Фалсафа ва равиши реализм (153)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (21)

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (5)

Матни мақола

Кашиш (имтидод) дар ҳаракат

Аз суханоне, ки дар мавзӯи “ҳаракат” гузашт равшан мешавад, ки ҳар ҳаракате (худ ба худ) ин хоссаро дорад, ки метавонад ба қитъаҳое тақсим шавад, ки ҳар қитъа имкони феълияти қитъаи пасини худро дошта бошад ва ҳамчунин ҳар воҳид аз ҳамин қитъаҳо ба қитъаҳои дигаре тақсим шавад бо ҳамон достони имкон ва феълият.

Ва аз ҳамин ҷиҳат ҳаракати мафруза як навъ кашиш (имтидод — буъд) пайдо хоҳад кард, ки бе шабоҳат ба буъдҳои ҷисмонӣ нест; бо ин тафовут, ки аҷзои мафруза дар буъдҳои ҷисмонӣ бо ҳам ҷамъанд, вале буъде, ки дар ҳаракат мушоҳида мешавад, ҳар як аз аҷзояш, ки ба феълият меояд, ҷузъи пешини вай аз миён рафта ҷузъи пасин низ ҳанӯз мавҷуд нест. Ва ҳаракатро бо мулоҳизаи ин васф “ҳаракати қатъия” меномем.

Ҳаракат дар ин ҳол ночор ва ногузир нисбате ба аҷзои масофат пайдо хоҳад кард, ки агар сарфи назар аз нисбати номбурда ва ҳамон ҳолати ҳанӯзӣ ва ғайрисобити ҷисм дар миёни ду нуқтаи мабдаъ ва мунтаҳо мулоҳиза шавад, ҳаракати номбурда имтидоди худро аз даст дода амре собит ва басит (бе тағйир ва бе аҷзоъ) хоҳад буд. Ва ҳаракатро бо ин васф “ҳаракати тавассутия” меномем.

Пас, ҳаракат бо ду назари номбурдаи боло ба ду наҳв тасаввур мешавад: қатъия ва тавассутия. Ва бояд донист, ки ҳар ду маънӣ аз ҳаракат бо ду ҷиҳати мухталиф, ки доранд дар хориҷ мавҷуд мебошанд, вале он чӣ гоҳе дар шакли як воҳиди муҷтамаъулазҷо мебинем, монанди қатраи боронӣ, ки бо поин омадани худ хатте дар ҳисси мо расм мекунад, хориҷият надорад ва танҳо дар пиндори мо ин гуна намудор мешавад.

* * *

Замон ва ҳаракат

Дергоҳе буд, ки фалосифа замонро дар ҳудуси ҳаводиси моддӣ дахолат медоданд, мегуфтанд, пайдоиш ва ҳудуси ҳар ҳодисе ба таҳаққуқи як силсила иллатҳо ва муъиддот ва шароит ниёзманд мебошад, ки яке аз онҳо таҳаққуқи як қитъаи замонӣ аст, ки мавҷуди мафруз дар он, мавҷуд ва мустақар шавад, зеро вуҷуди ҷавҳарӣ агарчи ҷавҳар ва собит аст (қудамои фалосифа мавҷудоти ҷавҳарии ҷисмониро собит ва бе ҳаракат медонистанд ва табдили суратеро ба сурате бо кавну фасод тавҷеҳ мекарданд, на бо ҳаракати ҷавҳарӣ), вале дар такаввуни худ ва дар замони вуҷуд, ҳеч гоҳ аз як силсила аз ҳаракоти аразӣ тиҳӣ нахоҳад буд, ки ниёз ба замон надошта бошад.

Ва ахиран Садрулмутааллиҳин аз фалосифаи ислом дар қарни 11-уми ҳиҷрӣ бо исботи “ҳаракати ҷавҳарӣ” ба субут расонид, ки гузашта аз аворизи ҷисмонӣ, худи ҷавҳари ҷисмонӣ низ дар ҷавҳарият ниёзманд ба замон мебошад, яъне замон аз ҳувияти ашё хориҷ нест ва танҳо арзиши зарфият надорад.

Ва дар ин авохир, баҳсҳои илмӣ низ монанди фалсафа, дахолати замон (буъди робеъ)-ро дар ҳувияти моддиёт пазируфтаанд, агарчи аз ҳувияти замон баҳс накарда танҳо ба вузуҳи мафҳуми он қаноат варзидаанд ва мумкин аст, ки ин равиш гоҳе мӯҷиби иштибоҳ гардад ва дар ҳақиқат ин кор, кори фалсафа аст, на илм.

Даст андохтан ба домани замон танҳо кори фалосифа нест, балки башар аз нахустин рӯз корҳои худро, ки ҳаракатҳои гуногун аст, бо замон андозагирӣ мекунад, ба рӯз, ба моҳ, ба сол корҳои худро татбиқ менамояд ва мабдаи таърих низ мегирад.

Ва ҳаракатҳои нисбатан кучактарро бо қитъаҳои кучактари шабонарӯз монанди “аз бомдод то чоштгоҳ”, “аз чоштгоҳ то пасин”, “аз тулӯи ситораи бомдод то бомгоҳ” месанҷид. Инсонҳои мутараққӣ, ки дорои ҳазорат ва маданияти бештаранд, бо вазъи абзоре ба номи “соат”, ки ҳаракате мунтабиқ ба ҳаракати шабонарӯзӣ дорад — монанди соати обӣ ва соати регӣ ва соати офтобӣ ва билохира соати маъмулӣ — имрӯза ҳаракатҳои кучактарро то охирин дараҷа, ки ҳисси мо тавонои забти онро дорад андоза мегиранд. Ва дар ин бахш, инсонҳои содда низ ором нагирифта дар миёни худашон ҳаракатҳои бисёр кӯтоҳро бо ҳуши фитрии худ бо ҳаракатҳои дигаре месанҷанд. Мо низ фитратан гоҳе ҳамин корро карда ҳар ҳаракати кучакро андозагирӣ менамоем: “Ба қадри як об хӯрдан”, “Андозаи бархостан ва нишастан”, “Андозаи чашм ба ҳам задан”.

Аз таъаммул дар атрофи ин андозагириҳо дастгир мешавад, ки инсон бо ҳуши фитрии худ аз барои ташхиси суръату бутъ ва дарозу кӯтоҳии ҳаракот, ҳаракати муайянеро миқёс қарор медиҳад ва чунонки тӯлро бо воҳиди тӯл ва сангиниро бо воҳиди сангинӣ ва ҳар чизи миқдориро бо воҳидҳое аз ҷинси вай — монанди гармосанҷ ва ҳавосанҷ ва фишорсанҷ ва ғайра — андоза мегирад, ҳаракатро низ бо воҳиди ҳаракат месанҷид ва ин ҳамон “замон” аст, ҷуз ин ки ҳаракати шабонарӯзӣ чун пеши мо аз соири ҳаракот равшантар ва ошкортар аст, табъан ӯро интихоб мекунем ва аз барои соири ҳаракот миқёс қарор дода ва тақрибан ҳамаи ҳаракотро бо он месанҷем ва ба воситаи касрати такаррур дар ҳисс, дар зеҳни мо ҷойгузин шуда ва монанди ин аст, ки таъайюни зотӣ аз барои ин кор пайдо кардааст, ба ҳадде, ки дар тоблуи пиндор аз барои вай як вуҷуди мустақил ва муҳимме бе оғозу анҷом монанди хатте, ки ин сар ва он сараш дар аъмоқи азал ва абад фурӯ рафта бошад, тасвир карда ҳаводисро ба вай нисбат медиҳем, то ҷое, ки дар ситоиш ва накӯҳиши вай суханпардозиҳо намуда ва шеърҳо месаройем.

Ин пиндор ба андозае дар мухайялаи мо ҷойгузин шуда, ки ҳатто бисёре аз мутафаккирин ва кунҷковони мо вуҷуди воҷибулвуҷудро — ки аз тӯфони тағайюр ва ҷору ҷанҷоли ҳаводис барканор аст — наметавонанд бе замон тасаввур кунанд ва аз барои худи замон, ки зодаи ҳаракати табиат аст ва ҳамчунин аз барои олами табиат оғози замонӣ фарз мекунанд чунонки ҳамин гирифториро дар мавриди макон низ дорем ва зеҳни мо аз бас бо макон ва фазо ошно шуда ва аз барои ҳар падидаи ҷисмонии машҳуд фазое фарз кардаем, барои ҳар мавҷуде ҳатто барои воҷиб Таъоло ва барои олами таҷарруд, фазое берун аз фазои олами табиат фарз менамоем ва як файласуфи озмуда бо заҳмату ранҷ метавонад ин мавзӯотро он чунон ки шояд ва бояд тасаввур кунад ва бифаҳмад.

Аз сухане, ки дар чигунагии гирифтани ин миқёс гуфтем, фаҳмида мешавад, ки дар ҳақиқат ба шумораи ҳаракоти мавҷуда дар ҷаҳон, замон дорем, агарчи зеҳни мо бо яке аз онҳо, ки замони маъруф аст бештар ошноӣ дорад. Вале пас аз исботи ҳаракати ҷавҳарӣ дар ҷавҳари ҷаҳони табиат, замоне бо мафҳуме тоза, ки метавонад ҷанбаи таъайюн дошта ва аз идроки ҳеч мудрике пинҳон нашавад, равшан мегардад ва он “замони ҷавҳарӣ” аст.

Ва ростӣ ҳамон гуна ҳам ҳаст, зеро ҳар як аз моҳо, ки зеҳни худро аз ҳамаи ҳаракот холӣ карда ва чашми дил ба чеҳраи табиат боз кунад, боз маънои имтидоди саялониро мушоҳида хоҳад кард ва он ҳамон замони ҷавҳарист, ки дар худ меёбем.

Аз баёни гузашта натоиҷи зеринро мешавад гирифт:

1) Замон миқдори ҳаракат аст, яъне имтидоде, ки бо гирифтани ҳаракате бо суръати муайян ба вуҷуд ояд. Ва ба иборати дигар, замон таъайюни ҳаракат аст чунонки ҷисми таълимӣ таъайюни ҷисми табиӣ аст;

2) Ба шумораи ҳаракоти мавҷудаи ҷаҳон метавонем замон фарз намоем, вале дар миёни онҳо замони маъруф аз рӯи қарордод таъайюн пайдо карда ва ҳамчунин замони ҷавҳарӣ таъайюни табъӣ пайдо кардааст;

3) Замон сохтаи вуҷуди сайёли ҷаҳон буда ва таҳаққуқи замон пеш аз пайдоиши ҷаҳон ё пас аз пайдоиши он, бо ин ки мутаноқиз аст, пиндоре беш нест;

4) Чун аҷзои мафрузаи замон дар ҳақиқат ҳамон аҷзои ҳаракат мебошанд, аз ин рӯй табъан дар миёни аҷзои он як наҳв тақаддуму таъаххуре (пасӣ ва пешӣ) мавҷуд аст, ки тағйирпазир нест, чунонки дар аҷзои замони мафрузи маъруф масалан “имрӯз” пас аз “дирӯз” ва пеш аз “фардо” аст ва ҳеч гоҳ ин тартиб тағайюрбардор нест;

5) Яке аз асбоби санҷиши суръату бутъ (тундӣ ва кундӣ)- ҳаракот, замон аст.

Тавзеҳи ин матлаб ин аст, ки агар масофати маҳдудеро масалан дар ҳаракати маконӣ бо ду ҳаракати мухталифи 1 ва 2 ва дар як ҷиҳат фарз карда ва шурӯи ҳаракатҳоро ба як мабдаи замонӣ мунтабиқ кунем, ҳаракати 1 масалан ба мунтаҳои масофат мерасад, дар ҳоле, ки ҳаракати 2 ҳанӯз дар миёни масофат аст ва замони миқёс (масалан як соат) бар он мунтабиқ ва тамом мешавад ва дубора миқёси номбурда ба ҳаракати 2 як мартибаи дигар мунтабиқ шуда ва ҳаракати 2 муъодили (1 соат x 2) мешавад ва дар ин сурат ду вазъи махсус пеш меояд:

а) Ҳаракати 1 дар як соат мусовӣ бо тамоми масофат аст, дар сурате, ки ҳаракати 2 дар як соат муъодили масофати тақсим бар 2 (нисфи масофат) аст;

б) Ҳаракати 1 дар тамоми масофат муъодили як соат аст, дар сурате, ки ҳаракати 2 дар тамоми масофат муъодили “1 соат x 2” (ду соат) аст ва натиҷаи ин таносуб ин аст, ки ҳаракати 1 дубаробари ҳаракати 2 мебошад ва дар ин натиҷа яке аз ду миқёс (замон — масофат) кор мекунад ва дар натиҷа ду ҳаракати 1 ва 2 ба воситаи миқёс ба ҳамдигар татбиқ шуда имтидоди як ҷузъ аз ҳаракати 1 муъодили имтидоди ду ҷузъ аз ҳаракати 2 мегардад, яъне ҳаракати 2 инқисоми бештаре пазируфта ва аҷзои бештаре пайдо мекунад, ва мо касрати нисбии аҷзои ҳаракатро “бутъ” ва қиллати нисбии онҳоро “суръат” меномем ва албатта ин суръат ғайр аз суръате аст, ки дар улум ба маънии мутлақи ҷараён ва саялони ҳаракат истеъмол мешавад.

Ва аз ҳамин ҷо метавон натиҷаи дигаре низ гирифт, ва он ин аст, ки агар оҳоди аҷзои ҳаракате, ки бо тақсим пайдо шудаанд, инқисоми дигаре низ пазируфтанд, натиҷааш таҳаққуқи “ҳаракат дар ҳаракат” хоҳад буд.

6) Замон, оғозу фарҷом (ҷузъи аввал аз худаш ва ҷузъи охир аз худаш) надорад, зеро замон таъайюни ҳаракат мебошад ва ҳаракат агар ҷузъи аввал дошта бошад ё сайёл аст, пас қобили инқисом ва дорои аҷзоъ хоҳад буд, ва ё сайёл нест яъне имкону феълият омехта ба ҳамдигар нест, пас хилофи фарз хоҳад буд. Вале аз барои ҳаракат ва замон, оғозу фарҷом ба маънии нуқтаи сукуни нисбӣ ё нуқтаи собити хориҷ аз худ, мумкин мебошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: