Перейти к содержимому

Аввалин вокуниши раҳбари Эрон ба ҳаводиси ахир дар кишвараш (тасовир)

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар суханоне, хитоб ба масъулон ва фаъолони сиёсии кишвараш, худро ҳам мухотаби ин суханон донист ва гуфт: “Даст доштани душман дар масоили ахир, таҳлил нест, балки бар мабнои иттилоот ва хабар баён шуд, аммо ин набояд мӯҷиб шавад, ки аз заъфҳо ва мушкилоти худамон ғофил шавем.” Вай гуфт: “Душманон монанди магас рӯи захми ношӣ аз мушкилот ва заъфҳо менишинанд, бинобар ин, бояд захмро хуб кунед ва нагузоред ба вуҷуд ояд, чаро ки агар мушкили дохилӣ надошта бошем, таблиғот ва фазосозии бегона асар намегузорад ва омрикоиҳо ҳам наметавонанд ҳеч ғалате бикунанд.”

Вай ҳамчунин хитоб ба ҳайъати ҳокимаи Омрико хотирнишон кард: “Аввал: сари шумо дар ҳаводиси ахир ба санг хӯрд, ва агар дар оянда такрор кунед, боз ҳам ноком хоҳед монд. Дуввум: дар ин чанд рӯз ба Эрон хасорат задед, ин кор беқасос нахоҳад монд. Ва севвум: ин касе, ки ба гуфтаи худи омрикоиҳо таъодули руҳӣ-равонӣ надорад, бидонад, ки ин девонабозиҳои намоишӣ, беҷавоб нахоҳад монд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонаии раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (сешанбе, 09.01.2018) дар дидори ҳазорон нафар аз мардум, дар оғози суханони худ, бо таҷлил ва таҳсини ҳаракати азим, пуршӯр, бамавқеъ ва мунсаҷими миллати Эрон дар рӯзҳои ахир, ба ташреҳи абъод ва лояҳои мухталифи тавтиаи душманон барои суистифода аз мутолиботи баҳаққи мардум пардохт ва бо таъкид бар ин ки ҳарфи миллати Эрон ба вежа ҷавонон дар 40 соли гузашта, “истодагӣ дар муқобили зӯргӯӣ ва зери бори қудратҳо нарафтан” будааст, афзуд: “Миллати Эрон ҳамчунон бо ҳамон мантиқ, аҳдофи волои худро дунбол мекунад, аммо боангезатар ва пуртаҷрибатар аз гузашта шудааст ва ҷавонони инқилобии кишвар низ пуртеъдодтар аз аввали инқилобанд.”

Вай қазоёи рӯзҳои ахирро шавоҳиди равшане аз ин руҳияи миллати Эрон донист ва гуфт: “Миллати Эрон аз рӯзи 9 дей, ки ин оташбозиҳо ва шайтанаткориҳо оғоз шуд, дар нуқоти мухталифи кишвар ҳаракати худро оғоз карданд, аммо ҳангоме, ки диданд муздурони душман дастбардор нестанд, пай дар пай ва дар рӯзҳои мутаволӣ, роҳпаймоиҳо такрор шуд.”

Раҳбари Эрон таъкид кард: “Ин роҳпаймоиҳо ҳаводиси маъмулӣ нест ва ин ҳаракати азим, мунсаҷим ва мардумӣ дар муқобили тавтиаи душман ва бо чунин назм, басират, шӯру ангеза, дар дунё беназир аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар тавсифи ҳаракати мустамирри миллаташ гуфт: “Ин набарди миллат бо зидди миллат, набарди Эрон бо зидди Эрон ва набарди Ислом бо зидди Ислом аст, ки аз ин пас низ идома хоҳад дошт.”

Вай хотирнишон кард: “Албатта ин мубориза ва истодагӣ ва муқовимат мӯҷиб нашудааст, ки миллат аз дигар абъоди зиндагӣ аз ҷумла пешрафтҳои илмӣ ва таъмини амният ва оромиш ғофил шавад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, решаи тамоми душманиҳо ва тавтиаҳо бар зидди миллати Эронро “Инқилоби Исломӣ” донист ва таъкид кард: “Тамоми ҳаракоти нокоми душман дар ин 40 сол, дар воқеъ потак (зидди ҳамла) ба инқилоб аст, зеро инқилоб ҳузури сиёсии душманро решакан кард.”

Вай гуфт: “Ин бор ҳам миллати Эрон бо истодагӣ ҳамчун садде муҳкам ва миллӣ, бо қудрати тамом ба Омрико ва Ангилис ва Ланданнишинон гуфт, ки натавонистед ва баъд аз ин ҳам нахоҳед тавонист.”

Раҳбари Эрон ба милёрдҳо дулор ҳазина ва солҳо шабакасозӣ ва муздурпарварии бадхоҳони миллати Эрон барои эҷоди мушкил аз даруни кишвар ишора кард ва афзуд: “Масъулони феълии Омрико, ки соддалавҳии онҳо дар умури сиёсӣ ошкор аст, ин бор худро лув доданд ва ба шабакасозӣ ва муздурпарварӣ изъон (эътироф) ва ҳазинаҳои ин тарроҳиро низ бо пулҳои давлатҳои вобастаи халиҷи Форс таъмин карданд, то шояд битавонанд зуболаҳои фирорӣ аз Эронро бозёфт ва дубора вориди майдон кунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба иқдоми душманон дар солҳои ахир дар роҳандозии ҳазорон шабакаи маҷозӣ ва даҳҳо коноли телевизиюнӣ, эҷоди ҷӯхаҳои терур ва инфиҷор ва эъзоми онҳо ба дохили марзҳо, ва бомбборони густардаи миллат бо дурӯғ, тӯҳмат ва шойеа хотирнишон кард: “Ҳамаи ин талошҳо анҷом шуд, то шояд битавонанд афкори ин миллат ба вежа ҷавононро тағйир диҳанд, аммо натиҷааш, шаҳид Ҳуҷаҷии азиз ва дигар шуҳадо буданд, ки дар дифоъ аз инқилоб сина сипар карданд.”

Вай афзуд: “Душманон ҳатто барои нуфуз дар бархе аркон, афродеро татмиъ карданд ва худ низ мустақим вориди майдон шуданд, ки дахолатҳои масъулони омрикоиро дар ин чанд рӯзи ахир ҳама диданд, аммо боз ҳам натавонистанд ва ноком монданд.”

Раҳбари Эрон, бо қадрдонӣ аз миллати Эрон гуфт: “На як бор, балки ҳазорон бор аз ин миллат ташаккур мекунам; миллати Эрон ҳақиқатан миллате рашид, бобасират, вафодор, боҳиммат, замоншинос ва лаҳзашинос аст ва медонад, ки лаҳзаи ҳаракат, чӣ замоне аст!

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Душманон ин паёмҳоро мегиранд, агарчи дар таблиғот ба рӯи худ намеоваранд ва садҳо ихлолгарро ҳазорон нафар, ва ҳаракоти милюнии мардумро гурӯҳи андак ҷилва медиҳанд, аммо соҳибони сиёсат мутаваҷҷеҳи ин ҳаракат ва паёмҳои он мешаванд.”

Вай афзуд: “Миллати Эрон бо ин ҳаракати азим кори худро кард ва дар дили сиёсатгузорони душман руъб эҷод кард ва басират ва ангезаи худро ба авҷ расонд.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба таҳлилҳои мухталифе, ки дар рӯзҳои гузашта аз тарафи ашхос ва ҷиноҳҳо дар рӯзномаҳо ва шабакаҳои интернетӣ баён шуда гуфт: “Ҳамаи ин таҳлилҳо як нуқтаи муштараки саҳеҳ дошт, ва он ин ки бояд байни мутолиботи содиқона ва баҳаққи мардум ва ҳаракоти ваҳшиёна ва тахрибгаронаи як гурӯҳ тафкик қоил шуд ва мутолибот ва хостаҳои мардумро пайгирӣ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: “Ин ки иддае аз ҳаққе маҳрум бимонанд ва дар ҷое ҷамъ шаванд ва эътироз кунанд, як матлаб аст, аммо ин ки иддае аз ин таҷаммӯъ суистифода кунанд ва ба Қуръон ва Ислом дашном диҳанд ва ба парчами Эрон иҳонат кунанд ва масҷид оташ бизананд, як матлаби дигар аст.”

Вай афзуд: “Эътирозҳо ё дархостҳои мардумӣ ҳамвора буда ва акнун низ ҳаст; дар ҳамин як соли ахир, бархе аз мардум дар баъзе шаҳрҳо ё дар муқобили Маҷлис ба далели мушкилоти сандуқҳо ё бархе муассисоти молӣ, иҷтимоъоте доштанд, ки ҳеч кас ҳам бо онҳо муъориза ва мухолифате надорад ва бояд ба ин ҳарфҳо гӯш дода ва расидагӣ шаванд ва дар ҳадди вусъу тавон посух дода шавад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас дар табйини абъоди қазоёи ахир гуфт: “Қароин ва шавоҳиди иттилоотӣ нишон медиҳад, ки ин қазоё созмондиҳӣ шуда буда ва дар шаклгирии он, як мусаллас (сегона) фаъол будааст.”

Вай афзуд: “Як раъси ин мусаллас, Омрико ва саҳюнистҳо буданд, ки тарроҳиро анҷом доданд ва чанд моҳ бар рӯи ин тарроҳӣ кор карданд ва бинои онҳо ин буд, ки ҳаракатҳо аз шаҳрҳои кучак шурӯъ шавад, то ба марказ бирасад.”

Раҳбари Эрон гуфт: “Раъси дуввуми ин мусаллас, яке аз давлатҳои пулдори халиҷи Форс аст, ки ҳазинаи ин нақшаро таъмин кард, ва раъси севвум низ, подуҳо (навкарҳо) буданд, ки марбут ба созмони одамкуши Мунофиқин ҳастанд ва аз моҳҳо қабл омода буданд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба фарохонҳо, хотирнишон кард: “Дар ин фарохонҳо, шиори “На ба гаронӣ!” матраҳ шуда буд, ки шиоре ҷаззоб буд, то иддаеро ба дунболи худ вориди саҳна кунанд. Дар ибтидои кор ҳам иддае бо ин шиор ҳамроҳ шуданд, аммо мардум ба маҳзи он ки диданд, ҳадаф ва шиорҳо тағйир кард, саффи худро ҷудо карданд.”

Вай дар ҳамин хусус афзуд: “Ҳамон афроде, ки рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа дар иҷтимои “На ба гаронӣ!” ширкат карда буданд, баъд аз ҷудо кардани саффи худ, дар иҷтимои азими 9 дей ба майдон омаданд ва бар зидди Омрико ва мунофиқ шиор доданд.”

Раҳбари Эрон дар идомаи табйини қазоёи ахир, ба бархе ҳарфҳо дар расонаҳои душманон ишора кард ва гуфт: “Барои созмондиҳӣ ва амалиёт ду қароргоҳи фармондеҳӣ дар ҳамсоягии Эрон ташкил шуда буд: яке аз ин қароргоҳҳо барои ҳидояти амалиёт дар фазои маҷозӣ буд, ва қароргоҳи дуввум барои мудирияти иғтишошҳо, ки ҳар ду қароргоҳ ба василаи омрикоиҳо ва саҳюнистҳо фармондеҳӣ мешуд ва пирӯзии худро низ қатъӣ медонистанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо сипосгузорӣ ба даргоҳи Худованди Мутаъол, ки душманони миллати Эронро аз нодонҳо қарор додааст, таъкид кард: “Душманон ҳанӯз миллати Эронро нашнохтаанд ва маънои ин садди муҳками имон ва шуҷоати миллиро нафаҳмидаанд.”

Вай, беҳудагӯиҳои ахири масъулони омрикоиро ношӣ аз асабонияти шадид ва шикасти ахир донист ва гуфт: “Мегӯянд, ҳукумати Эрон аз мардуми худ метарсад! Хайр. Ҳукумати Эрон мутаваллиди ин мардум аст ва низоми исломӣ 40 сол аст, ки ба пуштвонаи ҳамин мардум дар муқобили шумо истодааст.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Мегӯянд, ҳукумати Эрон аз қудрати Омрико ҳарос дорад. Дар посух мегӯем, агар мо аз шумо ҳарос доштем, чӣ гуна дар даҳаи 50 шуморо аз Эрон берун рехтем ва дар даҳаи 90 низ шуморо аз кулли минтақа берун рондем.”

Вай ба яке дигар аз газофагӯиҳои мақомоти омрикоӣ мабнӣ бар нигаронӣ аз наҳваи рафтор бо мӯътаризон ишора кард ва афзуд: “Шумо хиҷолат намекашед? Дар як соли гузашта 800 нафар аз мардуми Омрико ба дасти пулис кушта шудаанд. Дар қазияи қиёми Волстрит ҳар коре, ки тавонистед бар зидди мардум кардед ва бо ҳар эҳтимол ва тӯҳмате, мардумро куштед; он вақт барои мардуми Эрон изҳори нигаронӣ мекунед?

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба ибрози нигаронии масъулони Ангилиси хабис гуфт: “Ахиран дар мавзӯи ҳамла ба мусалмонони Ангилис ва дифоъи мусалмонон аз худ, як қозии ангилисӣ, аҳкоми бисёр сангине дод; ҳоло масъулони чунин кишваре, дилсӯзи мӯътаризон шудаанд?

Раҳбари Эрон, “барандозии низоми Ҷумҳурии Исломӣ”-ро ҳадафи мушаххаси омрикоиҳо хонд ва бо ишора ба талоши давлати қаблии Омрико дар пинҳон кардани ин ҳадаф дар мавзеъгириҳо ва низ номаҳое, ки барои раҳбари Эрон мефиристод, гуфт: “Албатта рафтори онҳо ҳамон рафтори барандозӣ буд, ки давлати феълӣ, сареҳ ва бидуни мулоҳиза онро эълом мекунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, талош барои гирифтани абзорҳои иқтидори миллии эрониёнро равиши аслӣ ва василаи омрикоиҳо барои таҳаққуқи “барандозӣ” баршумурд ва афзуд: “Авотифи мардум ва афкори умумии ҳамҷиҳати бо ҳукумат ва имон ва ангезаи ҷавонон аз ҷумлаи абзорҳои аслии иқтидори миллӣ аст ва ба ҳамин иллат душманон дар садади тазъиф ва салби онҳо ҳастанд.”

Қудрати дифоъи мушакӣ ва ҳузури муқтадирона дар минтақа, аз дигар абзорҳои иқтидори миллии эрониён буд, ки раҳбари Эрон ёдовар шуд ва афзуд: “Омрико ҷуръат намекунад исми музокира бо моро биёварад, аммо як кишвари урупоӣ мегӯяд, мехоҳем бо Эрон дар бораи ҳузури минтақаии он музокира кунем, дар ҳоле, ки бояд аз ӯ пурсид, шумо чаро дар минтақа ҳузур доред?

Раҳбари Эрон сипас се нуктаи асосиро хитоб ба ҳайъати ҳокимаи Омрико мавриди таъкид қарор дод: “Аввал: сари шумо дар ҳаводиси ахир ба санг хӯрд ва агар дар оянда такрор кунед боз ҳам ноком хоҳед монд. Дуввум: дар ин чанд рӯз ба Эрон хасорат задед, ин кор бетақосс нахоҳад монд. Ва севвум: ин касе, ки ба гуфтаи худи омрикоиҳо таъодули руҳӣ-равонӣ надорад, бидонад, ки ин девонабозиҳои намоишӣ, беҷавоб нахоҳад монд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истодагии низом дар муқобили зӯргӯён ва дифоъ аз манофеи миллат ва кишвар афзуд: “Касоне, ки дар хориҷ ё мутаассифона дар дохил, дӯст доранд бо омрикоиҳо пайванд бихӯранд ва нишасту бархост кунанд, ин ҳарфҳоро бишнаванд ва бидонанд, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ ба фазли илоҳӣ ҳамаи мушкилотро бартараф хоҳад кард.”

Вай дар идома хитоб ба масъулони кишвараш ва фаъолон сиёсӣ, худро ҳам мухотаби ин суханон донист ва гуфт: “Даст доштани душман дар масоили ахир, таҳлил нест, балки бар мабнои иттилоот ва хабар баён шуд, аммо ин набояд мӯҷиб шавад, ки аз заъфҳо ва мушкилоти худамон ғофил шавем.”

Раҳбари Эрон таъкид кард: “Душманон монанди магас рӯи захми ношӣ аз мушкилот ва заъфҳо менишинанд, бинобар ин, бояд захмро хуб кунед ва нагузоред ба вуҷуд ояд, чаро ки агар мушкили дохилӣ надошта бошем, таблиғот ва фазосозии бегона асар намегузорад ва омрикоиҳо ҳам наметавонанд ҳеч ғалате бикунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, дифоъ аз ҳуқуқи мардум ва талош барои ҳалли мушкилоти онҳоро вазифаи ҳамаи масъулон баршумурд ва афзуд: “Қишрҳое аз мардум ба хусус табақоти заъиф таҳти фишор ҳастанд ва бояд ҳамаи ҳиммати масъулон сарфи ҳалли мушкилоти мавҷуд шавад.”

Вай тазаккур ва интиқоди мунсифонаро лозим ва муфид донист ва афзуд: “Набояд вуҷуди теъдоди андаке мудир ё қозии фосидро ба ҳазорон мудири иҷроӣ ё қозии шариф таъмим дод ва дили ҷавонони азизи миҳанро холӣ кард, ҳамчунон ки набояд яке ду намояндаро, ки дар миёни ҳудуди 300 намоянда, ҷури дигаре машй мекунанд, ба ҳамаи намояндагон таъмим дод.”

Раҳбари Эрон, тамаркузи масъулони кишвараш ба хусус масъулони иҷроиро бар масоили калидӣ ба вежа иштиғол ва тавлид ва ҳалли мушкили воридот зарурӣ хонд ва афзуд: “Ин масоилро борҳо ба масъулони иҷроӣ тазаккур додаем.”

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш бо ташаккур аз масъулони амниятӣ, интизомӣ ва сипоҳ ва басиҷ афзуд: “Дар масъалаи ахир бояд миёни ҷавон ва навҷавоне, ки таҳти таъсири ҳаяҷони фазои маҷозӣ ҳарфе зада ва коре карда, бо касоне, ки ҷузъи подуҳои (навкарҳои) Омрико ва зидди инқилоб ҳастанд фарқ гузошт.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Бо касоне, ки ҳаяҷонӣ вориди моҷаро шудаанд чӣ донишҷӯ, чӣ ғайри донишҷӯ бояд сӯҳбат ва равшангарӣ кард аммо касе, ки подуи мунофиқин аст ва одам мекушад ҳисобаш ҷудост.”

Тасовире аз ин дидор:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: