Решаи “маҳалгароӣ” ва роҳи хушконидани он

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шояд ин аз шигифтиҳои мо, тоҷикон бошад, ки дар айни ин ки ҳамаамон ба иттифоқ “маҳалгароӣ”-ро як падидаи бисёр зишт ва нописанд ва ҳатто навъе беморӣ медонем ва давлатмардон ва сиёсатмадоронамон аз минбарҳо ба накӯҳиши он мепардозанд ва нависандаҳо ва шоирон ва рӯзноманигоронамон дар мазаммати он қаламфарсоӣ ва донишмандонамон дар мазарроти он мақолоте менависанд, вале бо ин ҳама, сари бизангоҳ ва ба хусус дар мавоқеъе, ки минтақа ва маҳалламон ва ё яке аз ҳамшаҳриамон “зери суол” биравад, мебинем, як дафъа ва нохудогоҳ, ин ҳисс, ки нописандаш мешуморем, аз замири нохудогоҳамон берун меҷаҳад ва чашмбаста касеро, ки мо ва минтақаи моро ба ҳар далеле, баҳақ ё баноҳақ, “зери суол” бурда, мавриди ҳаҷмаи худ қарор медиҳем.

Ин воқеияти талх нишон медиҳад, ин беморӣ – агар битавон номашро беморӣ номид – дар вуҷуди ҳамаи мо ва дар гӯшае аз замири нохудогоҳамон ҷой гирифта будааст, ва ба гуфтаи рӯзноманигор Сайёфи Мизроб: “Борҳо гуфтаву боз ҳам мегӯям: ҳамаи мо — тоҷикон маҳалчием. Шахсан ман маҳалчӣ ҳастам ва медонам, ин бад аст, дард аст, мараз асту ман мариз. Вале барои шифои мариз бояд сароғоз чӣ коре кард? Дуруст! Ташхис, диагнози дақиқ бояд гузошт…”

Аз қазо, тамоми баҳс дар ҳамин як матлаб аст, ки барои дармони ин беморӣ чӣ кор бояд кард? Ҷаноби Мизроб дуруст мегӯяд, ки аввал бояд ин бемориро ташхис намуд, яъне ибтидо бояд дид, решаи он дар куҷост? Чаро дар замири нохудогоҳ, ва шояд худогоҳамон, ҷой дорад?

Бештари мақолаҳое, ки дар ин мавзӯъ навишта шудааст — то ҷое, ки мутталеъ ҳастам — тавсифӣ аст, яъне ба тавсифи он пардохта, ки масалан маҳалгароӣ зишту нописанд аст ва бояд дур рехт ва миллатгаро буд, на маҳалгаро, ва ин ки ин беморӣ миллатро ба нобудӣ мекашонад ва ғайра… Вале ҳеч як, ба суроғи реша ва омили пайдоиши он нарафта, масалан баён накарда, ки ба ин далел ва он далел ин беморӣ дар мо пайдо шудааст? Зеро, то модоме, ки решаи ин бемориро мушаххас насозем, наметавонем ба дармони он бипардозем; чаро ки пизишк аввал муойана мекунад ва баъд аз ташхиси беморӣ, ба дармони он даст меёзад. Пас, лозим аст ибтидо ба суроғи реша ва омили пайдо шудани ин беморӣ биравем.

Дар ин навиштор, ба баёни ин реша ва омил мепардозам, албатта он чи аз омил ва реша, ки ба назари роқими сутур расидааст, на ин ки муддаӣ бошам, ки танҳо омил ҳамин аст, шояд решаҳои дигаре ҳам дошта бошад, ки ба назари нигоранда нарасида.

Инак, реша ва омили падидаи маҳалгароӣ дар тоҷикҳо:

* * *

Ба назари банда, омил ва решаи пайдо шудани ин беморӣ дар мо, “табъиз” аст. Табъиз яъне баъзеро бар баъзеи дигар бидуни далели муваҷҷаҳ ва одилона тарҷеҳ додан. Дар як хонавода, вақте падар нисбат ба фарзандонаш табъиз қоил бишавад, яъне якеро бар дигарӣ тарҷеҳ бидиҳад, ба яке бештар аз дигарӣ бирасад ва якеро бештар аз дигарӣ мавриди тафаққуд ва таваҷҷӯҳи худ қарор бидиҳад, табиист, ки дар вуҷуди он фарзанде, ки ба ӯ бемеҳрӣ шуда ва мавриди табъизи падар қарор гирифтааст, навъе уқда ва бадбинӣ нисбат ба соири фарзандон ва ҳатто нисбат ба падараш эҷод бишавад.

Ҳамин тавр, вақте як ҳукумат ва ё ҳоким, миёни шаҳрвандони як кишвар табъиз қоил бишавад; ба баъзе бирасад ва баъзеи дигарро муҳмал гузорад ва балки ба эшон беҷиҳат ситам намояд, дар ин сурат, дар дили онҳо уқда пайдо мешавад, ва ҳамин уқда ба тадриҷ табдил ба навъе бадбинӣ ба соири шаҳрвандон (яъне шаҳрвандоне, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат будаанд) ва низ шахси ҳоким ва ҳукумат хоҳад шуд. Ва низ, ҳамин табъиз сабаб мегардад, ки шаҳрвандони мавриди бемеҳрӣ воқеъшуда, ба тадриҷ ба як киён ва як воҳиди иҷтимоӣ, ки бояд ҳавои якдигарро дошта бошанд, табдил хоҳанд гардид. Яъне ба як “маҳал”, ки сокинонаш фақат ҳавои якдигарро дошта ва ба дигар воҳидҳои иҷтимоӣ (манотиқи дигар) ба чашми душманӣ (лоақал ба чашми бегона) нигоҳ бикунанд.

Дар замони пеш аз ҳукумати Шӯравӣ, яъне дар даврони ҳукумати манғит ва ҳатто пеш аз он, бадахшониҳои исмоилимазҳаб, ба хотири мазҳабашон, мавриди табъизи умаро ва ҳукком ва ҳатто соири сокинони ин сарзамин қарор мегирифтанд. Ин як воқеияти бисёр талхи таърихамон аст, ки бояд бигӯем. Инро бояд бигӯем, то дигар такрор нашавад. Ин ки бадахшониҳои азизамон бештарашон миннатдори русҳо ва ҳукумати Шӯравӣ ҳастанд, дақиқан ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳукумати Шӯравӣ онҳоро аз ин вазъи асафбор раҳо намуд ва наҷоташон дод. Ҳақ доранд миннатдори русҳо ва болшевикҳо бошанд!

Аммо пас аз барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон, бо ин ки табъиз аз сари бахше аз ин мардум яъне бадахшониҳо бардошта шуд, вале навъе дигар аз табъиз бар ин сарзамин соя афканд. Ва он ин буд, ки дар тӯли тақрибан ҳафтод соли ҳукумати Шӯравӣ, ҳукком ва мақомоти олирутбаи кишвар, фақат аз як минтақа ва маҳалли бахусусе баргузида мешуданд, яъне вилояти Ленинобод (Суғди имрӯз). Ин табъиз ҳам, тафовути чандоне бо табъизи ҳуккоми манғит надошт ва балки бадтар аз он буд. Зеро, агар то замони ҳукумати Шӯравӣ танҳо бадахшониҳои исмоилимазҳаб мавриди табъиз қарор мегирифтанд, пас аз Шӯравӣ аммо бештари манотиқи кишвар мавриди табъиз ва эҳмол ва бетаваҷҷӯҳии ҳукумат ва ҳуккоми вақт қарор гирифтанд. Ин ҳам як воқеияти бисёр талхи таърихамон аст, ки сабаб гардид дар дили сокинони манотиқи маҳрум навъе уқда нисбат ба дигарон эҷод ва дар натиҷа падидаи маҳалгароӣ пайдо бишавад.

* * *

Ҳол, ки реша ва омили ин беморӣ равшан шуд, дармонаш ҳам маълум мегардад. Дармони ин беморӣ он аст, ки дигар ва аз ин ба баъд, миёни шаҳрвандон табъизе сурат нагирад. Зеро, то вақте ки табъиз ҳаст, ин беморӣ ҳам ҳаст.

Имрӯз ва пас аз истиқлоли Тоҷикистони азизамон, “шоистасолорӣ” бояд ҷойгузини “минтақасолорӣ” шавад; минтақасолорие, ки бар мабнои табъиз устувор аст ва сабаби пайдоиши бемории “маҳалгароӣ” мегардад. Ҳокимони феълӣ набояд иштибоҳи салафи худ аз ҳокимонро такрор кунанд. Аммо мебинем, мутаассифона дар ҳоли такрори ҳамон иштибоҳҳо ҳастанд. Ҷо дорад инҷо шоистасолориро тавзеҳ бидиҳам:

Шоистасолорӣ (meritocracy) ба шевае аз ҳукумат ё мудирият гуфта мешавад, ки дар он, дастандаркорон бар пояи тавоноӣ ва шоистагиашон барои маносиб баргузида мешаванд, на бар пояи равобити хешовандӣ ва ё минтақаиашон. Дар ҷомеаҳои шоистасолор, нигаришҳои хешовандсолорӣ, минтақагароӣ ва ҳатто ҳизбсолорӣ матруд аст.

Хешовандсолорӣ ва минтақасолорӣ на танҳо табъиз ва дар натиҷа сабаби пайдо шудани бемории маҳалгароӣ мешавад, балки як монеъи бузург бар сари роҳи пешрафт ва тараққии кишвар ҳам ҳаст. Яъне вақте меъёри ҳоким барои интихоби як фард барои як вазоратхона ва ё идора, қаробати хонаводагӣ ва ё минтақа ва маҳалли ӯ бошад, на шоистагӣ ва лаёқати он фард, дар ин сурат, ин рафтори ҳоким на танҳо боиси эҷоди навъе уқда дар миёни шаҳрвандон (ва дар натиҷа боиси эҷоди маҳалгароӣ дар онҳо) мешавад, балки садде аст дар баробари пешрафти кишвар.

Роқими сутур ҳанӯз намефаҳмад, ки чаро фарзандони раисиҷумҳури феълӣ ва домодҳо ва хешонаш, соҳиби маносиб ва мақомҳои калидии кишвар шудаанд, магар касе дигар дар ин кишвар вуҷуд надорад? Ин рафтори раисиҷумҳур ба маротиб бадтар аз рафтори ҳокимони тоҷики даврони Шӯравӣ аст, зеро онҳо, бо ин ки маносибро ба минтақаи бахусусе ихтисос дода буданд – ки иштибоҳ буда албатта чунонки гуфтем – вале миёни фарзандону домодҳо тақсим намекарданд. Яъне, агар рафтори онҳо сабаби эҷоди маҳалгароӣ шуда буд, рафтори раисиҷумҳури феълӣ сабаби шиддат ёфтани ин беморӣ аст.

Пас, хулоса ин ки: агар мо бихоҳем марази маҳалгароӣ рахт барбандад, танҳо роҳаш ин аст, ки шоистасолорӣ ҷойи ин масхарабозиҳоро бигирад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

1 reply

  1. Сайидюнуси Истаравшани, аз аввал то охир ,, шоистасолори,, ва ,,минтакасолори,, навиштеду навиштед, чи мехохед бо ин навиштахо. Агар максадатон вазифаю мансабталаби аст, пас руйрост бигуед, ки шахси мансабпараст хастеду мансаби олии давлати мехохед. Фарзандон ва домодхои рохбари давлат хам чун дигар шахрвандони кишвар хукук ба интихоби касб ва мехнат доранд. Пас онхо хам чун дигар шахрвандони комилхукуки кишвар бояд кор кунанд, дар ободии Ватан сахмгузор бошанд, зиндагиашонро пеш баранд, оилаашонро таьмин кунанд. Чунки хамаи фарзандони рохбари давлат дониши хуб доранд, якчанд забонхои хоричиро медонанд, аз ухдаи касби интихобкардаашон мебароянд. Бо ин навиштахоятон чи мехохед? Табьизе, ки мегуед, ба маьнои он худи Шумо дуруст сарфахм нарафтаед. Пас суханпардозиро як тараф монеду ба кадри тинчию амони ва осудагии кишвар бирасед. Чудоиандозиро бас кунед.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: