Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (149)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (17)

Матни мақола

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (1)

Донишмандоне, ки дар улуми моддӣ ба кунҷковӣ мепардозанд чунонки медонем рӯзгоре буд, ки модда (аҷзои аввалияи атомии ҷисм)-ро мавзӯи баҳс қарор дода аз хоссиятҳои гуногуни вай баҳс мекарданд ва ин баҳсро бо ҳиссу таҷриба пеш мебурданд пас аз он ки замоне роҳи баҳс ба ҳиссу таҷриба мунҳасир набуд.

Рӯи ҳамин равиш, мафҳуми “қазия” (ҳамл — ин ӯст) чунонки дар мақолаи аввал ёдоварӣ кардем, дар муҳити баҳси ин донишмандон ғайр аз мафҳуме аст, ки аз он “қазия” дар муҳити тафоҳуми умумӣ дастгири мо мешавад. Масалан, агар гуфта шавад: “Инсон ғизо мехӯрад”, “Об бо ҳарорат табдил ба бухор мешавад”, мафҳумаш пеши ин донишмандон ин аст, ки анбӯҳе аз аҷзои лоятаҷаззои модда, ки пеши мардум “инсон” номида мешавад, хоссаи тағзияро дорад, ва ҳамчунин маҷмӯае аз модда, ки обаш мегӯянд, ба бухор табдил мешавад.

Чунонки пайдост, дар ин сурат арзиши таъсиру таъассур аз они модда буда ва мавзӯи хоссиятдор ҳамоно ӯст, ки бо шароити махсусе асар ва хоссаи вижаеро доро мебошад дар ҳоле, ки пеши мардум хосса аз они инсон ва об аст, аз модда хабаре дошта бошанд ё на. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) (Ин таълиқа аз он ҷо, ки зиёд аст, дар се қисмат таҳти унвони “Суратҳои навъия” баён хоҳад шуд)

Суратҳои навъия (1)

Яке аз масоили асосӣ, ки ҷаҳонбинии қадиму ҷадидро аз якдигар комилан мутамойиз сохтааст, масъалаи “суратҳои навъия” аст. Ин масъала дар камоли аҳаммият аст. Барои тавзеҳи матлаб лозим аст муқаддимае зикр кунем.

Чунонки медонем, қудамо мавҷудоти ҷаҳонро ба тарзи махсусе тақсимбандӣ мекарданд. Аз назари онҳо, мавҷудот (мавҷудоти мумкинулвуҷуд) мунқасим мешаванд ба ҷавҳар ва араз. Тамоми ҷавҳарҳо як мақулаанд, яъне дар як “мо биҳил-иштироки зотӣ ва моҳувӣ” ҷамъ мешаванд, вале аразҳо маҷмӯан 9 мақулаанд ва ҳар мақулае бо мақулаи дигар мутабойин аст.

Ҷавҳарҳо, ки ҳама дохил дар як мақулаанд ва ҷомеи зотии муштарак доранд, ақсом ва анвоъе ҳастанд, яъне бо он ки дар як амри зотӣ ва омм муштараканд, дар як силсила умури зотии дигар бо якдигар ихтилоф доранд. Масалан, ҷавҳар мунқасим мешавад ба ҷисм ва ғайриҷисм, ва ҷисм мунқасим мешавад ба номӣ (нумӯкунанда) ва ғайриномӣ, ва номӣ мунқасим мешавад ба ҳайвон ва ғайриҳайвон, ва ҳайвон мунқасим мешавад ба инсон ва ғайриинсон. Аз назари қудамо, ин тақсимот марбут аст ба зот ва моҳияти ашё, яъне ҳамон тавр, ки моҳияти ҷавҳар ғайр аз моҳияти ҳар як аз аразҳост, ҳамчунин моҳияти ҷавҳари ҷисм бо моҳияти ҷавҳари ақл мутафовит аст; чизе, ки ҳаст ҷавҳари ҷисм ва ҷавҳари ақл дар ҷузъе аз моҳият бо якдигар ваҳдат доранд, ва ҳамчунин моҳияти ҷисми номӣ бо моҳияти ҷисми ғайриномӣ мутафовит аст ва ҳамин тавр…

Аз назари қудамо, анвоъи ҷавҳарии мухталифуззот вал-моҳияӣ дар хориҷ вуҷуд дорад. Мабҳаси маъруфи “куллиёти панҷгона” дар мантиқ (ҷинс, навъ, фасл, арази омм, арази хосс) бар асоси ин тарзи тафаккури фалсафӣ аст ва ҳамчунин масъалаи “ҳадди томм” ва “ҳадди ноқис” дар муқобили “расми томм” ва “расми ноқис” дар мабҳаси таърифот, бар ҳамин поя аст.

Аммо агар касе мункири ҷавҳар ва араз бишавад ва ё ихтилофоти ҷавҳарҳоро бо якдигар ихтилофи зотӣ ва моҳувӣ надонад, хоҳ нохоҳ маҳалле барои баҳс дар ҷинсу фасл ва навъи мураккаб аз он ду нахоҳад буд, ҳамчунон ки маҳалле барои баҳс дар ҳадди томм ва ҳадди ноқис нахоҳад буд. Ва ҳамчунин мабҳаси маъруфи “модда ва сурат” дар фалсафа низ ҷое нахоҳад дошт, бо ин тафовут, ки мабҳаси “модда ва сурат” пояи назарияи ихтилофоти моҳувӣ аст, бар хилофи мабҳаси “куллиёт” ва мабҳаси “ҳудуд ва таърифот”, ки фаръ ва натиҷаи ин масъала аст.

Акнун мегӯем, мумкин аст касе мункири ихтилофоти моҳувии ашё бишавад ва бигӯяд, ба чӣ далел ашёи мухталифе, ки дар хориҷ вуҷуд доранд, аз лиҳози зот ва моҳият бо якдигар ихтилоф доранд? Чӣ монеъе дорад, ки ҳамаи инҳо як зот ва моҳият дошта бошанд ва ихтилофоти онҳо сатҳӣ бошад? Танҳо ихтилофи ном, ки якеро “ҷамод” ва дигареро “набот” ва севвумеро “ҳайвон” меномем, далел намешавад, ки инҳо аз назари зот ва моҳият бо якдигар муғойир мебошанд. Ҳамаи ашё аз як силсила аҷзоъи моддӣ ташкил шудаанд ва моҳияти онҳоро ҳамон аҷзоъи модда, ки дар ҳама вуҷуд дорад ташкил медиҳад; тафовуте, ки ҳаст, дар кайфияти ташаккул ва сохтмони онҳост. Ва бадеҳист, ки тафовут дар кайфияти сохтмон сабаб намешавад, ки ихтилофоти ашёе, ки ҳама аз як чиз сохта шудаанд, ихтилофи моҳувӣ ва зотӣ бошад, ҳамон тавре, ки сохтмонҳои як шаҳр ҳар кадом як шаклу таркиби бахусус дорад ва барои манзур ва ҳадафи муайян муфид аст ва ҳар як номи бахусус дорад: яке мадраса аст, дигаре посож, севвуме горож, чаҳорумӣ масҷид, панҷумӣ ҳаммом… Ва ҳол он ки ҳар кадом аз онҳо маҷмӯае аст аз оҷуру сангу оҳану сементу хоку оҳаку гаҷу ғайра. Ҳамчунин аст анвоъи мошинҳо аз худрав, ҳавопаймо, корхонаи завби оҳан, корхонаи аслиҳасозӣ ва ғайра, ки ҳамаи онҳо маҷмӯае ҳастанд аз филизот ва ғайра, вале бо сохтмонҳо ва тартибҳои мухталиф. Ихтилофоти ин сохтмонҳо ва ё ин мошинҳо танҳо дар ноҳияи таълифу тартиб ва шаклу ҳадафе аст, ки аз онҳо манзур аст. Ҳаргиз аҳаде иддаъо накардааст, ки ин сохтмонҳо ё ин мошинҳо аз назари моҳият ва зот ва навъият бо якдигар мутағойиранд.

Мавҷудоте, ки мо онҳоро моҳиятҳои мухталиф мепиндорем ва ихтилофоти онҳоро зотӣ ва навъӣ меангорем ва онҳоро ба сурати анвоъ ва аҷноси мухталиф дастабандӣ мекунем низ беш аз ин нест. Маҷмӯае аз зарроти моддӣ бо якдигар гирд омада ва назму ташаккули махсусе ёфтаанд ва мо онҳоро бо номҳои “ҷамод” ва “набот” ва “ҳайвон” ва “инсон” меномем. Агар ба истилоҳ дар бораи ҳар як аз инҳо бо “мо ҳува?” (инҳо чист?) суол шавад, ҷавоб ин аст: “анбӯҳе аз заррот бо фалон назм ва фалон меконизм”.

Ин назария собиқаи зиёде дорад. Демукротис (Democrit) ва устодаш Лусибус (Lysippos), ки аҷсомро мураккаб аз як идда заррот медонистанд ва ҳамчунин Эпикур (Epicur), ки дар ин ҷиҳат пайрави Демукротис буд, назарашон дар бораи мавҷудот — аз унсури басит гирифта то мураккабот — айнан ҳамин будааст. Демукротис мегӯяд:

Танҳо чизҳое, ки сиҳҳат ва ҳақиқат дорад, заррот асту халаъ.”

Бӯалӣ дар табииёти “Шифо” дар мавозеи мухталиф, ба таносубҳои мухталиф, назарияи Демукротисро нақл кардааст. Уламои имрӯз низ бо сароҳати бештаре гуфтаи ӯро дар ин замина нақл кардаанд. Яъне назарияи Демукротис танҳо мутаваҷҷеҳи ин ҷиҳат нест, ки аҷсоми маҳсус он чунон ки ба назар меоянд муттасил ва пайваста намебошанд, мутаваҷҷеҳи нафйи ихтилофоти моҳувӣ ва зотии ашё низ ҳаст. Уламои ҷадид аз қарни 19-ум ба баъд, ки атомизмро таъйид карданд, назарияи Демукротисро аз ҳар ду ҷанба таъйид намуданд; ҳам аз ин ҷиҳат, ки ҷисми маҳсус маҷмӯае аст аз заррот, ва ҳам аз ин ҷиҳат, ки ихтилофоти ашё сатҳӣ аст ва вобаста ба назму таълифу таркиби заррот аст.

Албатта, назарияи инкори ихтилофоти зотӣ ва моҳувии ашё, доир мадори назарияи атомизм аз як тараф, ва нопайвастагии аҷзоъи ҷисм аз тарафи дигар намебошад. Мумкин аст касе тарафдори назарияи иттисол ва пайвастагии аҷсом бошад, дар айни ҳол мункири ихтилофоти зотӣ ва моҳувӣ ва навъии ашё бошад. Бӯалӣ ба нақл аз Арасту шахсеро ба номи Антиқун аз қудамои юнониён ном мебарад, ки дар айни ин ки тарафдори назарияи атомизм набудааст, мункири ихтилофоти моҳувӣ ва зотӣ будааст; ҳамчунон ки тарафдорӣ аз атомизм, лузуман мусовии инкори ихтилофоти зотӣ ва моҳувии ашё нест чунонки баъдан хоҳем гуфт.

Дар қуруни ҷадид, қабл аз он ки назарияи атомизм пайдо шавад, назарияи инкори ихтилофоти зотӣ ва моҳувии ашё пайдо шуд. Декорт яке аз тарафдорони ин назария аст. Декорт танҳо инсонро аз ин қоидаи куллӣ истисно мекунад. Ба ақидаи Декорт, инсон маҷмӯае аст аз ҷисму ҷон; ҷисми инсон монанди ҳамаи аҷсоми дигар — аз ҷамоду наботу ҳайвон — як мошин асту бас, вале руҳи инсон ҷавҳарест сад дар сад муғойир бо бадан. Декорт бо ин ки ҷаҳонро ба шакли мошинӣ тавҷеҳ мекунад ва бар пояи инкори ихтилофоти зотӣ ва моҳувии ашё назар медиҳад, тарафдори руҳи муҷарради инсонӣ аст ва вуҷуди Худовандро низ мепазирад ва ба ӯ имон дорад. Декорт бо ин тарзи тафаккури худ дар бораи ҷисму ҷон, як санавияти (дугонагии) комил миёни он ду қоил шуд ва фосилае миёни онҳо барқарор кард дуртар аз фосилаи замин то осмон. Аз он пас дар фалсафаи урупоӣ масъалаи руҳ бо ин санавият тавъам шуд ва ин худ паёмадҳои ногуворе ба бор овард.

Декорт ҷаҳони минҳои инсонро беш аз он ҳадд, ки бояду шояд ҳамшаклу ҳамсон ва мутаҷонису муташобеҳ донист ва онҳоро ба ҳам наздик пиндошт ва аз ин ҷиҳат ба Демукротис наздик шуд ва баръакс, инсонро беш аз ҳадд аз ҷаҳон дур кард ва ӯро бо ҷаҳон номутаҷонис донист ва дар ин ҷиҳат аз Арасту ҳам гузашт ва ба Афлотун наздик шуд.

Марҳуми Фурӯғӣ дар “Сайри ҳикмат дар Урупо” ҷилди аввал мегӯяд:

Барои баёни чигунагӣ ва ҳақиқати олами ҷисмонӣ, Декорт ҳамин ду амр яъне буъду ҳаракатро кофӣ пиндошта ва махсусан дар яке аз навиштаҳои худ ин фақараро тасреҳ карда ва гуфтааст: “Буъду ҳаракатро ба ман бидиҳед, ҷаҳонро месозам”. Аз ин қарор, илми табиӣ (физик) мубаддал ба илми ҳаракот (меконик) мешавад ва мабоҳиси он ҳамаи масоили риёзӣ хоҳад буд.”

То он ҷо, ки аз забони Декорт мегӯяд:

Ба таври куллӣ, олами ҷисмонӣ амри воҳид, ва аҷсоми мухталиф аҷзоъи як кулланд. Ба иборати дигар, ҳар ҷисме қисмате аст маҳдуд аз фазои номаҳдуд, ва имтиёзи аҷсом аз якдигар танҳо ба шакл ва вазъи онҳост. Таҳаввулот ва аворизи аҷсом — аз гармӣ ва равшанӣ ва сангинӣ ва ҷазбу дафъ ва ҳамаи осори табиат — натиҷаи ҳаракоти аҷсом аст ва ҳаракат ҷуз нақли макон чизе нест, ва он, тағйири вазъи аҷзоъ ва аҷсом аст нисбат ба якдигар.”

Ҳамчунин мегӯяд:

Аҷсоми ҷондор низ тобеъи қоидаҳои аҷсоми беҷон мебошанд ва ҷон доштан мусталзими вуҷуди амре зоид бар хоссиятҳои ҷисм, ки буъду ҳаракат бошад нест, ва ҷонварон фақат мошин ва дастгоҳ мебошанд ва лекин мошинҳои комил ҳастанд ва бисёр ба диққат ва нафосат таъбия шудаанд чунонки дастгоҳҳои сохти инсон дар ҷанби онҳо бисёр заъиф ва ноқис аст, аммо аз ҳамон навъ аст ва ҳатто тани инсон ҳам ин сифатро дорад ва ҷуз мошин чизе нест, ҷуз ин ки инсон нафсе ё равоне ҳам дорад, ки мояи ҳиссу шуъур ва таъаққули ӯст ва амре зоид бар тан аст ва бо ҷисм ба куллӣ мутабойин аст ва дахолате дар корҳои ҳайвонии тан надорад.”

Ва низ мегӯяд:

Ҷонварон дорои равон нестанд ва ба ин сабаб ҳиссу шуъуру ақл надоранд ва ҳаракоти онҳо монанди мошин аст чунонки инсон ҳам агар аз ақлу шуъураш сарфи назар кунем, ҳаракоти ҳаётиаш монанди ҷонварон ҳаракоти мошинӣ аст ва бинобар ин маърифатулҳаёт ҳам шӯъбае аз ҳикмати табиӣ ва тобеъи қоидаҳои илми ҳаракот аст.”

Яке аз осор ва лавозими ин тарзи тафаккур ин аст, ки улуми мухталиф махсусан улуми табиӣ яъне улуме, ки мавзӯи онҳо яке аз анвоъи ин ҷаҳон аст, табдил ба илми воҳид мешаванд. Аз назари қудамо, ба воситаи ихтилофоти навъӣ ва зотии ашё ва анвоъ, аворизи ҳар навъе бо навъе дигар мухталиф ва мутабойин шинохта мешуд ва қаҳран илме, ки ба яке аз он анвоъ таъаллуқ мегирифт, бо илми дигаре, ки аз аворизи зотии навъи дигар баҳс мекард, мутафовит ва мутабойин буд. Масалан, ба ҳамон далел, ки “набот” ва “ҳайвон” анвоъи мухталиф ва мутабойин мебошанд, улуми марбут ба ҳар як аз онҳо низ мухталиф аст.

Аммо агар фарз кунем анвоъи мухталифе дар ҷаҳон вуҷуд надорад ва қаҳран осор ва аворизи мутабойин ва мутағойире дар кор нест ва он чӣ асил аст ҷисми моддӣ аст ва танҳо хоссияти табиии ҷисми моддӣ ҳаракат аст ва ҳамаи ихтилофот ба ихтилофи назми мошинӣ ва анвоъи ҳаракатҳои маконии заррот бармегардад, қаҳран тамоми улум аз навъи илми ҳаракот хоҳад буд, ки дар физик ҷой дорад, шимӣ ва зистшиносӣ ва равоншиносӣ ва ғайра ҷуз илми ҳаракоти физикӣ нест.

Масъалаи дигар ин ки аз назари “методология” низ ин тарзи тафаккур таъсироти фаровон дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: