Шарҳи Маснавӣ (235)

Дар маънии ин ҳадис, ки ”Иғтаниму бардар-рабиъи …” ило охириҳи

* * *

Гуфт пайғамбар: “Зи сармои баҳор

Тан мапӯшонед, ёрон, зинҳор.

З-он ки бо ҷони шумо он мекунад,

К-он баҳорон бо дарахтон мекунад.

Лек бигрезед аз сарди хазон,

К-он кунад, к-ӯ кард бо боғу разон”.

Паёмбар (с) гуфт: эй ёрон! Аз сармои баҳор тани худро мапӯшонед. Зеро сармои баҳор бо ҷону руҳи шумо он корро мекунад, ки баҳорон бо дарахтон. Вале аз сармои хазонӣ бипарҳезед, зеро сармои хазонӣ бар вуҷуди шумо ҳамон асарро мегузорад, ки бар боғу дарахтони ангур.

Разон: ҷамъи раз (дарахти ангур), вале ғолибан ба ҷои муфрад ба кор меравад.

Нукта: Ҳадисе, ки Мавлоно овардааст, бад-ин сурат аст:

اغتنموا برد الربيع فانه يفعل بأبدانكم ما يفعل بأشجاركم، واجتنبوا برد الخريف فإنه يفعل بأبدانكم ما يفعل بأشجاركم

Боди баҳориро ғанимат шуморед, зеро боди баҳорӣ бо баданҳои шумо ҳамон корро мекунад, ки бо дарахтони шумо мекунад. Ва аз боди поизӣ дурӣ биҷӯед, зеро боди поизӣ бо баданҳои шумо он мекунад, ки бо дарахтони шумо мекунад.”

Ҳадиси мазкур дар ҳеч як аз манобеи ривоии аҳли суннат наёмадааст, балки Аллома Маҷлисӣ, аз муҳаддисони номвари шиъа, онро дар “Биҳорул-анвор” оварда, он ҳам бидуни санад. (Биҳорул-анвор, ҷ.59, с.271, Ашшомила)

Албатта, аз Имом Алӣ (а) низ ба ҳамин мазмун дар “Наҳҷул-балоға” омадааст:

تَوَقَّوا الْبَرْدَ فِي أَوَّلِهِ، وَتَلَقَّوْهُ فِي آخِرِهِ، فَإِنَّهُ يَفْعَلُ فِي الْأَبْدَانِ كَفِعْلِهِ فِي الْأَشْجَارِ، أَوَّلُهُ يُحْرِقُ وَ آخِرُهُ يُورقُ

Бипарҳезед аз сармои хазонӣ, ки дар оғози сол мерасад, ва рӯй оваред ба сармои баҳорӣ, ки дар охири сол оғоз мешавад; зеро сармо дар ду ҳолат бо баданҳо он мекунад, ки бо дарахтон мекунад: дар оғоз месӯзонад ва дар поён мерӯёнад.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 123)

Ровиён инро ба зоҳир бурдаанд,

Ҳам бар он сурат, қаноат кардаанд.

Аммо ровиён, ин ҳадиси шарифро ҳамл бар зоҳир кардаанд ва ба ҳамон маънои мустафод аз алфоз ва сурати зоҳири он басанда кардаанд.

Бехабар буданд аз ҷон он гурӯҳ,

Кӯҳро дида, надида кон ба кӯҳ.

Ин гурӯҳ аз олами ҷон бехабар будаанд, зеро кӯҳро дидаанд, вале ганҷу кони нуҳуфта дар кӯҳро, ки арзиши воқеӣ дорад надидаанд. Ҳамин тавр, ҷисмро дидаанд, вале руҳу ҷони нуҳуфта дар онро надидаанд.

Он хазон назди Худо нафсу ҳавост,

Ақлу ҷон айни баҳор асту бақост.

Манзур аз хазон дар ҳадиси мазкур дар назди Худо ва Худодӯстон, ҳамоно нафсу ҳавои нафсонӣ аст, вале ақлу ҷон айни баҳору ҷовидонагӣ аст.

Мар туро ақлест ҷузвӣ дар ниҳон,

Комилулақле биҷӯ андар ҷаҳон.

Эй соҳиби нафсу ҳаво! Ба ростӣ, ки дар ниҳони ту ақли ҷузъӣ вуҷуд дорад, вале бояд бикӯшӣ, то як фарди комилақл яъне муршид биёбӣ.

Ҷузви ту аз кулли ӯ куллӣ шавад,

Ақли кулл бар нафс чун ғуллӣ шавад.

Ақли ҷузъии ту ба иллати ҳамнишинӣ бо он ақли кулл, куллӣ мешавад ва ба сӯи таҷриду азамати ҳақиқӣ суъуд мекунад. Ақли куллӣ, дар ҳукми пойбанду занҷир аст барои нафс, то мабод, ки нафс дучори ҳаво ва хоҳиш шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.634)

Ғуллӣ: мансуб ба ғулл (ё ғилл) ба маънои занҷире, ки бар гардани зиндониён афкананд.

Пас ба таъвил ин бувад, к-анфоси пок

Чун баҳор асту ҳаёти баргу ток.

Пас, инак, ки ин суханон ва муқаддимотро дарёфт кардӣ, таъвили он ҳадиси шариф чунин аст: нафасҳо ва дами авлиё монанди баҳор аст, ки боиси ҳаёт ва рӯйиши дарахти вуҷуди одамӣ мешавад.

Ток: дарахти ангур.

Нукта: Ба ақидаи сӯфия, ҳар гоҳ инояти пир аз мурид бардошта шавад, ботини мурид аз сафо тиҳӣ мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.634)

Гуфтаҳои авлиё нарму дурушт,

Тан мапӯшон, з-он ки динатрост пушт.

Аз суханони авлиёуллоҳ худро пинҳон макун, хоҳ он суханон нарм бошад ва хоҳ хашину дурушт, зеро каломи онон ҳомӣ ва ёвари дини туст.

Гарм гӯяд, сард гӯяд, хуш бигир,

З-он зи гарму сард биҷҳӣ в-аз саъир.

Агар пири тариқат сухани гарм бигӯяд ё каломи сард, яъне хоҳ каломаш нарм бошад ва хоҳ дурушт, аз он истиқбол кун, то аз ин сардҳо ва гармҳои моддӣ халос шавӣ.

Саъир: оташ ва забонаи он, яке аз даракоти дӯзах.

Гарму сардаш навбаҳори зиндагист,

Мояи сидқу яқину бандагист.

Каломи сарду гарми муршидон ва инсонҳои комил, дар ҳукми навбаҳори ҳаёт аст ва мӯҷиби ростӣ ва яқин ва бандагии ростин аст.

З-он к-аз ӯ бустони ҷонҳо зинда аст,

З-ин ҷавоҳир баҳри дил оганда аст.

Зеро ки бӯстон ва марғзори ҷонҳо аз дами ҳаётбахши инсони комил ва пири тариқат зинда аст ва дарёи дил аз ин гавҳарҳои руҳонӣ пур ва оганда аст.

Бар дили оқил ҳазорон ғам бувад,

Гар зи боғи дил хилоле кам шавад.

Агар камтарин халалу нуқсоне ба андозаи як чӯби хилол ба ҳолу завқи солики хирадманд ворид ояд, ҳазорон андӯҳу ғам бар дили ӯ биншинад. Яъне солик ҳар гоҳ аз камтарин ишроқи қалбӣ маҳрум шавад, сахт ғамгин гардад.

Хилол: чӯбе нозук, ки дандонҳоро бо он пок мекунанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: