Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (238)

Бақияи қиссаи пири чангӣ ва баёни махласи он (2)

* * *

Чунки мутриб пиртар гашту заъиф,

Шуд зи бекасбӣ раҳини як рағиф.

Ҳангоме ки он хунёгари чангнавоз пиру нотавон шуд, дигар аз шиддати фақру надорӣ ва зиқи маош, ниёзманд ба як буридаи нон буд.

Рағиф: буридае нон.

Гуфт: умру мӯҳлатам додӣ басе,

Лутфҳо кардӣ, Худоё, бо хасе.

Дар ин вақт рӯ ба даргоҳи Ҳақ Таъоло карда ва арза дошт: Худовандо! Ба ман мӯҳлати бисёр ва умри дароз додӣ, эй Худо, ба як бандаи ночиз лутфҳои бешумор кардӣ.

Маъсият варзидаам ҳафтод сол,

Бознагрифтӣ зи ман рӯзе навол.

Ман дар тайи ҳафтод сол дар роҳи гуноҳу маъсият кӯшидам, вале бо ин ҳол, ту ҳатто як рӯз ҳам атоятро аз ман бознагирифтӣ.

Нукта: Шояд мурод аз “маъсият” навохтан дар маҷолис ва маҳофили аҳли ҳавову ҳавас бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.640)

Нест касб, имрӯз меҳмони ту(в)ам,

Чанг баҳри ту занам, к-они ту(в)ам.

Имрӯз ҳеч касбу коре надорам ва меҳмони ту ҳастам, пас чангро имрӯз барои ту менавозам, зеро банда ва мамлуки ту ҳастам.

Чангро бардошт, шуд Аллоҳҷӯ,

Сӯйи гӯристони Ясриб оҳгӯ.

Чангро ба даст гирифт ва Худоро талаб мекард ва ба сӯи гӯристони Ясриб (Мадинаи кунунӣ) раҳ месупурд ва оҳ мекашид.

Гуфт: хоҳам аз Ҳақ абрешимбаҳо,

К-ӯ ба некӯӣ пазирад қалбҳо.

Бо худ гуфт: аз Ҳақ Таъоло дастмузди навозандагиамро мехоҳам, зеро Худованд аз камоли лутфаш бо он некӯӣ ва эҳсоне, ки дар ҳаққи бандагон дорад, ҳоҷати қалбҳоро раво мекунад.

Абрешимбаҳо: музди соз задан ва чанг навохтан.

Чанг зад бисёру гирён сар ниҳод,

Чанг болин карду бар гӯре фитод.

Дар гӯристон бисёр чанг навохт, ва дар ҳоле ки гиря мекард, чангро болини худ кард ва рӯи гӯре афтод.

Хоб бурдаш, мурғи ҷон-ш аз ҳабс раст,

Чангу чангиро раҳо карду биҷаст.

Пири чангӣ хобаш бурд ва мурғи руҳаш аз зиндони тан раҳо шуд ва чангу навозандагиро раҳо намуд ва аз қафаси олами хок халосӣ ёфт.

Гашт озод аз тану ранҷи ҷаҳон,

Дар ҷаҳони содаву саҳрои ҷон.

Ӯ аз банди тану ранҷи ҷаҳон озод шуд ва ба сӯи ҷаҳоне соддаву шаффоф ва орӣ аз кудурату тирагии моддият раҳсипори саҳрои ҷон шуд. Яъне бар асари инкисори қалбӣ, ки пайдо кард, ҷазабаи илоҳӣ ӯро даррабуд.

Ҷони ӯ он ҷо сароён моҷаро,

К-андар ин ҷо гар бимондандӣ маро.

Ҷони он навозанда дар саҳрои ҷон низ моҷароҳое бо худ замзама мекард ва мегуфт: эй кош дар ин ҷо ва дар ҳамин мартибаи таҷридӣ маро нигаҳ медоштанд ва ҳамин ҷо мемондам!

Хуш будӣ ҷонам дар ин боғу баҳор,

Масти ин саҳрову ғайбе лолазор.

Дар ин бӯстону баҳори маънавӣ ҷонам хушу шодмон буд ва масту мадҳуши он саҳрову гулзори ғайбӣ буд.

Бе пару бе по сафар мекардаме,

Бе лабу дандон шакар мех(в)ардаме.

Эй кош дар ҳамин ҷаҳони малакутӣ мемондам ва бе болу пар сафарҳо мекардам ва бе лабу дандон шакар мехӯрдам!

Зикру фикре, фориғ аз ранҷи димоғ,

Кардаме бо сокинони чарх лоғ.

Эй кош зикру фикре медоштам ва аз ранҷи фаъолиятҳои мағзии хастакунанда ва иштибоҳкор меосудам ва бо сокинони малакут ба шӯхӣ мепардохтам! (Хулоса, кош ба силки малакутиён дармеомадам в бо онҳо ҳашу нашр медоштам! (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.640))

Лоғ: шӯхӣ.

Чашмбаста оламе медидаме,

Варду райҳон бе кафе мечидаме.

Эй кош дар ҳоле ки чашми сарам баста буд, ҷаҳонеро бо чашми сиррам мушоҳида мекардам ва бидуни даст гулу райҳон мечидам!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: