Решаи нафрати Тромп аз Эрон ба ривояти китоби ҷанҷолии “Оташу хашм…”

(Нигоҳи Тромп ба Ховари Миёна; 11 нуктаи қобили таъаммуле, ки аз китоби “Оташу хашм…” дасттгирамон мешавад)

Мойкел Вулф (Michael Wolfe) бо интишори китоби “Оташу хашм; даруни Кохи сафеди Дунолд Тромп”, ки мегӯяд онро бар асоси мусоҳиба бо 200 нафар навишта, ҷанҷоли зиёдеро дар фазои сиёсии Омрико эҷод кардааст. Дидгоҳҳои Тромп дар хусуси Ховари Миёна ва зовияҳои пинҳони рафторҳои вай дар мақоми риёсати ҷумҳурии Омрико низ мавриди таваҷҷӯҳи бархе аз расонаҳои минтақа қарор гирифтааст.

Ба гузориши Middle East Eye, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ки сиёсати хориҷии вай дар ин китоб “малғамае аз дидгоҳҳои озордиҳанда” тавсиф шудааст, талош кардааст, то аз ин китоби бисёр пурфурӯш эътиборзудоӣ кунад. Рафтори Тромп таъсири ворунае дошта ва китоб акнун ба пурфурӯштарин китоб табдил шудааст.

Китоб мавзӯъҳои мутанаввеъеро дар ҳавзаҳои мухталиф пӯшиш медиҳад, ки аз нигоҳи вебсойти Middle East Eye, 11 нуктаи қобили таъаммул дар хусуси масоили Ховари Миёна ба шарҳи зерин аст:

1) Навъи робитаи Тромп ва валиаҳди саудӣ: ба назари Вулф, ҳамоҳангии ду тараф дар масоили минтақаи Ховари Миёна, сарчашма дар иттилооти маҳдуд доштани ду тараф аз ин минтақа дорад. Бино ба гуфтаи яке аз дӯстони Ҷоред Кушнер, домод ва мушовири аршади Тромп, “рафтори Муҳаммад бен Салмон дар аввалин дидор бо Кушнер, шабеҳи рафтори як баччаи боадаб дар аввалин рӯзи мадраса дар як мадрасаи шабонарӯзӣ буд”.

Омрикоиҳо Муҳаммад бен Салмонро ба Кохи сафед даъват карданд. Аввалин сафари Тромп ҳам ба Арабистони Саудӣ буд, ва ду тараф тавофуқ бар сари қарордодҳоеро эълом карданд, ки дар саҳнаи дохилӣ барои боло рафтани мавқеияти худ аз он истифода карданд.

2) Чароғи сабзи Тромп барои зӯргӯии Арабистон ба Қатар: Тромп илова бар ин ки барои шурӯи иқдомоти валиаҳди саудӣ алайҳи Қатар ва ҳамчунин боздошти шоҳзодаҳои саудӣ, ба вай чароғи сабз нишон додааст, ҳамчунин дар ҷамъи дӯстони худ муддаӣ шудааст, ки дар валиаҳд шудани Муҳаммад бен Салмон нақши асосӣ доштааст.

3) Ихтилофи Бенун (Steve Bannon) ва Кушнер бар сари музокироти созиш: Тромп домодашро масъули ба натиҷа расондани музокироти созиш миёни “Исроил” ва фаластиниҳо кардааст ва медонад, ки ин кори пурдардисаре аст. Кушнер як яҳудии мутаъассиби ҳаводори “Исроил” аст.

Тромп ҳарфҳое роҷеъ ба тавоноии яҳудиён дар музокираро такрор мекунад ва борҳо бо лаҳне таҳсиномез домодашро бо Киссинҷер муқоиса кардааст. Шелдун Оделсун (Sheldon Adelson), козинодори ҳаводори “Исроил” ва Бенун, мушовири истротежисти Тромп, ки ба суръат аз кори худ барканор шуд, аз ҷумлаи дигар бозигарони фаъол дар ин хусус будаанд. Бардошти Кушнер ин аст, ки афкори ростгароёнаи Бенун омехта ба яҳудиситезӣ аст.

4) Барномаи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил дар аввалин рӯзи кории Тромп: Пеш аз шурӯъ ба кори Тромп, Бенун ба Роҷер Ойлес (Roger Ailes), мудири Fox News гуфтааст, ки Тромп қасд дорад дар аввалин рӯзи кории худ ваъдааш барои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти “Исроил”-ро амалӣ кунад. Далеле, ки Бенун барои ин тасмим зикр мекарда, заъфи шадиди кишварҳои арабӣ дар баробари Омрико будааст.

5) Тардидҳои Туркия дар бораи Тромп: Дар аввалин рӯзҳои баъд аз пирӯзии Тромп дар интихобот ва пеш аз рӯи кор омадани вай, мақомоти Туркия — ки истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен аз Омрико, аз барномаҳои муҳим дар дастури кори онҳо будааст — ба дунболи роҳҳое барои наздик шудан ба Тромп будаанд.

Эъмоли фишор бар Омрико бар сари мавзӯи истифода аз пойгоҳи Инҷерлик ва ҳамчунин эътои як замини ҷаззоб ба Тромп барои сохти ҳутел дар минтақаи Босфор, аз ҷумлаи гузинаҳои мадди назари мақомоти Туркия барои таъсиргузорӣ бар Тромп будааст.

6) Решаи нафрати Тромп аз Эрон: Изҳороти хасмонаи Тромп дар хусуси Эрон, намоёнгари сиёсати хориҷии вай дар қиболи Эрон аст. Вулф муддаӣ аст, ки Мойкел Флин — аввалин мушовири амнияти миллии Тромп, ки дар аввалин рӯзҳои кории худ маҷбур ба истеъфо шуд, ин боварро дар Тромп ниҳодина кардааст, ки “Эрон одами бади минтақа аст”. Вай ҳамчунин ба Тромп боваронда, ки ҳар касе, ки бо Эрон мухолиф аст, хуб аст!

7) Ховари Миёна фақат чаҳор бозигар дорад: Бардошти ҳалқаи атрофиёни Тромп ин аст, ки Ховари Миёна фақат чаҳор бозигари воқеӣ дорад: Миср, Исроил, Арабистон ва Эрон.

Тасаввури тими Тромп ин будааст, ки се бозигари аввал, алайҳи Эрон муттаҳид хоҳанд шуд ва умед доштаанд, ки Миср ва Арабистони Саудӣ кор алайҳи манофеи Омрико анҷом надиҳанд. Ба навиштаи Вулф, ин афкори тими Тромп дар хусуси Ховари Миёна, таҳти таъсири се омил будааст: инзивоталабии Бенун, зидди Эрон будани Флин ва талоши Кушнер барои ҳарфшунавӣ аз Киссинҷер.

8) Тромп чӣ гуна тасмими ҳамла ба Сурияро гирифт? Баъд аз эъломи хабари истифода аз силоҳи шимиёӣ дар Хоншайхуни Сурия дар 4 апрели 2017, Тромп тасмими бесобиқаи ҳамла ба як фурудгоҳи низомии Сурияро амалиётӣ кард. Ба навиштаи Вулф, Тромп дар ибтидо чунин тасмиме надошт. Ин Ивонко Тромп ва Дино Повел (Dina Powell) — аз коркунони Шӯрои амнияти миллии Омрико буданд, ки тасвирҳое дар ин хусусро ба Тромп нишон доданд, ки дар он, тасвире аз кӯдаконе вуҷуд дошт, ки дар натиҷаи ҳамлаи шимиёӣ аз даҳони онҳо каф хориҷ мешуд. Тромп чандин бор ин тасовирро болову поин кард ва ба назар мерасид, ки гиҷ шудааст. Дар ҳамин замон буд, ки Бенун мутаваҷҷеҳ шуд, иттифоқе хоҳад афтод.

9) Мамнӯияти вуруди мусалмонон: (Бенун бурузи тазоҳурот дар фурудгоҳро дӯст дошт!) Бенун сарсахтона ба дунболи ин буд, ки фармоне барои мамнӯияти мусофирати шаҳрвандони кишварҳои хоссе ба Омрико тавассути Тромп содир шавад, вале масъала ин буд, ки раванди қонунии анҷоми ин кор чӣ гуна аст. Бино ба иддаои Вулф, Бенун то кунун ҳаргиз аз компютер истифода накардааст ва бинобар ин яке аз мушовирони сиёсатгузории Кохи сафед ба номи Стивен Миллер (Stephen Miller)-ро маъмур кард, то равиши нигориши ин фармонро дар интернет ҷустуҷӯ кунад.

Вақте, ки ин фармон дар рӯзи 27 январ имзо шуд, бисёре аз коркунони Кохи сафед мехостанд бидонанд чаро ин кор дар як рӯзи ҷумъа шурӯъ хоҳад шуд, ки сахттарин рӯз барои фурудгоҳҳо хоҳад буд ва бештарин мӯътаризин дар фурудгоҳ хоҳанд буд. Посухи Бенун зоҳиран ин будааст, ки ин гуна метавон бориши барф ва ошӯб дар фурудгоҳҳоро ҳамзамон мушоҳида кард.

10) Достони интисоби эҳтимолии Ники Ҳейли ба вазорати хориҷа: Ники Ҳейли — намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Созмони Милал, ки ҳамкоронаш вайро бисёр ҷоҳталаб медонанд, тавассути Ивонко Тромп ба ҳалқаи атрофиёни Тромп роҳ ёфтааст.

Бино ба гуфтаи Вулф, хонум Ҳейли дар ин хаёл аст, ки Тромп раисиҷумҳури якдавраӣ аст ва метавонад ҷонишини вай шавад, вале зоҳиран хонаводаи Тромп фикри мутафовите доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба шинохта шудани хонум Ҳейли ва касби таҷрибаи вай дар дастгоҳи сиёсати хориҷӣ, Тромпҳо, ки фикр мекунанд истеъфо ва ё барканории Рикс Тилерсун қатъӣ аст, қасд доранд Ҳейлиро ба вазорати хориҷа расонда ва Дино Повелро ба ҷойи вай ба Созмони Милал бифиристанд.

Вулф муддаӣ шудааст, ки Бенун дар мақтаъе чунон аз убури Ҳейли аз Тромп нигарон будааст, ки ба шиддат дунболи ин буда, ки агар замоне Тилерсун истеъфо кард, Мойк Помпео (Mike Pompeo) — раиси CIA ҷойгузини вай шавад.

11) Мошинҳои тиллоӣ барои голф: Дар аввалин сафари хориҷии Тромп дар давраи риёсати ҷумҳурӣ, ки дар моҳи май ба Арабистони Саудӣ анҷом шуд ва ҷанҷолофарин буд, хонаводаи Тромп ва аз ҷумла Ҷоред Кушнер ва Ивонко низ ҳузур доштанд ва бо мошинҳои тиллоӣ рафту омад мекарданд. Саудиҳо ҳамчунин ҷашне бо ҳазинаи 75 милюн дулор ба ифтихори Тромп тартиб доданд ва меҳмоннавозии худро бо як сандалии хосс, ки шабеҳи тахти подшоҳӣ буд ва Тромп рӯи он нишаст такмил карданд.

Тромп, бо Вошингтун тамос гирифт, то ба дӯстонаш бигӯяд, ки ин тахти подшоҳӣ чӣ қадр роҳат будааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: