Тоҷикистон ва идеулужии (идеологияи) миллӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

(Таъаммуле бар мақолаи “Нақши дастгоҳи идеологӣ дар ташаккули руҳияи миллӣ”-и Назрӣ Асадзода)

Мақолаи “Нақши дастгоҳи идеологӣ дар ташаккули руҳияи миллӣ” ба қалами ҷомеашиноси тоҷик ҷаноби Назрӣ Асадзода, ки танҳо қисмате аз он мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои тоҷикзабон қарор гирифт ва барҷастааш карданд — яъне ҳамон қисмате, ки муаллиф дар бораи чанд филми сохташуда дар даврони Шӯравӣ изҳори назар кардааст – дар маҷмӯъ мақолае дар хӯри таъаммул аст, ки банда дар ин навиштор мехоҳам нукотеро дар бораи изҳори назарҳои муаллифи мӯҳтарами он мақола баён бидорам, бад-ин шарҳ:

1) Ин мақола – ва албатта назири ин мақола, ки дар 20 соли ахир ба ҳамин мазмун бисёр навишта шудаанд – роҷеъ ба матлабе қаламфарсоӣ ва изҳори назар мекунад, ки худи он матлаб ҳанӯз мушаххас нашуда ва дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад.

Ба сухани дигар, ин ки муаллиф аз Саймӯъмин Ятимов иқтибос меоварад ва мегӯяд: “… аз байн рафтани идеологияи миллӣ, аз миён рафтани давлати миллиро дар назар дорад…”, ва ин ки “мавқеи идеология дар ташаккул ва такомули руҳияи миллӣ хеле муҳим аст”, ва ин ки “идеология дар амри давлатдорӣ ҳамчун меҳварест, ки агар он собиту устувор набошад, пойдории дигар аркони давлатро наметавон умедвор дошт…” ва ғайра (яъне кулли матолиби ин мақола), ҳамаи инҳо қабул, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё худи ин матлаб — яъне “идеулужии (идеологияи) миллӣ”, ки аз он сухан меравад — ҳудуду суғураш барои як тоҷик мушаххас шудааст? Оё шуставу рӯфта барои як тоҷик арза шудааст, то бар мабнои он, руҳияи миллии ӯ ташаккул биёбад? Оё то ҳанӯз дастгоҳҳои ба истилоҳ “идеологӣ”-и кишвар аз ҷумла Окодемии улум, як намои комил аз “идеулужии миллӣ”, ки пояҳо ва усулаш кадом аст ва шохаҳову баргҳояш кадом, барои як тоҷик ироа намудаанд, ки ӯ бад-онҳо пойбанд гардад?

Бале, ҳар аз гоҳе матолиби парокандае ба унвони “идеулужии миллӣ” тавассути шахси раисиҷумҳур ва ё мақомоти марбута ироа мешавад, вале то ҳанӯз шуставу рӯфта ва ба сурате, ки пояҳо ва арконаш комилан мушаххас бошанд ва ба гунае, ки ҳар тоҷикро водор ба қабули онҳо бисозад, баён нашудаанд. Албатта, худи муаллифи мӯҳтарам низ ба ин воқеият мӯътариф аст, он ҷо, ки мегӯяд: “Баъди суқути давлати Шӯравӣ ва беэътибор шудани арзишҳои идеологии он дар фазои андешаву ақидатии ҷомеаи мо халои идеологӣ ба вуҷуд омад, ки мутаассифона, мо то ҳанӯз онро пур накардаем ва ҳатто барои пур кардани ин фазои холии зеҳнӣ идеологияи муназзаму мукаммал ва дастгоҳи идеологии муқтадир ҳам наофаридаем.”

* * *

2) Нуктаи дуввуми қобили ёдоварӣ дар ин росто он аст, ки: гирем рӯзе дастгоҳҳои марбута дар Тоҷикистон тавонистанд ҳудуду суғури “идеулужии миллӣ” ва шохаву баргҳои онро комилан мушаххас намуда ва ба ҷомеа арза бикунанд. Билохира, ин ҳолати сардаргумӣ рӯзе ба поён мерасад ва ҳар чизе сари ҷояш менишинад.

Аммо мушкили дигар он аст, ки дастандаркорони марбута дар кишвари мо аз ҷумла бештари кормандони Окодемии улум, тасаввурашон дар бораи “идеулужии миллӣ” зоҳиран ин аст, ки “идеулужии миллӣ” як ақида ва як мактабест дар арзи соири ақоид ва афкор ва гароишҳои мавҷуд дар ҷомеа. Ва ба сухани дигар, ба пиндори онҳо, “идеулужии миллӣ” метавонад (ва балки бояд) ҷойгузини масалан мактаб ва ақоиди исломӣ дар ҷомеа гардад. (Ин нуктаро метавон аз лобалои ҳамин мақолаи ҷаноби Назрӣ Асадзода ва ё мақолоти дигаре, ки дар ҳамин мавзӯъ навишта шудааст, истинбот намуд.) Яъне, аз назари онҳо, як мусалмон ба ҷойи ин ки ба мактаб ва ақоиди ислом пойбанд ва вафодор бошад, ба “идеулужии миллӣ” пойбанд гардад. Аз назари инон, гӯӣ пойбандӣ ба “идеулужии миллӣ”, бо пойбандӣ ба мактаб ва ақидаи исломӣ қобили ҷамъ нестанд; бояд якеро интихоб кард.

Хуб, оё воқеан чунин аст? Яъне, як нафар мусалмони пойбанд ба ақоидаш ва ё як нафар масеҳӣ ва ё зартуштии пойбанд ё кумунисти мултазим ба мактабаш, наметавонад ҳамзамон ин дуро (пойбандӣ ба идеулужии миллӣ ва пойбандӣ ба ақидаи худро) дар худ ҷамъ кунад? Оё ин ду бо ҳам дар тазодд ва таъоруз ҳастанд?

Ҳақиқат ин аст, ки танҳо дар як сурат метавон ин дуро мутазодд ва бо ҳам қобили ҷамъ надонист. Ва он дар сурате аст, ки мо “идеулужии миллӣ”-ро дуруст мисли идеулужии исломӣ – ва ё ҳар навъ идеулужии фаромиллӣ мисли идеулужии кумунистӣ – як мактаби ҷомеъ, ки бар як ҷаҳонбинии муайян устувор аст бидонем. Яъне, “идеулужии миллӣ”-ро мактабе бидонем, ки дорои маърифатшиносӣ, ҳастишиносӣ ва роҳшиносии хоссе аст. Ба унвони мисол, идеулужии кумунистӣ як мактаби ҷомеъ аст, ки “материализми диалактик” намоёнгари ҷаҳонбинии он аст, масалан дар ин мактаб эътиқод ба Худо як хурофа аст. Ва ё ислом низ як мактаби ҷомеъ аст, ки ҳам дорои маърифатшиносии бахусусе аст ва ҳам дорои ҳастишиносии махсусе ва ҳам дорои роҳшиносии муайяне.

Хуб, агар мо “идеулужии миллӣ”-ро чизе шабеҳи ин ду, яъне як мактаби ҷомеъ бидонем, дар ин сурат воқеан як нафар инсон маҳол аст, ки ҳам мӯътақид ва пойбанд ба он бошад ва ҳамзамон боварманд ва мултазим ба мактаб ва гароише дигар.

Аммо ҳақиқат он аст, ки дар қарни ҳозир, дар ҳеч як аз кишварҳои мутамаддин, тасаввур дар бораи “идеулужии миллӣ” чунин нест. Масалан, дар Олмон ва ё Фаронса (ва ё ҳар кишвари мутамаддини дигар) чунин нест, ки як нафар инсони пойбанд ба дин ва ё ҳар навъ гароиши фаромиллии дигар, ба унвони фарди ғайримӯътақид ва ғайрипойбанд ба “идеулужии миллӣ” талаққӣ бишавад. Ва ба сухани дигар, “идеулужии миллӣ” дар соири кишварҳо — ки қатъан ҳар кишваре аз он бархӯрдор аст — ҳаргиз ба унвони як мактаби ҷомеъ бо ҷаҳонбинии хосс, ки бо соири ақоид ва гароишҳо мутазодд дониста бишавад, матраҳ нестанд. Аз ин назар, як кумунист масалан, дар айни ин ки мӯътақид ба афкор ва ормонҳои худ аст, метавонад пойбанд ба идеулужии миллӣ ҳам бошад. Ҳаргиз ин ду пойбандӣ, ғайриқобили ҷамъ дониста намешаванд.

* * *

3) Нуктаи севвум ин ки: дар партави он чи гуфта омад, шояд ин суол худнамоӣ кунад, ки агар матлаб чунон аст, ки гуфтем, пас “идеулужии миллӣ” дар кишвари мо яъне Тоҷикистон ба чӣ сурат метавонад намуд пайдо кунад?

Посух хеле содда аст. Роқими сутур тақрибан як сол пеш назари худро дар ин мавзӯъ, дар посух ба пурсиши яке аз дӯстон иброз дошта будам ва ҳамонро такрор мекунам. Ва он ин аст, ки: он чизе, ки метавонад ба унвони “идеулужии миллӣ” барои мо тарҳ бишавад, ин идеяи “тоҷикистонӣ будан” аст (ҳатто на “тоҷик будан”, балки “тоҷикистонӣ будан”.) Албатта “тоҷикистонӣ будан” фақат ба ин нест, ки мо пазируфта бошем дар кишваре ба номи Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, ки масалан 8 милюн ҷамъият дорад. Яъне ҳадду марз ва таърифи “тоҷикистонӣ будан”, фақат ба ҳудуди ҷуғрофиёии он маҳдуд намешавад. Балки маъно ва мазмун дорад. “Тоҷикистонӣ будан” яъне одамони сокин дар ин марзу бум — аъамм аз тоҷику ғайра, аъамм аз мусалмону ғайримусалмон бо ҳар мазҳабу машраб – бояд боварманд ба ин бошанд, ки инҳо, илова бар сарзамин ва ҷуғрофиёи муштарак, сарнавиште доранд муштарак, забоне доранд муштарак (забони давлатӣ), таърихе доранд муштарак, фарҳанге доранд муштарак, ифтихороте доранд муштарак… Ва ҳамин иштирокот аст, ки онҳоро зери сақфи кишваре ба номи Тоҷикистон гирди ҳам оварда ва лизо бояд барои шукуфоии ин кишвар, даст рӯи дасти якдигар бигузоранд ва бо ҳам талош намоянд… Ба ҳамин соддагӣ!

Ва муҳимтарин шарти идеулужии миллӣ ин аст, ки бояд “мақбулияти омма” пайдо бикунад, вагарна маҳол аст ниҳодина шавад. Яъне, аҳаде аз тоҷикистониён онро дар тазодд бо боварҳо ва муқаддасот ва мӯътақадоти худ набинанд; на мусалмонаш, на атеисташ, на миллигарояш (миллигаро ба маънои хосси он, на ба маънои оммаш, ки ҳама миллигаро ҳастанд ба маънои омми миллигароӣ). Масалан, банда, ки як мусалмони пойбанд ба шариати ислом ҳастам — ва мисли банда фаровонанд дар ҷомеаи Тоҷикистон — як тарҳ, ки ба унвони “идеулужии миллӣ” арза шуда ва бо боварҳои диниам онро дар тазодд бибинам, ҳаргиз ва абадан пеши ман ва садҳо ҳазор мисли банда, мақбул нахоҳад уфтод ва аз ин рӯ маҳол аст “миллӣ” ва ниҳодина шавад. Ин воқеиятро бояд фаҳмид ва пазируфт.

Ҳамчунин, афроде мисли банда низ, бояд ин воқеиятро бипазирем, ки ҳама дар ин ҷомеа мисли мо нестанд, мисли мо фикр намекунанд, боварҳои онҳо бо мӯътақадоти мо фарқ мекунад. Инро ҳам касе наметавонад нодида бигирад, магар ин ки одами кӯр бошад. Аз ин рӯ, як тарҳе, ки масалан фақат мақбули ман ва амсоли ман аст низ наметавонад “миллӣ” ва ниҳодина шавад; зеро “мақбулияти омма” пайдо намекунад. Аз ин воқеиятҳо низ намешавад чашм пӯшид.

Аз ин назар аст, ки гуфтам, танҳо идеяи “тоҷикистонӣ будан” аст, ки мақбулияти омма меёбад, на чизе дигар.

* * *

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: он чи муаллиф дар бораи сохтани филмҳо бо ҳадафи эҷоди эҳсоси ифтихор ба гузашта ва таърих ва фарҳангамон баён карда, бо ӯ комилан мувофиқ ва ҳамоҳангам, ва фикр намекунам касе бо ӯ дар ин замина мухолиф бошад. Ӯ комилан дуруст мегӯяд он ҷо, ки мегӯяд:

Офаридани силсилафилмҳои таърихӣ дар бораи… қаҳрамонҳою давлатмардон ва сиёсатмадорони бузурги миллӣ, аз қабили Спитамону Ардашери Бобакон, Анушервону Бобаки Хуррамдин, Шоҳ Исмоилу Амир Мунтасири Сомонӣ ва амсоли инҳо, ки баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодиву арзишҳои миллӣ, таҳкими ҷойгоҳ ва мақому манзалати миллат корномаҳои бемисл нишон додаанд, айни муддаост ва барои дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия кардани ҷавонони мо метавонад муассир бошад. Ҳар як филми хуб мисли мураббиест, ки метавонад дар муҳлати кӯтоҳи вақт ҳазорон нафарро тарбият кунад, дар ҳазорон дил эҳсосоти саршори меҳр ва пур аз отифаро барангезаду дар ҳазорон зеҳн андешаҳои созандаро бедор созад, аммо ин гуна филмро касе метавонад офарад, ки худ эҳсосоти саршор ва андешаи бедор дошта бошад… Афзалияти кино ҳамчун воситаи талқини ғоя аз дигар воситаҳои таблиғотӣ дар ин аст, ки он метавонад маъниро ба таври номаҳсусу пӯшида, вале ҷаззобу муассир ифода кунад, аз ин рӯ, тамошобин ҳанӯз ҳадафҳои филмофаронро пайхас накарда метавонад ғайриихтиёр ва ноогоҳона зери таъсири ғояҳои муайяне қарор гирад. Бинобар ин аксар маврид тамошобинон ҳатто дар мавриди тамошои филмҳое, ки ғояҳои номатлубро ба тариқи номаҳсусу пӯшида талқин мекунанд, вокунише нишон намедиҳанд…

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

27 replies

  1. Хак асту рост агар идеология аз байн равад косташавии сохти давлатдори ба миён омаданаш мумкин. Зеро дар чомеа хар гуна ихтилофот ва нофахми ба вучуд меояд

    Нравится

  2. Идеологияи милли бояд аз хар гуна акоиди мактаби шахси ва чомеа баланд бошад. Зеро танхо мо баъди ба арш расидани идеологияи милли давлати ва чомеаи мутамарказ бунёд намоем

    Нравится

  3. Дар замони иттиходи шурави дар зери як идеология пролетариаты всех стран соединяйтесь халкияти 15 давлат ва зиёда аз 300 халкиятро чамъ оварда буданд. Мо ба ин монанд идеология омода сохта тамоми халкияти ватанро зери як шиор чамоварем

    Нравится

  4. Дар хакикат бояд идеологияи мо дер зери шиори ман точик не балки зери шиори мо точикистониён сурат гирад

    Нравится

  5. Мафхуми идеология ин шиор аст агар инсоният аклашро кор фармуда истифода барад чомеа ба рушди устувор кадам гузоштан гирад ин худаш идеология мебошад

    Нравится

  6. Мо бояд филмхои хуччати мустанад ва тасвири низ бояд омода кунем зеро наврасон ба ин чизхо бисер ахамият медиханд

    Нравится

  7. Дар бораи кахрамонхои миллати точик филмнома ва филми мустанад ба навор гирифта шавад танхо ин холат метавонанд рухияи мардумро боло бардорад

    Нравится

  8. Бе идеологияи ягонаи милли Чумхурии Точикистон рушд намеёбад!

    Нравится

  9. Дар хакикат, идеология дар амри давлатдорӣ ҳамчун меҳварест, ки агар он собиту устувор набошад, пойдории дигар аркони давлатро наметавон умедвор дошт

    Нравится

  10. Идеолгоияи миллиро доимо Пешвои миллат ба мардум мегуяд, яъне муттахид бошед, Точикистонро обод созед, барои пешрафти халки Точикистон сахми худро гузоерд!

    Нравится

  11. Идеологияи милли руз ба руз шуставу рӯфта ва ба сурате, ки пояҳо ва арконаш комилан мушаххас бошанд ва ба гунае, ки ҳар тоҷикро водор ба қабули онҳо бисозад, баён шуда истодаанд! .

    Нравится

  12. Идеолгияи муназзаму мукаммал барои точикистониён ин мисоли идеологияи сарвари давлат, агар хар як шахрванди Точикистон гуфтахои Чаноби олиро бачо оварда сиёсати уро дастгири кунад, мардуми мо сохиби идеологияи устувор хохад шуд!

    Нравится

  13. Чи хеле, ки ба назар мерасад дастгоххои марбутаи Точикистон худуду сугури идеологияи милли ва шохаву баргхои онро ба чомеа расонида истодаанд, ки точикистониён руз то руз муттахид шуда, кишвари азизамон ру ба дастовардхо ва тараккиётхо карда истодааст!

    Нравится

  14. Идеологияи миллиро бояд ба дин пайваст накунем! Дини мубини исломро танхо аз тарафи маърифатияш гирифт!

    Нравится

  15. Идеологияи миллиро бояд ба як чахонбинии устувор бубинем!

    Нравится

  16. Дар хакикат идеологияи миллиро бояд хамчун мактабе бидонем, ки дорои маърифатшиносӣ, ҳастишиносӣ ва роҳшиносии хоссе аст.

    Нравится

  17. Ислом як мактаби ҷомеъ аст, ки ҳам дорои маърифатшиносии бахусусе аст ва ҳам дорои ҳастишиносии махсусе ва ҳам дорои роҳшиносии муайяне. Аммо Точикистон давлати дуняви мебошад ва дин бояд ба давлат дахолат накунад! Аз хамин, чо хар як инсон бояд исломро хамчун манбаи маърифт, хастишиноси ва рохшиноси истифода барад!

    Нравится

  18. Идеологияи милли бояд бо шиори «точикистони» пахн шавад!

    Нравится

  19. “Тоҷикистонӣ будан” яъне одамони сокин дар ин марзу бум — аъамм аз тоҷику ғайра, аъамм аз мусалмону ғайримусалмон бо ҳар мазҳабу машраб – бояд боварманд ба ин бошанд, ки инҳо, илова бар сарзамин ва ҷуғрофиёи муштарак, сарнавиште доранд муштарак, забоне доранд муштарак (забони давлатӣ), таърихе доранд муштарак, фарҳанге доранд муштарак, ифтихороте доранд муштарак… Ва ҳамин иштирокот аст, ки онҳоро зери сақфи кишваре ба номи Тоҷикистон гирди ҳам оварда ва лизо бояд барои шукуфоии ин кишвар, даст рӯи дасти якдигар бигузоранд ва бо ҳам талош намоянд… Бенихоят суханхои дуруст!

    Нравится

  20. Идеология хамон вакт идеологияи милли мешавад, вакте, макбулияти оммаро бигирад!

    Нравится

  21. Хакикатан танхо шиори точикистони будан метавонад халки Точикистонро муттахид созад, на дигар шиор!!!

    Нравится

  22. Офаридани силсилафилмҳои таърихӣ дар бораи… қаҳрамонҳою давлатмардон ва сиёсатмадорони бузурги миллӣ — ин офаридани идеологияи милли мебошад!

    Нравится

  23. Филмхои таърихи миллию ачдоди барои дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ватандусти тарбия кардани ҷавонони мо заминаи асоси мебошад!

    Нравится

  24. Ҳар як филми хуб мисли мураббиест, ки метавонад дар муҳлати кӯтоҳи вақт ҳазорон нафарро тарбият кунад

    Нравится

  25. Идеологияи милли метавонад дар ҳазорон дил эҳсосоти саршори меҳр ва пур аз отифаро барангезаду дар ҳазорон зеҳн андешаҳои созандаро бедор созад

    Нравится

  26. Дар хакикат, чи хеле ки мо медонем таъсироти филмхо ба мафкураи одамон хеле бузург аст!

    Нравится

  27. Кишвархои абаркудрат ва пешрафта, масъалаи истифодаи филмро дар пайдоиши рухияи милли ва ватанпарасти, пайдоиши идеологияи милли садсолахо пеш истифода бурдаанд! Мо бошем акнун инро дарк кардем! Хол он, ки дигар кишвархо алакая ба манфияти миллии худ ин тачрибаро истифода мебаранд!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: