Идеулужии (идеологияи) миллӣ (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши аввал

Се чаҳор рӯз пеш, инҷониб мақолае навишта будам таҳти унвони “Тоҷикистон ва идеулужии миллӣ” ва дидгоҳи худро дар бораи он чи ба унвони “идеулужии миллӣ” матраҳ аст, ба сурати хеле мухтасар ва мӯҷаз арза намудам. Зоҳиран, ин тарҳ барои баъзе азизон мубҳам ва норавшан мондааст. Дар паёмҳои хусусӣ, аз ин банда хостанд, ин тарҳро каме бозтар ва ба тафсили бештаре бинависам, то матлаб барояшон комилан возеҳ гардад. Аз ин рӯ ва бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти масъала, тасмим гирифтам, дар чаҳор панҷ қисмат роҷеъ ба ин тарҳ бинависам ва низ ба посухи эродҳо ва ишколоте, ки азизон бароям матраҳ фармуданд бипардозам.

Пас, дар ин чаҳор панҷ қисмат – ки инак, қисмати аввали он пешкаши хонандаи азиз мешавад — масоили зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

1) Идеулужӣ чист?

2) Идеулужии миллӣ барои Тоҷикистон;

3) Ислом ва миллият:

а) Нисбати ислом бо миллият;

б) Оё мусалмон будан бо тоҷик будан қобили ҷамъ нест?

(Агар аҳёнан барои азизон эроду ишколе пайдо шавад, хоҳиш мекунам пас аз такмили ин силсиламақолот эроди худро баён бифармоянд, на пас аз нашри як қисмат ва ё ду қисмати он.)

Инак, матлаби аввал:

* * *

Идеулужӣ чист?

Идеулужӣ аз назари луғат вожаест мураккаб аз “идеу” (ideo) ва “лужӣ” (logy), ки “идеу” ба маънои андеша, тасаввур, ақида ва назар аст, ва “лужӣ” ба маънои дониш ва шиносоӣ. Бинобар ин, идеулужӣ аз назари луғат яъне андешашиносӣ. Аммо маънои луғавии он мавриди назари мо нест, балки муҳим бароямон маънои он дар истилоҳ аст.

Дар истилоҳ (термин), барои мафҳуми “идеулужӣ” таърифҳои гуногуне шудааст. Бино бар як таъриф — ки роиҷ ҳам ҳаст — идеулужӣ муродифи “ҷаҳонбинӣ” аст. Григурӣ Элиут (Gregory Elliott) дар “Даромаде бар идеулужӣ” мегӯяд: “Идеулужӣ ба маҷмӯае аз боварҳо ва идеяҳо гуфта мешавад, ки ба унвони марҷаъи тавҷеҳи аъмол, рафтор ва интизороти афрод амал мекунад.” (Даромаде бар идеулужӣ, Григурӣ Элиут (Gregory Elliott))

Маҷмӯае аз боварҳо ва идеяҳо, тибқи ин таъриф, ҳамон идеулужӣ аст.

Дар “Фарҳанги Муъин” ҳам гуфтааст: “Идеулужӣ анвоъу ақсоми системҳои фикрӣ ва фалсафӣ ва минҷумла мазҳаб, ки ба навъе дар таъйини хатти машй, амал ё мавзеъгирии мӯътақидон ба онҳо дар масоили сиёсӣ-иҷтимоӣ муассир бошад.

Системи фикрӣ ва фалсафӣ ва динӣ, бар мабнои ин таъриф, ҳамон идеулужӣ аст.

Хуб, “маҷмӯае аз боварҳо” ва “системи фикрӣ ва фалсафӣ”, дар воқеъ иборати дигаре аст аз ҷаҳонбинӣ. Ҷаҳонбинӣ иборат аст аз нигариши инсон ба ҳастӣ. Ба иборати дигар, диди куллӣ, ки инсон аз ҷаҳони ҳастӣ дорад ва бар асоси он ба тафсири он мепардозад, ҷаҳонбинӣ номида мешавад, ва ба таъбири беҳтар, бардошти инсон аз ҷаҳони ҳастӣ. Албатта, ҷаҳонбиниҳо мухталифанд. Агар решаи ин нигариш ва тафсир дин бошад, ба он “ҷаҳонбинии динӣ” гуфта мешавад. Агар фалсафа бошад, ба он “ҷаҳонбинии фалсафӣ” мегӯянд. Яъне, ҷаҳонбинии материалистӣ ва ё моддӣ, як навъ тафсир аз ҳастӣ аст, ва ҷаҳонбинии динӣ як навъи дигари тафсир аз ҳастӣ.

Ҳол, агар “идеулужӣ”-ро мутародифи “ҷаҳонбинӣ” бидонем, оё мумкин аст “миллият” ҳам мисли дин ё фалсафа, барои он сифат қарор бигирад? Яъне, ҳамон тавре ки “ҷаҳонбинии динӣ” ё “ҷаҳонбинии материалистӣ” ва ё “ҷаҳонбинии фалсафӣ” дорем, оё метавонем “ҷаҳонбинии миллӣ” ҳам дошта бошем? Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ҷаҳонбинӣ яъне бардошт ва тафсири мо аз ҷаҳон ва ҳастӣ. Ин ки як нафар инсон ҷаҳонбиниаш масалан материалистӣ аст, ин қобили фаҳм аст, зеро тафсир ва бадошти вай аз ҳастӣ ин аст, ки ҷаҳон моддӣ аст ва моварое ва Худое вуҷуд надорад, ба ин далел ё он далел. Ва ё як нафари дигар агар ҷаҳонбиниаш динӣ аст, ин ҳам қобили фаҳм аст, зеро бардошти ӯ аз ҳастӣ ин аст, ки ҷаҳон соҳибе дорад Худо ном, ба ин далел ё он далел. Дар ин ду ҷаҳонбинӣ, аслан пойи ҷуғрофиё матраҳ нест, балки он чӣ ҷаҳонбинии ин дуро — яъне ҳам як материлист ва ҳам як диндорро — таъйин мекунад, фақат далелу бурҳон аст. Аз ин рӯст, ки ин навъ ҷаҳонбиниҳо фаромиллӣ ва фаромаконӣ ҳастанд.

Асосан, оё мумкин аст “миллият” навъе хосс аз нигариш ва тафсир ва бардошт аз ҷаҳон ва ҳастӣ қарор бигирад? Масалан, тафсири як тоҷик аз ҳастӣ ва ҷаҳон, бо тафсир ва нигариш ва бардошти як нафар турк мухталиф бошад? Як тоҷик, ҷаҳон ва ҳастӣ ва воқеиятро ба як гуна бибинад, ва як нафар турк ба гунае дигар? Оё мантиқан ин мумкин аст?

Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ҷаҳонбиниҳо бо ҷумлаҳои хабарӣ адо мешаванд: “Ҳастӣ чунин аст ё чунон аст”, “Худо ҳаст ё Худо нест”, “Ҳастӣ фақат моддӣ аст”, “Ҷаҳон оғоз дорад ё оғозе надорад” ва ғайра… Инҳо ҳама ҷумлаҳои хабарӣ ҳастанд, яъне аз “ҳастҳо” ва “воқеиятҳо” хабар медиҳанд. (Феълан коре ба ин надорам, ки эътиқод ва бовари кадом як дуруст ва мутобиқ бо воқеъ аст ва эътиқоди кадомин бо воқеият мутобиқат надорад, феълан коре ба ин надорам, ҳар як аз инҳо воқеиятро чунин ёфтаанд.) Бо ин ҳисоб, оё метавон барои ҳар миллат ва нажоде, нигариш ва тафсир ва бардошти хоссе қоил шуд, ки бо якдигар мутафовит буда бошанд?

Посух комилан равшан аст, ки якчунин чизе ғайримантиқӣ аст.

Пас, бинобар ин, агар мо “идеулужӣ”-ро мутародифи “ҷаҳонбинӣ” бидонем, иборати “идеулужии миллӣ” аз беху бун иборате бемаънӣ хоҳад буд. Зеро дар ин сурат, “идеулужии миллӣ” яъне “ҷаҳонбинии миллӣ” (национальное мировоззрение). Ва дар ин сурат, мебоист барои ҳар миллат ва нажоде, навъе хосс аз нигариш ва тафсир ва бардошт аз воқеиятҳои ҷаҳони ҳастӣ қоил бишавем; тафсири тоҷикӣ аз ҳастӣ, тафсири туркӣ аз ҳастӣ, тафсири русӣ аз ҳастӣ, тафсири ангилисӣ аз ҳастӣ, тафсири фаронсавӣ аз ҳастӣ ва ҳоказо…

* * *

Аммо бино бар як таърифи дигар, “идеулужӣ” мутародифи “ҷаҳонбинӣ” нест. Балки идеулужӣ фақат шомили “рафторҳо” мешавад. Яъне, идеулужӣ “ба як силсила рафторҳое итлоқ мешавад, ки ҷаҳонбинии хоссе онҳоро иқтизо мекунад.” Тибқи ин таъриф, ҷаҳонбинӣ як чиз аст, ва идеулужӣ як чизи дигар. Зеро як вақт ҳаст, ки инсон мехоҳад ҷаҳонро он чунон, ки ҳаст бибинад. Ин, ҷаҳонбинӣ аст. Аммо як вақти дигар, мехоҳад худро ё ҷаҳонро он чунон ки мехоҳад, бисозад, яъне ман дар рафтор бояд чӣ гуна бошам, ҷомеаи ман чӣ гуна бошад. Ин, идеулужӣ аст. Ба сухани дигар, инсон як вақт ҳастиро мебинад ва тафсир мекунад (ҷаҳонбинӣ), ва як вақти дигар тарҳе барои худаш ва барои ҷомеааш мерезад (идеулужӣ).

Ҳол, бар мабнои ин таъриф, оё метавон барои як миллати бахусусе “идеулужӣ” қоил шуд? Яъне, як силсила рафторҳо ва “боядҳо” (бояд ман чунин бошам, бояд ҷомеа чунон бошад ва ғайра…) барои вай қоил шуд, ки ӯро аз дигарон мутамойиз бисозад?

Қабл аз посух ба ин пурсиш, лозим аст ёдоварӣ бишавад, ки ҳар навъ идеулужӣ худ зодаи ҷаҳонбинӣ аст. Ба сухани дигар, такягоҳи ҳар гуна идеулужӣ ҷаҳонбинии хоссе аст. Ҷаҳонбинӣ, чунонки гуфтем, яъне навъи бардошт, тафсир ва навъи таҳлиле, ки як инсон дар бораи ҳастӣ ва ҷаҳон ва дар бораи инсон ва ҷомеа ва таърих дорад. Ва гуфтем, ки афрод ва гурӯҳҳо ҷаҳонбиниҳояшон мухталиф аст, яъне як гурӯҳ ҷаҳонро як гуна тафсир мекунад ва гурӯҳи дигар ба гунаи дигар. Бинобар ин, агар ҷаҳонбинӣ мухталиф бошад, идеулужӣ ҳам мухталиф хоҳад буд, чун такягоҳ ва пояе, ки идеулужӣ аз ҷанбаи фикрӣ бар он устувор аст, ҷаҳонбинӣ аст. Ва бар ҳамин асос аст, ки мо “идеулужии материалистӣ” дорем, ки бар “ҷаҳонбинии материлистӣ” (материализми диалектик) устувор аст, ва ё “идеулужии исломӣ” дорем, ки бар “ҷаҳонбинии исломӣ” мубтанӣ аст ва ғайра…

Бо ин ҳисоб ва бар асоси ин таъриф аз идеулужӣ, “идеулужии миллӣ” чӣ гуна қобили тасаввур аст? Яъне, агар идеулужӣ (бояду набоядҳо) зодаи ҷаҳонбинӣ аст, оё аввал барои як миллат ҷаҳонбинии воҳиде қоил бишавем, то “идеулужии миллӣ”-и воҳиде дошта бошад? Масалан, як миллат ҳамагӣ тафсир ва бардошташон аз ҳастӣ ва ҷаҳон ва инсон, якнавохт бошад, то “идеулужии миллӣ”-и воҳид барояш қоил бишавем? Масалан, ҳамагӣ ё нигариши динӣ дошта бошанд ва ё нигариши материалистӣ ва ё нигариши фалсафӣ, то “идеулужии миллӣ”-и мавриди назар таҳаққуқ бипазирад?

Пурвозеҳ аст, ки бар мабнои ин таъриф аз “идеулужӣ” низ, иборати “идеулужии миллӣ” бемаъност. Зеро қарор бар ин нест (ва аслан имкон надорад), ки афроди як миллат дорои ҷаҳонбинии воҳид ва якнавохте бошанд. Яъне тафсирашон аз ҳастӣ ва ҷаҳон ва инсон, якгуна ва якнавохт бошад. Ин аз маҳолот аст. Асосан, ҷаҳонбинӣ чизе таҳмилшаванда ва иҷборӣ нест. Ҳар фарде аз афроди ҷомеа бар асоси қаноатҳояш дар ӯ ҷаҳонбинӣ ташаккул меёбад, на ин ки ба зӯр касе ба вай ҷаҳонбинии хоссеро таҳмил кунад.

* * *

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфтем, оё ба куллӣ аз чизе ба номи “идеулужии миллӣ” даст бардорем, чун қобили тасаввур ва дар натиҷа қобили таҳаққуқ нест?

Посух манфист. Яъне, барои як миллат, бо вуҷуди ҷаҳонбиниҳои мухталиф доштани афроди он миллат, метавон “идеулужии миллӣ” қоил шуд, албатта бо як тасарруф дар мафҳуми ин вожа, ки дар қисмати баъдии ин мақола ба баҳс пиромуни он хоҳам пардохт.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: