Адли илоҳӣ (6)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (1)

Тарҳи баҳс

Мо афроди башар, фарде аз навъи худро, ки нисбат ба дигарон қасди суе надорад, ба ҳуқуқи онҳо таҷовуз намекунад, ҳеҷ гуна табъизе миёни афрод қоил намегардад, дар он чи марбут ба ҳавзаи ҳукумат ва иродаи ӯст, ба ниҳояти бетарафӣ ба ҳама ба як чашм нигоҳ мекунад, дар муноқишот ва ихтилофоти афроди дигар, тарафдори мазлум ва душмани золим аст, чунин касеро дорои навъе аз камол медонем ва равиши ӯро қобили “таҳсин” мешуморем ва худи ӯро “одил” медонем.

Дар муқобил, фардеро, ки нисбат ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз мекунад, дар ҳавзаи қудрат ва иродаи худ миёни афрод табъиз қоил мешавад, тарафдори ситамгарон ва хасми заифон ва нотавонон аст ва ё лоақал дар муноқишот ва кашмакашҳои ситамгарон ва ситамкашон “бетафовут” аст, чунин касеро дорои навъе нақс ба номи “зулм” ва ситамгарӣ медонем ва худи ӯро “золим” мехонем ва равиши ӯро лоиқи “тақбеҳ” мешуморем.

Худои Мутаъол чӣ тавр? Оё аввалан, ба ҳамон маънӣ, ки дар бораи башар, адолат камол аст, ва зулм нақс аст, дар бораи зоти илоҳӣ низ адолат камол аст ва зулм нақс аст? Ё адолат ва зулм ба мафҳуми роиҷи худ, мафоҳиме ахлоқӣ ва махсуси иҷтимои башарӣ аст ва ба истилоҳ, аз мафоҳими қарордодӣ аст ва аз шуъуни “ҳикмати амалӣ” шумурда мешавад на “ҳикмати назарӣ”, пас, аз ҳудуди ҳаёти башарӣ ва ҳавзаи аъмоли ихтиёрии вай по фаротар намегузорад?

Сониян, фаразан, ки адолат ва зулм ба ҳамон мафҳуми ахлоқии инсонӣ дар мавриди Худованди Мутаъол низ қобили ҷараён бошад, яъне фаразан адолати ахлоқӣ сифати камол, ва зулми ахлоқӣ сифати нақс дар бораи Худованд шумурда шавад, оё зулм дар мавриди Худованд амалан мумкин аст мисдоқ пайдо кунад? На аз он ҷиҳат, ки маҳол аст аз Худованд зулм содир шавад, ва на аз он ҷиҳат, ки ҳусну қубҳ ва адлу зулм ҳама мафоҳиме шаръӣ ҳастанд на ақлӣ — ончунон, ки баъзе аз фирқаҳо мегӯянд, ки ин ду ҷиҳат матлаби дигаре аст ва баъдҳо дар бораи онҳо баҳс хоҳем кард — балки бо қатъи назар аз ин ки маҳол аст ё маҳол нест, ки аз Худованд зулм содир шавад ва бо фарзи қабули ин ҷиҳат, ки ҳусну қубҳи афъол зотӣ аст ва адлу зулм маъонии воқеӣ ҳастанд, аз ин ҷиҳат, ки адл риояти ҳаққи ғайр аст ва зулм таҷовуз ба ҳаққи ғайр, яъне дар мавриде, ки пойи ҳаққе дар миён аст ва мавҷуде нисбат ба он ҳақ авлавият дорад, ҳар навъ таҷовуз аз ноҳияи дигаре ба он ҳақ, навъе зулм нисбат ба соҳиби ҳақ, ки авлавият дорад шумурда мешавад.

Бадеҳист, ки дар робитаи миёни махлуқот нисбат ба якдигар, авлавият ва адами авлавият, ва моликият ва адами моликият, нисбат ба бархе умур маънӣ дорад, масалан Зайд нисбат ба ҳаёт ва озодии худаш ва нисбат ба сарвате, ки худ тавлид кардааст, авлавият ва моликият дорад, ва Амр нисбат ба ҳаёт ва озодӣ ва дастоварди худаш авлавият дорад, таҷовузи Зайд ба ҳавзаи авлавияти Амр зулм аст, ва таҷовузи Амр ба ҳавзаи авлавияти Зайд зулм аст.

Дар робитаи холиқ ва махлуқ чӣ тавр? Махлуқ ҳар чӣ дорад аз холиқ аст. Авлавият ва моликияти махлуқ дар тӯли авлавият ва моликияти холиқ аст, яъне дар арзи моликияти холиқ моликияте, ва дар арзи авлавияти ӯ авлавияте нест. Дар мақоми тамсил ва тафҳим, моликияти Худованд ва моликияти башарро аз қабили моликияти падар ва моликияти фарзанди кӯдак бояд дар назар гирифт. Падар барои ҳар як аз кӯдакони худ асбоббозӣ таҳия мекунад. Кӯдакон ҳар кадом барои худ нисбат ба асбоббозие, ки дарёфт кардаанд, ҳаққи моликият ва авлавияте қоиланд. Ҳар кӯдак, тасарруфи кӯдаки дигарро, тасарруфи удвонӣ ва таҷовуз ба марзи ҳуқуқи худ мешуморад. Вале оё моликият ва авлавияти кӯдак, метавонад моликият ва авлавияти падарро нафй кунад? Ё он моликият дар тӯли ин моликият аст ва ҳеч гуна танофӣ дар кор нест, ва агар падар дар онҳо тасарруф кунад, дар моли худ ва милки худ тасарруф кардааст? Худованди Мутаъол моликулмулки мутлақ аст, шарике дар милк надорад, ба ҳақиқат ва бидуни шоибаи маҷоз дар борааш бояд гуфт:

لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ

(“Танҳо ӯрост мулк ва ӯрост сипос…” (Сураи Тағобун, ояти 1))

وَإِلَيْهِ يُرْجَعُ الأَمْرُ كُلُّهُ

(“Ва тамоми корҳо ба ӯ бозгардонда мешавад…” (Сураи Ҳуд, ояти 123))

Бинобар ин, ҳар гуна тасарруфи Худованд дар ҷаҳон, тасарруф дар чизе аст, ки аз они худи ӯст, ҳеч кас дар баробари ӯ ҳаққе ва моликияте ва авлавияте надорад, пас зулм дар бораи Худованд мунтафӣ аст, на аз он ҷиҳат, ки чун қабеҳ аст Худованд намекунад, ва на аз он ҷиҳат, ки ҳусну қубҳ дар мавриди Худованд маънӣ надорад, балки аз он ҷиҳат, ки фаразан қубҳи зулм зотии зулм бошад ва ҳусну қубҳҳои зотӣ ҳамчунон ки бар аъмоли башар ҳоким аст, бар феъли Худованд ҳам ҳоким бошад, амалан дар мавриди Худованд мисдоқ пайдо намекунад, зеро ҳеч кас нисбат ба ҳеч чизи худ, дар муқобили Худованд моликияте надорад, то амалан зулм муҳаққақ шавад.

Гӯянд, Сайфуддавлаи Ҳамдонӣ, аз мулуки Оли Ҳамдон, ки аз адаб баҳрае дошт ва маҳфилаш маҷмаи удабо буд, рӯзе дар маҳфили удабо, ки Абӯфирос, шоири мӯшикофи шиъии араб низ ҳузур дошт гуфт: байте сурудаам, ки гумон надорам аҳаде битавонад дуввуми онро биёварад ҷуз Абӯфирос:

لك جسمي تعلّه

فدمي لا تطلّه

Ҷисм аз они туст ва ту пай дар пай заҷраш медиҳӣ, аммо хунамро якбора намерезӣ.”

Абӯфирос билбадоҳа гуфт:

قال ان كنت مالكا

فلي الأمر كلّه

Маҳбуб гуфт: агар ман молики ту ҳастам, тамоми ихтиёр ба ман таъаллуқ дорад, чуну чаро дар баробари молики мутлақ, бе маънӣ аст.

Бидуни шак агар адлу зулмро ба мафҳуми роиҷ бигирем, ки мафҳуме ахлоқӣ аст ва мубтанӣ бар ҳусну қубҳи ақлӣ, ва афъоли Худовандро низ бар меҳвари ҳамин ҳусну қубҳҳо тавҷеҳ кунем ва бихоҳем афъоли Ҳақро аз назари “риояти ҳуқуқи ғайр” бисанҷем, бояд бигӯем, ки Худованд ба ин мафҳуми роиҷ, на одил аст ва на золим, зеро ғайре, ки аз ӯ ба чизе авлавият дошта бошад фарз намешавад, то риояти авлавиятҳои ӯ, адл, ва адами риояти он авлавиятҳо зулм маҳсуб гардад.

Солисан, агар аз мафҳуми роиҷи адлу зулм сарфи назар кунем ва онро мафҳуме эътиборӣ ва махсуси ҳавзаи амалиёти иҷтимоии башарӣ бидонем, оё мафҳуме бартар аз мафҳуми роиҷ вуҷуд дорад, ки адлу зулмро дар радифи мафоҳими ҳикмати назарӣ қарор диҳад ва аз ҳавзаи ҳикмати амалӣ, ки ҳавзаи мафоҳими эътиборӣ ва қарордодӣ аст хориҷ созад ва биннатиҷа “адл” сифати субутӣ ва камолӣ назири илм ва қудрат ва лоақал назири холиқият ва розиқият шумурда шавад, ва зулм сифати манфӣ ва салбӣ назири тараккуб (мураккаб будан), ҷисмият, маҳдудият ва ғайра? Ва рӯи ин мабно, оё падидаҳои ҷаҳон аз назари адлу зулм қобили тавҷеҳ аст, ё ин аслро “таъаббудан” бояд пазируфт?

Робиъан, аз ҳамаи инҳо гузашта, Қуръони Карим рӯи мафҳуми адлу зулм такяи фаровон кардааст. Бардошти Қуръон аз ин ду мафҳум чӣ бардоште аст?

Инҳо як силсила пурсишҳост, ки бояд посухи дақиқ ва саҳеҳи хешро биёбанд.

Он чи мусаллам ва ғайриқобили тардид аст ин аст, ки шинохти Худованд ба унвони “амркунанда ба адл” ва “баподорандаи адл” асоситарин маърифате аст, ки дар адёни осмонӣ, робитаи башар бо Худо бар он устувор шудааст. Фаразан, Худои фалосифа, масалан “муҳаррики аввал”-и Арасту, ки танҳо бо нерӯи ақл ва андешаи башар сару кор дорад ва бо дилу эҳсосоту авотифи ӯ коре надорад, аз назари адлу зулм мавзӯи баҳс набошад, Худои паёмбарон, ки илова бар ҷанбаи мантиқӣ ва истидлолӣ ва ақлонӣ, пайванди муҳкам ва устуворе бо замиру дилу эҳсосот дорад ва инсон бо ӯ дар ҳоли доду ситад ва муҳаббатварзӣ аст ва иртиботи инсон бо ӯ аз навъи иртиботи як ниёзманд бо як бениёзи олими қодири атуфи меҳрубон аст, қатъан яке аз сифоташ адолат аст. Акнун бояд дид аз он адолат чӣ гуна бояд таъбир кард? Адл ба мафҳуми иҷтимоӣ, ҳадафи “нубувват” ва ба мафҳуми фалсафӣ мабнои “маод” аст.

Қуръони Карим дар баёни ҳадафи “нубувват” ва “рисолат”-и паёмбарон мефармояд:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

Ҳамоно фиристодагонамонро бо далоили равшан фиристодем ва ҳамроҳи эшон китоб ва тарозу фуруд овардем, то мардум ба адолат қиём кунанд…” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

Дар мавзӯи маод ва муҳосибаи растохез ва подошу кайфари аъмол мефармояд:

وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا وَإِن كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا وَكَفَى بِنَا حَاسِبِينَ

Тарозуҳои адолатро дар рӯзи растохез мениҳем. Ба аҳаде ҳеч ситаме нахоҳад шуд ва агар ҳамвазни донаи хардал бошад, онро меоварем. Ин бас, ки мо ҳисобгар ҳастем.” (Сураи Анбиё, ояти 47)

Дар оятҳои бисёре аз Қуръон, Худованд аз зулму ситам танзеҳ шудааст. Масалан гуфта шудааст:

فَمَا كَانَ اللّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَكِن كَانُواْ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Чунон нест, ки Худованд ба онон ситам кунад, балки онҳо чунинанд, ки бар худ ситам мекунанд.” (Сураи Тавба, ояти 70)

Дар баъзе оёт, одил будан ва қиём ба адл, ба унвони як сифати мусбат барои Худованд зикр шудааст, яъне дар Қуръон танҳо ба танзеҳ аз зулм қаноат нашудааст, ба таври мусбат ва мустақим низ сифати адолат барои Худованд исбот шудааст, чунонки мефармояд:

شَهِدَ اللّهُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ وَالْمَلاَئِكَةُ وَأُوْلُواْ الْعِلْمِ قَآئِمَا بِالْقِسْطِ

Худо ва фариштагон ва дорандагони дониш гувоҳӣ медиҳанд, ки маъбуде ҷуз Худои якто, ки баподорандаи адл аст, нест…” (Сураи Оли Имрон, ояти 18)

Бинобар ин, аз назари ислом шакке нест, ки адли илоҳӣ, худ ҳақиқате аст, ва адолат аз сифоте аст, ки қатъан бояд Худовандро ба онҳо мавсуф бидонем.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: