Шарҳи Маснавӣ (236)

Пурсидани Сиддиқа разияллоҳу анҳо аз Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки сирри борони имрӯзина чӣ буд?

* * *

Гуфт Сиддиқа, ки эй зубдай вуҷуд!

Ҳикмати борони имрӯзин чӣ буд?

Ҳазрати Оиша (р) ба Паёмбар (с) гуфт: эй зубдаи ҷаҳони ҳастӣ! Розу ҳикмати борони имрӯзӣ чӣ буда?

Ин зи боронҳои раҳмат буд, ё

Баҳри таҳдид асту адли кибриё?

Ин бороне, ки боридан гирифт, оё аз ҷумлаи боронҳои раҳмат ва ҳикмати Ҳақ Таъоло буд? Ё бороне буд, ки барои изҳори таҳдид ва додгарии кибриёӣ? Яъне хулоса, ин бороне, ки ман имрӯз шоҳидаш будам, борони лутфи Ҳақ буд ё борони қаҳри ӯ?

Ин аз он лутфи баҳорийёт буд,

Ё зи пойизийи пурофот буд?

Оё ин борон аз сари лутфи мавсими гул буд? Ё аз газанди хазони пуросеб?

Баҳорийёт: мансуб ба баҳор, ки иборат аз мавсими гул бошад.

Нукта: Мурод аз “лутфи баҳор” сифоти лутфияи Ҳақ Таъолост, ва мурод аз “поизи пурофат” сифоти қаҳрияи ӯ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.635)

Гуфт: ин аз баҳри таскини ғам аст,

К-аз мусибат бар нажоди Одам аст.

Ҳазрати Хатмимартибат (с) дар посухи ҳазрати Оиша (р) гуфт: ин бороне, ки ту имрӯз мушоҳида кардӣ, борони раҳмати илоҳӣ буд; боронест, ки андӯҳу ғамро мезудояд; ҳамон ғаме, ки дар табиати одамӣ сиришта шудааст.

Гар бар он оташ бимондӣ одамӣ,

Бас харобӣ дарфитодиву камӣ.

Агар одамиён, дар оташу сӯзиши фироқ ва эҳтироқи мусибатҳо месӯхтанд, ба вазъи бадтаре меафтоданд ва ақлашонро мебохтанд ва ба ҳеч коре машғул намешуданд ва муъаттал мемонданд.

Нукта: Давоми қабзу андӯҳ одамиро фалаҷ ва аз саъю талош боздорад. Пас, фаромӯшӣ ин ҳуснро дорад, ки одамиро аз бори сангини андӯҳҳо ва ҳирмонҳо мераҳад ва дубора бо умед зиндагиро аз сар мегирад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.636)

Ин ҷаҳон вайрон шудӣ андар замон,

Ҳирсҳо берун шудӣ аз мардумон.

Агар мардум сифати ҳирсу озмандиро аз даст медоданд ва барои бақои тани хеш намекӯшиданд, дунё рӯ ба вайронӣ мениҳод ва насли одамӣ аз ҳам мегусаст.

Устуни ин олам, эй ҷон, ғафлат аст,

Ҳушёрӣ ин ҷаҳонро офат аст.

Эй ҷони ман! Сутуни ин ҷаҳон ғафлат ва ноҳушёрӣ аст, ва сабабу иллати ободонӣ ва равнақи дунё ҳамин бехабарӣ аст. Ва ҳушёрӣ барои ин ҷаҳон, офат ва зиён ба бор меоварад.

Нукта: Мурод аз ғафлат, ғафлати маъмулӣ ва мутадовал нест, балки ғафлат нисбат ба маргу доғи аз дастрафтагону ғами неъматҳое аст, ки аз каф рафтааст. Агар башар ба ин маънӣ, фаромӯшкор ва ғофил намешуд, ҳаргиз тан ба кӯшишу талош намедод, зеро ҳар лаҳза худро рафтанӣ медонист ва гаронбории андӯҳи азизони аз даст рафтааш низ ӯро аз саъю талош бозмедошт. Дар натиҷа, ҷаҳон обод намешуд ва насли одамиён мунқариз мешуд. Аз ин рӯ, чунин ғафлате агар ба ифрот нагарояд, омили муҳимме дар ҷаҳду кӯшиши мусбати башар мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.636)

Ҳушёрӣ з-он ҷаҳон асту чу он

Ғолиб ояд, паст гардад ин ҷаҳон.

Зеро ҳушёрӣ аз он олами маънавӣ аст, агар ҳушёрӣ бар ғафлат чира шавад ва онро маҳв созад, ин ҷаҳон пасту хор мегардад.

Ҳушёрӣ офтобу ҳирс ях,

Ҳушёрӣ обу ин олам васах.

Дар масал, ҳушёрӣ офтоб аст ва ҳирсу оз ях. Ва ҳушёрӣ об аст ва ин дунё чирки палид.

Васах: чирк.

З-он ҷаҳон андар тарашшуҳ мерасад,

То нағуррад дар ҷаҳон ҳирсу ҳасад.

Аз он ҷаҳони ғайб андаке аз ҳушёрӣ ба ақл дода мешавад, то мабодо ҳирсу оз чира шавад ва одамиро мақҳури худ созад.

Тарашшуҳ: таровидан.

Гар тарашшуҳ бештар гардад зи ғайб,

На ҳунар монад дар ин олам, на айб.

Агар ҳушёрӣ ва басират, аз олами ғайб бештар бирасад ва битаровад, дар ин олам ҳамаи авомил ва тамҳидоти зиндагӣ ва ҷунбиши инсонҳо монанди ҳирсу шавқу рағбат аз миён меравад.

Ин надорад ҳад, суйи оғоз рав,

Сӯйи қиссай марди мутриб бозрав.

Ин гуна асрор ва маорифи илоҳӣ ҳадду андозае надорад, пас ба сӯи оғоз бирав ва дар садади шунидани достони он пири чангнавоз бишав.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: