Адли илоҳӣ (9)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (4)

Эродҳо ва ишколҳо

Акнун бибинем, пурсишҳое, ки дар ин замина матраҳ мешавад, маҷмӯан чӣ пурсишҳое аст? Аввалин пурсише, ки дар ин замина ҳаст ин аст, ки чаро дар ҷаҳон табъиз ва тафовут вуҷуд дорад? Чаро яке сафед аст ва дигаре сиёҳ, яке зишт аст ва дигаре зебо, яке солим аст ва дигаре алил? Балки чаро яке инсон аст ва дигаре гӯсфанд ё кирми хокӣ? Яке ҷамод аст ва дигаре набот? Яке шайтон аст ва дигаре фаришта? Чаро ҳама монанди ҳам нестанд? Чаро ҳама сафед ва ё ҳама сиёҳ нестанд? Чаро ҳама зебо ва ё ҳама зишт нестанд? Ва агар биност тафовуте дар кор бошад, чаро он, ки сафед аст сиёҳ нашуд, ва он, ки сиёҳ аст сафед нашуд? Чаро он, ки зишт аст зебо нашуд ва он, ки зебост зишт нашуд?

Пурсиши дигар дар мавриди фаноҳо ва нестиҳост: чаро ашё мавҷуд мешаванд ва сипас маъдум мегарданд? Чаро марг муқаррар шудааст? Чаро инсон ба дунё меояд ва пас аз он, ки лаззати ҳаётро чашид ва орзуи ҷовид мондан дар ӯ зинда шуд, ба диёри нестӣ фиристода мешавад?

Робитаи ин пурсиш бо масъалаи адлу зулм аз ин роҳ аст, ки гуфта мешавад: адами маҳз беҳ аз вуҷуди ноқис аст. Ҳар чизе ва ҳар касе то мавҷуд нашуда ҳаққе надорад, аммо ҳамин, ки мавҷуд шуд, ҳаққи бақо пайдо мекунад. Агар ашё аслан ба вуҷуд намеомаданд, дар осоиш ва саодати бештаре буданд аз ин ки оварда ва сипас бо нокомӣ бурда шаванд. Пас, чунин овардане зулм аст.

Пурсиши дигар ин аст, ки: гузашта аз муддати маҳдуди ҳастиҳо ва пайдоиши фаноҳо ва нестиҳо, вуҷуди нақсҳо аз қабили ҷаҳл, аҷз, заъф, фақр барои чист?

Иртиботи ин масъала бо масъалаи адлу зулм низ аз ин роҳ аст, ки тасаввур мешавад манъи файзи илму қудрат ва қуввату сарват ба мавҷуде, ки ниёзманд ба онҳост, зулм аст. Дар ин ишкол, фарз шуда, ки он ки наомадааст, ҳаққе надорад, аммо ҳамин, ки оварда шуд, табъан ҳаққе аз назари лавозими ҳаёт пайдо мекунад. Пас, ҷаҳлу аҷзу заъфу фақру гуруснагиву ғайра навъе мамнӯият аз ҳақ аст.

Пурсиши дигар ин аст: гузашта аз табъизҳо ва тафовутҳо, ва гузашта аз ин ки ҳар чизе ҷабран маҳкум ба фаност, ва гузашта аз ин ки бархе мавҷудот, ки ба дунё меоянд бархе аз лавозими ҳаёт аз онҳо дареғ мешавад, вуҷуди офот ва балоё ва масоиб, ки дар нимаи роҳ як мавҷудро ба диёри нестӣ мебарад ва ё дар муддати ҳастӣ ҳастии ӯро мақрун ба ранҷу нороҳатӣ мекунад, барои чист? Микробҳо, бемориҳо, зулму ихтиноқҳо, сирқатҳо, селҳо, тӯфонҳо, зилзилаҳо, ҷудоиҳо, мусибатҳо, ҷангҳо, тазоддҳо, шайтон, нафси аммора ва ғайра, барои чист?

Инҳо анвоъи пурсишҳое аст, ки дар заминаи адлу зулм матраҳ мешавад. (Ва ин китоб барои посух ба ҳамин эродҳо ва ишколҳо нигошта шудааст, ки як ба як хоҳанд омад.)

Албатта, айни ҳамин пурсишҳоро бо андаке ихтилоф таҳти ановини дигаре, ки онҳо низ монанди адлу зулм аз масоили илоҳиёт аст метавон тарҳ кард; аз қабили масъалаи ғоёт дар иллату маълул, масъалаи инояти илоҳӣ дар баҳси сифоти воҷиб. Гуфта мешавад, агар ғоят ва ҳадафе дар хилқат буд ва ҳикмати болиғае дар кор буд, бояд ҳама чиз муфиди фоидае бошад; ва бинобар ин, мебоист, ки на падидаи бефоидае офарида шавад ва на падидаи зиёновар, ва ҳам ин, ки ҳеч падидаи муфиде матрук ва маъдум намонад. Вуҷуди табъизҳо ва тафовутҳо ва нестиҳо ва ҷаҳлҳо ва аҷзҳо нишонаи ин аст, ки падидаҳои лозиме, ки мебоист офарида шаванд, яъне тасовӣ, идомаи ҳастӣ, илму қудрат ва ғайра офарида нашудаанд. Ва аз тарафе, падидаҳое, ки ё муфиди фоидае нестанд ва ё зиёноваранд; аз қабили бемориҳо ва зилзилаҳо ва ғайра офарида шудаанд. Ва ин ҷараён бо ҳикмати болиғаи илоҳия ва бо адл ба мафҳуми тавозун ва таъодул низ ҷур намеояд.

Айни ҳамин масоил бо андаке ихтилоф таҳти унвони хайру шарр, дар масъалаи тавҳид қобили тарҳ аст. Сурати ишкол ин аст, ки дар ҳастӣ дугонагӣ ҳукмфармост, пас бояд дурешаӣ бошад. Ҳукамо масъалаи хайру шаррро гоҳе дар боби тавҳид барои радди назарияи санавия, ва гоҳе дар масъалаи инояти илоҳия тарҳ мекунанд, ки марбут ба ҳикмати болиға аст. Дар ин ҷост, ки гуфта мешавад инояти илоҳӣ эҷоб мекунад, ки ҳар чӣ мавҷуд мешавад хайру камол бошад, ва низоми мавҷуд низоми аҳсан (некӯтарин) бошад, пас шурур ва нуқсонҳо, ки зарба ба низоми аҳсан мезананд, намебоист мавҷуд шаванд, ва ҳол он ки мавҷуд шудаанд.

Мо ин масъаларо танҳо аз ноҳияи адлу зулм матраҳ мекунем, вале хоҳ нохоҳ ҷанбаҳои дигари масъала низ зимнан тарҳу ҳал хоҳад шуд. Ва чунонки гуфтем, мафҳуми адл он гоҳ, ки дар муқобили “зулм” қарор мегирад, ба маънии “риояти истеҳқоқ” аст, на ба маънии тавозун ё тасовӣ. Ва албатта ҳамон тавр, ки ишора шуд, риояти истеҳқоқҳо дар мавриди зоти Ҳақ, он чунон аст, ки ҳукамо дарк карда ва расидаанд, на он чунон, ки дигарон пиндоштаанд.

* * *

“Адл” аз усули дин

Дар соири масоили илоҳиёт агар шубаҳот ва ишколоте ҳаст, барои табақаи мутакаллимон ва фалосифа ва аҳли фанн матраҳ аст. Он матолиб ҳарчанд душвор бошад, вале чун аз қаламрави афкори оммаи мардум хориҷ аст, ишкол ва ҷавоби онҳо ҳар ду дар сатҳи болотар аз сатҳи дарки тӯда тарҳ мешавад. Аммо эродҳо ва ишколҳои масъалаи “адли илоҳӣ” дар сатҳи поин ва васеъи омма низ ҷараён дорад. Дар ин масъала, ҳам бесавод меандешад ва ҳам файласуфи мутафаккир.

Аз ин ҷиҳат, масъалаи “адолат” дорои аҳаммияти хосс ва мавқеияти беназир аст ва ҳамин ҷиҳатро метавон тавҷеҳе фарз кард барои ин ки уламои исломӣ (шиъа ва мӯътазила) адлро дар радифи “решаҳои дин” қарор диҳанд ва дуввумин асл аз усули панҷгонаи дин бишносанд, вагарна “адл” яке аз сифоти Худост ва агар бино бошад сифоти Худоро ҷузъи усули дин ба шумор оварем, лозим аст илму қудрату ирода ва ғайраро низ дар ин шумор биёварем. Вале иллати аслии ин, ки адл дар шиъа аз усули дин шумурда шуд, амри дигар аст, ва он ин ки: шиъа бо аҳли суннат дар соири сифоти Худованд ихтилофе надоштанд ва агар ҳам доштанд матраҳ набуд. Вале дар масъалаи адл, ихтилофи шадид доштанд ва шадидан ҳам матраҳ буд ба тавре, ки эътиқод ва адами эътиқод ба адл, аломати “мазоҳиб” шумурда мешуд, ки масалан шахс шиъа аст ё суннӣ, ва агар суннӣ аст мӯътазилӣ аст ё ашъарӣ.

Адл ба танҳоӣ аломати ашъарӣ набудан шумурда мешуд. Адл ва имомат тавъаман аломати ташайюъ буд. Ин аст, ки гуфта мешуд, усули дини ислом се чиз аст ва усули мазҳаби шиъа ҳамон се чиз аст ба иловаи асли адл ва асли имомат.

* * *

Адл ва ҳикмат

Қаблан гуфтем, ки дар миёни сифоти Парвардигор, ду сифат аст, ки аз назари шубаҳот ва эродҳои ворида бар онҳо, мутақориб ва наздик ба якдигаранд: адолат, ҳикмат.

Манзур аз одил будани Худо ин аст, ки истеҳқоқ ва шоистагии ҳеч мавҷудеро муҳмал намегузорад ва ба ҳар кас ҳар чиро истеҳқоқ дорад медиҳад. Ва манзур аз ҳаким будани ӯ ин аст, ки низоми офариниш, низоми аҳсан (некӯтарин) ва аслаҳ (солеҳтарин), яъне некӯтарин низоми мумкин аст.

Хоҷа Насируддини Тӯcӣ мегӯяд:

Ҷуз ҳукми Ҳаққе, ки ҳукмро шояд, нест,

Ҳукме, ки зи ҳукми Ҳақ фузун ояд нест.

Ҳар чиз, ки ҳаст, ончунон мебояд,

Он чиз, ки ончунон намебояд нест.

Лозимаи ҳикмат ва инояти Ҳақ ин аст, ки ҷаҳони ҳастӣ ғоят ва маънӣ дошта бошад. Он чи мавҷуд мешавад ё худ хайр аст ва ё барои вусул ба хайр аст.

“Ҳикмат” аз шуъуни алим будан ва мурид будан аст ва мубайини асли “иллати ғоӣ” барои ҷаҳон мебошад, вале “адолат” иртиботе ба сифатҳои илму ирода надорад, адолат ба мафҳуме, ки гуфта шуд, аз шуъуни фоилияти Худованд, яъне аз сифоти феъл аст, на аз сифоти зот.

Ишколи муштарак дар мавриди “адл” ва “ҳикмат”-и Парвардигор, вуҷуди бадбахтиҳо ва тирарӯзиҳо, ва ба иборати ҷомеътар, “масъалаи шурур” аст. “Масъалаи шурур”-ро метавон таҳти унвони “зулм”, эрод бар адли илоҳӣ ба шумор овард ва метавон таҳти унвони “падидаҳои бе ҳадаф” нақзе бар ҳикмати болиғаи Парвардигор талаққӣ кард, ва аз ин рӯст, ки яке аз мӯҷиботи гароиш ба моддигарӣ низ маҳсуб мегардад. Масалан, вақте таҷҳизоти “дифоӣ” ва “ҳифозатӣ”-и мавҷудоти зиндаро дар баробари хатарҳо, шоҳиде бар назму ҳикмати илоҳӣ мегирем, фавран ин суол матраҳ мешавад, ки асосан чаро бояд хатар вуҷуд дошта бошад, то ниёзе ба системҳои дифоӣ ва ҳифозатӣ бошад? Чаро микробҳои осебрасон вуҷуд доранд, то лозим шавад ба василаи глубулҳои сафед (лейкоциты) бо онҳо мубориза шавад? Чаро дарандаи тездандон офарида мешавад, то эҳтиёҷе ба пойи даванда ва ё ба шох ва дигар васоили дифоъ бошад? Дар ҷаҳони ҳайвонот аз тарафе тарс ва ҳисси гурез аз хатар дар ҳайвоноти заиф ва шикоршуданӣ вуҷуд дорад, ва аз тарафи дигар сабуъият ва дарандахӯӣ дар ҳайвоноти нерӯманд ва шикоркунанда қарор дода шудааст. Барои башар ин пурсиш матраҳ мешавад, ки: чаро омили ҳуҷум ва таҷовуз вуҷуд дорад, то лозим шавад таҷҳизоти дифоӣ аз рӯи шуъур ва ҳисоб ба вуҷуд ояд?

Ин пурсишҳо ва ишколот, ки ҳалли онҳо ниёзманд ба таҷзия ва таҳлилҳои дақиқ ва амиқе аст, монанди як гирдоби маҳиб гурӯҳҳоеро дар худ фурӯ бурдааст. Ба ростӣ дар инҷо бояд гуфт:

Дар ин варта киштӣ фурӯ шуд ҳазор,

Ки пайдо нашуд аз ӯ тахтае дар канор.

Фалсафаҳои санавии моддӣ ва фалсафаҳои бадбинона, ғолибан дар ин гирдоби маҳиб шакл гирифтаанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: