Перейти к содержимому

Ғаззолӣ ва роҳзанон

(Се ҳикояти дарсомӯз)

Ғаззолӣ ва роҳзанон

Ғаззолӣ, донишманди шаҳири исломӣ, аҳли Тӯс буд. Дар он вақт, яъне дар ҳудуди қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Нишопур маркази он ноҳия буд ва дорулилм маҳсуб мешуд. Туллоби илм барои таҳсил ва дарс хондан ба Нишопур меомаданд. Ғаззолӣ низ тибқи маъмул ба Нишопур ва Гургон омад ва солҳо аз маҳзари асотид ва фузало бо ҳирсу валаъи зиёд касби фазл намуд. Ва барои он ки маълумоташ фаромӯш нашавад ва хӯшаҳое, ки чида аз дасташ наравад, онҳоро мураттаб менавишт ва ҷузва мекард. Он ҷузваҳоро, ки маҳсули солҳо заҳматаш буд, мисли ҷони ширин дӯст медошт.

Баъд аз солҳо озими бозгашт ба ватан шуд. Ҷузваҳоро мураттаб карда дар тубрае печид ва бо қофила ба тарафи ватан равона шуд.

Аз қазо қофила бо як идда дузду роҳзан бархӯрд. Дуздон ҷилави қофиларо гирифтанд ва он чӣ мол ва хоста ёфт мешуд яке-яке ҷамъ карданд.

Навбат ба Ғаззолӣ ва асосияи Ғаззолӣ расид. Ҳамин ки дасти дуздон ба тарафи он тубра рафт, Ғаззолӣ шурӯъ ба илтимосу зорӣ кард ва гуфт:

— Ғайр аз ин, ҳар чӣ дорам бибаред ва ин якеро ба ман вогузоред.

Дуздҳо хаёл карданд, ки ҳатман дар дохили ин баста матоъи гаронқимате аст. Бастаро боз карданд, ҷуз муште коғази сиёҳшуда чизе надиданд. Гуфтанд:

— Инҳо чист ва ба чӣ дард мехӯрад?

Ғаззолӣ гуфт:

— Ҳар чи ҳаст, ба дарди шумо намехӯрад, вале ба дарди ман мехӯрад.

— Ба чӣ дарди ту мехӯрад?

— Инҳо самараи чанд сол таҳсили ман аст. Агар инҳоро аз ман бигиред, маълумотам табоҳ мешавад ва солҳо заҳматам дар роҳи таҳсили илм ба ҳадар меравад.

— Ростӣ, маълумоти ту ҳамин аст, ки дар инҷост?

— Бале.

— Илме, ки ҷояш дар буқча ва қобили дуздидан бошад, он илм нест, бирав фикре ба ҳоли худ бикун!

Ин гуфтаи соддаи оммиёна таконе ба руҳияи омода ва ҳушёри Ғаззолӣ дод. Ӯ, ки то он рӯз фақат фикр мекард, ки тӯтивор аз устод бишнавад ва дар дафтарҳо забт кунад, баъд аз он дар фикр афтод, ки кӯшиш кунад, то мағз ва димоғи худро бо тафаккур парвариш диҳад ва бештар фикр кунад ва таҳқиқ намояд ва матолиби муфидро дар дафтари зеҳни худ бисупорад.

Ғаззолӣ мегӯяд: “Ман беҳтарин пандҳоро, ки роҳнамои зиндагии фикрии ман шуд, аз забони як дузди роҳзан шунидам.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Ғаззолинома”)

* * *

Ибни Сино ва Ибни Мискавайҳ

Абӯалӣ Ибни Сино ҳанӯз ба синни 20 сол нарасида буд, ки улуми замони худро фаро гирифт ва дар улуми илоҳӣ (фалсафӣ) ва табиӣ ва риёзӣ ва динии замони худ саромади аср шуд. Рӯзе ба маҷлиси дарси Абӯалӣ ибни Мискавайҳ, донишманди маъруфи он замон, ҳозир шуд. Бо камоли ғурур гирдуеро (чормағзеро) ба ҷилави Ибни Мискавайҳ афканд ва гуфт:

— Масоҳати сатҳи инро таъйин кун.

Ибни Мискавайҳ ҷузваҳое аз як китоб, ки дар илми ахлоқ ва тарбият навишта буд (китоби “Таҳорутул-аъроқ”) ба ҷилави Ибни Сино гузошт ва гуфт:

— Ту нахуст ахлоқи худро ислоҳ кун, то ман масоҳати сатҳи гирдуро таъйин кунам. Ту ба ислоҳи ахлоқи худ мӯҳтоҷтарӣ аз ман ба таъйини масоҳати сатҳи ин гирду.

Бӯалӣ аз ин гуфтор шармсор шуд ва ин ҷумла роҳнамои ахлоқии ӯ дар ҳамаи умр қарор гирифт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Таърихи улуми ақлӣ дар Ислом”)

* * *

Насиҳати зоҳид

Гармии ҳавои тобистон шиддат ёфта буд. Офтоб бар Мадина ва боғҳо ва мазореъи атрофи Мадина ба шиддат метобид. Дар ин ҳол марде ба номи Муҳаммад ибни Мункадир — ки худро аз зоҳидону обидону торикони дунё медонист — тасодуфан ба ноҳияҳои беруни Мадина омад, ногаҳон чашмаш ба марди фарбеҳ ва дуруштандоме афтод, ки маълум буд дар ин вақт барои саркашӣ ва расидагӣ ба мазореъи худ берун омада ва ба воситаи фарбеҳӣ ва хастагӣ ба кӯмаки чанд нафар, ки атрофаш ҳастанд ва маълум аст касу корҳои худи ӯ ҳастанд, роҳ меравад.

Бо худ андешед: ин мард кист, ки дар ин ҳавои гарм худро ба дунё машғул сохтааст?! Наздиктар шуд. Аҷаб! Ин мард Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн яъне Имом Боқир аст! Ин марди шариф, дигар чаро дунёро пайҷӯӣ мекунад?! Лозим шуд насиҳате бикунам ва ӯро аз ин равиш боздорам.

Наздик омад ва салом дод. Имом Боқир нафасзанон ва арақрезон ҷавоби салом дод. Муҳаммад ибни Мункадир гуфт:

— Оё сазовор аст марди шарифе мисли шумо дар талаби дунё берун биёяд, он ҳам дар чунин вақте ва дар чунин гармое, хусусан бо ин андоми фарбеҳ, ки ҳатман бояд мутаҳаммили ранҷи фаровон бишавед?! Чӣ касе аз марг хабар дорад? Кӣ медонад, ки чӣ вақт мемирад? Шояд ҳамин алъон марги шумо расид. Агар Худой нахоста дар ҳамчу ҳоле марги шумо фаро расад, чӣ вазъе барои шумо падид хоҳад омад?! Шоистаи шумо нест, ки дунболи дунё биравед ва бо ин тани фарбеҳ дар ин рӯзҳои гарм ин миқдор мутаҳаммили ранҷу заҳмат бишавед. Хайр, хайр, шоистаи шумо нест!

Имом Боқир дастҳоро аз дӯши касони худ бардошт ва ба девор такя кард ва гуфт:

— Агар марги ман дар ҳамин ҳол бирасад ва ман бимирам, дар ҳоли ибодат ва анҷоми вазифа аз дунё рафтаам, зеро ин кор айни тоат ва бандагии Худост. Ту хаёл кардаӣ, ки ибодат маҳдуд ба зикру намозу дуост?! Ман зиндагӣ ва харҷ дорам, агар кор накунам ва заҳмат накашам, бояд дасти ҳоҷат ба сӯи ту ва амсоли ту дароз кунам. Ман дар талаби ризқ меравам, ки эҳтиёҷи худро аз касу нокас салб кунам. Вақте бояд аз фаро расидани марг тарсон бошам, ки дар ҳоли маъсият ва хилофкорӣ ва тахаллуф аз фармони илоҳӣ бошам, на дар чунин ҳоле, ки дар ҳоли итоати амри Ҳақ ҳастам, ки маро муваззаф карда бори дӯши дигарон набошам ва ризқи худро худам ба даст оварам.

Зоҳид гуфт:

— Аҷаб иштибоҳе карда будам! Ман пеши худ хаёл кардам, ки дигареро насиҳат кунам, акнун мутаваҷҷеҳ шудам, ки худам дар иштибоҳ будаам ва равиши ғалатеро мепаймудаам ва эҳтиёҷи комиле ба насиҳат доштаам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: