Фалсафа ва равиши реализм (152)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (20)

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (4)

Матни мақола

Ва ба забони дигар, мо суратҳои навъии “инсон”, “асп”, “дарахт”, “об” ва ҷуз онҳоро мавзӯи ҳукм қарор медиҳем ва як донишманди табиӣ моддаро.

Пас аз чанде, ки фарзия ё назарияи ҳаракати умумӣ (ҷаҳони ҳастӣ мусовӣ бо энержист, ҳар чӣ ҳаст ҳаракат аст) пеш омад, таҳаввули тозатаре дар мафоҳими масоили илмӣ ва ба таъбири дигар, дар мафҳуми “қазия” (ҳамл ба истилоҳи мантиқӣ) пайдо шуд. Аслан тарзи тафаккур иваз шуд.

Масалан, дар мавриди ҳамон мисоли собиқ, мафҳуми “Инсон ғизо мехӯрад” ин аст, ки мо маҷмӯае аз хоссиятҳо, ва бо забоне равшантар анбӯҳе аз ҳаракотро, ки дар воқеъ якнавохт ҳастанд вазъ карда ва аз рӯи қарордод “инсон” номидем ва пас аз он маҷмӯаи номбурдаро ба истиснои як воҳид аз маҷмӯъ, як зоти ҷавҳарӣ қарор дода “хӯрдан” (ҳамон воҳиди канор гузошташуда)-ро хоссаи вай шумурдем, ва ҳамчунин дар мисоли дигар ва соири маворид.

Ва аз ин рӯй, мафоҳими “ҷавҳар” ва “араз” ва “моҳият” ва “навъ” ва “зот” ва “сифат” ва монанди онҳо тағйир меёбад ва дар натиҷа мафҳуми қазияҳо низ тағйири вазъ медиҳад. Ҳамон ҳамле, ки мо дар ҳоли оддӣ аз вай (субути сифат бар зот ё бар ҷавҳар) мефаҳмем, пеши ин донишмандон маънояш ин аст, ки маҷмӯае аз хоссиятҳоро як воҳид фарз кунем ва пас аз он якеро аз он ҷумла канор гузошта ва сипас рӯи ҳамон боқӣ бор кунем. Ва ба ҳамин тартиб ҳамаи падидаҳо ва ҳаводиси ин ҷаҳон пеши ин донишмандон бо таркиб ва таҷзия ва таҷаммӯъ ва тафарруд намудор шуда ҷилва менамоянд. Албатта набояд ғафлат варзид, ки ҳаракати умумӣ низ ҳамон ҳаракати маконӣ аст.

Бо таъаммул дар баёни гузашта равшан мешавад, ки ба ин назария намешавад ин тавр хӯрда гирифт, ки “мусовӣ будани ҷаҳони ҳастӣ бо ҳаракат мусталзими ин аст, ки ҳаракат бе мутаҳаррик таҳаққуқ пазирад ва ҳаракат бе мутаҳаррик мафҳум надорад”, зеро рӯи назарияи номбурда фарзи “мутаҳаррик” ва “ҳаракат”, ва ба таъбири дигар, “зот” ва “сифат” ва ё “ҷавҳар” ва “араз” ҷуз арзиши истилоҳ ва қарордод надорад.

Оре, ин пурсиш пеш меояд, ки: дар ҷаҳони ҳастӣ ихтилофот ва тазоддҳое мушоҳида мешавад ва аз ин рӯй яке аз ду роҳро бояд паймуд:

Ё бояд гуфт: ин касрат ва ихтилофот дар намуди сатҳии ҷаҳон худнамоӣ карда ва монанди сароб, шаклҳои фиребанда пайдо менамоянд ва ба воситаи таҳлилу таҷзия тадриҷан аз байн рафта ва билохира табдил ба ҳаракати якнавохти умумӣ мегарданд ва дар ин ҳол мусовии сифр мешаванд.

Ин сухан мусталзими такзиби вуҷуди ихтилофоти хориҷӣ буда мутазаммини даъвои пучи “ҳар чиз ҳар чиз аст” мебошад, ки аз сухани як суфисти ҳақиқӣ низ басе зишт ва норавост.

Ва ё бояд гуфт: ин ихтилофот мустанаданд билохира ба ихтилофоте, ки дар пайкараи худи ҳаракати умумӣ мебошад, монанди ихтилофи суръату бутъ ва ихтилофи ҷиҳату монанди онҳо, ва дар ин сурат пурсиш мунтақил мешавад ба ҳамон ихтилофоте, ки дар худи ҳаракати умумӣ пайдо шудаанд, ва чун худи ҳамон ихтилофоти аввалияи ҳаракат аз қабили суръату бутъ ва ихтилофи ҷиҳат пайваста мутағайир ва мутабаддил ҳастанд, дар тафсир ва тавҷеҳи онҳо бо ҳаракати якнавохти умумӣ ногузир бояд даст ба домани “иттифоқ” бизанем; ҳамон иттифоқ, ки қонуни иллату маълул ва билохира илмро аз миён мебарад.

Гузашта аз ин ки мо дар хориҷ чизҳое дорем, ки ба ҳеч ваҷҳ ба модда ва энержӣ ва билохира ба ҳаракат қобили табдил нест, монанди ваҳдат ва имкон ва вуҷуб ва нисбат ва адад ва монанди онҳо, бо ин ҳама набояд аз нуктае, ки дар мақолаи 1 тазаккур додем ғафлат кард, ва он ин аст, ки ин хӯрдагирӣ пойбанди улуми табиӣ нест, балки мутаваҷҷеҳи таъбири фалсафии назарияи номбурда мебошад. Агар чунончи физик мегӯяд: “Ҷаҳон мусовии ҳаракат аст” қазовате аст, ки дар ҳудуди мавзӯи худ мекунад ва нисбат ба хориҷ аз мавзӯи худ наметавонад нафян ва исботан назар бидиҳад, вале ҳар гоҳ ин қазияро бихоҳем вориди фалсафа кунем, чун мавзӯи он мавҷуди мутлақ аст, бояд гуфт: “Ҳар мавҷуди моддӣ ҳаракатро дорад”.

Пас, чунончи равшан аст, иштибоҳ ва лағзиш, марбут ба фалосифаи моддӣ ва суитаъбири фалсафии онон мебошад, на аз они баҳси илмии табиӣ.

* * *

Акнун мо ҳаракати умумиро чӣ гуна бояд тавзеҳ диҳем?

Чунонки дар мақолаи 5 ишора рафт ва пас аз ин низ баён хоҳем кард, мо дар ҷаҳони модда навъиятҳои ҷавҳарӣ дорем, ки хоссиятҳо ва аъроз, ҷилва ва намоишҳое аз вуҷудоти онҳо мебошанд.

Ва аз сӯи дигар, ҳамин суратҳои ҷавҳарӣ ба гувоҳии ҳиссу таҷриба, ба ҳамдигар қобили табдил мебошанд ва дар садри ин мақола низ ба субут расондем, ки ин гуна табдил мусталзими густарда шудани басоти имкону феълият ва билохира таҳаққуқи ҳаракат мебошад, ҷуз ин ки ҳаракатҳои дигаре монанди ҳаракатҳои маконӣ ба шаҳодати ҳисс дар ин ҷаҳон дорем.

Натиҷае, ки аз ин чанд муқаддима метавон гирифт ин аст, ки:

Мавҷудоти ҷавҳарии ҷаҳони табиат бе он ки ба ҳасби вуҷуди шахсӣ аз ҳамдигар ҷудо ва гусаста буда бошанд, як омезиши вуҷудӣ доранд, ки ба воситаи ӯ ҳамагӣ як воҳиди паҳновареро ташкил медиҳанд, ки биззот мутаҳаррик аст ва хоссиятҳо ва аъроз низ, ки аз вуҷуди он берун нестанд ба туфайл ва табаи вуҷуди он дар табаддул буда ва монанди як қофилаи бузург, пайваста дар роҳи такомул дар ҷараён буда ба сӯи мақсади ниҳоии худ равон мебошад.

Аз суханони гузашта натиҷаҳои зерро метавон гирифт:

1) Дар ҷавҳар ва зотҳои анвоъи табиӣ, ҳаракат ҳаст;

2) Аъроз ва хоссиятҳои анвоъи хориҷия монанди навъҳои унсурӣ ва мураккабот дар айни ҳол, ки сокин дида мешаванд, ба табаи ҷавҳарашон мутаҳарриканд;

3) Ҳар падидаи ҷавҳарӣ як қитъаи махсусе аст аз ин ҳаракати паҳновар, ки аз падидаи пеш аз худ ва пас аз худ ба ҳасби воқеъ гусаста ва ҷудо нест, агарчи мо онро як мавҷуди ҷудо аз дигарон фарз мекунем; дуруст монанди қатаъоти замон, ки бо торикӣ ва равшании рӯзу шаб аз ҳамдигар ҷудо шуда ва ба шумора меоянд, дар ҳоле, ки як ҳаракати мумтадд ва муттасил беш нестанд;

4) Ҳаракатҳои дигари маҳсусро, монанди ҳаракати маконӣ, бо мулоҳизаи ҳаракати ҷавҳарии номбурда бояд аз қабили “ҳаракат дар ҳаракат” пазируфт;

5) Чун ҳар ҳаракате ғояте дорад, чунонки пештар гузашт, оромиш ва сукуни ин ҳаракати ҷавҳарӣ низ бо феълият пайдо кардани имкони ҷисм аст яъне бо пайдо шудани ҷавҳаре собит (ҷавҳари муҷаррад аз модда ва ҳаракат) мебошад. Дар натиҷа “таҷарруд аз модда” ғояти ҳаракати ҷавҳарӣ аст;

6) Дар ҷаҳони табиат, сукуни мутлақ (надоштани ҳаракат аз чизе, ки метавонад ҳаракат кунад) надорем, зеро вуҷуди хориҷии табиат бо тавобеъи вай мусовӣ бо ҳаракат аст. Оре, ин ҳақиқат бо пайдоиши сукуни нисбӣ, ки ҳисс низ таъйид мекунад мунофот надорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: