Ҳушдори Туркия ба Эрон ва Русия

Вазири хориҷаи Туркия зимни “ваҳшиёна” хондани ҳамалоти ҳавоии давлати Сурия ба Идлиб, аз Эрон ва Русия хост, ба вазифаи худ ҷиҳати ҳифзи оташбас дар ин кишвар амал кунанд.

Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия, имрӯз (чаҳоршанбе, 10.01.2018) гуфт, Русия ва Эрон бояд монеъи ҳамалоти ҳавоии давлати Сурия ба муъоризон шаванд.

Човушуғлу тайи мусоҳиба бо хабаргузории Онотулӣ гуфт, давлати Сурия ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳи теруристии “Ҷабҳатун-нусра”, ғайринизомиёнро дар Идлиб бомбборон мекунад.

Вай, бо баёни ин ки ин бомбборонҳо бояд мутаваққиф шавад, аз Эрон ва Русия хост ба вазифаи худ ба унвони кишварҳои зомини оташбас дар музокироти Остона амал карда ва монеъи ҳамалоти ҳавоии давлати Сурия шаванд.

Вазири хориҷаи Туркия зимни эъломи хабари сохти чаҳорумин исти дидбонии артиши ин кишвар дар Идлиб, таъкид кард, феҳристи ширкаткунандагон дар Кунграи мардумии Сурия дар шаҳри Сочии Русия бояд бо тавофуқи ҳамаи тарафҳо таҳия шавад.

Човушуғлу изофа кард, ки Туркия дар нишасте, ки шабҳинизомиёни курд дар он ҳозир бошанд, ширкат намекунад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки баъд аз нишасти Сочи, бо кишварҳои ҳамназар нишасте дар бораи Сурия дар Туркия баргузор хоҳанд кард.

Вазири хориҷаи Туркия афзуд, ки нақзи оташбас тавассути давлати Сурия, бо пуштибонӣ ва ҳимояти Эрон ва Русия анҷом шуда ва он ду кишвар масъули ҳамалоти ҳавоӣ ба Идлиб ва куштори ғайринизомиён ҳастанд.

Човушуғлу бо дифоъ аз амалиёти низомии Туркия дар хоки Сурия, гуфт, ҳадафи ин кишвар ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини амният ва заминачинӣ барои интихоботи демукротик дар Сурия аст.

Рӯзи гузашта (сешанбе) низ Вазорати хориҷаи Туркия сафирони Эрон ва Русияро барои эътироз ба амалиёти озодсозии Идлиб эҳзор карда буд.

Гуфтанист, ҳаминак нерӯҳои артиши Сурия ва ҳампаймонҳояш дар чандкилометрии фурудгоҳи Иблиб наздик шуда ва тасмим доранд шаҳри Идлибро озод кунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: