ буд. Яъне дар тавҳид ва таксири сифот шиъа тарафдори тавҳиди сифотӣ шуд ва ақидаи Ашоираро нафй кард ва бо Мӯътазила мувофиқат кард; бо ин тафовут, ки кори Мӯътазила ба нафйи сифот ва ниёбати зот аз сифот кашид, вале шиъа мӯътақид ба иттиҳоди сифот бо зот ва айнияти зот бо сифот шуд, ки яке аз амиқтарин маорифи илоҳӣ аст. Ва дар тавҳиди афъолӣ ҷониби Ашоираро гирифт, вале бо ин тафовут, ки низоми иллатҳо ва маълулот ва асбоб ва мусаббаботро нафй накард. Дар мактаби каломии шиъа, тавҳиди зотӣ ва сифотӣ ва афъолӣ дар авҷе баён шуд, ки дар ҷаҳон собиқа надошт.

Дар муқаддимаи ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” илҳомгирии ҳукамои илоҳии исломиро аз маорифи қуръонӣ ва аз соири мутуни исломӣ — аъамм аз ҳадис ва хутба ва дуо — тавзеҳ додаем ва дар инҷо лузуме ба тавзеҳи бештар намебинем.

Ҳукамои исломӣ бо ошноӣ бо усули саҳеҳи бурҳонӣ аз як тараф, ва илҳомгирӣ аз маорифи исломӣ аз тарафи дигар, дар асари муҷоҳидати ҳазорсола муваффақ шуданд “Илоҳиёт бил-маънал-ахасс”-ро бар пояи бас устуворе бино кунанд.

Аз назари ҳукамои илоҳии исломӣ, адл ба унвони ҳақиқате воқеӣ тафсир мешавад бидуни он ки мусталзими ин бошад, ки зоти ақдаси илоҳӣ маҳкуми як ҷабр ва як қонун буда бошад ва бар қоҳирияти мутлақаи зоти Борӣ хадшае ворид ояд. Ҳусну қубҳи ақлӣ низ ба гунае дигар тафсир шуд, аз ҳавзаи маъқулоти назарӣ, ки арзиши кашф ва ироаи ҳақиқат дорад хориҷ гардид ва ҷузъи андешаҳои зарурии амалии эътиборӣ қарор гирифт ва ба ҳамин далел ба ҳеч ваҷҳ ба унвони меъёр ва миқёс барои афъоли Борӣ Таъоло пазируфта нашуд. Ҳукамо бар хилофи мутакаллимон ҳаргиз аз ин мафоҳим дар сатҳи маорифи рубубӣ истифода накарданд.

Масъалаи ғоят ва ғараз низ пас аз тақсими ғоят ба “ғояти феъл” ва “ғояти фоил” ва ин ки мафҳуми ҳикмат дар бораи Борӣ Таъоло мусовӣ аст бо мафҳуми иноят ва исоли (расондани) ашё ба ғоёти онҳо, таклифи равшане пайдо кард. Аз назари ҳукамо, ҳар феъле ғояте дорад ва зоти ақдаси илоҳӣ ғояти кулл яъне ғоятул-ғойт аст; ашё ҳама аз ӯ ва ба сӯи ӯст:

وَأَنَّ إِلَى رَبِّكَ الْمُنتَهَى

(Поёни кор ба сӯи парвардигори туст.” (Сураи Наҷм, ояти 42)

Албатта, ҳар як аз мабоҳиси номбурда, доманаи дарозе дорад ва дар ин муқаддима беш аз ин натавон аз ин мақулот сухан гуфт.

* * *

Тарҳи асли адл дар ҳавзаи фиқҳ

Решаи тарҳи масъалаи “адл”-ро дар ҷаҳони ислом, танҳо дар илми калом ва дар миёни мутакаллимон набояд ҷустуҷӯ кард, решае ҳам дар ҷои дигар дорад, ва он, фиқҳи исломӣ аст.

Ҷомеаи исломи аз бадви ташкил, бар меҳвари китобу суннат таъсис шуд. Ин ҷомеа муқаррарот ва қавонини худро — аъамм аз ибодӣ ё тиҷорӣ ё маданӣ ё ҷазоӣ ё сиёсӣ — аз манбаи ваҳйи илоҳӣ мехост. Он ҷо, ки таклифи як ҳодиса дар Қуръон ба таври сареҳ баён шудааст ва ё суннати қатъӣ дар миён аст ва ё дастрасӣ ба шахси Расули Худо (с) ва ё имомони маъсум (аз назари шиъа) мумкин буд, таклиф равшан буд. Аммо он ҷо, ки ояти сареҳ ё суннати қатъӣ вуҷуд надошт ва дастрасӣ ба маъсум ҳам набуд, табъан пойи иҷтиҳод ва истинбот ба миён меомад.

Ин ки иҷтиҳод аз кай оғоз шуд ва чӣ таҳаввулоте дар миёни аҳли суннат ва чӣ татаввуроте дар шиъа пайдо кард, баҳси доманадоре аст, ки инҷо маҳалли тарҳи он нест. Тардиде нест, ки аз замони Расули Худо ва ҳаддиақал аз вақойеи муқорини айёми вафоти он ҳазрат, ин кор оғоз шуд.

Аммо ин ки оё аз аввал ба таври саҳеҳ анҷом гирифт ё ба таври носаҳеҳ, матлаби дигаре аст ва мо дар ҷои дигар ба ин матолиб ишора кардаем.

Фиқҳи исломӣ низ монанди улуми дигар ба суръат мутатаввир ва мутакомил шуд ва табъан системҳои мухталифе дар он ба вуҷуд омад. Дар миёни аҳли тасаннун ду системи фиқҳӣ ба вуҷуд омад: системи аҳли ҳадис, ки бештар миёни фуқаҳои Мадина маъмул буд, ва системи раъю қиёс, ки бештар миёни фуқаҳои Ироқ маъмул буд.

Равиши аҳли ҳадис ин буд, ки дар масоил, дар дараҷаи аввал ба Қуръон руҷӯъ мекарданд. Агар ҳукми масъаларо дар Қуръон намеёфтанд, ба ҳадиси пайғамбар муроҷеа мекарданд. Агар аҳодис мухталиф буд, ба тарҷеҳи аҳодис аз назари ровиёни санад мепардохтанд. Агар дар ҳадис намеёфтанд ва ё тарҷеҳе дар миёни аҳодиси мухталиф ба даст намеоварданд, ба ақвол ва фатвоҳои саҳоба руҷӯъ мекарданд. Ва агар аз ин роҳ мақсуд ҳосил намешуд, кӯшиш мекарданд ба наҳве аз ишороте, ки дар нусус ҳаст, чизе истифода кунанд ва ба нудрат иттифоқ меафтод, ки ба раъю қиёс мутавассил шаванд.

Равиши аҳли қиёс (дар оғозҳои пайдоиши ин равиш) ғайри ин буд. Онҳо агар ҳукмеро дар Қуръон ё суннати қатъӣ намеёфтанд, ба аҳодиси манқула чандон эътимод намекарданд, зеро онҳоро ғолибан маҷъул ё таҳрифшуда медонистанд. Мӯътақид буданд, ки як нафар фақеҳ дар асари муморисат дар муқаррароти қатъии исломӣ, ба руҳи қавонини исломӣ ошно мешавад ва аз рӯи мушобеҳот метавонад ҳукми масъалаи мавриди назарро иктишоф кунад.

Аҳли раъю қиёс мӯътақид буданд, ки “адолат” ва “маслиҳат” метавонад роҳнамои хубе барои фақеҳ бошад. Ин ҷо буд, ки фақеҳ худро муваззаф медид, ки дар бораи он чи “муқтазои адолат” аст ва он чи маслиҳат иқтизо мекунад, биандешад. Истилоҳоте аз қабили “истеҳсон” ё “истислоҳ” аз ҳаминҷо пайдо шуд.

* * *

Ҷидоли аҳли ҳадис ва аҳли қиёс

Аҳли ҳадис равиши аҳли қиёсро навъе ифрот дар руҷӯъ ба ақл, ва навъе кӯтоҳӣ дар ахз ба ҳадис, ва ба иборати дигар, навъе сатҳинигарӣ дар кашфи масолеҳи воқеӣ талаққӣ мекарданд. Мегуфтанд: бинои кори шаръ бар ҷамъи мутафарриқот ва тафриқи муҷтамиъот аст ва аз сатҳи ақлҳои оддӣ ба дур аст; ақлро нарасад, ки соддапиндорӣ кунад ва хаёл кунад, ки ба реша ва руҳи аҳком метавонад бирасад. Мутақобилан, аҳл қиёс аҳли ҳадисро ба ҷумуд ва таҳаҷҷур муттаҳам мекарданд.

Дар фанни “Усули фиқҳ” қоидае аст, ки ба “қоидаи мулозима” яъне мулозимаи ҳукми ақл ва шаръ маъруф аст. Ин қоида бо ин иборат баён мешавад:

كل ما حكم به العقل حكم به الشرع، وكل ما حكم به الشرع حكم به العقل

(“Ҳар он чи ақл ба он ҳукм карда, шаръ низ ба он ҳукм кардааст, ҳар он чи шаръ ба он ҳукм карда, ақл низ ба он ҳукм намудааст.”)

Мақсуд ин аст, ки ҳар ҷо, ки ақл як “маслиҳат” ва ё як “мафсада”-и қатъиро кашф кунад, мо аз роҳи истидлол аз иллат ба маълул, ҳукм мекунем, ки шаръи ислом дар ин ҷо ҳукме доир бар истифои он маслиҳат ва ё дафъи он мафсада дорад, ҳарчанд он ҳукм аз тариқи нақл ба мо нарасида бошад. Ва ҳар ҷо, ки як ҳукми вуҷубӣ ё истеҳбобӣ ё таҳримӣ ва ё кароҳатӣ дорад, мо аз роҳи истидлол аз маълул ба иллат, кашф мекунем, ки маслиҳат ва мафсадае дар кор аст, ҳарчанд билфеъл ақли мо аз вуҷуди он маслиҳат ё мафсада огоҳ набошад.

Аз назари фуқаҳои исломӣ, хусусан онон, ки бештар ба раъю қиёс гароиш доштанд, ҳамоҳангии комиле миёни шаръ ва ақл барқарор аст, дастурҳои исломӣ як силсила дастурҳои мармуз ва маҷҳул ва ғайриқобили дарк нест, ки сад дар сад таъаббуд дар онҳо ҳукмфармо бошад, тааққул ҳам нақше дорад дар фаҳм ва истинботи аҳком.

Ин донишмандон масъалаи ҳусну қубҳи ақлиро, ки қаблан як баҳси каломӣ буд, вориди “Усули фиқҳ” карданд ва он ҳусну қубҳҳоро ба унвони “милокот” (меъёрҳо)-и аҳком шинохтанд ва гуфтанд: дар миёни “милокот” он чи ақл аз ҳама бадеҳитар ва равшантар дарк мекунад, ҳусни адолат ва эҳсон, ва қубҳи зулм ва удвон (душманӣ) аст. Ва ба ин тартиб, адлу зулм ба сурати меъёре дар фиқҳи исломӣ даромаданд.

Аҳли ҳадис манобеи фиқҳро дар ислом се чиз медонистанд: китоб (Қуръон) ва суннат ва иҷмоъ. Аммо аҳли раъю қиёс манобеи фиқҳро чаҳор чиз медонистанд: се манбаи мазкур ба иловаи раъю қиёс.

Аҳли ҳадис бар аҳли раъю қиёс интиқодоте доштанд, бо зикри як силсила мисолҳо равшан мекарданд, ки эътимод ба раъю қиёс, инсонро дар кашфи аҳкоми шаръӣ дучори инҳироф ва иштибоҳ мекунад, ва аҳли раъю қиёс низ мутақобилан онҳоро ба эътимод ба як силсила аҳодиси манқула, ки эътибор ва дурустии онҳо равшан нест, муттаҳам мекарданд.

* * *

Равиши фиқҳии шиъӣ

Фиқҳу иҷтиҳоди шиъа, монанди калом ва фалсафа роҳи мустақилле тай кард. Дар фиқҳи шиъа, асли табаияти аҳком аз масолеҳ ва мафосид ва қоидаи мулозимаи ҳукми ақлу шаръ, мавриди таъйид қарор гирифт ва ҳаққи ақл дар иҷтиҳод маҳфуз монд. Аммо раъю қиёс беш аз он чи дар миёни гурӯҳи аҳли ҳадис аз аҳли тасаннун мавриди тахтиа воқеъ шуда буд, дар миёни шиъа мавриди тахтиа қарор гирифт.

Тахтиаи қиёс дар шиъа на бад-он ҷиҳат буд, ки асҳоби ҳадис аз аҳли тасаннун мегуфтанд — ки иборат буд аз адами ҳуҷҷияти ақл ба унвони яке аз адиллаи шаръия дар аҳком — балки ба ду ҷиҳати дигар буд: яке ин ки раъю қиёс, амал ба занн (гумон) аст, на амал ба илм, табаият аз хаёл аст на табаият аз ақл. Дигар ин ки мабнои лузуми руҷӯъ ба раъю қиёс ин аст, ки усул ва куллиёти исломӣ вофӣ нест, ва ин, зулм ва ё ҷаҳл ба ислом аст. Дуруст аст, ки баёни аҳкоми ҳамаи масоил ба таври ҷузъӣ ва фардӣ нашудааст, ва имкон ҳам надорад, зеро ҷузъиёт ғайримутаноҳӣ аст, вале куллиёти исломӣ ба наҳве танзим шуда, ки ҷавобгӯи ҷузъиёти бепоён ва авзоъи мухталифи маконӣ ва шароити мутағайири замонӣ аст. Бинобар ин, вазифаи як фақеҳ ин нест, ки ба лафз ҷумуд кунад ва ҳукми ҳар воқеаи ҷузъиро аз Қуръон ё ҳадис бихоҳад. Ва ин ҳам нест, ки ба баҳонаи набудани ҳукми як масъала, ба хаёлбофӣ ва қиёс бипардозад. Вазифаи фақеҳ “тафреъ” яъне радди фурӯъ бар усул аст. Усули исломӣ дар китоб ва суннат мавҷуд аст, фақат як “ҳунар” лозим аст ва он ҳунар “иҷтиҳод” яъне татбиқи ҳушёрона ва зираконаи куллиёти исломӣ бар ҷараёноти мутағайир ва зудгузар аст.

Дар китоби “Усули кофӣ” бобе дорад таҳти ҳамин унвон, ки: “Ҳеҷ масъалае нест магар ин ки усули он дар китоб ва суннат ҳаст”.

Бинобар ин, асли “адл” ва асли табаияти аҳком аз масолеҳ ва мафосид, ва табиатан асли ҳусну қубҳи ақлӣ ва асли ҳуҷҷияти ақл, ба унвони зербинои фиқҳи исломии шиъӣ мӯътабар шинохта шуд. Ва билохира асли “адл” ҷои хешро дар фиқҳи исломӣ бозёфт.

Дар фиқҳи шиъа миёни ақл ва хаёл, ва ба иборати дигар, миёни бурҳони ақлӣ ва қиёси заннӣ, ки ҳамон тамсили мантиқӣ аст тафкик шуд. Гуфта шуд, манобеи фиқҳ чаҳор аст: китоб, суннат, иҷмоъ, ақл. Дар ин мактаби фиқҳӣ, бо ин ки раъю қиёс мардуд гашт, ақл ва бурҳон мӯътабар шинохта шуд.

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: