Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (7)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (2)

Равишҳо ва машрабҳо

Ба таври куллӣ, дар масоили марбут ба мабдаъ ва маод, равишҳо ва машрабҳо мутафовит аст. Ҳар як аз аҳли ҳадис, мутакаллимон, ҳукамо, урафо ва пайравони равиши ҳиссӣ ва улуми табиӣ роҳу равиши хосс доранд.

Аҳли ҳадис дар масоили марбут ба усули дин, монанди масоили фурӯи дин тарафдори таслиму таъаббуд ва мухолифи ҳар навъ тафаккуру таъаммуқ ва истидлолу мантиқанд. Аз назари ин даста, дар ҳеч масъала аз масоил, ки дар қаламрави дин аст — аъамм аз усул ё фурӯъ — набояд баҳсу истидлол ва чуну чаро кард, бояд сокити маҳз буд. Дар китобу суннат омадааст, ки Худованд, ҳай (зинда) аст, алим (огоҳ) аст, қадир (тавоно) аст, мурид аст. Ва ҳам омадааст, ки Худованд одил аст. Мо бояд ба ҳукми эътимоде, ки ба сиҳҳати гуфтори анбиё дорем, ҳамаи инҳоро бидуни чуну чаро бипазирем. Лузуме надорад, ки дар бораи ин ки масалан адл чист ва ба чӣ далели мантиқӣ Худованд одил аст биандешем, балки андешидан дар ин умур бидъат асту ҳаром.

Барои ин гурӯҳ табъан масъалае ба номи адл вуҷуд надорад, яъне ин гурӯҳ ҳаргиз худро мултазим намедонанд, ки ба бархе аз ишколот, ки дар бораи адли илоҳӣ пеш меояд, посух бигӯянд.

Назари ин гурӯҳ беасос аст, мо дар муқаддимаи ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” дар бораи беасосии ин назар баҳс кардаем, баҳси муҷаддадро дар инҷо лозим намедонем.

Аз ин гурӯҳ, ки бигзарем, соири гурӯҳҳо тафаккур ва таъаммуқро ҷоиз мешуморанд ва бо равишҳои гуногун ба баҳсу таҳқиқ пардохтаанд.

Мутакаллимон дар бораи адл ду даста шудаанд: гурӯҳе (Ашоира) дар тафаккуроти худ ба ин натиҷа расидаанд, ки сифати адл мунтазаъ (баргирифта) аст аз феъли Худованд аз он ҷиҳат, ки феъли Худованд аст. Аз назари ин гурӯҳ, ҳар феъле дар зоти худ на адл аст ва на зулм, ва ҳар феъле аз он ҷиҳат адл аст, ки феъли Худост. Ва ба илова, ҳеч фоиле ғайр аз Худо, ба ҳеч наҳв, на билистиқлол ва на ба ғайри истиқлол, вуҷуд надорад, пас, ба ҳукми ин ду муқаддима, зулм мафҳум надорад. Инҳо барои адл таърифе ҷуз ин суроғ надоранд, ки феъли Худост, пас ҳар феъле чун феъли Худост, адл аст, на ин ки чун адл аст, феъли Худост.

Аз назари ин гурӯҳ ҳеч зобитае табъан дар кор нест, масалан наметавонем бо иттико ба асли адл, ҷазман иддао кунем, ки Худованд некӯкорро подош медиҳад ва бадкорро кайфар, ва ҳам наметавонем ҷазман иддао кунем, ки Худованд, ки чунин ваъдае дар Қуръон додааст, қатъан вафо хоҳад кард, балки агар Худованд некӯкоронро подош диҳад ва бадкоронро кайфар, адл хоҳад буд, ва агар ҳам баръакс рафтор кунад, боз адл хоҳад буд. Агар Худованд ба ваъдаи худ вафо кунад, адл аст, ва агар ҳам накунад, боз адл аст. Агар Худованд ба чизе, ки имкони вуҷуд ёфтааст ифозаи вуҷуд намояд, адл аст, ва агар накунад ҳам адл аст. Зеро адл он чизе аст, ки ӯ бикунад: “Ҳар чӣ он Хусрав кунад, ширин бувад.”

Ин гурӯҳ ҳарчанд худашон муддаии инкори адл нестанд, вале бо тавҷеҳе, ки аз адл кардаанд, амалан мункири адланд ва ба ҳамин хотир мухолифони Ашоира — яъне Мӯътазила — ба “Адлия” маъруф шуданд; ишора ба ин ки он чи Ашоира мегӯянд, тавҷеҳи адл нест, инкори адл аст.

Аз назари ин гурӯҳ низ қаҳран масъалае дар бораи адли илоҳӣ наметавонад матраҳ бошад, балки ин гурӯҳ аз гурӯҳи аввал, аз назари таъаҳҳуд ба посухгӯӣ ба ишколоти марбут ба адл, озодтаранд.

Ин гурӯҳ ба хаёли худ хостаанд роҳи “танзеҳ” бипӯянд ва Худовандро аз ширк дар холиқият, ва ҳам аз зулму ситам муназзаҳ ва мубарро бидонанд, аз ин рӯ аз тарафе аз ғайри Худо нафйи фоилият кардаанд ва аз тарафи дигар сифати адлро дар мартибаи мутаъаххир аз феъли Худо қарор додаанд, ба тавре, ки ҳусну қубҳи ақлии афъолро аз реша инкор карда ва гуфтаанд, мафҳуми одилона будани як феъл, ҷуз ин нест, ки мустанад ба Худованд бошад, ва бо ин муқаддамот натиҷагирӣ кардаанд, ки Худованд на дар фоилият шарик дорад ва на зулм мекунад.

Аммо дар ҳақиқат, ин гурӯҳ ба ҷои Худованд, золимони башариро “танзеҳ” намуда ва табриа кардаанд. Зеро ибтидоитарин ва равшантарин натиҷае, ки аз ин тарзи тафаккур гирифта мешавад ин аст, ки он чи фалон ситамгар мекунад, ӯ намекунад, балки Худо мекунад! Ва чун Худо мекунад, зулм нест, айни адл аст, зеро адл бино бар ин маслак, мафҳуме ҷуз ин надорад, ки кор кори Худо бошад. Аз тарафи дигар, чун коре, ки ғайри Худо фоили он бошад, ба ҳеч ваҷҳ ва ба ҳеч эътибор ва ба ҳеч маънӣ вуҷуд надорад, пас дар қомуси ҳастӣ “зулм” ба ҳеч ваҷҳ вуҷуд надорад. Шояд иллати ҳимояти ситамгароне монанди Мутаввакили Аббосӣ аз Ашоира ҳамин натиҷагирии матлуб будааст.

Бо чунин мантиқ ва чунин натиҷагирӣ, нақши мазлум дар дифоъ аз ҳуқуқи хеш ва вазифае, ки аз назари дин бояд анҷом диҳад чист?! Хеле равшан аст.

Аммо ин ки ин мутакаллимон дар бораи он ҳама нисбатҳои зулме, ки Қуръон ба ситамгарони башар медиҳад ва вазифае, ки Қуръон бар ӯҳдаи афрод дар заминаи мубориза бо зулму золим ниҳодааст, чӣ мегӯянд? Суоле аст, ки посухи онро аз худи Ашоира бояд пурсид.

Соири мутакаллимон — ва дар ҳақиқат шахсиятҳои барҷастаи мутакаллимон — мантиқи Ашоираро сахт тард ва таҳқир кардаанд. Онон на нафйи фоилият аз ғайри Худо кардаанд ва на бо дастовези тавҳиди феълӣ, зулми башариро нафй намудаанд. Мутакаллимони ғайриашъарӣ — яъне мутакаллимони шиъӣ ва мӯътазилӣ — адлро ба унвони ҳақиқати воқеӣ дар ҷараёноти олам, қатъи назар аз интисоб ва адами интисоби ҷараёнот ба Худованд, мавриди қабул қарор дода ва қоил ба ҳусну қубҳи ақлӣ ва зотӣ шудаанд.

Ин мутакаллимон мӯътақиданд, ки асли ҳусну қубҳи ашё, ҳамон тавр, ки меъёр ва миқёси корҳои башарӣ аст, метавонад меъёр ва миқёси афъоли рубубӣ қарор гирад. Ва ба ҳамин хотир дар масоили илоҳиёт ҳамвора ин асл мавриди истиноди ин гурӯҳ қарор мегирад. Ин гурӯҳ бо таваҷҷӯҳ ба ин асл ва таваҷҷӯҳ ба бадеҳӣ будани ҳусни адл ва қубҳи зулм, ин масъаларо ба шакли як асли ахлоқӣ, вале дар сатҳи рубубӣ матраҳ менамоянд. Мегӯянд: адл зотан нек аст ва зулм зотан зишт аст. Худованд, ки ақли ғайримутаноҳӣ аст, балки файзбахши ҳамаи ақлҳост, ҳаргиз кореро, ки ақл нек мешиносад тарк намекунад ва кореро, ки ақл зишт мешуморад анҷом намедиҳад.

Аммо ҳукамои илоҳӣ (фалосифаи илоҳӣ), ки аз роҳи дигар рафтаанд ва баъд ба он ишора хоҳем кард, дар айни ин ки аз лиҳози тавҳиди афъолӣ нафйи ширк дар холиқият мекунанд, фоилиятро мунҳасир ба зоти Ҳақ намедонанд, ва дар айни ин ки ҳусну қубҳро мутаъаххир аз мартибаи феъли Ҳақ ва мунтазаъ (баргирифта) аз низоми вуҷуд медонанд, Худовандро аз зулм танзеҳ мекунанд. Ҳукамои илоҳӣ мункири ҳусну қубҳи ақлӣ нестанд ва назари Ашоираро мардуд мешуморанд, аммо маҳдудаи ин мафоҳимро ҳавзаи зиндагии башарӣ медонанду бас. Аз назари ҳукамои илоҳӣ, мафоҳими ҳусну қубҳ дар соҳати кибриёӣ ба унвони миқёс ва меъёр роҳ надоранд, афъоли зоти Бориро бо ин меъёрҳо ва миқёсҳо, ки сад дар сад башарӣ аст, наметавон тафсир кард.

Аз назари ҳукамо, Худованд одил аст, вале на бад-он ҷиҳат, ки адолат нек аст ва иродаи илоҳӣ ҳамвора бар ин аст, ки корҳои некро анҷом диҳад, на корҳои бадро. Худованд золим нест ва ситам намекунад, вале на бад-он ҷиҳат, ки зулм зишт аст ва Худованд намехоҳад кори зиште анҷом диҳад. Милоки адли илоҳӣ ва балки мафҳуми адли илоҳӣ, чизи дигаре аст, ки баъдан зикр хоҳад шуд.

Аз назари ҳукамо, андешаи ҳусну қубҳ ва некӣ ва бадии корҳо дар инсон, ки виҷдони ахлоқии башар аз он ташкил шудааст, андешае эътиборӣ аст, на ҳақиқӣ. Арзиши андешаи эътиборӣ, арзиши амалӣ аст, на илмӣ ва кашфӣ. Ҳамаи арзишаш ин аст, ки восита ва абзор аст. Фоили билқувва (масалан инсон) барои ин ки ба ҳадафи камолии худ дар афъоли иродӣ бирасад, ночор аст ба унвони “олати феъл” ин гуна андешаҳоро бисозад ва истихдом намояд.

Зоти муқаддаси аҳадият, ки вуҷуди сирф ва камоли маҳз ва феълияти холис аст, аз ин гуна фоилиятҳо ва ин гуна андешаҳо ва аз истихдоми “олат” ба ҳар шакл ва ҳар кайфият муназзаҳ аст.

Ин ки тафовути андешаи ҳақиқӣ ва андешаи эътиборӣ чист ва зеҳн чӣ гуна андешаҳое аз қабили ҳусну қубҳро месозад, баҳсе олӣ ва латиф аст, ки дар фалсафаи исломӣ матраҳ аст ва мо дар инҷо наметавонем вориди ин баҳс шавем.

Ҳукамо фоилияти ғайри Худоро, он тавр, ки манзури Ашоира аст, нафй намекунанд ва табъан ба вуҷуди зулми башарӣ ва вазифае, ки башар дар мубориза бо нафйи зулм аз иҷтимоъ дорад, эътироф доранд, ва аз тарафи дигар чун асли ҳусну қубҳро ба унвони милок ва миқёс ва меъёре барои феъли Худованд саҳеҳ намедонанд, дар саросари ҳикмати илоҳии исломӣ, ҳаргиз ба ин асл, ки дар ҳақиқат навъе таъйини таклиф ва вазифа барои Худованд аст истинод нашудааст.

Аз назари ҳукамо ва ҳамчунин аз назари мутакаллимони ғайриашъарӣ, ишколоти марбут ба адли илоҳӣ, ки баъдан тарҳ хоҳад шуд, ба сурати як силсила масоил, ки бояд роҳи ҳалли онҳоро ироа дод матраҳ аст.

Дар ин байн, дастаи дигаре ҳастанд, ки муддаиянд роҳҳои каломӣ ва фалсафӣ ҳама ақлонӣ ва зеҳнӣ аст ва муттакӣ ба ҳеч мушоҳидаи айнӣ ва таҷрибӣ нест ва ба ҳамин ҷиҳат беэътибор аст. Дар масоили усули дин, яъне масоили марбут ба мабдаъ ва маод, аз ҳамон роҳ бояд рафт, ки уламои табиӣ рафтаанд. Масъалаи адли илоҳӣ ва ҷавоби ишколоти марбут ба онро низ бояд аз мутолеа дар бораи падидаҳои хилқат ва низомоти ҷорӣ ва ҳикматҳои мактум дар онҳо ҳаллу фасл кард.

Мо дар бораи сиҳҳату суқми ин назария низ дар муқаддимаи ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” баҳс кардаем ва такрори онро дар инҷо лозим намедонем. Толибон метавонанд бад-он ҷо муроҷеа намоянд.

Ишколоти адли илоҳӣ — ки баъдан тарҳ хоҳад шуд — барои ин гурӯҳ низ ба сурати масоиле, ки бояд роҳи ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ кард ва ироа дод матраҳ аст, балки барои инҳо ба сурати ҷиддитар матраҳ аст, зеро мутакаллимон ва ҳукамо фақат яке аз роҳҳое, ки барои исботи Худо ва бархе сифоти Худо аз он роҳ мераванд низомоти мутқан ва ҳакимонаи ҷаҳон аст, роҳашон мунҳасир ба ин роҳ нест, ба ҳамин хотир фаразан натавонанд мушкилоти адлу зулмро мантиқан ҳал кунанд, бар асли эътиқод ва имонашон ба вуҷуди Худованд халале ворид намешавад, зеро вуҷуди Худованд аз роҳҳои дигар ғайр аз роҳи низомоти хилқат барои онҳо қатъӣ ва мусаллам шудааст, ва чун вуҷуди Худованд ва адли Худованд аз он роҳҳо бар онҳо мусаллам шудааст, иҷмолан ба адли илоҳӣ дар ҷараёни хилқат, имон ва эътиқод пайдо мекунанд, ҳарчанд натавонанд тафсилан аз ӯҳдаи таҳлили масоил бароянд. Вале ин роҳ барои ин даста роҳи мунҳасир аст, ва чун роҳи мунҳасир аст, агар дар матни хилқат бо масоиле мувоҷеҳ гарданд, ки тавҷеҳи он аз назари адлу зулм ва низоми аҳсан, мушкил бошад, асоси имон ва андешаашон дар бораи Худованд мутазалзил мегардад. Онҳо Худовандро танҳо дар ойинаи махлуқот мушоҳида мекунанд. Бадеҳӣ аст, ки агар ин ойина дар ироаи адли илоҳӣ андаке тира бошад ва ё зидди онро ироа диҳад, кор аз асос мутазалзил аст.

Аз назари ин даста, то муаммои адлу зулм ҳал нагардад, наметавон дар бораи вуҷуди Худованд назари қотеъ дод, зеро ишколоти марбут ба адли илоҳӣ, далели вуҷуди Худовандро, яъне камол ва тамомияти низоми хилқатро махдуш месозад.

Аллома Ҳиллӣ дар шарҳи “Таҷрид” он ҷо, ки дар бораи илми Борӣ баҳс мекунад, тасреҳ мекунад, ки агар ишколоти шурур ва навоқиси хилқат ҳал нашавад, нақзе бар илм ва ҳикмати Борӣ талаққӣ мегардад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: