Адли илоҳӣ (5)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (5)

Асли адл дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ

Он чи то кунун гуфта шуд, марбут ба тарҳи илмии масъалаи адл дар фазои фикрӣ ва илмии ҷаҳони ислом буд; ҳама марбут ба ин буд, ки чӣ гуна шуд, ки масъалаи “адли илоҳӣ” дар низоми таквин ва ё низоми ташреъ, аз қуруни аввалияи исломӣ вориди улуми исломӣ шуд ва то он ҷо аҳаммият ёфт, ки баъзе фирқаҳо худро “Адлия” хонданд ва “адл”-ро яке аз усули эътиқодӣ ва мояи имтиёзи эътиқодии худ аз соири фирқаҳо ба шумор оварданд…

Илова бар тарҳи илмӣ, ба навъе дигар низ ин масъала аз садри ислом дар ҷомеаи исломӣ ва дар сатҳи оммаи мардум матраҳ будааст, ва он, марҳилаи иҷрои адл аст. Як нафар мусалмон, аз бадеҳиёти аввалияи андешаҳои исломии иҷтимоиаш, ин буда, ки имом ва пешво бояд одил бошад, қозӣ бояд одил бошад, шоҳиди маҳкама бояд одил бошад, шоҳиди талоқ ё руҷӯъ бояд одил бошад. Ва аз назари баъзе аз гурӯҳҳои исломӣ, имоми ҷумъа ва ҷамоат низ бояд одил бошад. Ҳар мусалмон ҳамвора дар баробари мансабҳое, ки як мақоми одил бояд ишғол кунад, эҳсоси масъулият мекардааст. Ин ҷумлаи Расули Акрам (с) забонзади хоссу омм буд:

أفضل الجهاد كلمة عدل عند امام جائر

(“Бартарин ҷиҳод, сухани адл дар баробари пешвои ситампеша аст.”) Ва чӣ шаҳоматҳо ва ҳамосаҳо, ки ин ҷумлаи кӯтоҳ офаридааст!

Тарҳи масъалаи адл аз назари амалӣ ва айнӣ дар сатҳи иҷтимоъ, таърихчаи бас дарозе дорад ва чун аз мавзӯи баҳси китоб хориҷ аст, мо вориди он намешавем.

* * *

Сарманшаи аслӣ

Хонанда пас аз вуқуф ба ҷараёноти илмӣ ва амалӣ, ки бад-онҳо ишора шуд, як суоли аслӣ барояш боқӣ мемонад, ва он ин ки: чаро каломи исломӣ беш аз ҳар чиз ба масъалаи адл пардохт? Ва чаро фиқҳи исломӣ қабл аз ҳар чизе масъалаи адл барояш матраҳ шуд? Ва чаро дар ҷаҳони сиёсати исломӣ беш аз ҳар калимае калимаи адл ба гӯш мехӯрад? Ин ки дар ҳамаи ҳавзаҳо сухан аз адл буд, бояд як реша ва сарманшаи хосс дошта бошад.

Оё ҷараёни аслии дигаре дар кор буда, ки ҳамаи ин ҷараёнҳоро ӯ бармеангехта ва тағзия мекардааст?

Аз назари мо, решаи аслӣ ва решаи решаҳои тарҳҳои илмӣ ва амалии масъалаи адлро дар ҷомеаи исломӣ, дар дараҷаи аввал, дар худи Қуръони Карим бояд ҷустуҷӯ кард. Қуръон аст, ки базри андешаи адлро дар дилҳо кошт ва обёрӣ кард ва дағдағаи онро, чӣ аз назари фикрӣ ва фалсафӣ ва чӣ аз назари амалӣ ва иҷтимоӣ, дар руҳҳо эҷод кард. Ин Қуръон аст, ки масъалаи адлу зулмро дар чеҳраҳои гуногунаш: адли таквинӣ, адли ташреъӣ, адли ахлоқӣ, адли иҷтимоӣ тарҳ кард.

Қуръон тасреҳ мекунад, ки низоми ҳастӣ ва офариниш, бар адл ва тавозун ва бар асоси истеҳқоқҳо ва қобилиятҳост. Гузашта аз оятҳои зиёде, ки сареҳан зулмро аз соҳати кибриёӣ ба шиддат нафй мекунад, ва гузашта аз оёте, ки иблоғ ва баён ва итмоми ҳуҷҷатро аз он ҷиҳат аз шуъуни Парвардигор мешуморад, ки буди инҳо навъе адл, ва ҳалоки башар бо набуди онҳо навъе зулму ситам аст, ва гузашта аз оёте, ки асоси хилқатро бар ҳақ — ки мулозим бо адл аст — муаррифӣ менамояд; гузашта аз ҳамаи инҳо, дар бархе аз оёт, аз мақоми фоилият ва тадбири илоҳӣ ба унвони мақоми қиём ба адл ёд мекунад:

شَهِدَ اللّهُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ وَالْمَلاَئِكَةُ وَأُوْلُواْ الْعِلْمِ قَآئِمَا بِالْقِسْطِ

(“Худо, ки ҳамвора ба адл қиём дорад, гувоҳӣ медиҳад, ки ҷуз Ӯ ҳеч маъбуде нест ва фариштагон ва донишмандон низ гувоҳӣ медиҳанд, ки…” (Сураи Оли Имрон, ояти 18))

Ва ё адлро тарозуи Худо дар амри офариниш медонад:

وَالسَّمَاء رَفَعَهَا وَوَضَعَ الْمِيزَانَ

(“Ва осмонро барафрошт ва тарозуро гузошт.” (Сураи Раҳмон, ояти 7))

Дар зайли ҳамин оят аст, ки Расули Худо (с) фармуд:

بالعدل قامت السموات والأرض

Осмонҳо ва замин ба адл барпост.” (Тафсири Софӣ, ҷ.2, с.638)

Адли ташреъӣ — яъне ин ки дар низоми вазъ ва ташреъи қавонин, ҳамвора асли адл риоят шуда ва мешавад — низ сареҳан мавриди таваҷҷӯҳи Қуръон қарор гирифтааст. Дар Қуръони Карим тасреҳ шуда, ки ҳикмати беъсат ва ирсоли русул (фиристодани паёмбарон) ин аст, ки адлу қист бар низоми зиндагонии башар ҳоким бошад:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

Ҳамоно фиристодагони хешро бо далоили равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо китоб ва миқёс (қонун) фиристодем, то мардум бад-ин васила адлро бапо доранд.” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

Бадеҳист, ки барқарории асли адл дар низомоти иҷтимоӣ, мавқуф ба ин аст, ки аввалан низоми ташреъӣ ва қонунӣ, низоми одилона бошад, ва сониян амалан ба марҳилаи иҷро дарояд.

Илова бар ин асли куллӣ, ки Қуръон дар мавриди ҳамаи паёмбарон баён кардааст, дар мавриди низоми ташреъии исломӣ мегӯяд:

قُلْ أَمَرَ رَبِّي بِالْقِسْطِ

(“Бигӯ: Парвардигорам ба адлу додгарӣ фармон додааст…” (Сураи Аъроф, ояти 29))

Ё дар мавриди бархе дастурҳо мегӯяд:

ذَلِكُمْ أَقْسَطُ عِندَ اللّهِ

(“Ин (кори) шумо назди Худо одилонатар аст…” (Сураи Бақара, ояти 282))

Қуръони Карим имомат ва раҳбариро “паймони илоҳӣ” ва мақоме “зидди зулм” ва “тавъам бо адл” медонад. Қуръон он ҷо, ки дар бораи шоистагии Иброҳим (а) барои имомат ва раҳбарӣ сухан мегӯяд, бардошташ чунин аст:

Он гоҳ, ки Иброҳим аз ҳамаи кӯраҳо холис даромад, ба ӯ иблоғ шуд, ки туро ба имомат ва раҳбарӣ баргузидем. Иброҳим дархост кард — ва ё истифҳом намуд — ки ин мавҳибати илоҳӣ дар насли ӯ идома ёбад. Ба ӯ посух дода шуд, ки: имомат ва раҳбарӣ паймонест илоҳӣ ва ситамкоронро дар он насибе нест.” (Сураи Бақара, ояти 124)

لاَ يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ

(Яъне паймони ман ба ситампешагон намерасад) Қуръон инсони ахлоқиро ба унвони “соҳиби адл” ном мебарад. Дар чанд ҷои Қуръон, ки сухан аз доварӣ ва ё гувоҳии инсонҳое аст, ки аз назари тарбиятӣ ва ахлоқӣ ва руҳӣ қобили эътимод бошанд, онҳоро ба ҳамин унвон, ки гуфтем ном мебарад, мисли ин ки мефармояд:

يَحْكُمُ بِهِ ذَوَا عَدْلٍ مِّنكُمْ

(“Онро ду тан одил аз миёни шумо тасдиқ кунанд…” (Сураи Моида, ояти 95)) Ё мефармояд:

وَأَشْهِدُوا ذَوَيْ عَدْلٍ مِّنكُمْ

(“Ва ду тан одилро аз миёни худ гувоҳ гиред…” (Сураи Талоқ, ояти 2))

Пас аз тарҷумаи осори юнонӣ дар ҷаҳони ислом, ин ҷумлаи Афлотун маъруф шуд, ки: “Адолат модари ҳамаи фазоили ахлоқӣ аст”, вале дар ҳудуди ду қарн пеш аз он ки сухани Афлотун дар миёни мусалмонон шинохта бишавад, мусалмонон аз забони Қуръон ин суханро шунида буданд.

Бештарин оятҳои марбут ба адл, дар бораи адли ҷамъӣ ва гурӯҳӣ аст, аъамм аз хонаводагӣ, сиёсӣ, қазоӣ, иҷтимоӣ. То он ҷо, ки ин банда ба тақриб ба даст овард, дар ҳудуди 16 оят дар ин замина аст.

Дар Қуръон, аз тавҳид гирифта то маъод, ва аз нубувват гирифта то имомат ва пешвоӣ, ва аз ормонҳои фардӣ гирифта то ҳадафҳои иҷтимоӣ, ҳама бар меҳвари адл устувор шудааст.

Адли Қуръон, ҳамдӯши тавҳид, рукни маъод, ҳадафи ташреъи нубувват, фалсафаи пешвоӣ ва имомат, меъёри камоли фард, ва миқёси саломати иҷтимоъ аст.

Адли Қуръон, он ҷо, ки ба тавҳид ё маъод марбут мешавад, ба нигариши инсон ба ҳастӣ ва офариниш шакли хосс медиҳад, ва ба иборати дигар, навъе “ҷаҳонбинӣ” аст. Он ҷо, ки ба нубувват ва ташреъ ва қонун марбут мешавад, як “миқёс” ва “меъёр”-и қонуншиносӣ аст, ва ба иборати дигар, ҷои пойест барои ақл, ки дар радифи китобу суннат қарор гирад ва ҷузъи манобеи фиқҳ ва истинбот ба шумор ояд. Он ҷо, ки ба имомат ва раҳбарӣ марбут мешавад, як “шоистагӣ” аст. Он ҷо, ки пойи ахлоқ ба миён меояд, ормоне инсонӣ аст. Ва он ҷо, ки ба иҷтимоъ кашида мешавад, як “масъулият” аст.

Чӣ гуна мумкин буд масъалае, ки дар Қуръон то ин поя бад-он аҳаммият дода шуда, ки ҳам ҷаҳонбинӣ аст, ва ҳам меъёри шинохти қонун, ва ҳам милоки шоистагии пешвоӣ ва раҳбарӣ, ва ҳам ормоне инсонӣ, ва ҳам масъулияте иҷтимоӣ, мусалмонон бо он инояти шадид ва ҳассосияти фаровоне, ки дар мавриди Қуръон доштанд, нисбат ба он бетафовут бимонанд?!

Ин аст, ки мо мӯътақидем далеле надорад, ки дар пайи иллате дигар биравем ва фикри худро хаста намоем, ки чаро аз оғози неҳзатҳои фикрӣ ва амалии мусалмонон, ҳама ҷо калимаи “адл” ба чашм мехӯрад? Иллати аслии ҳассосияти мусалмонон нисбат ба ин масъала, ва иллати роҳ ёфтани ин асл дар калом ва дар фиқҳ ва дар ҳавзаҳои иҷтимоии исломӣ, бидуни шак Қуръон буд. Аммо иллати ҷабҳагириҳои мухталиф дар ин масъала, ки бархе онро урён ва бидуни лифофа пазируфтанд ва бархе бо як силсила тавҷеҳот ва таъвилот онро аз асар андохтанд, чизҳои дигар аст, ки бархе равонӣ аст ва бархе иҷтимоӣ ва бархе сиёсӣ. Ин аст назари мо дар бораи сарманшаи аслии тарҳи ин масъала дар ҷомеаи исломӣ.

Афроде дигар, мумкин аст, ки ба гунае дигар ва аз зовияи дигар ин масъаларо таълилу таҳлил кунанд.

Чунонки медонем, пайравони бархе мактабҳо ба таври куллӣ ҷараёноти иҷтимоиро ба гунае дигар таълилу таҳлил мекунанд. Пайравони ин мактабҳо як силсила қолабҳои сохта ва аз пеш пардохтае доранд ва ба ҳар зарбу зӯр ҳаст мехоҳанд ҳамаи ҳаводисро дар он қолабҳо бишносонанд.

Дар ин гуна мактабҳо масъалаи тазоддҳои табақотӣ ва мавзеъгириҳои иҷтимоӣ бар асоси бархӯрдориҳо ва маҳрумиятҳо, нақши аслӣ ва асосиро дар ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷунбишҳо ифо мекунанд. Аз назари пайравони он мактабҳо, ҳамаи таҷаллиёти руҳӣ ва фикрӣ ва завқӣ ва отифии башар, инъикосе аз ниёзҳои моддӣ ва равобити иқтисодӣ аст; ҳамаи шуъун рӯбиност ва чизе, ки зербиност иқтисод ва шуъуни иқтисодӣ аст; хусусиёти фикрӣ ва завқӣ ва отифӣ ва ҳунарии ҳар касро дар мавзеъгирии хосси табақотии ӯ бояд ҷустуҷӯ кард. Агар Саъдӣ гуфтааст: “Мояи айши одамӣ шикам аст”, аз назари ин гурӯҳ, на танҳо мояи айш, балки мояи фикр ва эҳсос ва отифа ва завқ ва билохира он чи муқаддас номида мешавад низ шикам аст, ҳамаи роҳҳо ба шикам мунтаҳӣ мешавад.

Аз назари пайравони ин мактабҳо, агар мебинем, ки дар ҷомеае беш аз ҳама чиз сухани адл ба миён меояд, решаи онро дар нобаробариҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд ҷустуҷӯ кунем, на дар ҷои дигар, ва агар ду гурӯҳи мушаххас мебинем, ки дар либоси фиқҳ ё калом дар баробари якдигар ҷабҳагирӣ мекунанд: гурӯҳе тарафдори ҷиддии асолати адл ба унвони як ҷаҳонбинӣ ва ё як меъёр барои қонун мегардад, ва гурӯҳе дигар баръакс, мункири ҳамаи ин асолатҳо мешавад, бояд бидонем, ки ин ҷабҳагириҳои ақлӣ ва фикрӣ ва каломӣ ва фиқҳӣ, намоёнгари як ҷабҳагирии зери парда аст, ки гурӯҳи вобаста ба табақоти маҳрум ва маҳкум, дар муқобили табақоти мураффаҳ ва бархӯрдор кардааст. Андеша тобеъи шикам аст. Маҳол аст, ки як бархӯрдори мураффаҳ, аз асли адл дифоъ кунад, ҳамчунон ки маҳол аст, ки як маҳруми заҷркашида мункири асолати адл бишавад.

Аз назари мо, ин гуна тавҷеҳи таърих, яксӯнигарӣ аст. Шак надорад, ки ниёзи моддӣ, як омили бисёр муҳим ва асосӣ дар гароишҳои инсон аст ва аҳёнан ҷои пойе аз иллатҳои иқтисодӣ низ дар ҷабҳагириҳои фикрӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсии исломӣ метавон ёфт. Аммо наметавон ҳамаи ҷозибаҳое, ки инсонро иҳота карда ва таҳти нуфуз қарор медиҳад ва ҳамаи авомили аслӣ ва асосиеро, ки дар бофти таърихи инсон муассир аст, дар ниёзҳои иқтисодӣ хулоса кард. Ва шояд ҳанӯз зуд аст, ки дар бораи маҷмӯи авомили асосии ҳоким бар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсон изҳори назари қотеъ бишавад. Қадри мусаллам ин аст, ки ниёзҳои моддиро ба унвони ниёзи аслӣ мунҳасир натавон мавриди қабул қарор дод.

Ман намедонам, чӣ гуна бо ин қолабҳо ва меъёрҳо, метавон тавҷеҳ кард, ки масалан чаро Маъмун ва Муътасим ва Восиқ ба шиддат тарафдори мактаби Эътизол (Мӯътазила) мешаванд ва асли адлро мепазиранд, ва дар муқобил, Мутаввакил, ки вобаста ба ҳамон табақа ва ҳамон гурӯҳ ва ҳамон хун буд, гароише дар ҷиҳати мухолиф пайдо мекунад ва бо тарафдорони адл ҳамонро мекунад, ки аслофаш бо мухолифони адл карданд.

Ё масалан, чӣ гуна метавон фикри Соҳиб ибни Уббодро, ки яке аз бархӯрдортарин ва мутанаъимтарин мардуми ҷаҳон буд, дар ҳимояти шадид аз асли адл тавҷеҳ кард, дар сурате, ки аксарияти қариб ба иттифоқи уламои маҳруми замони ӯ мункири ин асл буданд ва ақидаи хилофи он доштанд.

Соҳиб ибни Уббод вазири бархӯрдоре аст ва аз ин назар камтар назир дорад. Ӯ аввалан бар хилофи аксари вузаро, ки саре солим ба гӯр намебаранд ва оқибат мағзуби болотар аз худ мегарданд, то охири умр вазир боқӣ монд ва ташйеъи ҷанозаи таърихии камназире чӣ аз назари каммийят ва чӣ аз назари кайфият аз ӯ шуд. Ибни Халлакон мегӯяд:

Ҳеҷ кас монанди Соҳиб ибни Уббод хушбахтӣ ва хушшонсии замони ҳаёт ва баъд аз мамотро тавъам бо якдигар ҷамъ накард.”

Соҳиб ибни Уббод, ки ҳам вазир буд ва ҳам олим, зиндагиро монанди ҳамтабақаҳои худаш аз вузаро дар камоли комронӣ гузаронид ва баръакси онҳо, ки манфур аз дунё мераванд ва бо рафтанашон номашон ҳам меравад, хушному маҳбуб боқӣ монд. Ва мурданаш монанди ҳамтабақаҳои дигараш яъне уламо сурат гирифт, ки ғолибан умреро ба гумномӣ ва маҳрумият ба сар мебаранд ва шӯҳрат ва маҳбубият ва эҳтиромашон аз вақти мурдан оғоз мешавад.

Соҳиб ибни Уббод, илова бар ин ки то охири умр дар мақоми вазорат боқӣ монд, ва илова бар ин ки хушномии уламоро низ барои худ таҳсил кард, аз як мазияти фавқулъодаи дигар низ бархӯрдор буд, ва он ин ки: мегӯянд, танҳо вазири таърих аст, ки падар ва ҷаддаш низ вазир будаанд ва се насли мутаволӣ вазоратро аз якдигар ба ирс бурданд. Номи худаш Исмоил, ва номи падараш Уббод, ва номи ниёяш Аббос аст. Шуъаро дар борааш гуфтанд:

ورث الوزارة كابر عن كابر

موصولة الاسناد بالاسناد

يروي عن العباس عبّاد وزا

رته واسماعيل عم عبّاد

Соҳиб ибни Уббод бо ҳамаи ин бархӯрдориҳо ва танаъумҳо, аз тарафдорони ҷиддии асли адл аст ва ба он ифтихор мекунад. Мегӯяд:

لو شقّ عن قلبي يرى وسطه

سطران قد خطّا بلا كاتب

العدل والتوحيد في جانب

وحبّ أهل البيت في جانب

Яъне агар қалби ман шикофта шавад, дар миёни он, ду сатр дида мешавад, ки бидуни нависанда нигориш ёфтааст: адл ва тавҳид дар як тараф, ва муҳаббати аҳли байти Паёмбар (с) дар тарафи дигар.

Дар адли фиқҳӣ низ айнан назири инҳоро мебинем. Филмасал, Абӯюсуф қозиюлқузоти Ҳорун (ва аз шогирдони Абӯҳанифа) тарафдори ҷиддии асли адл мешавад ва Аҳмад ибни Ҳанбал ҳабскашидаи тозиёнахӯрда аммо ба шиддат равиши адлро маҳкум мекунад.

Ба назари мо, тавҷеҳи ҷиҳатгириҳои фикрӣ ва эътиқодии башар бо ин меъёрҳо ва миқёсҳо ба сурати меъёрҳои инҳисорӣ, соддалавҳона аст.

Ғарази аслии мо аз тарҳи ин баҳс дар ин муқаддима, яке ин аст, ки нақши Қуръонро дар барангехтани афкор ва андешаҳо нишон диҳем, дигар ин ки аҳаммият ва асолати онро аз назари Қуръони Карим равшан созем.

Албатта, ин китоб муддаӣ нест, ки баҳси адлро ҳамаҷониба тарҳ кардааст, он чи эҳтимолан метавонад иддао кунад ин аст, ки ин баҳсро аз назари адли таквинӣ ва илоҳӣ, ки яке аз масоили матруҳа дар Қуръон дар заминаи адл аст, то ҳадде ба сурати тоза ва бо диди тозае тарҳ кардааст.

(Поёни муқаддима)

29 хурдоди соли 1352 шамсӣ

17 ҷамодиюлулои соли 1393 қамарӣ

(19 июни соли 1973 мелодӣ)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: