Мустаманд ва сарватманд

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Мустаманд ва сарватманд

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) тибқи маъмул дар маҷлиси худ нишаста буд. Ёрон гирдогирди ҳазраташ ҳалқа зада ӯро монанди нигини ангуштар дар миён гирифта буданд.

Дар ин байн, яке аз мусалмонон — ки марди фақири жандапӯше буд — аз дар расид ва тибқи суннати исломӣ — ки ҳар кас дар ҳар мақоме ҳаст, ҳамин ки вориди маҷлисе мешавад бояд бибинад ҳар куҷо ҷои холӣ ҳаст ҳамонҷо бинишинад ва як нуқтаи махсусро ба унвони ин ки шаъни ман чунин иқтизо мекунад дар назар нагирад — дар нуқтае ҷои холӣ ёфт, рафт ва онҷо нишаст.

Аз қазо, паҳлӯи марди сарватманде қарор гирифт. Марди сарватманд ҷомаҳои худро ҷамъ кард ва худашро ба каноре кашид.

Расули Акрам, ки муроқиби рафтори ӯ буд, ба ӯ рӯ кард ва гуфт:

— Тарсидӣ, ки чизе аз фақри ӯ ба ту бачаспад?!

— На, эй Расули Худо!

— Тарсидӣ, ки чизе аз сарвати ту ба ӯ сироят кунад?

— На, эй Расули Худо!

— Тарсидӣ, ки ҷомаҳоят касиф ва олуда шавад?

— На, эй Расули Худо!

— Пас, чаро паҳлӯ тиҳӣ кардӣ ва худатро ба каноре кашидӣ?

— Эътироф мекунам, ки иштибоҳе муртакиб шудам ва хато кардам. Акнун ба ҷуброни ин хато ва ба каффораи ин гуноҳ, ҳозирам ниме аз дороии худамро ба ин бародари мусалмони худ, ки дар борааш муртакиби иштибоҳе шудам, бибахшам.

Марди жандапӯш гуфт:

— Вале ман ҳозир нестам бипазирам.

Ҷамъият пурсиданд:

— Чаро?

Гуфт:

— Чун метарсам рӯзе маро ҳам ғурур бигирад ва бо як бародари мусалмони худ ончунон рафторе бикунам, ки имрӯз ин шахс бо ман кард.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Усули кофӣ”)

* * *

Алӣ ва Осим

Алӣ баъд аз хотимаи ҷанги Ҷамал вориди шаҳри Басра шуд. Дар хилоли айёме, ки дар Басра буд, рӯзе ба иёдати яке аз ёронаш ба номи Алоъ ибни Зиёди Ҳорисӣ рафт. Ин мард хонаи муҷаллал ва васеъе дошт.

Алӣ, ҳамин ки он хонаро бо он азамат ва вусъат дид, ба ӯ гуфт:

— Ин хонаи ба ин вусъат ба чӣ кори ту дар дунё мехӯрад, дар сурате, ки ба хонаи васеъе дар охират мӯҳтоҷтарӣ?! Вале агар бихоҳӣ, метавонӣ, ки ҳамин хонаи васеъи дунёро василае барои расидан ба хонаи васеъи охират қарор диҳӣ; ба ин ки дар ин хона аз меҳмон пазироӣ кунӣ, силаи раҳм намоӣ, ҳуқуқи мусалмононро дар ин хона зоҳир ва ошкоро кунӣ, ин хонаро василаи зинда сохтан ва ошкор намудани ҳуқуқ қарор диҳӣ ва аз инҳисори матомеи шахсӣ ва истифодаи фардӣ хориҷ намоӣ.

Алоъ гуфт:

— Эй амири мӯъминон! Ман аз бародарам Осим пеши ту шикоят дорам.

Ҳазрати Алӣ пурсид:

— Чӣ шикояте дорӣ?

Гуфт:

— Торики дунё шуда, ҷомаи кӯҳна пӯшида, гӯшагир ва мунзавӣ шуда, ҳама чиз ва ҳама касро раҳо карда.

Ҳазрат фармуд:

— Ӯро ҳозир кунед!

Осимро эҳзор карданд ва оварданд. Алӣ ба ӯ рӯ кард ва фармуд:

— Эй душмани ҷони худ! Шайтон ақли туро рабудааст, чаро ба зану фарзанди хеш раҳм накардӣ? Оё ту хаёл мекунӣ, ки Худое, ки неъматҳои покизаи дунёро барои ту ҳалол ва раво сохта, норозӣ мешавад аз ин ки ту аз онҳо баҳра бибарӣ? Ту дар назди Худо кучактар аз ин ҳастӣ.

Осим гуфт:

— Эй амири мӯъминон! Ту худат ҳам, ки мисли ман ҳастӣ; ту ҳам, ки ба худ сахтӣ медиҳӣ ва дар зиндагӣ бар худ сахт мегирӣ; ту ҳам, ки ҷомаи нарм намепушӣ ва ғизои лазиз намехӯрӣ; бинобар ин, ман ҳамон корро мекунам, ки ту мекунӣ, ва аз ҳамон роҳ меравам, ки ту меравӣ.

Ҳазрат фармуд:

— Иштибоҳ мекунӣ. Ман бо ту фарқ дорам. Ман мақоме дорам, ки ту надорӣ. Ман дар либоси пешвоӣ ва ҳукуматам. Вазифаи ҳоким ва пешво вазифаи дигаре аст. Худованд бар пешвоёни одил фарз карда, ки заъифтарини табақоти миллати худро миқёси зиндагии шахсии худ қарор диҳанд ва он тавре зиндагӣ кунанд, ки тиҳидасттарин мардум зиндагӣ мекунанд, то сахтии фақр ва тиҳидастӣ ба он табақа асар накунад. Бинобар ин, ман вазифае дорам ва ту вазифае.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз шарҳи “Наҳҷул-балоға”)

* * *

Бозорӣ ва обир

Марде дуруштустухон ва баландқомат, ки андоме варзида ва чеҳрае офтобхӯрда дошт ва заду хӯрдҳои майдони ҷанг ёдгоре бар чеҳрааш гузошта ва гӯшаи чашмашро дарида буд, бо қадамҳои мутмаин ва муҳкам аз бозори Куфа мегузашт.

Аз тарафи дигар, марде бозорӣ дар дӯконаш нишаста буд. Ӯ барои он ки мӯҷиби хандаи руфақоро фароҳам кунад, муште зубола ба тарафи он марди баландқомат парт кард. Марди обир бидуни ин ки хам ба абрӯ биёварад ва илтифоте бикунад, ҳамон тавр бо қадамҳои муҳкам ва мутмаин ба роҳи худ идома дод. Ҳамин ки дур шуд, яке аз руфақои марди бозорӣ ба ӯ гуфт:

— Ҳеҷ шинохтӣ, ки ин марди обир, ки ту ба ӯ иҳонат кардӣ, кӣ буд?

— На, нашинохтам! Обире буд мисли ҳазорҳо обири дигар, ки ҳар рӯз аз ҷилави чашми мо убур мекунанд. Магар ин шахс кӣ буд?

— Аҷаб! Нашинохтӣ? Ин обир ҳамон фармондеҳ ва сипаҳсолори маъруф Молики Аштари Нахаъӣ буд.

— Аҷаб! Ин мард Молики Аштар буд? Ҳамин Молике, ки дили шер аз бимаш об мешавад ва номаш ларза бар андоми душманон меандозад?

— Бале, Молик худаш буд.

— Эй вой ба ҳоли ман! Ин чӣ коре буд, ки кардам! Алъон дастур хоҳад дод, ки маро сахт танбеҳ ва муҷозот кунанд. Ҳамин ҳоло медавам ва доманашро мегирам ва илтимос мекунам, то магар аз тақсири ман сарфи назар кунад.

Ба дунболи Молики Аштар равон шуд. Дид, ӯ роҳи худро ба тарафи масҷид каҷ кард. Ба дунболаш ба масҷид рафт, дид ба намоз истод. Мунтазир шуд, то намозашро салом дод. Рафт ва бо тазаррӯъ худро муаррифӣ кард ва гуфт:

— Ман ҳамон касе ҳастам, ки нодонӣ кардам ва ба ту ҷасорат намудам.

Молик гуфт:

— Вале ман, ба Худо қасам, ба масҷид наёмадам магар ба хотири ту, зеро фаҳмидам ту хеле нодон ва ҷоҳил ва гумроҳӣ, бе ҷиҳат ба мардум озор мерасонӣ. Дилам ба ҳолат сӯхт. Омадам дар бораи ту дуо кунам ва аз Худованд ҳидояти туро ба роҳи рост бихоҳам. На, ман он тавр қасде, ки ту гумон кардаӣ, дар бораи ту надоштам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Сафинатул-биҳор”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Наҳҷул-балоға, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: