Фалсафа ва равиши реализм (148)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (16)

Қонуни такопӯи диалектикии табиат (7)

Матни мақола:

(Идомаи хӯрдагирӣ)

2) Ин қонун, гузашта аз ин ки дуруст танзим нашуда ва муштамил бар ҷузъи зоид аст, фосид низ ҳаст; зеро дар ҳар се мартибаи мутаволӣ (пай дар пай) аз ҷараёни ҳаводис, таҳаққуқи такомули мартибаи аввалро аз мартибаи дуввум нафй карда ба дасти мартибаи севвум месупорад, ва ҳол он ки чунонки баён кардем, такомул дар мартибаи дуввум падид шуда ва ниёзе ба мартибаи севвум нест. Ва ба ҳасби ҳисс низ меёбем, ки ҷӯҷа (дар яке аз мисолҳое, ки худашон зикр кардаанд) худаш такомулёфтаи тухми мурғ аст ва тухми мурғ дар такомули худ ниёзманд ба омадани мурғ намебошад, балки мурғ барои тухм, камолест болои камол. (1) Ва гӯё ин донишмандон пешбинии ин маҳзурро намуда ва барои ҷилавгирӣ аз он гуфтаанд, ки ҳамчунон ки агар исбот нуқтаи мабдаъ гирифта шуд, ду пояи дигар дар дунболи худ меоварад, агар пояи дуввум низ исбот гирифта шавад, ду пояи дигар дар дунболи худ хоҳад овард ва дар натиҷа нафй (пояи дуввум) низ баҳрае аз такомулро дорад.

Вале ин такопӯи беҳудае аст, зеро ин ҳақиқатро, ки пояи дуввум такомулёфтаи пояи аввал аст тавзеҳ намедиҳад.

3) Қонуни номбурда ба фарзи сиҳҳат ва тамомияти худ, танҳо дар бахше аз ҷаҳони ҳастӣ яъне мураккаботи моддӣ монанди набот ва ҳайвон ва инсон ва мутаъаллақоти онҳо метавонад қобили иҷро буда таҳаввулу такомулро тавзеҳ диҳад, вале дар басоит (баситҳо) ва ҳаракоти муфрада, ки маҷмӯае аз онҳо як мураккаберо ба вуҷуд меоварад, қобили иҷро нест. Масалан, як ҳаракати маконии кӯтоҳе, ки фарз мекунем, ба ақидаи ин донишмандон, маҷмӯае аз донаҳои маконӣ аст, ки паҳлӯи ҳамдигар чида шуда ва ҳаргиз бо ҳамдигар ваҳдат ва иттисол надоранд. Дар ҳар се донаи маконии мафруз, дуввумӣ нафйи аввалӣ аст, вале севвумӣ намешавад маҷмӯи нафю исботи аввалӣ ва дуввумӣ шавад, зеро ин фарз бо фарзи басотат мунофӣ аст. (2)

Мумкин аст ин донишмандон бигӯянд, фалсафаи мо дӯш ба дӯши воқеияти хориҷ пеш меравад ва дар воқеияти хориҷ ҳаракоти басити танҳо надорем, ҳар чӣ ҳаст маҳсули иҷтимоъ ва феълу инфиъоли басоит аст. Вале ин сухан суде ба онҳо намедиҳад, зеро ин қонун дар бисёре аз мураккабот низ монанди мураккаботе, ки сайри таҳаввулу такомули онҳо тақрибан якнавохт мебошад ҷараён надорад.

Ва аз ҳама равшантар маҷмӯи ҷаҳони табиат мебошад, зеро худи ин донишмандон гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷаҳон як маҷмӯае аст аз энержии ғайриқобили коҳишу афзоиш, ки дар ҳар гӯша аз пайкараи хеш бо ашколи гуногун худнамоӣ мекунад, ва аз ин рӯй ҳар падидаи тозае, ки дар гӯшае аз гӯшаҳои вай падид омада ба шакли “такомул” худнамоӣ кунад, дар воқеъ ба андозаи худ аз гӯшаи дигар масраф мебарад ва дар натиҷа пайваста ду тарафи муодила дар ҳоли тасовӣ аст ва аз такомул хабаре нест.

4) Ин ки гуфтаанд “ҷараёни ин қонун парда аз рӯи ҷаҳон бардошта, намуди тозае, ки дар вай вуҷуду адамҳои мутанофӣ ва зиддҳои мутақобил ҳамоғӯшанд нишон медиҳад”, суханест, ки арзиши шеърӣ бештар надорад ва онон, ки иҷтимоъи нақизайнро маҳол медонанд, мақсудашон вуҷуду адами мутлақ мебошад, на тадриҷӣ ва сайёли нисбӣ. (3)

Ва шигифтовартар ин ки: ин донишмандон дар айни ҳол, ки ин суханро мегӯянд, аз “нафйи нафй” “исбот”-ро натиҷа мегиранд!

* * *

Таълиқот:

(1) Ин эрод мутаваҷҷеҳи ин ҷиҳат аст, ки ба фарзи ин ки қабул кунем, ки ҷараёни табиат бар асоси мусалласи “тез, антитез, синтез” аст, таҳаққуқи такомул вобаста ба ин нест, ки ҳар се марҳила тай шавад, балки бо таҳаққуқи марҳилаи дуввум ҳақиқати такомул сурат гирифтааст ва марҳилаи севвум марҳилаи дуввуми такомул аст. Ин эрод мубтанӣ бар эроди аввал аст, ки марҳилаи дуввум нафйи сирф нест, балки худ исботе аст, ки исботи аввалро дарбар дорад ва бар он афзуда шудааст. Ва агар бихоҳем ба таъбири фалсафаи худамон матлабро адо кунем, бояд бигӯем, ҳар мартибаи қаблӣ қувваи мартибаи баъдӣ аст ва ҳар марҳилаи баъдӣ феълияти марҳилаи қаблӣ аст ва интиқоли мавҷуд аз марҳилаи қувва ба марҳилаи феълият айни такомул аст. Пас, такомул ду поя бештар надорад ва моҳияти он ду поя қувва ва феъл аст, на исбот ва нафй. Ин эрод низ бар асоси ин аст, ки “шудан”-ро ҷамъи нақизайн бидонем, на бар он ҷиҳат, ки ашё дар дохили худ аз нерӯҳои мутазодде ташкил шудаанд.

* * *

(2) Ин эрод бар асли қонуни мусалласи “тез, антитез, синтез” ворид аст, хоҳ онро монанди Ҳегел бар асоси таноқуз ва таркиби вуҷуду адам фарз кунем, ва хоҳ монанди Шиллинг ва Фихте ҳар се марҳиларо исботӣ бидонем. Хулосаи эрод ин аст, ки: ҷараёни таслисии табиат, бар фарзи сиҳҳат, танҳо дар мавриди мураккабот содиқ аст. Як мураккабро метавон гуфт таркибест аз ду зидд, аммо дар бораи басит фарзи таркиб ва ин ки ҳақиқат ва моҳияташ иборат аз иҷтимоъи ду зидд аст ғалат аст, ва аз тарафе вуҷуди унсури басит ё ҳаракати баситро наметавон мункир шуд, зеро агар басит набошад, мураккаб ҳам нест.

Инҷо мумкин аст гуфта шавад, ки ин эрод танҳо дар таъбири мутақаддимон бар Ҳегел, ки ҳар се марҳиларо исботӣ медонистанд ворид аст, аммо бар Ҳегел ин эрод ворид нест. Бино ба назарияи Ҳегел, ҳар ҳаракати басит ва муфрад низ марҳилаи исбот, нафй, нафйи нафй метавонад дошта бошад ва аз ин ҷиҳат бо мураккаб фарқе надорад. Агар эроде бар назарияи Ҳегел бошад, ҳамон эроди аввал аст, на ин эрод.

Посух ин аст, ки ин ишкол саҳеҳ аст дар сурате, ки ҳегелистҳо ҳаракатро як амри муттасили мумтадд бидонанд, аммо агар чунонки дар матн омада ҳаракатро — масалан ҳаракати басити макониро — иборат аз як силсила донаҳои рези маконӣ, ки паҳлӯи якдигар чида шудаанд бидонанд, марҳилаи дуввум метавонад нафйи аввал бошад, вале марҳилаи севвум таркиби он ду нахоҳад буд.

Мусалласи “тез, антитез, синтез” ба маънии ин ки шайъ аз як ҳолати бахусус ба зидди он ҳолат кашида шавад ва дар марҳилаи баъдӣ як ҳолати мутаодил ва мутакомил, ки муштамил бошад ҳам бар аносури зидди аввалӣ ва ҳам аносури зидди дуввумӣ ва дар айни ҳол дар сатҳи олитаре аз он ду қарор гирифта бошад, матлабе аст, ки филҷумла саҳеҳ аст, вале на ба сурати як қонуни умумӣ ва фалсафӣ, ки шомили ҳамаи ашё аъамм аз басит ва мураккаб, модда ва фикр бошад ва на ба сурати як амри доимӣ, ки илзоман он ҳолати мутаодил ва мутакомил низ ба навбати худ ба сӯи зидди худ кашида шавад ва марҳилаи олитареро тай кунад ва ин ҷараён то бениҳоят идома ёбад.

Мусалласи “тез, антитез, синтез” дар баситҳо, балки дар мураккаботи ҳақиқӣ, ки як воҳиди воқеиро ташкил медиҳад ва ба истилоҳ дорои як сурати воҳиди навъӣ аст аз қабили воҳиди гиёҳ ва воҳиди ҳайвон ва воҳиди инсон ҷорӣ нест. Инсон дар сайри такомулии худ чунин навасонотеро тай намекунад ва дар дохили вуҷуди инсон чунон қувваҳои мутазодде, ки мунҷар ба чунин ҳаракате бишавад вуҷуд надорад. Ин мусаллас танҳо дар мураккаботе вуҷуд дорад, ки мураккаби воқеӣ нестанд, балки мураккаби эътиборӣ мебошанд ва аҷзоъи он мураккаб таъсироти мутазодде дар якдигар менамоянд аз қабили “ҷомеа”.

Ин сайри таслисӣ аз он ношӣ мешавад, ки ашё таъсироти мутазодде дар якдигар доранд ва бо ҳам аз ҷиҳате дар ҳолати ҷангу низоъ мебошанд. Ашё ба ҳасби табиати аввалӣ, худ як сайри ороми мустақим ва мутакомилеро доранд ва дар асари бархӯрд бо як омили мухолиф аз ҳолати васат ва мутаодил ба як ҳолати инҳирофӣ ронда мешаванд, вале аксуламал нишон медиҳанд ва дар ҷиҳати мухолифи он ҳолати инҳирофӣ сайр мекунанд ва аз ҳадди васат гузашта ба нуқтаи муқобили он, ки зидди он аст мерасанд, бори дигар дар ҷиҳати ҳамон ҳолати инҳирофии аввалӣ, ки нерӯи мутазодд ворид карда буд бозмегарданд, вале пас аз навасоноте дар ҳадди васат истиқрор меёбанд ва албатта дар сатҳи болотаре аз он чӣ қаблан буд, зеро дар ҷараёни навасонҳо нерӯҳои зотии шайъ доиман дар ҳоли фаъолият будааст.

Ин сайри таслисӣ аз чаҳор омил сарчашма мегирад:

1) Майли табиии ашё ба такомул ва сайри суъудӣ;

2) Хоссияти тазодд ва бархӯрд бо авомили мухолиф;

3) Қонуни амал ва аксуламал;

4) Таҳрики нерӯҳои дохилӣ ба воситаи бархӯрд бо авомили мухолиф.

Як матлаби дигар ҳаст, ки набояд ногуфта бимонад, ва он ин ки масъалаи тавлиди зидд зидди худро мумкин аст ба шакле бошад, ки мунҷар ба ҷараёни таслисӣ нашавад. Ҷараёни таслисӣ ҳамон тавре, ки гуфта шуд, дар мавриде аст, ки шайъ таҳти таъсири омили мухолифи худ аз хориҷ қарор бигирад ва зарба ва нерӯе бар ӯ ворид шавад ва ӯро дар ҷиҳате мунҳариф кунад он гоҳ аксуламал эҷод шуда вазъи муқобиле падид ояд ва дар ниҳояти амр мунҷар ба “вазъи муҷомеъ” гардад.

Вале ҷараёни дигаре дар табиат ҳаст, ки ҳарчанд куллӣ ва умумӣ ва фалсафӣ нест, вале дар мавориди хоссе вуҷуд дорад, ки ашё аздод ихудро мезоянд ва тавлид менамоянд. Шояд таъбири Қуръони Карим дар ин бора расотарин таъбир бошад:

يُولِجُ اللَّيْلَ فِي النَّهَارِ وَيُولِجُ النَّهَارَ فِي اللَّيْلِ

(“Шабро ба рӯз дармеоварад ва рӯзро ба шаб дармеоварад…” (Сураи Фотир, ояти 13))

يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ الْمَيَّتَ مِنَ الْحَيِّ

(“Зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда хориҷ месозад…” (Сураи Юнус, ояти 31))

Ин матлаб, ки зидд муваллиди зидди худаш мешавад — албатта на ба ин маънӣ, ки ин қонуни умумии ҷаҳон аст ва шомили ҳамаи ашёст ва як ҷараёни доимӣ ва лоянқатеъ аст — аз қадим мавриди таваҷҷӯҳи фарзонагон будааст. Мавлавӣ Румӣ олӣ гуфта он ҷо, ки мегӯяд:

Бо худ омад, гуфт: эй баҳри хушӣ!

Эй ниҳода ҳушҳо дар беҳушӣ!

Хоб дар бинҳодаӣ бедорие,

Бастаӣ дар бедилӣ дилдорие.

Тонгаре пинҳон кунӣ дар зулли фақр,

Тавқи давлат баста андар ғулли фақр.

Зидд андар зидд пинҳон мундараҷ,

Оташ андар оби сӯзон мундараҷ.

Равза андар оташи Намруд дарҷ,

Дахлҳо рӯён шуда аз базлу харҷ…

Меваи ширин ниҳон дар шоху барг,

Зиндагийи ҷовидон дар зери марг…

Дар адам пинҳон шуда мавҷудие,

Дар сиришти соҷиде масҷудие.

Оҳану санг аз бурунаш музламе,

Андарун нуреву шамъи оламе.

Дарҷ дар хавфе ҳазорон эмане,

Дар саводи чашм чандон равшанӣ.

* * *

Эй мубаддал карда хокеро ба зар,

Хоки дигарро бикарда булбашар…

Эй ки хоки шӯраро ту нон кунӣ,

В-эй ки нони мурдаро ту ҷон кунӣ.

Эй ки ҷони хираро раҳбар кунӣ

В-эй ки бераҳро ту пайғамбар кунӣ.

* * *

(3) Ин эрод низ бар тарзи таъбир ва тафсири Ҳегел аз мусалласи “тез, антитез, синтез” ворид аст, ки онро бар асоси иҷтимоъи нақизҳо фарз кардааст.

Қаблан гуфтем, ки он чӣ Ҳегел ва атбоъи ӯ онро “таноқуз” ё “иҷтимоъи нақизҳо” хондаанд, бо он чӣ мантиқ ва фалсафа онро “иҷтимоъи нақизайн” мехонад ва мумтанеъ медонад, ҳазорҳо фарсанг фосила дорад ва ин ки дар “сайрурат”-ҳо” ва “шудан”-ҳо вуҷуду адам бо якдигар таркиб шудаанд ва иҷтимоъи нақизайн ташкил додаанд, ба шӯхӣ шабеҳтар аст то ҷиддӣ ва аз як иштиҳои фавқулъода ба навпардозӣ ва навгӯӣ ношӣ шудааст. Беҳтар аст, ки инҳоро ҷиддӣ нагирем ва навъе маҷоз ва ташбеҳ талаққӣ кунем. Агар ин гуна таъбиротро милок қарор диҳем, бояд урафои худамонро қабл аз Ҳегел диалектик бидонем, зеро онҳо ҳастанд, ки мукаррар гуфтаанд: “Ҳастӣ андар нестӣ аст”, “Бақо дар фаност”. Орифе мегӯяд:

Оқил зи ҳаст гӯяду ориф зи нестӣ,

Ман дар миёни обу гили ҳасту нестам.

Ибрати Ноинӣ мегӯяд:

Чун нур, ки аз меҳр ҷудо ҳасту ҷудо нест,

Олам ҳама оёти Худо ҳасту Худо нест.

Дар ойина бинед ҳамай сурати худро

Он сурат ойинай шумо ҳасту шумо нест.

Ҳар ҷо нигарӣ ҷилвагаҳи шоҳиди ғайбист,

Ӯро натавон гуфт куҷо ҳасту куҷо нест.

Ин нестии ҳастнаморо ба ҳақиқат,

Дар дидаи мову ту бақо ҳасту бақо нест.

Дарвеш, ки дар кишвари фақр аст шаҳаншоҳ,

Пеши назари халқ гадо ҳасту гадо нест.

Бемеҳрю лутф аз қибал ёр ба “Ибрат”

Аз чист надонам, ки раво ҳасту раво нест.

Ҳақиқат ин аст, ки худи Ҳегел мутаваҷҷеҳи ин нукта будааст, ки он чӣ ӯ ба номи “ҷамъи нақизайн” мехонад ғайри он чизе аст, ки мантиқ ва фалсафа онро мумтанеъ медонад. Пайравони Ҳегел беш аз худи Ҳегел “ҳегелист” аз об даромадаанд. Паул Фулкие дар рисолаи “Диалектик” таҳти унвони “Диалектики Ҳегел ва таноқуз” мегӯяд:

Ба ақидаи Ҳегел, равиши диалектикӣ, ки бар тибқи он андеша (мисоли мутлақ) дар табиат ва дар зеҳн сурати воқеият мепазирад, бар асоси таноқуз мубтанӣ аст, вале бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки диалектики Ҳегел асли адами иҷтимоъи зиддайнро ба куллӣ тард наменамояд ва аз ин лиҳоз бо диалектики қадим, ки асли адами иҷтимоъи зиддайнро асоси аслии худ медонист фарқе надорад… Ҳегел агарчи зоҳиран хилофи онро изҳор медорад, вале дар ботин монанди ҳамаи афроди башар асли адами иҷтимоъи зиддайнро қабул дорад…

Паул Фулкие дар китоби “Мобаъдуттабиа” сафҳаи 369 мегӯяд:

… Ҳегел худ низ бар хилофи он чӣ ба ӯ гоҳе нисбат дода шуда қоил ба асли имтиноъи иҷтимоъи мутаноқизон будааст ва гуфтаи ӯ дар боби иҷтимоъ ва иртифоъи нақизайн марбут ба таноқузҳои зоҳирӣ аст, на воқеӣ. Ҳегел қоил будааст ба ин ки он чӣ дар фикри инсонӣ воқеан ҳақиқӣ аст ҳамеша ҳақиқӣ мемонад ва тамоман дар зимни таълифҳои баъдӣ қарор мегирад ва пешрафти фикр мунҳасиран иборат аз тарди он қисматҳое аз илм аст, ки ғалат будани онҳо маълум шуда бошад.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: