Фалсафа ва равиши реализм (151)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (19)

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (3)

Суратҳои навъия (3)

Акнун мо бояд бибинем, назарияи қудамо дар бораи суратҳои навъия, бар чӣ асосе будааст ва оё бо таваҷҷӯҳ ба маълумоте, ки дар бораи ашё пайдо шудааст, боз ҳам зарурате ҳаст, ки ба суратҳои навъия эътироф кунем ё зарурате нест?

Меконизм ҷуз ин нест, ки равобити аҷзои моддаро бо ҳам, аз қабили равобити аҷзои як мошин медонад. Як ҷамод, ҳамчунин як гиёҳ ва як ҳайвон ва ҳатто як инсон, аз назари меконизм як мошин асту бас.

Акнун бояд бибинем, онон, ки муддаӣ буда ва ҳастанд, ки ихтилофи ҷамоду набот (балки ҳатто ихтилофи ду навъ аз ҷамод, то чӣ расад ба ихтилофи ҷамоду набот ва ё ихтилофи ду набот) ва ё ихтилофи наботу ҳайвону инсон беш аз ихтилоф миёни ду мошин аст, бар чӣ асос қазоват менамудаанд?

Афкори қудамо дар бораи суратҳои навъия аз ин ҷо оғоз мешуд, ки мегуфтанд, ҳамаи аҷрому аҷсом, ки моддаи олам (моддаи аввалӣ ва ё сонавӣ ба ҳасби ихтилофи назаре, ки дар ин ҷиҳат буд)-ро ташкил медиҳанд, дар ҷисмияту ҷирмият ва тӯлу арзу умқ доштан, монанди якдигаранд ва тафовуте миёнашон нест, ва ба иборати дигар, ин ҷиҳат ваҷҳи муштараки ҳамаи онҳост. Вале ашё бо ҳамаи ваҳдату иштироке, ки дар ин ҷиҳат — яъне дар модда ва пайкар – доранд, аз назари осору хоссиятҳо мухталиф ва мутабойинанд. Қаҳран ин пурсиш пеш меояд, ки агар табиати воҳид ҳукмфармо буд, як ҳамсонӣ ва якнавохтӣ ва ҳамонандии комил дар ҷаҳон барқарор буд, таркибу ихтилофе набуд, тағоюру тахолуфе набуд ва ҳатто ҳаракату тағйире набуд, аносури гуногун ва мураккаботи ҷуроҷуре набуд. Ин ихтилофи осору шаклҳову рангҳо ва хоссиятҳову фаъолиятҳо аз куҷо бармехезад? Қаҳран маншае дар кор аст, яъне қувва ё қувваҳое бар модда (ҷисму ҷирм, ки дар ҳама мутасовиян ва муштаракан вуҷуд дорад) ҳукумат мекунад. Қувва, ки бар модда ҳукумат мекунад, дар ҳамаи маводд яксон нест, зеро агар қувва дар ҳамаи маводд яксон буд (ҳамчунон ки худи модда яксон аст), ихтилофу танаввӯъ падид намеомад. Пас, қувваҳои мухталифе бар модда ҳукумат мекунад. Он қувваҳо чист? Ҷавҳар аст ё араз? Ба иборати дигар, худи он қувваҳо чӣ ҳолате доранд? Дар ин ҷо ибтидоан ду фарз фақат вуҷуд дорад:

1) Он чизе, ки ба номи “қувва” вуҷуд дорад ва мабдаи осор аст, мавҷудест сад дар сад мустақил ва хориҷ аз модда ва ҷисм, вале ҳамроҳи ҷисм. Ба иборати дигар: чунин фарз кунем, ки унсури муғойир бо унсури модда вале ҳамроҳ ва дар канори модда вуҷуд дорад, ӯст, ки моддаро аз ҳолати якнавохтӣ ва ҳамсонӣ хориҷ мекунад.

Ин назария бо далоили зиёде рад шудааст, хоҳ он унсурро иродаи мофавқуттабиӣ бидонем ва ё чизи дигар. Ин назар навъе санавият аст, назири санавияти декортӣ, вале дар тамоми ашё ва мавҷудоти табиат.

2) Ин ки он чизе, ки ба номи “қувва” вуҷуд дорад ва мабдаи асар аст, муттаҳид бо модда аст на хориҷ аз он ва сирфан муқорин бо он.

Ин назария низ ба навбаи худ ба ду наҳв қобили тарҳ аст:

а) Қувва араз аст ва қоим ба модда ва қаҳран ба манзилаи хоссияте аз хоссиятҳои модда аст;

б) Қувва ҷавҳар аст ва муттаҳид бо модда аст, ва нисбати модда ва қувва нисбати нақсу камол аст, яъне модда дар мартибаи зоти худ камоли вуҷудӣ пайдо мекунад ва ба мӯҷиби он камоли ҷавҳарӣ, мабдаи осори махсус мегардад. Камолоти ҷавҳарии моддӣ ба суратҳои гуногун пайдо мешавад ва ба ҳамин далел модда ба ҳасби имконот ва шароити мухталиф, суратҳои ҷавҳарии гуногуне пайдо мекунад.

Фарзияи араз будани қувва қатъан ботил аст, зеро бо ин фарзия он чизе, ки онро “қувва” номидем ва мехоҳем хоссиятҳо ва осорро бо ӯ тавҷеҳ кунем, дар радифи хоссиятҳо ва осор дармеояд, ки эҳтиёҷ дорад бо як қувваи дигар тавҷеҳ шавад. Ба иборати дигар, агар касе бигӯяд, “худи қувва хоссиятест аз хоссиятҳои модда ва аз худи модда ношӣ шудааст”, дар ҷавоб гуфта мешавад, модда ба ҳукми ин ки дар ҳама ҷо яксон аст, агар маншаи қувва мебуд, қувваи яксоне ба вуҷуд меовард. Ба илова, мо аз он ҷиҳат маҷбурем ба вуҷуди қувва изъон кунем, ки модда салоҳият надорад маншаи осори мухталиф ва мутанаввеъ шумурда шавад, пас чӣ гуна метавонем моддаи якнавохтро маншаи қувваҳои мухталиф бидонем?! Ва аммо ин ки қувваи дигаре маншаи қувваҳои мафруз бошад, нақли калом ба худи он қувва мешавад, ки ӯ чист? Оё ӯ низ хоссиятест, ки ба модда дода шудааст ё чизи дигар аст? Ва ба фарзи ин ки онро хоссият фарз кунем, суол бармегардад.

Аз ин ҷо мефаҳмем, ки қувваро дар мартибаи зоти модда ва муттаҳид бо модда бояд бидонем, яъне модда ва қувва маҷмӯан як воҳиди ҷавҳариро ба вуҷуд меоваранд, ва нисбати қувва ба модда нисбати мутаъайин аст ба ломутаъайин, ва нисбати фасл аст ба ҷинс, яъне модда гоҳе ба сурати ин қувва дармеояд ва гоҳе ба сурати он қувва, ва ҳар қуввае моҳияти шайъи мураккаб аз модда ва қувваро иваз мекунад ва аз ин ҷиҳат аст, ки ин қувваҳоро “суратҳои навъия” ё “суратҳои мунаввиъа” меноманд ва мегӯянд, ба адади ин қувваҳо моҳиятҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Пас, иллати ин ки фалосифа ва ҳукамо ҷамодот ва наботот ва ҳайвонотро ба анвои мухталиф тақсим кардаанд ва миёни онҳо ихтилофоти зотӣ ва ҷавҳарӣ қоил шудаанд, кашфи қувва илова бар модда будааст, ва дигар ин ки қувваро на ба сурати унсури мустақил ва ҷудо аз модда метавон қабул кард, на ба сурати араз ва хоссияти модда, балки танҳо ӯро ба сурати чизе, ки дар мартибаи зоти модда роҳ меёбад, ва ба иборати дигар, ба сурати чизе, ки зоти модда мутаҳаввил ва мутакомил ба ӯ мешавад, бояд ӯро пазируфт, ва чун қувваҳо гуногун ва мутанаввеъ аст, модда бо ҳар қуввае навъи бахусусе мешавад. Моддаи ҷисмонӣ ба сурати ҳар як аз аносур, ки дармеояд, ҷавҳари худро иваз мекунад, ва аносур ба сурати ҳар мураккабе, ки дармеоянд, чизи дигар мешаванд, на ин ки тавъам бо чизи дигар мешаванд ва на ин ки бо ҳифзи киён ва моҳияти худ, танҳо хоссияти дигар пайдо мекунанд.

Дар ин ҷо бад нест назарияи Эмил Бутруро, ки аз уламои авохири қарни 19-ум ва авоили қарни 20-ум аст ва навъе бозгашт ба назарияи қудамост, ҳарчанд аз ҷиҳоте ноқис аст, нақл кунем. Марҳум Фурӯғӣ дар ҷилди севвуми “Сайри ҳикмат дар Урупо” китобе аз ӯ ном мебарад ба номи “Имкони қонунҳои табиат”. Вай дар он китоб муддаӣ мешавад, ки: “қонуни иллият як қонуни қатъӣ нест, балки як қонуни эҳтимолӣ аст”. Мо аҷолатан ба ин қисмат аз суханони ӯ, ки албатта мавриди қабули мо нест кор надорем, матлабе, ки мавриди таваҷҷӯҳи мост, ин аст, ки мегӯяд:

Мавҷудоти ҷаҳон ҳама яксон нестанд ва ҷараёни умури онҳо бар як равиш намебошад ва онҳоро наметавон як риштаи пайваста ба якдигар фарз намуд. Ҷамодот ҳукме доранд, наботот ҳукми дигар, ҳайвонот бо он ҳар ду мутафовитанд ва инсон ҳам барои худ хасоисе дорад, чунонки аз қадим ба ин нукта бархӯрда буданд, ки дар гиёҳ ҳақиқатест зоид бар он чӣ дар ҷамод ҳаст ва онро “нафси наботӣ” ном ниҳода буданд ва он мояи ҳаёт аст ва ҳар қадр бихоҳем аҳком ва хоссиятҳои моддӣ яъне қонунҳои физикӣ ва шимиёӣ бар он ҷорӣ кунем, саранҷом чизе мемонад, ки аҳкоми ҷамодӣ бар он иҳота надорад, ва ҳамчунин дар ҳайвон чизе аст (ба қавли пешиниён, нафси ҳайвонӣ), ки зоид бар муҷарради ҳаёт аст ва қонунҳои ҳаётӣ бар он иҳота надорад. Инсон ҳам яқинан дар мадорик ва машоъираш чизе ҳаст, ки хоссиятҳои ҳайвоният бар он муҳит нест. Ва ҳар кадом аз ин мароҳили вуҷуд, қонунҳояшон бо мароҳили дигар фарқ дорад ва бар онҳо муҳит аст, чунонки усули ҷоншиносиро наметавон аз қоидаҳои физикӣ ва шимиёӣ даровард ва қонунҳои равоншиноӣ ҳам бо усули ҷоншиносӣ мубойинат дорад. Аз нукоте, ки ин фақараро таъйид мекунад ин аст, ки мавҷудот бо он ки мураккаб аз аҷзоъ мебошанд, яъне ҳар фарде як “кулл” аст, ки аз ҷамъи аҷзое сохта шудааст, хасоиси маҷмӯаҳо ва кулл бо хасоиси аҷзоъ муъодил нест ва зиёда дорад. Масалан, як гиёҳ ё дарахт бо он ки аз аҷзои ҷамодӣ мураккаб аст, хоссияте зоид бар маҷмӯи хоссиятҳои ҷамодии аҷзои худ дорад, ки ҳамон осори нафси наботӣ аст, ва ҳамчунин аст ҳоли ҳайвон ва инсон. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки бо маълумоте, ки аз хоссиятҳои як табақа аз мавҷудот дорем, наметавонем хоссиятҳои табақоти дигарро ба қиёс маълум кунем ва дар ҳар мавриде маҷбурем таҷриба ва мушоҳидаи хосс ба кор бибарем…

Ҳамчунин мегӯяд:

Чун сайри таҳаввулӣ ва такомулии мавҷудотро дар назар мегирем, мебинем бино бар ин ки мавҷудот чандин табақа ҳастанд ва ҳар табақа чизе дорад, ки аз хоссиятҳои табақаи пешин барнаёмада ва бар он мазид шудааст, пас наметавон гуфт, ки сайри такомулии мавҷудот фақат ба таҳаввул аст, балки дар ҳар табақа аз мавҷудот амре тоза эҳдос шудааст. Ба иборати дигар, фақат табдили як кормоя (энержӣ) ба кормояи дигар нест, балки эҷоди кормояи тоза ҳам воқеъ мешавад ва қувваи халлоқият ба кор меравад ва кормояае, ки тоза эҳдос шуда маълулӣ нест, ки кормояи қадим иллати он бошад…

Масъалаи фалсафии “суратҳои навъия” ду поя дорад: яке илмӣ ва дигаре фалсафӣ, ва албатта худи масъала фалсафӣ аст, яъне навъе истинботи фалсафӣ аст ва аз назари милоке, ки дар мавриди ташхиси масоили фалсафӣ аз масоили ғайрифалсафӣ дар кор аст — ки дар ҷилди аввали “Усули фалсафа” шарҳ дода шудааст — ин масъала фалсафӣ аст. Вале пояҳое, ки ин масъала бар он бино ниҳода шудааст, яке илмист, яъне марбут аст ба ҳавзаи улум, ва як пояи дигар дар ҳавзаи худи фалсафа аст.

Пояии илмии он, шаҳодати улум аст ба ихтилофи хоссиятҳо ва осор дар мавҷудот. Физик, ки аз қувваҳои беҷони табиат баҳс мекунад, ба наҳве шаҳодат медиҳад, шимӣ аз назари майлҳои таркибии аносур ба наҳви дигар ва улуми зистӣ аз назари осори ҳаётӣ (ва махсусан аз назари асолати нерӯи ҳаётӣ ва ҳукумат ва тасарруфи он дар модда ва ба хусус қонуни такомул дар ҷондорон аз назари пеш бурдани мавҷуди зинда ба ҷилав) ба наҳви дигар бар ин муддао шаҳодат медиҳанд. Мо ҳар андоза мутолеоти худро дар ин заминаҳо тавсиъа диҳем, моддаи истидлоли мо аз ин назар тақвият мешавад.

Пояи фалсафии матлаб таҳқиқ дар ин ҷиҳат аст, ки ин осор ва хоссиятҳо аз вуҷуди қувваҳо ва нерӯҳои мухталиф ҳикоят мекунад. Он қувва ва нерӯҳо на ба сурати ҷудо ва мустақил ва унсури баробар бо модда ва ё ба куллӣ хориҷ аз табиат метавонад вуҷуд дошта бошад ва на ба сурати як араз ва хоссият барои модда, балки ба сурати камоли ҷавҳарӣ ва виҷҳае олӣ аз як ҳақиқат, ки як виҷҳа ва як ҷиҳат ва як рӯи он, ҷисму буъду ҷирм аст, ва дар ин виҷҳа ҳамаи ашё якнавохт ва ҳамсонанд, ва як виҷҳа ва як рӯи дигари он, ҳамон аст, ки бо қувваи ақл ва истидлоли фалсафӣ вуҷуди онро кашф мекунем ва албатта ҳақиқати онро наметавонем ташхис диҳем; ҳамин қадр медонем, ки ин виҷҳаи ашё мухталиф аст ва маҷмӯи ин ду виҷҳа ҷавҳари воҳидеро ба вуҷуд меоваранд.

Зимнан ин матлаб бояд дониста шавад, ки аз назари ҳукамо милоки ваҳдат ва шахсияти ҳар шайъ ҳамон сурати навъияи ӯст яъне “ӯ” будани ҳар чиз вобаста ба сурати навъия аст, модда ба худии худ наметавонад ба сурати як мавҷуди мутаъайин ва муташаххис мавҷуд шавад.

Ва агар фарзияи атомизмро низ замима кунем ва он гоҳ инкори сурати навъияро матраҳ намоем, матлаб сурати аҷибе ба худ мегирад: аввалан мафҳуми “қазия” ё “ҳамл” – ҳамон тавр, ки дар матн омадааст — ба куллӣ иваз мешавад, яъне дар ҳеч қазияе як воҳиди мушаххас пайдо нахоҳем кард, ки маҳмулро ба ӯ нисбат диҳем. Мафҳуми “Инсон ғизо мехӯрад” ин хоҳад буд, ки анбӯҳе аз аҷзои лоятаҷаззои модда, ки пеши мардум “инсон” номида мешавад, хоссаи тағзияро дорад, балки бино бар фарзияи ҳаракати умумӣ (албатта ҳаракати маконӣ), ки ҳар чӣ ҳаст ҳаракат аст, мафҳуми “Инсон ғизо мехӯрад” ин аст, ки мо маҷмӯае аз ҳаракот ва амвоҷро “инсон” номидаем ва он гоҳ он маҷмӯаро ба истиснои як воҳид аз ҳаракот ва амвоҷ, “мавзӯъ” фарз карда ва воҳиди каноргузошташударо ба маҷмӯъ нисбат додаем. Ва ба ҳар ҳол “ҳамл” ба мафҳуми ваҳдати воқеӣ миёни ду чиз ва ба иборати дигар, иттиҳоди вуҷудии ду мафҳум ҳаргиз маънӣ нахоҳад дошт.

Ин матлаб дар худи матн тавзеҳ дода шудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: