Эрон ҷузъиёти нишасти муштараки намояндагони Омрико, Мунофиқин, Боризонӣ ва Арабистон дар ошӯбҳои ахирро эълом кард

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар баёнияе, тавтиаеро, ки ахиран алайҳи ин кишвар сурат гирифтааст тафсил дод.

Дар ин баёния омадааст: “Мизи барномарезии ошӯб ба шарҳи зайл буд:

— Мойкл Андрео (маъруф ба “Оятуллоҳ Мойкл”), мудири бахши ҷосусӣ ва амалиётҳои зидди Эрон дар созмони CIA (ЦРУ), ки тибқи ифшогарии рӯзномаи омрикоии New York Times, барои эҷоди бесуботӣ ва ошӯб дар Эрон ба ин мақом мансуб шудааст;

— Намояндаи кишвари Арабистони Саудӣ;

— Яке аз Боризониҳо, ки намояндаи “Исроил” будааст;

— Намояндаи гурӯҳаки мунҳат ва шикастхӯрдаи Мунофиқин ва Тифлоҳ бародарзани Саддом, диктотури маъдуми Ироқ (ки чанд моҳ пеш тавассути Омрико аз зиндони Ироқ озод шудааст).”

Дар идомаи ин баёния омадааст: “Омрико, “Исроил” ва Малик Салмон ба бозсозии ҳизби Баъси Ироқ пардохтаанд ва қасд доранд дар интихоботи чанд моҳи ояндаи Ироқ нақши манфӣ ифо кунанд, аз ин рӯ аносуре аз ҷумла бархе наздикони хонаводаи Саддомро ташвиқ ба фаъолияти сиёсӣ дар Ироқ кардаанд. Ин гурӯҳ ба унвони зилъи севвуми иғтишошоти ахир, бо кӯмаки Мунофиқин ва салтанатталабҳо дар канори Омрико, “Исроил”, Арабистон дар иғтишошоти ахир даст доштаанд.”

Баёния афзудааст: “Ҳастаи аслии иғтишошоти ахир муташаккил аз: Арабистон, Омрико, Мунофиқин ва баъсиҳо, касоне ҳастанд, ки на танҳо дар кудетои нофарҷоми соли 1359 (1981) ва ҷанги таҳмилии ҳаштсола нақши меҳварӣ ифо намудаанд, балки дар таъсис ва эҷоди ДОЪИШ меҳварият доштаанд ва ҳамагон медонанд мағзи мутафаккири ҳизби Баъси Ироқ (Иззат Иброҳим) бо Абӯбакр Бағдодӣ муҷрии аслии созмони ДОЪИШ ҳамроҳӣ ва муованат доштааст ва имрӯза, ки шохаи баъсии ДОЪИШ ба минтақаи Арбил (маркази Курдистони Ироқ) паноҳ оварда ва барои таҷзияи шимоли Ироқ дар канори Боризонӣ талошҳояшон бенатиҷа монда, бори дигар бо кӯмаки Омрико, “Исроил”, Арабистон ва Мунофиқин мекӯшад дар Эрон низ иғтишош ва ошӯб эҷод намояд.”

Дар идома омадааст: “Ҳарчанд Омрико, “Исроил” ва Арабистон дар таҷзияи шимоли Ироқ ва дахолат ва фитна дар Лубнон ва иғтишошоти ахири Эрон шикасти таърихӣ мутаҳаммил шудаанд ва сериёли шикастҳояшон ба сурати як ифтизоҳи сиёсӣ моҳияти қудрати ононро нишон медиҳад, вале ҳамчунон бино доранд ба дахолатҳои номашрӯи худ идома диҳанд, ки ҳушёрии мардум ва нерӯҳои амниятӣ ба вежа дар муқобила бо шойеасозӣ ва дурӯғпарокании онон дар фазои маҷозӣ ва расонаӣ, муҳимтарин омили хунсо шудани тавтиаҳои душманон хоҳад буд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: