Фалсафа ва равиши реализм (150)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (18)

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (2)

Суратҳои навъия (2)

Уламои ҷадид бар хилофи қудамо, ихтилофоти улумро танҳо аз даричаи ихтилофоти зотии мавзӯоти он улум ва аворизи зотии он мавзӯот, ва ба иборати дигар, танҳо аз даричаи ихтилофоти зотии маълумот намебинанд. Уламои ҷадид ба ихтилофи дигаре пай бурдаанд, ва он ихтилоф, дар методи таҳқиқ аст. Вале агар ҳамаи улуми табииро дохил дар илмул-ҳаракот бидонем, чорае надорем аз ин ки методи таҳқиқро дар ҳамаи онҳо яке бишносем, ва ин ҷиҳат ҷанҷоле дар фалсафаи Урупо бапо кардааст ва донишмандони баъд аз Декорт нафян ва исботан дар ин бора зиёд сухан гуфтаанд ва маҷмӯан имрӯз назарияи Декорт дар бораи ин ки ҳамаи улуми табиӣ дохил дар илмул-ҳаракот аст мақбулияте надорад.

Ин тарзи тафаккури демукротисӣ, ки сохтмони ҷаҳон як сохтмони мошинӣ аст, баъд аз Декорт таъқиб шуд. Касони дигаре низ баъд аз Декорт пайдо шуданд ва иддао карданд, ки асоси ҷаҳон, модда ва ҳаракат аст, модда ва ҳаракатро ба мо бидиҳед ҷаҳонро месозем, бо ин тафовут, ки онҳо инсонро низ аз ин қонуни куллӣ истисно накарданд. Ин тарзи тафаккурро маъмулан “мошинизм” ё “меконизм” мехонанд. Ин худ тарзи тафаккуре аст, ки бисёр шоиста аст рӯи он диққат ва таъаммуқ шавад.

Вале баъдҳо як силсила мушаххасот барои ин фалсафа таъйин шуд, ки чеҳраи онро иваз кард. Бархе пиндоштанд, ки “меконизм” сад дар сад як фалсафаи материалистӣ аст ва мусовӣ бо инкори холиқ аст, ба ҳамин далел Демукротис ва ҳамфикронашро “моддӣ” хонданд. Бархе дигар пайванде қотеъ ва дутарафа миёни ин фалсафа ва асли зарурати иллӣ ва маълулӣ қоил шуданд ба тавре, ки меконизмро мусовии детерминизм (determinism, асли зарурати иллӣ ва маълулӣ), ва детерминизмро мусовии меконизм пиндоштанд, ва гоҳе меконизмро нуқтаи муқобили финализм (finalism, асли иллати ғоӣ) қарор доданд, ва гоҳе онро зидди асли қувва ва феъл — ки мавзӯи баҳси ин мақола аст — фарз карданд ва чунин гуфтанд, ки Арасту асли қувва ва феълро барои муқобила бо фалсафаи меконизм арза дошт ва бо раҷъате, ки ахиран ба сӯи меконизм шудааст, хоҳ нохоҳ қонуни қувва ва феъл бо ҳамаи мутафарреъоташ суқут мекунад ва эҳёи меконизм зарбаи мустақиме аст бар пайкари қувва ва феъл.

Марҳуми Фурӯғӣ дар ҷилди дуввуми “Сайри ҳикмат дар Урупо” дар муқаддимаи баҳс аз фалсафаи Лойбнитс (Leibniz) ишорае ба масоили аслии фалсафа мекунад, ки аз оғози амр мавриди таваҷҷӯҳи муфаккирон ва андешамандони башар қарор гирифтааст — аз қабили асли иллият, асли тағйиру субот, яъне ин ки дар айни ин ки ҳеч ҳолат собит ва пойдор нест, давом ва бақое ҳам дар кор ҳаст, ва асли ваҳдат ва касрат, яъне ин ки мавҷудот дар айни ин ки бисёр ва бешуморанд, аз ваҳдат ва ягонагӣ ҳам наметавон ғофил шуд, ва дигар ин ки вуҷуди ҳақиқӣ чист ва иллатҳо ба куҷо мерасад, ва оё мавҷуд мунҳасир аст ба маҳсус ва ё ғайримаҳсус ҳам ҳаст, ва ин ки идрокот ба инсон чӣ гуна даст медиҳад, ва оё инсон маҷбур аст ё мухтор? — он гоҳ мегӯяд:

Саранҷом дар боби мавҷудоти олам ду назари асосӣ миёни аҳли таҳқиқ шуюъ ёфт: яке ин ки куллияи ҷаҳон мураккаб аз аҷзои ҷисмонии бисёр хурд аст ва он аҷзоъ “малаъ”-ро ташкил медиҳанд ва фосилаҳо, ки миёни онҳо ҳаст холӣ аст, ва ҳаракатҳое, ки он “малаъ”-ҳо дар он “халаъ”-ҳо доранд ва ҷамъу парокандагии он аҷзоъ бо ихтилофи шаклу андозае, ки дар онҳо ҳаст мояи кавну фасод ва зуҳуру бурузи ин ҳама осор ва авзоъ мебошад. Пешравони аҳли ин назар Демукротис ва Эпикур буданд ва онҳоро “моддиюн” гуфтаанд. Раъйи дигар ин ки ҷисм муттасили воҳид аст ва аҷзоъи билфеъл надорад ва халаъ маҳол аст ва мадори амри олам бар қувва ва феъл аст ва кавну фасод ва тағйиру таҳаввулро чаҳор иллат аст: модда ва сурат ва фоъил ва ғоят. Ва мавҷудот ду қисманд: ё ҷавҳаранд яъне қоим ба зотанд ё аразанд, ки вуҷудашон баста ба ҷавҳар аст. Ва ҷавҳари ҷисмонӣ моддае аст, ки сурати ҷисмия ихтиёр кардааст. Ва сурати ҷисмия ҳамон абъоди сегона яъне тӯлу арзу умқ аст. Ва ҷисм ҷинсе аст дорои анвоъи мухталиф ва ихтилофи онҳо ба суратҳои навъияи онҳост, ва кавну фасод ва тағйиру табдил махсуси баъзе аз онҳост, ки “унсур” номида шудаанд. Баёни комили раъйи дуввумро, ки асҳобаш “руҳиюн” ва “илоҳиюн” хонда шудаанд, Арасту карда ва муддати ду ҳазор сол аксари донишмандон аз ӯ пайравӣ доштанд ва дар куллиёти ин раъй мувофиқ буданд ва ихтилофашон фақат дар ҷузъиёт буд ва дар Урупо ин фалсафаро ба сурате дароварда буданд, ки онро “эскулостик” (schoolastic) номидаанд…

Марҳуми Фурӯғӣ ҳамаи ин назариётро бо як идда назариёти дигар дар боби афлок ва ғайра ба сурати як раъй ва як назар, ки аҷзоъи он ба ҳам пайваста аст ва нуқтаи муқобили назари аввал аст қарор медиҳад. Баъд мегӯяд:

Ҳол бар ин минвол буд то замоне, ки кам-кам дар Урупо фикрҳои тоза зуҳур кард ва саранҷом Декорти фаронсавӣ фалсафаи пешиниёнро яксара ботил ангошт, ҳам аҷзоъи Демукротис ва Эпикурро мункир шуд ва ҳам қувва ва феъл ва иллатҳои чаҳоргонаи Арастуро канор гузошт ва тарҳи тозае рехт…

Он гоҳ ба усули тарҳи Декорт ишора мекунад ва мегӯяд:

Аз ҷумлаи он усул ин ки дар олам, гузашта аз зоти Борӣ ду қисм ҷавҳар ҳаст: яке “ҷисм”, ки ҳақиқати он буъд аст, ва яке “руҳ”, ки ҳақиқати он фикр ё илм аст, ва мадори амри олам бар ҷисм ва ҳаракати ҷисм аст, ва миқдори ҳаракот дар ҷаҳон муайян ва собит аст ва каму зиёд намешавад, ва ҳамаи осори табиӣ, ки натиҷаи буъду ҳаракат мебошанд, ба қоида ва усули риёзӣ дармеоянд, ва барои маърифати онҳо ба ҷуз он усул ва қоидаҳо ба чизи дигар ниёз нест, ва куллияи ҷаҳон монанди дастгоҳи корхона ва мошин аст, ки чархҳои он ба ҳаракате, ки Худованд ба онҳо дода дар ҷунбишанд ва аз худ қувва ва тасарруфе надоранд ва офаридгори олам ин қисм муқаррар фармудааст…

Фурӯғӣ дар ҷилди севвуми “Сайри ҳикмат дар Урупо” зимни баёни фалсафаи Вилём Ҷеймз (William James) таҳти унвони “Тазаккуроти лозим” пас аз ишорае ба ихтилоф ва кашмакаши моддигароён ва илоҳиюн, муддаӣ мешавад, ки:

Зуҳури фалсафаи таҳаққуқӣ (позетивизми Огуст Кант) ва тараққиёти сареъе, ки дар улуми риёзӣ ва табиӣ даст дод, дар авохири садаи 19-ум мунтаҳӣ ба фалсафаи таркибии Ҳерберт Спенсер (Spenser) гардид мабнӣ бар ин ки ҳақиқати мутлақ надонистанӣ аст ва он чӣ донистанӣ аст ҳамоно авориз ва ҳаводиси ин ҷаҳон аст, ки дар таҳти аҳком ва қонунҳои мазбути табиӣ мебошанд…

Он гоҳ ин аҳком ва қонунҳо ва усулро ба ин тартиб шарҳ медиҳад:

1) Қоидаи иллият мабнӣ бар ин ки ҳар амре маълули иллате аст;

2) Асли бақои модда ва ин ки ҳеч мавҷуде маъдум намешавад ва ҳеч маъдуме мавҷуд намешавад;

3) Асли бақои энержӣ: на танҳо миқдори модда собит аст, балки миқдори нерӯ ва энержӣ ҳам собит аст ва каму беш намешавад;

4) Зарурати иллӣ ва маълулӣ ва ин ки ҷараёни умури ҷаҳон бар тибқи қонунҳои мазбут ва ҳатмист, ки тахаллуф дар онҳо роҳ надорад.

Он гоҳ мегӯяд:

Натиҷаи куллии ин қоидаҳо ва усул ин ки ин ҷаҳон корхонае аст мошинӣ ва тасаввури ҷаҳони мошиниро метавон ташбеҳ кард масалан ба як корхонаи порчабофӣ, ки миқдори муайяне панба (пахта) ва пашм барои он таҳия шуда ва он пашму панба хӯроки мошинҳое мешавад ва бар тибқи қоидаҳои муайян ва бар асли иллият таҳаввулоте дар онҳо сурат мегирад ва ба шакли маснуъоте дармеояд, сипас он порчаҳо ва маснуъот ба истеъмол фарсудагӣ меёбанд ва риштаҳо панба мешавад ва дубора хӯроки мошинҳо мегардад ва ин кайфият ҳамвора давр мезанад ва ҷараён меёбад, на чизе бар он меафзояд на коста мешавад, ва ҷараёнаш бар тибқи қонунҳои муайян, ҳатмӣ ва воҷиб аст ва ихтиёре дар кор нест. Зимнан бо ин ки Ҳерберт Спенсер худ вуҷуди амри надонистаниро қоил буд ва роҳи эътиқод ба умури ботиниро набаста буд, косаҳои гармтар аз ош яъне мутамойилон ба моддият метавонистанд истифода кунанд, ки қувваи халлоқияте ҳам дар кор нест…

Сипас мегӯяд:

Аз натоиҷе, ки аз тасаввури мошинии ҷаҳон метавон гирифт ин аст, ки мадори амри ҷаҳон бар асли иллият аст, на бар асли ғоият. Яъне мӯҳтоҷ нестем, ки барои ҳудуси ҳаводис ва ҷараёни умури табиат ғоёте фарз кунем ва дар кори ҷаҳон ҳикмате қоил бошем, зеро гардиши чархҳои мошини табиатро бино бар асли иллият муваҷҷаҳ месозем…

Дар инҷо чанд баҳс аст: яке ин ки оё меконизм ва мошинӣ пиндоштани ҷаҳон аз назари сайри ҳикмат ва фалсафаи ҷадид, як амри қатъӣ аст ва ё мухолифоне дорад? Бояд бигӯем, на танҳо як амри қатъӣ нест, балки шикасти ин фалсафа қатъӣ аст. Моддигароён ибтидо ба ин фалсафа часпида буданд, вале баъд маҷбур шуданд онро тарк кунанд. Дар миёни донишмандон ва фалосифаи Урупо ва хусусан аз назари улуми зистӣ ин матлаб тақрибан қатъӣ аст, ки ҷаҳонро бо тавҷеҳи меконикӣ наметавон тафсир кард. Имрӯз дигар касе иддао намекунад “модда ва ҳаракатро ба ман бидиҳед, ҷаҳонро месозам”. Лойбнитс яке аз файласуфоне аст, ки зуд мутаваҷҷеҳ шуд, ки олами хилқат ба ин соддагӣ нест ва ғайр аз буъду ҳаракат, ҳақиқати дигар дар олам ҳаст, ҳарчанд худи ӯ, ки мехост ҷаҳонро бар асоси динамизм (dinamism) тавҷеҳ кунад, қодир ба ҳалли мушкил нашуд.

Эмил Бутру (Émile Boutroux, 1845-1921) яке дигар аз ин касон аст. Ӯ низ иддао кард, ки мавҷудоти ҷаҳон яксон нестанд ва онҳоро наметавон як риштаи пайваста ба якдигар фарз намуд. Ҷамодот ҳукме доранд ва наботот ҳукме дигар ва ҳайвонот бо ҳар ду мутафовитанд, инсон ҳам барои худ хасоисе дорад, ҳарчанд ӯ низ асоси фикри худро бар асоси нафйи қонуни иллият ва лоақал нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ ниҳод ва назарияи қобили таваҷҷӯҳе надорад.

Бергсун (Bergson) низ меконизмро қодир ба ҳалли ҷараёноти кайфии ҷаҳон ва ба хусус масъалаи ҳаёт намедонад.

Баҳси севвум ин аст, ки талоқии (вохӯрии) фалсафаи меконизм бо фалсафаи исломӣ дар чӣ нуқта аст? Оё ҳамчунон ки маъмулан урупоиён ва касоне монанди Фурӯғӣ, ки таҳти таъсири афкори онҳо ҳастанд пиндоштаанд, лозимаи меконизм нафйи иллияти ғоия ва нафйи қувва ва феъл ва ҳатто нафйи холиқ аст ва лозимаи инкори меконизм инкори қонуни иллият ва лоақал инкори асли зарурати иллӣ ва маълулӣ аст?

Ба ақидаи мо, ин гуна тарзи тафаккур аз асос ғалат аст. Меконизм танҳо бо як назария сару кор дорад ва он назарияи “сурати навъия” аст ва аз ҳаминҷо бо масъалаи “моҳият ва зоти ашё” иртибот пайдо мекунад.

Акнун мо бояд бибинем, назарияи қудамо дар бораи суратҳои навъия бар чӣ асосе будааст ва оё бо таваҷҷӯҳ ба маълумоте, ки дар бораи ашё пайдо шудааст, боз ҳам зарурате ҳаст, ки ба суратҳои навъия эътироф кунем ё зарурате нест?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: