Перейти к содержимому

Давлати Руҳонӣ ва ниёз ба халлоқияти иқтисодӣ

Таҳлиле аз Пепе Искубор (Pepe Escobar) дар Asia Times

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, кори дурусте анҷом дод, ки дар телевизиюн ҳозир шуд, то ҳаддиақал нишон диҳад, ки аз хашми мардум дар ин даврони сахти иқтисодӣ огоҳ аст. Таваррум дар Эрон болои 12 дарсад аст. Аммо нукта ин ҷост, ки аз 40 дарсад дар оғози даврони Руҳонӣ то ин мизон коҳиш пайдо кардааст.

Эҳтимоли афзоишҳои ахир аммо дар қимати сӯхту ғизо мушкил эҷод кардааст. Будҷаи давлати Руҳонӣ дар соли 2018 бо коҳиши ёронаҳо ва ёронабигирҳо ҳамроҳ аст. Ёрона вежагии калидии давлати Аҳмадинажод буд. Муъзали баъдӣ, бекории ҷавонон аст, ки нишонаҳое вуҷуд дорад, ки мизони бекорӣ дар ҳудуди 30 дарсад аст. Он чи Руҳонӣ бояд саъй кунад ба таври мустақим бо мардум дар миён бигузорад паёмадҳои мустақими даврони сахти иқтисодӣ ва таҳримҳои Омрикост, ки ҳанӯз кишварро таҳти таъсир қарор додааст.

Руҳонӣ қавл дода буд, ки пас аз имзои Барҷом, ки бо унвони тавофуқи ҳастаии Эрон ҳам аз он ёд мешавад, машоғили бештар ва беҳбуди авзоъи иқтисодӣ барои эрониҳо ба армуғон оварад. Ин тавофуқ дар соли 2015 ва дар пойтахти Утриш (Австрия) ба даст омад. Дар ҳоле ин қавлҳо дода шуд, ки эътирозоти ахир ба далели мушкилоти иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ҳақиқат ин эътирозот бахше аз мушкилоти эрониҳо дар даҳаҳои ахир будааст.

Агар мудели иҷрошуда дар Эронро навъе “ҳукумати динӣ бо вежагиҳои демукротик” биномем, барҷастатарин унсур ба решаҳое бармегардад, ки амиқан дар ин кишвар ривоҷ пайдо кардааст. Ман дар тӯли сафарҳои фаровонам ба Эрон, омӯхтам, ки онҳо чӣ тавр бо басиҷ ё нерӯи низомии давоталаб канор омадаанд. Басиҷ дар тамоми ҷанбаҳо ва шаклҳои зиндагии иҷтимоии эрониҳо нақш дорад ва дар баданаи аслии кишвар — аз гурӯҳҳои донишомӯзӣ то фаъолиятҳои маданӣ — нақш дорад. Ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки дар кишваре монанди Чин дар тору пуди ҷомеа таъбия шудааст.

Гуфтугӯ бо ҷавонон дар шаҳрҳое монанди Кошон ё Машҳад, ба ман нишон дод, ки онҳо чӣ гуна амиқан дар пушти ҳукумати худ истодаанд. Вақте бо Оятуллоҳҳо дар шаҳри Қум сӯҳбат кунед, бештар ва бештар аз ин масъала итминон пайдо мекунед.

Бо ин ҳол, он чи имрӯз дар Эрон иттифоқ афтода ин аст, ки эътирозоти машрӯъ дар робита бо мушкилоти иқтисодӣ, аз сӯи ақаллияте, ки гумонбар ба ҳаракати дар ҷиҳати мухолифи ҳукумат ҳастанд рабуда шудааст. Бо ин ҳама, давлати Руҳонӣ рӯйкардҳои нисбатан либеролтар нисбат ба давлати популисти Аҳмадинажод дорад.

Бинобар ин, талошҳои ҳамоҳанге сурат гирифт, то ин эътирозоти машрӯъ, ба самти ҳаракате инқилобӣ бо ҳадафи тағйири ҳукумат ронда шавад. Агар чунин ҳадафе амалӣ шавад, он гоҳ ҷанги дохилӣ дар Эрон оғоз хоҳад шуд. Хуб, албатта ин ба соддагӣ имконпазир нахоҳад буд. Ҳар кас, ки бо Эрон ва ҷомеаи мадании ин кишвар ошно бошад, медонад, ки системи ин кишвар бисёр мустаҳкамтар аз он аст, ки дар доми чунин талаи хом ва ошкоре биафтад.

Барои ин ки дасти ошкори хориҷиро дар қазоёи ахир нигоҳ кунед, метавонед ба мусоҳибаи устоди донишгоҳи Теҳрон, Муҳаммади Марандӣ бо корманди собиқи ВВС, ки дар шабакаи Алҷазира машғул аст, нигоҳе биандозед. Дар воқеъ он чи мушаххас аст аносури хориҷӣ ин эътирозотро таҳти таъсир қарор додаанд. Истифода аз ин иборат, ки “кулли ҷаҳон ба тамошо нишастааст” лаҳне ба ин маънист, ки дар Теҳрон дар бораи наҳваи посухгӯиаш иръоб эҷод кунад.

Дар ҳоле дар бораи наҳваи вокуниши давлати Руҳонӣ ва “саркӯби хашин” сӯҳбат мешавад, ки бояд ин суолро матраҳ кард, ки агар ин иттифоқот дар Фаронса ё Олмон рӯй медод, наҳваи посухи пулиси ин кишварҳо чӣ гуна буд?

Тағйири ҳукумат иттифоқе баъид дар Эрон аст, ки бештар баҳонае барои эъмоли дубораи таҳримҳо алайҳи Эрон аст. Баҳонае, ки Омрико умедвор аст Иттиҳодияи Урупо низ пушти он биистад, дар ҳоле, ки ба эҳтимоли фаровон чунин иттифоқе нахоҳад афтод.

Ба ҳар ҳол, Теҳрон ҳамакнун дар ҳоли густариши тиҷорати худ дар саросари Осиё ва Урупо ба хусус аз тариқи ҷоддаи абрешими чиниҳост. Дар поён бояд гуфт, ки ҳама чиз барои беҳтар шудан, ба халлоқияти тими Руҳонӣ барои коҳиши фишорҳои иқтисодӣ бастагӣ дорад.

Atimes

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: