Дар базми халифа

(Ду ҳикояти дарсомӯз)

Дар базми халифа

Мутаввакил, халифаи саффок ва ҷаббори аббосӣ, аз таваҷҷӯҳи маънавии мардум ба Имом Ҳодӣ алайҳис-салом бимнок буд ва аз ин ки мардум ба тиби хотир ҳозир буданд фармони ӯро итоат кунанд, ранҷ мебурд. Сиояткунандагон (хабаркашон) ҳам ба ӯ гуфтанд, мумкин аст Алӣ ибни Муҳаммад (Имом Ҳодӣ) ботинан қасди инқилоб дошта бошад ва баъид нест аслиҳа ва ё лоақал номаҳое, ки долл бар матлаб бошад, дар хонааш пайдо шавад.

Аз ин рӯ Мутаввакил як шаб бехабар ва бидуни собиқа, баъд аз он ки ниме аз шаб гузашта ва ҳамаи чашмҳо ба хоб рафта ва ҳар касе дар бистари хеш истироҳат карда буд, иддае аз дежхимон ва атрофиёни худро фиристод ба хонаи Имом, ки хонаашро тафтиш кунанд ва худи Имомро ҳам ҳозир намоянд.

Мутаввакил ин тасмимро дар ҳоле гирифт, ки базме ташкил дода машғули майгусорӣ буд. Маъмурон сарзада вориди хонаи Имом шуданд ва аввал ба суроғи худаш рафтанд. Ӯро диданд, ки утоқеро хилват карда ва фарши утоқро ҷамъ карда, бар рӯи регу сангреза нишаста ба зикри Худо ва розу ниёз бо зоти Парвардигор машғул аст. Вориди соири утоқҳо шуданд, аз он чӣ мехостанд чизе наёфтанд. Ночор ба ҳамин миқдор қаноат карданд, ки худи Имомро ба ҳузури Мутаввакил бибаранд.

Вақте, ки Имом ворид шуд, Мутаввакил дар садри маҷлиси базм нишаста машғули майгусорӣ буд. Дастур дод, ки Имом паҳлӯи худаш биншинад. Имом нишаст. Мутаввакил ҷоми шаробе, ки дар дасташ буд, ба Имом таъоруф кард. Имом худдорӣ кард ва фармуд:

— Ба Худо қасам, ки ҳаргиз шароб дохили хуну гӯшти ман нашуда, маро муъоф бидор.

Мутаввакил қабул кард, баъд гуфт:

— Пас шеър бихон ва бо хондани ашъори нағз ва ғазалиёти обдор маҳфили моро равнақ деҳ.

Имом фармуд:

— Ман аҳли шеър нестам ва камтар аз ашъори гузаштагон ҳифз дорам.

Мутаввакил гуфт:

— Чорае нест, ҳатман бояд шеър бихонӣ.

Имом шурӯъ кард ба хондани шеъре, ки қисмате аз он ба ин шарҳ аст:

بـاتوا على قللِ الأجبال تحرسُهم

غُـلْبُ الـرجالِ فما تنفعهمُ القُللُ

واسـتنزلوا بـعد عزّ من معاقلهم

وأسكنـوا حفراً يا بئس ما نزلوا

نـاداهمُ صارخٌ من بعد دفنهم

أيـن الأساور و التيجانُ والحللُ

أيـن الـوجوه التي كانت منعمةً

من دونها تُضربُ الأستارُ والكللُ

فـأفصحَ القبرُ عنهم حين سائلهم

تـلك الـوجوه عليها الدودُ تنتقلُ

قـد طال ما أكلوا دهراً وما شربوا

فأصبحوا اليوم بعد الأكلِ قد أُكِلوا

Қуллаҳои баландро барои худ манзилгоҳ карданд, ва ҳамвора мардони мусаллаҳ дар атрофи онҳо буданд ва онҳоро нигаҳбонӣ мекарданд, вале ҳеч як аз онҳо натавонист ҷилави маргро бигирад ва онҳоро аз газанди рӯзгор маҳфуз бидорад.

Охируламр аз домани он қуллаҳои манеъ ва аз дохили он ҳиснҳои муҳкам ва мустаҳкам ба дохили гудолҳои қабр поин кашида шуданд, ва бо чӣ бадбахтӣ ба он гудолҳо фуруд омаданд!

Дар ин ҳол мунодӣ фарёд кард ва ба онҳо бонг зад, ки: куҷо рафт он зинатҳо ва он тоҷҳо ва шукӯҳу ҷалолҳо?!

Куҷо рафт он чеҳраҳои парвардаи неъматҳо, ки ҳамеша аз рӯи нозу нихват, дар паси пардаҳои алвон, худро аз анзори мардум махфӣ нигоҳ медошт?!

Қабр оқибат онҳоро расво сохт. Он чеҳраҳои неъматпарварда оқибатуламр ҷавлонгоҳи кирмҳои замин шуд, ки бар рӯи онҳо ҳаракат мекунанд.

Замони дарозе дунёро хӯрданд ва ошомиданд ва ҳама чизро балъиданд, вале имрӯз ҳамонҳо, ки хӯрандаи ҳамаи чизҳо буданд, маъкули замину ҳашароти замин воқеъ шудаанд…”

Садои Имом бо танини махсус ва бо оҳанге, ки то аъмоқи руҳи ҳозирин ва аз он ҷумла худи Мутаввакил нуфуз кард, ин ашъорро ба поён расонид. Нашъаи шароб аз сари майгусорон парид. Мутаввакил ҷоми шаробро муҳкам ба замин кӯфт ва ашкҳояш мисли борон ҷорӣ шуд.

Ба ин тартиб, он маҷлиси базм дарҳам рехт ва нури ҳақиқат тавонист ғубори ғуруру ғафлатро, ҳарчанд барои муддате кӯтоҳ, аз як қалби пурқасоват бизудояд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Намози ид

Маъмун, халифаи боҳушу ботадбири аббосӣ, пас аз он ки бародараш Муҳаммади Аминро шикаст дод ва аз байн бурд ва тамоми минтақаи васеъи хилофати он рӯз таҳти сайтара ва нуфузаш воқеъ шуд, ҳанӯз дар Марв (ки ҷузъи Хуросони он рӯз буд) ба сар мебурд, ки номае ба Имом Ризо алайҳис-салом дар Мадина навишт ва он ҳазратро ба Марв эҳзор кард. Ҳазрати Ризо узрҳое овард ва ба далоиле, аз рафтан ба Марв маъзарат хост. Маъмун дастбардор набуд.

Номаҳое пушти сари якдигар навишт, то он ҷо, ки бар Имом равшан шуд, ки халифа дастбардор нест.

Имом Ризо аз Мадина ҳаракат кард ва ба Марв омад. Маъмун пешниҳод кард, ки биё ва амри хилофатро ба ӯҳда бигир. Имом Ризо, ки замири Маъмунро аз аввал хонда буд ва медонист, ки ин матлаб сад дар сад ҷанбаи сиёсӣ дорад, ба ҳеч наҳв зери бори ин пешниҳод нарафт.

Муддати ду моҳ ин ҷараён идома пайдо кард, аз як тараф исрор ва аз тарафи дигар имтиноъу инкор.

Охируламр Маъмун, ки дид ин пешниҳод пазируфта намешавад, мавзӯи вилоятаҳдиро пешниҳод кард. (Яъне шумо ҷонишини ман ҳастед.) Ин пешниҳодро Имом бо ин шарт қабул кард, ки сирфан ҷанбаи ташрифотӣ дошта бошад ва Имом масъулияти ҳеч кореро ба ӯҳда нагирад ва дар ҳеч коре дахолат накунад. Маъмун ҳам пазируфт.

Маъмун аз мардум бар ин амр байъат гирифт. Ба шаҳрҳо бахшнома кард ва дастур дод ба номи Имом Ризо сикка заданд ва дар манобир ба номи Имом хутба хонданд.

Рӯзи ид расид (иди қурбон). Маъмун фиристод пеши Имом ва хоҳиш кард, ки: дар ин ид шумо биравед ва намози идро бо мардум бихонед, то барои мардум итминони бештаре дар ин кор пайдо шавад. Имом пайғом дод, ки: паймони мо бар ин буда, ки дар ҳеч кори расмӣ дахолат накунам, бинобар ин аз ин кор маъзарат мехоҳам.

Маъмун ҷавоб фиристод: маслиҳат дар ин аст, ки шумо биравед, то мавзӯи вилоятаҳдӣ комилан тасбит шавад. Он қадр исрору таъкид кард, ки охируламр Имом фармуд:

Маро маъоф бидорӣ беҳтар аст ва агар ҳатман бояд биравам, ман ҳамон тавр ин фаризаро адо хоҳам кард, ки Расули Худо ва Алӣ ибни Абӯтолиб адо мекардаанд.”

Маъмун гуфт: ихтиёр бо худи туст, ҳар тавр мехоҳӣ амал кун.

Бомдоди рӯзи ид, сарони сипоҳ ва табақоти аъёну ашроф ва соири мардум, тибқи маъмул ва одате, ки дар замони хулафо пайдо карда буданд, либосҳои фохир пӯшиданд ва худро ороста бар аспҳои зин ва яроқ карда, пушти дари хонаи Имом, барои ширкат дар намози ид ҳозир шуданд.

Соири мардум низ дар кӯчаҳо ва маъобир худро омода карданд ва мунтазири мавкиби боҷалолати мақоми вилоятаҳдӣ буданд, ки дар рикобаш ҳаракат карда ба мусалло бираванд. Ҳатто иддаи зиёде марду зан дар пушти бомҳо омада буданд, то азамат ва шавкати мавкиби Имомро аз наздик мушоҳида кунанд. Ва ҳама мунтазир буданд, ки кай дари хонаи Имом боз ва мавкиби ҳумоюнӣ зоҳир мешавад.

Аз тарафи дигар, ҳазрати Ризо ҳамон тавр, ки қаблан аз Маъмун паймон гирифта буд, бо ин шарт ҳозир шуда буд дар намози ид ширкат кунад, ки он тавр маросимро иҷро кунад, ки Расули Худо ва Алии Муртазо иҷро мекарданд, на он тавр, ки баъдҳо хулафо амал карданд.

Аз ин рӯ аввали субҳ ғусл кард ва дастори сафеде бар сар баст, як сари дасторро ҷилави сина андохт ва як сари дигарро миёни ду шона, поҳоро бараҳна кард, домани ҷомаро боло зад, ва ба касони худ гуфт, шумо ҳам ин тавр бикунед. Асое дар даст гирифт, ки сари оҳанин дошт. Ба иттифоқи касонаш аз хона берун омад ва тибқи суннати исломӣ дар ин рӯз, бо садои баланд гуфт:

“Аллоҳу Акбар! Аллоҳу Акбар!”

Ҷамъият бо ӯ ба гуфтани ин зикр ҳамовоз шуданд ва чунон ҷамъият бо шӯру ҳаяҷон ҳамоҳанг такбир гуфтанд, ки гӯӣ аз замину осмон ва дару девор ин ҷумла ба гӯш мерасид. Лаҳзае ҷилави дари хона таваққуф кард ва ин зикрро бо садои баланд гуфт:

Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбару ъало мо ҳадоно, Аллоҳу Акбару ъало мо разақано мин баҳиматил-анъом, Алҳамду лиллоҳи ъало мо аблоно!

Тамоми мардум бо садои баланд ҳамоҳанги якдигар ин ҷумларо такрор мекарданд, дар ҳоле, ки ҳама ба шиддат мегиристанд ва ашк мерехтанд ва эҳсосоташон ба шиддат таҳйиҷ шуда буд. Сарони сипоҳ ва афсарон, ки бо либоси расмӣ омада бар аспҳо савор буданд ва чакма ба по доштанд, хаёл мекарданд мақоми вилоятаҳдӣ бо ташрифоти салтанатӣ ва либосҳои фохир ва савор бар асп берун хоҳад омад. Ҳамин ки Имомро дар он вазъи содда ва пиёда ва таваҷҷӯҳ ба Худо диданд, он чунон таҳти таъсири эҳсосоти худ қарор гирифтанд, ки ашкрезон садоро ба такбир баланд карданд ва бо шитоб худро аз маркабҳо ба зер афканданд ва бе диранг чакмаҳоро аз по дароварданд. Ҳар кас чоқуе меёфт, то банди чакмаҳоро пора кунад ва барои боз кардани он муъаттал нашавад, худро аз дигарон хушбахттар медонист.

Тӯле накашид, ки шаҳри Марв пур аз заҷҷаву гиря шуд, якпорча эҳсосоту ҳаяҷон ва шӯру наво шуд. Имом Ризо баъд аз ҳар даҳ гом, ки бармедошт, меистод ва чаҳор бор такбир мегуфт ва ҷамъият бо садои баланд ва бо гиря ва ҳаяҷон ӯро мушояат мекарданд. Ҷилва ва шукӯҳи маъно ва ҳақиқат чунон эҳсосоти мардумро барангехта буд, ки ҷилваҳо ва шукӯҳҳои мазоҳири моддӣ — ки мардум интизори онро мекашиданд — аз хотирҳо маҳв шуд.

Суфуфи ҷамъият бо ҳарорату шӯр ба тарафи мусалло ҳаракат мекард.

Хабар ба Маъмун расид. Наздиконаш ба ӯ гуфтанд, агар чанд дақиқаи дигар ин вазъ идома пайдо кунад ва Алӣ ибни Мӯсо Ризо ба мусалло бирасад, хатари инқилоб ҳаст. Маъмун бар худ ларзид.

Фавран фиристод пеши ҳазрат ва тақозо кард, ки баргардед, зеро мумкин аст нороҳат бишавед ва садама бихӯред. Имом кафшу ҷомаи худро хост ва пӯшид ва муроҷиат кард, ва фармуд: “Ман, ки аввал гуфтам аз ин кор маъзурам бидоред!”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: