Перейти к содержимому

Абӯсаъиди Абулхайр

Ба баҳонаи солгарди даргузашти орифи шаҳири Хуросон

Абӯсаъид Абулхайр, Фазлуллоҳ ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Меҳанӣ (аввали муҳаррами 357 ҳ.қ (967 мелодӣ) – 4 шаъбони 440 ҳ.қ (1049 мелодӣ)) орифи баноми хуросонӣ, ки дар рустои Меҳана (байни Сарахс ва Абивард) ба дунё омадааст.

Абӯсаъид дар хонаводае шофеимазҳаб зода шуд. Падараш Абулхайр Аҳмад марде бодиёнат буд, ки ба атторӣ (доруфурӯшӣ) иштиғол дошт ва аҳолии Меҳана ӯро “Бобу Абулхайр” мехонданд. Абулхайр зоҳиран марде сарватманд буда ва бо сӯфиёни шаҳраш нишасту бархост мекардааст. Нахустин ошноиҳои Абӯсаъид бо тасаввуф, аз тариқи падараш буд. Дар кӯдакӣ шабе ба исрори модар ва ба ҳамроҳии падар, дар маҷлиси сӯфиёни Меҳана ширкат ҷуст ва бо одоби сӯфиёна ошно шуд. Робитаи дӯстонаи падараш бо бархе аз машойихи сӯфия ҳамчун Абулқосим Бишр ибни Ёсин низ дар парвариши завқи ирфонии ӯ муассир афтод.

Дар кӯдакӣ қироати Қуръонро назди Абӯмуҳаммади Анозӣ фаро гирифт ва сипас ба тавсияи падар назди муфтӣ ва адиби машҳури аср устод Абӯсаъиди Анозӣ ба омӯхтани луғату адаб пардохт. Дар ин аҳвол гаҳ-гоҳ Бишр ибни Ёсинро медид ва дидори ӯ барояш ҷозибае хосс дошт. Вай нахустин таълимоти сӯфиёнаро дар овони кӯдакӣ ва навҷавонӣ аз Бишр ибни Ёсин фаро гирифт ва ин ки худ гуфтааст, ки “мусалмонӣ”-ро аз Бишр ибни Ёсин омӯхта, ҳокӣ аз таъсир пазируфтани амиқ аз суханон ва таълимоти ӯст.

Аз зиндагиномаҳои Абӯсаъид чунин бармеояд, ки ӯ то пас аз 17-солагӣ дар Меҳана буда ва пас аз даргузашти Бишр ибни Ёсин дар 380 ҳ.қ, ба гӯристони Меҳана бар сари мазори вай мерафтааст.

* * *

Сафар ба Марв

Абӯсаъид дар Меҳана пас аз фарогирии муқаддамоти маорифи динӣ ва ирфонӣ ва адаби арабӣ, зодгоҳи худро ба қасди Марв тарк гуфт, то фиқҳ биёмӯзад. Дар Марв нахуст назди Абӯабдуллоҳи Хизрӣ фиқҳи шофеӣ хонд ва 5 сол дар хидмати ӯ ба сар бурд ва фиқҳро аз ӯ омӯхт. Албатта Хизрӣ аз “илми тариқат” низ огоҳ буд ва Абӯсаъид аз дониши ирфонии ӯ низ баҳравар шуд.

Пас аз даргузашти Абӯабдуллоҳи Хизрӣ, Абӯсаъид назди фақеҳи машҳури Марв Абӯбакри Қаффоли Марвазӣ таҳсили фиқҳро идома дод ва 5 сол низ дар маҷлиси дарси вай ҳозир мешуд. Чанд тан аз муҳаддисон ва фақеҳони бузурги он аср чун Абӯмуҳаммади Ҷувайнӣ, Абӯалии Санҷӣ ва Носири Марвазӣ дар ин даврон ҳамдарси ӯ буданд. Абӯсаъид дар Марв маҷлиси бархе аз муҳаддисони машҳури онҷоро низ дарк карда буд, чунонки нақл кардаанд, ки Саҳеҳи Бухориро аз Абӯалӣ Муҳаммади Марвазӣ шунидааст.

* * *

Сафар ба Сарахс

Зоҳиран Абӯсаъид дар ҳудуди 30-солагӣ ба қасди дарки маҷлиси дарси фақеҳи сарахсӣ, Абӯалӣ Аҳмади Зоҳир, ба Сарахс рафт. Ба ҳар ҳол, Абӯсаъид назди Абӯалӣ Зоҳир тафсир, усул ва ҳадис омӯхт ва чун фақеҳи Сарахсӣ дар вай истеъдоди фавқулъода дид, дарси се рӯзро дар як рӯз ба ӯ меомӯхт. Бо вуҷуди ин, руҳи ирфонталаби Абӯсаъид, ки аз кӯдакӣ ва навҷавонӣ бо мояҳои ирфонӣ ва бо суханони пироне чун Абулқосим Бишр ибни Ёсин ошноӣ ёфта буд ва низ фазои орифонаи Сарахс бо доштани пироне чун Луқмон ва Абулфазли Сарахсӣ, ӯро аз олами фиқҳу фақоҳату ривояти аҳли мадраса дур кард ва аз маҷлиси фақеҳи Сарахсӣ ба хонақоҳи Пири Сарахсӣ кашонд. Ошноии ӯ бо Луқмони Сарахсӣ ва дидораш бо Абулфазли Сарахсӣ ва гузарондани шабе дар хонақоҳи ӯ ва шунидани суханонаш дар боби ҳақиқати исми ҷалола, руҳи ӯро сайди Пири Сарахсӣ сохт ва ҳарчанд фардои он шаб ба мадраса бозгашт, аммо шӯру ғавғое, ки бар асари гуфтори пиронаи Абулфазл дар ӯ пайдо шуда буд, ӯро аз мадраса ба хонақоҳи Сарахсӣ кашид.

Пирони сегонае, ки дар иршод ва тарбияти руҳии Абӯсаъид саҳм доштаанд, бешак Абулфазли Сарахсӣ пас аз Бишр ибни Ёсин ва пеш аз Қассоби Омулӣ, беш аз дигарон бар ӯ таъсир ниҳода буд. Ин ки Абӯсаъид Абулфазлро “Пир” мехонда ва бар зиёрати мазори ӯ таъкиди фаровон дошта, аз таъсири шигарфи Абулфазл бар дилу ҷони ӯ хабар медиҳад.

* * *

Дар давраи 40-солагӣ

Абӯсаъид дар ҳудуди 40-солагӣ давраи муҷоҳида ва сулукро ба поён бурд. Ҳамон даврон ба Меҳана бозгашта ва дар саройи падар муддате дар таҷрид гузаронда ва ба равиши Пири Сарахсӣ зикр мегуфтааст. Ва дар ҳамин давра, гаҳ-гоҳе низ ба хидмати дарвешон ва сӯфиёни Меҳана эҳтимом мекарда ва хонақоҳҳо ва масоҷидро назофат менамудааст. Низ дар ҳамин давра дар бораи нукот ва ишороти сӯфия таъаммул мекарда ва ҳар гоҳ, ки нуктае барои ӯ пӯшида мемонда, ба Сарахс мерафта ва аз Абулфазл матлаби худро ҷӯё мешудааст.

Ин муддат зоҳиран чандон тӯлонӣ набуд, зеро вай муҷаддадан ба Сарахс рафт ва ба қавле, як соли дигар назди Абулфазли Сарахсӣ сулук кард, то он ки ба ишорати ҳам ӯ ба Нишопур назди Абӯабдурраҳмони Салмо рафт.

Ҳангоме, ки падару модари Абӯсаъид даргузаштанд, вай боз ҳам ба биёбонҳои ҳаволии Меҳана, Абивард, Марв ва Сарахс рӯй ниҳод ва наздик ба 7 сол ба сулук пардохт ва хилват гузид ва риёзат кашид. Пас аз даргузашти Абулфазли Сарахсӣ, Абӯсаъид барои дидори Абулаббоси Қассоби Омулӣ Меҳанаро ба қасди Омул тарк гуфт.

Абулаббоси Қассоб севвумин шайхе аст, ки дар зиндагии руҳонии Абӯсаъид саҳми бузург доштааст, то он ҷо, ки Абӯсаъид ӯро “шайхи мутлақ” мехонд ва нуктаҳоеро, ки аз ӯ шунида ва омӯхта буд, то поёни умр ҳамвора бар забон меронд.

Абӯсаъид муддате дар Омул дар хонақоҳи Абулаббоси Қассоб сипарӣ кард ва ба ишорати ҳам ӯ ба Меҳана бозгашт. Дар бозгашти ӯ ба Меҳана мардуми бисёр гирди ӯ ҷамъ шуданд. Аз ин пас Абӯсаъид дар хонақоҳаш дар Меҳана ба иршод пардохт ва зоҳиран ҳеч мусофирате накард ва фақат гаҳ-гоҳ азми зиёрати турбати Абулфазли Сарахсӣ мекард ва бо муридон ба Сарахс мерафт.

Чунин менумояд, ки Абӯсаъид дар аввалҳои садаи 5 қ. бо шинохте, ки пеш аз он аз Нишопур ва машойихе чун Абӯабдурраҳмони Салмо дошта, зодгоҳашро ба қасди онҷо тарк гуфтааст.

* * *

Дидор бо Қушайрӣ

Дар Нишопур муридони Абулқосими Қушайрӣ, орифи машҳур, ӯро ба исрор ба маҷлиси Абӯсаъид бурданд ва вақте, ки Қушайрӣ тавоноии Абӯсаъидро дар хондани замири хеш дарёфт, миёни он ду робитае дӯстона барқарор шуд, то ҷое, ки Абӯсаъид Қушайриро зоҳиран ба лиҳози тасаллути ӯ бар улуми зоҳир устод мехонд ва Қушайрӣ низ Абӯсаъидро дар тасаввуф ва одоби хонақоҳӣ бартар аз худ медонист ва ҳатто худро ба ӯ мӯҳтоҷ меёфт.

* * *

Мухолифати фуқаҳо

Бо вуҷуди бархе мухолифатҳо, Абӯсаъид роҳу равиши хонақоҳӣ ва афкор ва гуфторҳои сӯфиёнаи худро, ҳангоми иқомат дар Нишопур, на танҳо тағйир надод, балки бештар нишон медод. Ин гуна рафтори ғайримутаъораф бешак фуқаҳо ва аҳли зоҳирро ба мухолифат бо ӯ бармеангехт, ба тавре, ки як бор Абӯбакр Исҳоқи Карромӣ, раиси карромиёни Нишопур ва Қозӣ Соъиди Ҳанафиро бар он дошт, то ба Султон Муҳаммади Ғазнавӣ номае навиштанд, ки дар он омада буд: “Агар тадоруки ин нафармоянд, зуд хоҳад буд, ки фитнае омм зоҳир шавад.” Низ гуфтаанд, ки рӯзе Абӯсаъид дар Нишопур хост, ки Абулҳасани Туниро, ки аз зоҳидони карромӣ буд, дидор кунад, аммо вай ба Абӯсаъид паём фиристод, ки ба калисо рафтан барои ту сазовортар аст, то ба масҷид омадан ва дар миёни мусалмонон будан.

Бо ин ҳама, тарзи сулук ва равиши сӯфиёнаи Абӯсаъид дар Нишопур ва гуфтаҳои шӯрангез ва маҷолиси гарм ва пурҳоли ӯ, гурӯҳи бузурге аз мардуми он ноҳияро ба сӯи ӯ ҷалб кард ва зикри кароматҳо ва фиросатҳо ва дарунбиниҳои ӯ дар ҳама ҷо шойеъ шуд ва чунон қабули омм ва эътиборе ёфт, ки ситезаҷӯӣ ва хусумати машойих ва уламои шаҳрро фурӯ нишонд ва ононро ба дӯстӣ кашонд, то ҷое, ки мӯҳтасибони мағрури Нишопур низ, ки бо ӯ инод меварзиданд, ба тадриҷ аз дари мусолиҳа ва мувофиқат пеш омаданд ва аз гуфта ва кардаи худ изҳори пушаймонӣ карданд.

* * *

Густариши шӯҳрат ва эътибор

Шӯҳрат ва эътибори Абӯсаъид дар замони иқоматаш дар Нишопур ба он шаҳр маҳдуд намонд ва ба суръат номи ӯ шаҳрҳои дигари Хуросонро фаро гирифт ва сабаб шуд, ки машойихи дигари навоҳии Хуросон низ барои дидори ӯ ба Нишопур сафар кунанд. Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ бо он ки ба лиҳози ақидаи росихаш ба усули ҳанбалӣ бо Абӯсаъид мувофиқ наменамуд ва ҳатто бо тасаввуфи ошиқонаи вай мухолифат меварзид, ду бор ба Нишопур омад ва аз дидори Абӯсаъид баҳравар шуд.

* * *

Дидор бо Харақонӣ

Абӯсаъид бештар аз 10 сол бад-ин равиш дар Нишопур ба сар бурд ва як рӯз дар ҳоле, ки дар хонақоҳ самоъ мекард, фарзандаш Абӯтоҳир Саъид дар вақти самоъ эҳроми ҳаҷ гирифт ва аз падар иҷозати сафар хост. Абӯсаъид низ бо ӯ мувофиқат ва ҳамроҳӣ кард ва ҳарчанд муридон ва машойихи Нишопур кӯшиданд, ки Абӯсаъидро аз ин сафар боздоранд, судманд науфтод ва ӯ ба қасди гузордани ҳаҷ Нишопурро тарк гуфт, аммо вақте, ки ба наздикии Харақон расид, тақозои дидори Абулҳасани Харақонӣ вайро ба сӯи он шаҳр кашонид. Тибқи гузориши муаллифи “Нурул-улум”, Абулҳасан чун аз вуруди Абӯсаъид ба Харақон огоҳ шуд, фарзанди худ Аҳмадро бо тане чанд аз муридон ба истиқболи ӯ фиристод.

Агарчи Абӯсаъид аз лиҳози синн аз Харақонӣ ҷавонтар буда ва ба ҳамин ҷиҳат дар ин дидор дасти Харақониро бӯсидааст, аммо сукути ошкори Абӯсаъид дар маҳзари Харақонӣ, ки назди сӯфиён аз боби риояти адаб талаққӣ мешудааст, дар ҳақиқат барои шунидани асроре буда, ки Абулҳасан баён мекардааст, чунонки худ мегӯяд: “Моро аз баҳри истимоъ овардаанд”.

Абӯсаъид 3 рӯз дар Харақон монд ва аз идомаи сафари Ҳиҷоз ба тавсияи пири Харақон мунсариф шуд ва аз роҳи Бастом қасди Нишопур кард. Дар Бастом як шабонарӯз барои зиёрати турбати Боязид иқомат кард. Аз Бастом ба Домғон рафт ва ба қавле 3 рӯз ва ба ривояте 40 рӯз ба изтирор дар онҷо мондагор шуд. Дар бозгашт аз Домғон пас аз убур аз Бастом, боз ба Харақон рафт. Ин бор низ Харақонӣ муридонро ба истиқболи вай фиристод ва ӯро ба хонақоҳи худ даъват кард. Абӯсаъид 3 рӯзи дигар дар Харақон монд ва рӯзи чаҳорум ба бадрақа ва роҳнамоии муридони Абулҳасан ба сӯи Нишопур раҳсипор шуд. Пас аз чанд сол иқомат дар Нишопур, ба зодгошаҳ Меҳана бозгашт.

* * *

Вафот

Хонақоҳи Абӯсаъид дар Меҳана маҳалле буд, ки аз нуқоти мухталифи Хуросон ва Фарорӯд аҳли ирфон ва муридон ва машойихро ба худ ҷалб мекард ва гурӯҳе аз муридони ӯ низ, ки дар Нишопур монда буданд, барои дидори ӯ ба Меҳана меомаданд. Абӯсаъид охирин маҷлисро дар 27 раҷаби 440 ҳ.қ баргзор кард. Дар ин маҷлис Абӯтоҳир Саъидро ҷонишини худ қарор дод ва дар бораи чигунагии маросими ташйеъи ҷанозаи худ ба муридон суфориш кард. Баъд аз он ба муддати як ҳафта зинда буд ва дар синни 83-солагӣ дар 4 шаъбони ҳамон сол даргузашт. Ҷанозаи ӯро фардои он рӯз дар саройи худаш дафн карданд.

Баъд аз даргузашти Абӯсаъид, Абӯбакр Воизи Сарахсӣ дар расои ӯ шеър гуфт ва Абулқосими Қушайрӣ дар Нишопур чун хабари вафоташро шунид, ба хонақоҳ рафт ва ба мотам нишаст ва пас аз чанде барои зиёрати турбати ӯ ба Меҳана омад. Мазори ӯ аз ҳамон рӯзгор, маҳалли зиёрат шуда буд, чунонки Абулфазли Шомӣ аз Байтулмуқаддас ва Ҳиҷварии Ғазнавӣ аз он сӯи Ғазна ба зиёрати хоки ӯ ба Меҳана омаданд. Сӯфия низ дар онҷо маросими хонақоҳӣ баргзор мекарданд ва маҷолиси самоъ барпо медоштанд.

Бо ин ҳама, дар ҳудуди 100 сол пас аз даргузашти Абӯсаъид ба ҳангоми ҳамлаи Ғуз, мазори ӯ вайрон шуд ва ёдгорҳое, ки аз ӯ барҷой монда буд, ба ғорат рафт, вале дар нимаи дуввуми садаи 6 ҳ.қ Султон Санҷари Салҷуқӣ васоиле дар ихтиёри наваи ӯ Муҳаммад ибни Мунаввари Меҳанӣ гузошт, то мазори Абӯсаъидро таъмир ва бозсозӣ кунад. Дар охирҳои садаи 7 ҳ.қ Ғозонхони муғул ба зиёрати онҷо рафт. Дар асри Темуриён низ турбати ӯ мавриди такрим ва эҳтироми амирон ва шоҳзодагон буд. Акнун мазори Абӯсаъид дар қаламрави Туркманистон воқеъ шуда ва машҳур ба “Мона Бобо” аст.

* * *

Таъсири афкор ва ақвол

Таъсири афкор ва ақволи Абӯсаъид дар тайи садаҳои гузашта ҳамвора дар миёни аҳли ирфон ва дар адабиёти ирфонии Эрон машҳур будааст. Равшантарин вежагии ирфонии Абӯсаъид, ҳамоҳангии он бо зиндагӣ аст, чунонки метавон гуфт, ки ирфон ҷавҳари ҳаёти ӯ буда ва ба таъбири дигар, ирфонӣ мезистааст. Дар ҳамаи ҳолот ва суханони ӯ ва ҳам дар ҷамиъи ривоёт ва ҳикоёти марбут ба ӯ, ба нудрат метавон ба мавзӯе бархӯрд, ки вай ба равиши асҳоби ирфон баҳсе назарӣ матраҳ карда бошад. Ӯ ҳар чӣ мекарда ва ҳар чӣ мегуфтааст, аз тафсир ва ҳадис ва одоби хонақоҳӣ, ҳамаро бо воқеиятҳое, ки дар зиндагии рӯзонаи аҳли хонақоҳ рӯй медода, дар хӯри татбиқ медонистааст. Аз ин рӯст, ки бештари ахбори марбут ба аҳвол ва сайру сулуки ӯ ба ҳикоят мемонад.

Вай мабоҳиси ирфонӣ, таълимоти ахлоқӣ ва одоби хонақоҳиро ғолибан ба иқтизои мавқеъ ва мақом дар бистари куниш ва рафтор ва достонвор арза мекунад. Бештари нукоте, ки дар навиштаҳои сӯфиёни муосири Абӯсаъид дар қолаби таъбирот ва истилоҳоти ирфони назарӣ матраҳ шудааст, дар шеваи рафтории Абӯсаъид ба сурати қиссае дар матни зиндагонии рӯзона инъикос меёбад.

Ирфон дар назари Абӯсаъид робитаест қалбӣ, ки банда бо Худованд барқарор медорад ва ин робита ҳангоме таҳаққуқ меёбад, ки дар қалби банда чизе ҷуз ихлос ва сидқ набошад. Вай тасаввуфро айни ислом ва онро мусталзими қурбон кардани нафс медонад. Қурбон кардани нафс дар ҳақиқат гузаштан аз худии худ аст ва касе, ки аз худии худ нараҳад, на ба ирфон нисбате дорад, на ба ислом.

Абӯсаъид бо арбоби зару зӯр ва соҳибони мақомоти девонӣ сари созиш надошт ва ононро ҳамвора ба риояти ҳаққи мардум ва иҷтиноб аз зулм фаро мехонд. Бо он ки ин гуна ашхос дар бузургдошти ӯ кӯтоҳӣ намекардаанд ва баъзе аз онон ӯро ба масобаи падар ва бузурги хеш мехондаанд ва ба вай иродат меварзидаанд, бо ин ҳама Абӯсаъид ононро он гоҳ дар хӯри қабул медидааст, ки адл пеша кунанд.

Абӯсаъид то поёни умр сира ва рафтори Паёмбари Акрам (с)-ро тақлид мекард. Дар поёни умр, ки ҳатто як дандон дар даҳонаш набуд, барои ҳифзи ҳурмати суннати набавӣ хилол ба ҳамроҳ дошт.

* * *

Назараш дар мавриди каромат

Каромат низ дар ҷаҳонбинии ирфонии Абӯсаъид на бар об рафтан аст, на бар ҳаво паридан. Каромоте, ки ба ӯ нисбат дода ё аз ӯ нақл кардаанд, ҳамагӣ аз навъи фиросат ва огоҳӣ аз замири дигарон будааст. Вай ба ин хоссият дар таърихи тасаввуф масал шудааст, зеро ки сар то сари зиндагии хонақоҳии ӯ пур аст аз замирхониҳо ва фиросатҳое, ки мункиронро дар ҳаққи ӯ ба иқрор ва қабул вомедоштааст. Бештари машойихи сӯфия ӯро ба ин сифат мумтоз дониста ва аз ӯ бо унвонҳои “огоҳ бар ҳамаи синаҳо”, “форисул-ғайб” ва ҳатто “мушриқуз-замоир” ёд кардаанд.

* * *

Сӯфиён ва ашъори Абӯсаъид

Аз ишорае дар китоби Муҳаммад ибни Мунаввар метавон истинбот кард, ки сӯфиёни садаи 6 ҳ.қ бисёре аз рубоъиёти ошиқонаи орифонаро ба номи Абӯсаъид мешинохтаанд. Сӯфиёни садаҳои миёна низ ӯро сарояндаи бархе аз рубоъиёт мешумурда ва ба порае аз онҳо дар осори худ истинод мекардаанд, ва аз садаи 9 ҳ.қ ба баъд номи ӯ дар тазкираҳои шоирон сабт мешавад ва аз рубоъисароён ба шумор меравад. Дар ҳамин давра ва шояд пештар аз он, рубоъиёти ирфонии фаровоне сохта шуд ва ба номи ӯ ривоҷ ва интишор ёфт, чунонки шумори рубоъиҳои мансуб ба ӯ аз 700 даргузаштааст. Ва албатта то асри мо шумори ин гуна рубоъиҳо ба беш аз 1800 мерасад.

Манбаъ: Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.5

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: