Адли илоҳӣ (8)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (3)

Адл чист?

Аввалин масъалае, ки бояд равшан шавад ин аст, ки адл чист? Зулм чист? То мафҳуми аслӣ ва дақиқи адл равшан нашавад, ҳар кӯшише беҳуда аст ва аз иштибоҳот масун нахоҳем монд. Маҷмӯан чаҳор маънӣ ва ё чаҳор мавриди истеъмол барои ин калима ҳаст:

а) Мавзун будан: агар маҷмӯаеро дар назар бигирем, ки дар он, аҷзоъ ва абъози мухталифе ба кор рафтааст ва ҳадафи хоссе аз он манзур аст, бояд шароити муайяне дар он аз ҳайси миқдори лозими ҳар ҷузъ ва аз лиҳози кайфияти иртиботи аҷзоъ бо якдигар риоят шавад, ва танҳо дар ин сурат аст, ки он маҷмӯа метавонад боқӣ бимонад ва асари матлуби худро бидиҳад ва нақши манзурро ифо намояд. Масалан, як иҷтимоъ агар бихоҳад боқӣ ва барқарор бимонад, бояд мутаъодил бошад, яъне ҳар чизе дар он ба қадри лозим (на ба қадри мусовӣ) вуҷуд дошта бошад. Як иҷтимои мутаъодил ба корҳои фаровони иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, қазоӣ, тарбиятӣ эҳтиёҷ дорад ва ин корҳо бояд миёни афрод тақсим шавад ва барои ҳар кадом аз он корҳо ба он андоза, ки лозим ва зарурӣ аст афрод гумошта шаванд. Аз ҷиҳати таъодули иҷтимоӣ, он чи зарурӣ аст ин аст, ки мизони эҳтиёҷот дар назар гирифта шавад ва мутаносиб бо он эҳтиёҷот будҷа ва нерӯ масраф гардад. Ин ҷост, ки пойи “маслиҳат” ба миён меояд, яъне маслиҳати кулл, маслиҳате, ки дар он, бақо ва давоми “кулл” ва ҳадафҳое, ки аз кулл манзур аст дар назар гирифта мешавад. Аз ин назар, “ҷузъ” фақат васила аст, ҳисоби мустақил ва барои худ надорад.

Ҳамчунин аст таъодули физикӣ, яъне масалан як мошин, ки барои манзуре сохта мешавад ва анвоъи ниёзмандиҳо барои сохтмони ин мошин ҳаст, агар бихоҳад як маснуи мутаъодил бошад, бояд аз ҳар моддае ба қадре, ки лозим ва зарурӣ аст ва эҳтиёҷ эҷоб мекунад дар он ба кор бурда шавад.

Таъодули шимиёӣ низ чунин аст; ҳар мураккаби шимиёӣ формули хоссе дорад ва нисбати хоссе миёни аносури таркибкунандаи он ҳаст; танҳо бо риояти он формул ва он нисбатҳо, ки мутафовит аст таъодул барқарор мешавад ва он мураккаб ба вуҷуд меояд.

Ҷаҳон мавзун ва мутаъодил аст; агар мавзун ва мутаъодил набуд, барпо набуд, назму ҳисоб ва ҷараёни муайян ва мушаххасе набуд. Дар Қуръони Карим омадааст:

وَالسَّمَاء رَفَعَهَا وَوَضَعَ الْمِيزَانَ

(“Ва осмонро барафрошт ва тарозуро гузошт.” (Сураи Раҳмон, ояти 7))

Ҳамон тавр, ки муфассирон гуфтаанд, мақсуд ин аст, ки дар сохтмони ҷаҳон риояти таъодул шудааст; дар ҳар чиз, аз ҳар моддае ба қадри лозим истифода шудааст, фосилаҳо андозагирӣ шудааст. Дар ҳадиси набавӣ омадааст:

بالعدل قامت السموات والأرض

Ҳамоно осмону замин ба мӯҷиби адл барпост.

Нуқтаи муқобили адл ба ин маънӣ, бетаносубӣ аст, на зулм. Ба ҳамин хотир адл ба ин маънӣ аз мавзӯи баҳси мо хориҷ аст.

Бисёре аз касоне, ки хостаанд ба ишколоти марбут ба адли илоҳӣ аз назари табъизҳо, тафовутҳо ва бадиҳо ҷавоб бидиҳанд, ба ҷои он, ки масъаларо аз назари адлу зулм тарҳ кунанд, аз назари таносуб ва адами таносуб тарҳ кардаанд ва ба ин ҷиҳат қаноат кардаанд, ки ҳамаи ин табъизҳо ва тафовутҳо ва бадиҳо аз назари низоми куллии олам лозим ва зарурӣ аст.

Шак нест, ки аз назари низоми олам, ва аз назари таносуби зарурӣ дар маҷмӯаи сохтмони ҷаҳон, вуҷуди он чи ҳаст зарурӣ аст, вале ин матлаб ҷавоби шубҳаи зулмро намедиҳад.

Баҳси адл ба маънии таносуб, дар муқобили бетаносубӣ, аз назари кулл ва маҷмӯи низоми олам аст, вале баҳси адл дар муқобили зулм, аз назари ҳар фард ва ҳар ҷузъи муҷаззо аз аҷзоъи дигар аст. Дар адл ба мафҳуми аввал, “маслиҳат”-и кулл матраҳ аст, ва дар адл ба мафҳуми дуввум, масъалаи ҳаққи фард матраҳ аст. Ба ҳамин хотир ишколкунанда бармегардад ва мегӯяд: ман мункири асли таносуб дар кулли ҷаҳон нестам, вале мегӯям риояти ин таносуб, хоҳ нохоҳ мусталзими бархе табъизҳо мегардад; он табъизҳо аз назари кулл равост ва аз назари ҷузъ, норавост.

Адл ба маънии таносуб ва тавозун, аз шуъуни ҳаким будан ва алим будани Худованд аст. Худованди алим ва ҳаким ба муқтазои илми шомил ва ҳикмати омми худ медонад, ки барои сохтмони ҳар чизе, аз ҳар чизе чӣ андоза лозим ва зарурӣ аст ва ҳамон андоза дар он қарор медиҳад.

б) Маънии дуввуми адл, тасовӣ ва нафйи ҳар гуна табъиз аст. Гоҳе, ки мегӯянд: фалонӣ одил аст, манзур ин аст, ки ҳеч гуна тафовуте миёни афрод қоил намешавад. Бинобар ин, адл яъне мусовот.

Ин таъриф ниёзманд ба тавзеҳ аст. Агар мақсуд ин бошад, ки адолат эҷоб мекунад, ки ҳеч гуна истеҳқоқе (шоистагие) риоят нагардад ва бо ҳама чиз ва ҳама кас ба як чашм назар шавад, ин адолат айни зулм аст. Агар эътои баробар адл бошад, манъи баробар ҳам адл хоҳад буд. Ҷумлаи оммиёнаи маъруф: “Зулми баробар адл аст” аз чунин назаре пайдо шудааст.

Ва аммо агар мақсуд ин бошад, ки адолат яъне риояти тасовӣ дар заминаи истеҳқоқҳои мутасовӣ, албатта маънии дурусте аст. Адл эҷоб мекунад инчунин мусовотеро, ва инчунин мусовот аз лавозими адл аст, вале дар ин сурат бозгашти ин маънӣ ба маънии севвуме аст, ки зикр хоҳад шуд.

в) Риояти ҳуқуқи афрод ва ато кардан ба ҳар зиҳаққ (ҳақдор) ҳаққи ӯро. Ва зулм иборат аст аз поймол кардани ҳуқуқ ва таҷовуз ва тасарруф дар ҳуқуқи дигарон. Маънии ҳақиқии адолати иҷтимоии башарӣ, яъне адолате, ки дар қонуни башарӣ бояд риоят шавад ва афроди башар бояд онро мӯҳтарам бишуморанд, ҳамин маънӣ аст. Ин адолат муттакӣ бар ду чиз аст:

Яке, ҳуқуқ ва авлавиятҳо, яъне афроди башар нисбат ба якдигар ва дар муқоиса бо якдигар, навъе ҳуқуқ ва авлавият пайдо мекунанд. Масалан, касе, ки бо кори худ маҳсуле тавлид мекунад, табъан навъе авлавият нисбат ба он маҳсул пайдо мекунад ва маншаи ин авлавият, кор ва фаъолияти ӯст. Ҳамчунин кӯдаке, ки аз модар мутаваллид мешавад, нисбат ба шири модар ҳақ ва авлавият пайдо мекунад ва маншаи ин авлавият, дастгоҳи ҳадафдори хилқат аст, ки он ширро барои кӯдак ба вуҷуд овардааст.

Яке дигар, хусусияти зотии башар аст, ки тавре офарида шудааст, ки дар корҳои худ илзоман навъе андешаҳо — ки онҳоро андешаи эътиборӣ меномем — истихдом мекунад ва бо истифода аз он андешаҳои эътиборӣ ба унвони “олати феъл”, ба мақосиди табиии худ ноил меояд. Он андешаҳо як силсила андешаҳои “иншоӣ” аст, ки бо “бояд”-ҳо мушаххас мешавад. Аз он ҷумла ин аст, ки барои ин ки афроди ҷомеа беҳтар ба саодати худ бирасанд, “бояд” ҳуқуқ ва авлавиятҳо риоят шавад. Ва ин аст мафҳуми адолати башарӣ, ки виҷдони ҳар фард онро таъйид мекунад ва нуқтаи муқобилашро, ки зулм номида мешавад, маҳкум месозад.

Мавлавӣ дар ашъори маъруфи худ мегӯяд:

Адл чӣ бвад? Об деҳ ашҷорро,

Зулм чӣ бвад? Об додан хорро.

Адл вазъи неъмате дар мавзиъаш,

На ба ҳар бехе, ки бошад обкаш.

Зулм чӣ бвад? Вазъ дар номавзиъе,

Ки набошад ҷуз балоро манбаъе.

Ин маънӣ аз адлу зулм, ба ҳукми ин ки аз як тараф, бар асоси асли авлавиятҳост ва аз тарафи дигар аз як хусусияти зотии башар ношӣ мешавад, ки ночор аст як силсила андешаҳои эътиборӣ истихдом намояд ва “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳо бисозад ва “ҳусну қубҳ” интизоъ кунад, аз мухтассоти башарӣ аст ва дар соҳати кибриёӣ роҳ надорад. Зеро ҳамчунон ки қаблан ишора шуд, ӯ молики мутлақ аст ва ҳеч мавҷуде нисбат ба ҳеч чизе дар муқоиса бо ӯ авлавият надорад. Ӯ ҳамчунон ки молики мутлақ аст, “авло”-и мутлақ аст. Ӯ дар ҳар чӣ ҳар гуна тасарруф кунад, дар чизе тасарруф карда, ки ба тамоми ҳастӣ ба ӯ таъаллуқ дорад ва милки ӯст. Аз ин рӯ зулм ба ин маънӣ, яъне ба маънии таҷовуз ба авлавияти дигарӣ ва тасарруф дар ҳаққи дигарӣ ва по гузоштан дар ҳарими дигарӣ, дар бораи ӯ маҳол аст. Ва аз он ҷиҳат маҳол аст, ки маврид ва мисдоқ наметавонад пайдо кунад.

г) Риояти истеҳқоқҳо (шоистагиҳо) дар ифозаи вуҷуд ва имтиноъ накардан аз ифоза ва раҳмат ба он чи имкони вуҷуд ё камоли вуҷуд дорад. Баъдан хоҳем гуфт, ки мавҷудот дар низоми ҳастӣ аз назари қобилиятҳо ва имкони файзгирӣ аз мабдаи ҳастӣ бо якдигар мутафовитанд; ҳар мавҷуде дар ҳар мартибае ҳаст, аз назари қобилияти истифоза, истеҳқоқи хоссе ба худ дорад. Зоти муқаддаси Ҳақ, ки камоли мутлақ ва хайри мутлақ ва файёзи мутлақ аст, ба ҳар мавҷуде он чиро, ки барои ӯ мумкин аст аз вуҷуд ва камоли вуҷуд, эъто мекунад ва имсок наменамояд. Адли илоҳӣ дар низоми таквин, тибқи ин назария, яъне ҳар мавҷуде, ҳар дараҷа аз вуҷуд ва камоли вуҷуд, ки истеҳқоқ ва имкони онро дорад, дарёфт мекунад. Зулм яъне манъи файз ва имсоки ҷуд аз вуҷуде, ки истеҳқоқ дорад.

Аз назари ҳукамои илоҳӣ, сифати адл он чунон, ки лоиқи зоти Парвардигор аст ва ба унвони як сифати камол барои зоти аҳадият исбот мешавад, ба ин маънӣ аст, ва сифати зулм, ки нақс аст ва аз ӯ салб мегардад низ ба ҳамин маънӣ аст, ки ишора шуд.

Ҳукамо мӯътақиданд, ки ҳеч мавҷуде “бар Худо” ҳаққе пайдо намекунад, ки додани он ҳақ “анҷоми вазифа” ва “адои дайн” шумурда шавад ва Худованд аз он ҷиҳат одил шумурда шавад, ки ба диққати тамом вазоифи худро дар баробари дигарон анҷом медиҳад. Адли Худованд айни фазл ва айни ҷуди ӯст. Яъне адли Худованд иборат аст аз ин ки Худованд фазлашро аз ҳеч мавҷуде дар ҳар ҳадде, ки имкони тафаззул барои он мавҷуд бошад, дареғ намедорад. Ва ин аст маънии сухани Алӣ алайҳис-салом дар хутбаи 214 “Наҳҷул-балоға”, ки мефармояд:

Ҳақ яктарафӣ нест. Ҳар касе, ки бар ӯҳдаи дигаре ҳаққе пайдо мекунад, дигаре ҳам бар ӯҳдаи ӯ ҳаққе пайдо мекунад. Танҳо зоти аҳадият аст, ки бар мавҷудот ҳақ пайдо мекунад ва мавҷудот дар баробари ӯ вазифа ва масъулият пайдо мекунанд, аммо ҳеч мавҷуде “бар Ӯ” ҳақ пайдо намекунад.”

Агар бо ин миқёс, ки танҳо миқёси саҳеҳ аст бихоҳем баррасӣ кунем, бояд бибинем дар миёни ҳамаи он чизҳое, ки “шарр”, “табъиз”, “зулм” ва ғайра пиндошта шудааст, оё воқеан мавҷуде аз мавҷудот, имкони вуҷуд дар низоми кулли ҳастӣ дошта ва вуҷуд наёфтааст? Ва ё имкони як камоли вуҷудӣ дар низоми куллӣ дошта ва аз ӯ дареғ шудааст? Оё ба як мавҷуде чизе дода шуда, ки “набоист” дода шавад? Яъне оё аз ноҳияи зоти Ҳақ ба ҷои он ки хайру раҳмат ифоза шавад, чизе дода шуда, ки на хайру раҳмат, балки шарру ниқмат аст, ва на камол, балки айни нақс аст? Садрулмутааллиҳин (Мулло Садро) дар ҷилди дуввуми “Асфор” зимни баҳс аз “сувари навъия” фасле дорад таҳти унвони “Наҳваи вуҷуди коинот (мавҷудоти ҳодис ба ҳудуси замонӣ) чӣ наҳв вуҷуд аст?” Вай дар он фасл ба мафҳум ва маънии адли илоҳӣ мутобиқи мазоқи ҳукамо (фалосифа) ишора мекунад. Мегӯяд:

Дар гузашта донистӣ, ки модда ва сурат, ду сабаби наздики умури табиӣ ҳастанд. Ва аз баҳс дар талозуми онҳо натиҷагирӣ шуд, ки як сабаби фоилии мофавқи моддӣ низ дар кор аст. Баъдан дар баҳси ҳаракоти куллия исбот хоҳем кард, ки ҳаракот ғоёти ниҳоии мофавқи моддӣ доранд. Фоили мофавқи моддӣ ва ғояти мофавқи моддӣ, ду сабаби дури мавҷудоти моддӣ мебошанд. Агар он ду иллати дур дар пайдоиши умури моддӣ кофӣ мебуд, мавҷудоти моддӣ барои ҳамеша боқӣ буданд ва фано ва нестиро дар онҳо роҳ набуд ва аз аввал, ҳамаи камолоти шоистаи худро доро буданд ва аввалашон айни охирашон буд. Аммо он ду иллати дур кофӣ нест, ду иллати наздик (модда ва сурат) низ муассиранд. Ва аз тарафе, миёни сувар (суратҳо) тазодд барқарор аст ва кайфиёти аввалия фасод мепазиранд ва ҳар моддае қобилияти сувари мутазоддро дорад. Аз ин рӯ ҳар мавҷуде ду навъ шоистагии мутазодд пайдо мекунад ва ду навъ иқтизои мутазодд дар он пайдо мешавад, яке аз ноҳияи сурат ва яке аз ноҳияи модда. Сурат иқтизо дорад, ки боқӣ бимонад ва вазъи мавҷудро ҳифз кунад, ва модда иқтизо мекунад, ки тағйири ҳолат диҳад ва сурате дигар зидди сурати аввалия ба худ бигирад. Ва чун имконпазир нест, ки ин ду истеҳқоқ ва ду иқтизои мутазодд, дар они воҳид бароварда шавад, зеро мумкин нест, ки модда дар они воҳид суратҳои мутазодд дошта бошад… ва бахшиши илоҳӣ эҷоб мекунад такмили моддаи ин оламро — ки софилтарини оламҳост — ба василаи суратҳо. Аз ин рӯ ҳикмати илоҳӣ ҳаракати даврӣ ва замони лоинқитоъ ва моддаи мутағайирро муқаддар фармуд, ки доиман суратҳо дар имтидоди замон тағйир кунанд ва ҷо иваз намоянд ва ба ҳукми зарурат, ҳар ҳол ва сурате ба муддати муайян ихтисос ёбад ва ҳар сурат ва ҳолате баҳраи хешро аз ҳастӣ бибарад. Ва низ чун модда муштарак аст ҳар сурате назди сурати дигар ҳаққе дорад, ки сазовор аст ба соҳибаш рад шавад. “Адл” эҷоб мекунад, ки моддаи ин сурат ба он яке дода шавад ва моддаи он яке ба ин, ва ба ин тартиб модда дар миёни суратҳо даст ба даст шавад. Ба хотири ҳамин “адл” ва риояти истеҳқоқҳост, ки низоми олам бар бақои анвоъ аст, на афрод.”

Сухан, ки ба ин ҷо бирасад, пурсиши дигаре пеш меояд, ва он ин ки: ҳамаи ашё бо як нисбати мутасовӣ дар баробари Худованд қарор гирифтаанд, истеҳқоқе дар кор нест, то адл ба маънии риояти истеҳқоқҳо мисдоқ пайдо кунад. Агар адле дар бораи Худованд содиқ бошад, адл ба маънии риояти тасовӣ аст, зеро аз назари истеҳқоқҳо чунонки гуфта шуд, тафовуте дар кор нест. Пас, адл ба маънии риояти истеҳқоқҳо ва адл ба маънии риояти тасовӣ, дар бораи Худованд як натиҷа медиҳад. Бинобар ин, адли илоҳӣ эҷоб мекунад, ки ҳеч гуна табъиз ва тафовуте дар миёни махлуқот дар кор набошад, ва ҳол он ки анвоъи тафовутҳо ҳаст, ҳар чӣ ҳаст тафовут ва танаввӯъ ва ихтилофи сатҳ аст.

Посух ин аст, ки мафҳуми ҳақ ва истеҳқоқ дар бораи ашё нисбат ба Худованд иборат аст аз ниёз ва имкони вуҷуд ё камоли вуҷуд. Ҳар мавҷуде, ки имкони вуҷуд ё имкони навъе аз камоли вуҷуд дошта бошад, Худованди Мутаъол ба ҳукми он, ки томмулфоилия ва воҷибулфайёзия аст, ифозаи вуҷуд ё камоли вуҷуд менамояд. Адли Худованд — ҳамчунон ки аз Садрулмутааллиҳин нақл кардем — иборат аст аз файзи омм ва бахшиши густарда дар мавриди ҳамаи мавҷудоте, ки имкони ҳастӣ ё камол дар ҳастӣ доранд бидуни ҳеч гуна имсок ё табъиз.

Аммо ин ки решаи асли тафовути имконот ва истеҳқоқҳо дар куҷост? Чӣ гуна аст, ки бо ин ки файзи Борӣ Таъоло омм ва лоятаноҳӣ аст, ашё дар зоти худ аз назари қобилият ва имкон ва истеҳқоқ мутафовит мешаванд?, матлабе аст, ки ба ҳавлу қувваи илоҳӣ зимни посух ба эродҳо ва ишколҳо ташреҳ хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: