Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (237)

Бақияи қиссаи пири чангӣ ва баёни махласи он (1)

* * *

Мутрибе, к-аз вай ҷаҳон шуд пуртараб,

Руста з-овозаш хаёлоти аҷаб.

Навозандае буд, ки ҷаҳон аз навохтани нағмаҳои дилнишини ӯ шодмону пурнишот шуда буд. Ва аз нағмаҳои дилпазираш хаёлоти зебо ва шигифтангез падид омада буд.

Аз навояш мурғи дил паррон шудӣ

В-аз садояш ҳуши ҷон ҳайрон шудӣ.

Аз нағмаи диловези сози ӯ мурғи дил ба парвоз дармеомад ва аз шунидани овояш ҳуши ҷон саргаштаву ҳайрон мешуд.

Чун баромад рӯзгору пир шуд,

Боз ҷон-ш аз аҷз пашшагир шуд.

Пас аз гузашти рӯзгороне пир шуд ва бар асари заъфу аҷз бисёр нотавон гардид.

Пашшагир шудан: сахт нотавон шудан.

Пушти ӯ хам гашт ҳамчун пушти хум,

Абрувон бар чашм ҳамчун полдум.

Камараш хамида гашт монанди пушти хумра ва абрӯҳояш рӯи чашмонаш овехта шуд ва онро пӯшонид.

Гашт овози латифи ҷонфизош

Зишту назди кас наярзидӣ ба лош.

Он овози латифу ҷонафзояш зишт шуд ва дигар ҳеч кас барои ӯ арзише қоил намешуд.

Лош: ночиз ва бемиқдор.

Он навои рашки Зуҳра омада,

Ҳамчу овози хари пире шуда.

Нағма ва овози дилнавози ӯ, ки ситораи Зуҳраро ба рашку ҳасад ангехта буд, ба бонги нохушоянди улоғе пиру аз кор афтода мубаддал шуда буд.

Рашки Зуҳра: овои бисёр хуш, ки ситораи Зуҳраро, ки раббуннавъи тараб аст, ба рашк ангезад.

Худ кадомин хуш, ки ӯ нох(в)аш нашуд?

Ё кадомин сақф, к-он мафраш нашуд?

Кадом хушӣ аст, ки ба нохушӣ мубаддал нашуда бошад? Саранҷом ҳар сақфи баланду рафеъе фурӯ хоҳад рехт ва паст хоҳад шуд.

Мифраш: он чи рӯи замин бигустаронанд.

Ғайри овози азизон дар судур,

Ки бувад аз акси дамшон нафхи сур.

Магар овози азизон ва он муридони илоҳӣ, ки нафхаи сури Исрофил бозтобе аз даму нафаси гарми синаи онҳост.

Андаруне, к-андарунҳо маст аз ӯст,

Нестӣ, к-ин ҳастҳомон ҳаст аз ӯст.

Аз ботини ин азизон ва мардони илоҳӣ даруни ҳамаи соликон маст аст ва нестии ин азизон навъе аст, ки ҳастиҳои мо аз он ҳастӣ ёфтааст.

Нукта: Манзур ин аст, ки авлиёуллоҳ аз лиҳози вуҷуди мавҳумии маҷозӣ фонӣ мешаванд, вале дар олами ботин бо Ҳақ боқиянд. Зеро Ҳақ Таъоло низ ҳасти нестнамост, яъне бар ҳасби зоҳир ба иллати шиддати зуҳур махфӣ шудааст. Ҳамин тавр авлиёуллоҳ низ, ки мазҳари томми ӯ ҳастанд, бар ҳасби зоҳир ва ба лиҳози вуҷуди маҷозӣ нест ҳастанд, вале ба ҳасби воқеъ мавҷуданд ба вуҷуди Ҳақ. Вуҷуди мо низ аз ҳамон вуҷуд сарчашма мегирад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.639)

Каҳрабои фикру ҳар овози ӯ,

Лаззати илҳому ваҳйу рози ӯ.

Ҳастии мардони Худо монанди каҳрабо ҷаззоби дилу ҷоне аст, ки омодаи қабули асрор бошад ва ё он ки ҷозиби фикрҳо ва овозҳои ақлӣ ва ҳиссӣ аст, ки онҳоро мусаххар месозад ва ба нури яқин бармеафрӯзад, то лаззати ваҳйу илҳомро дармеёбад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.852)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: