Фалсафа ва равиши реализм (154)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (22)

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (6)

Матни мақола

Хотимаи мақола (1)

Тавзеҳи 1

Қудамои фалосифа гуфтаанд, дар ҳаракат шаш чиз лозим аст: мабдаъ, мунтаҳо, масофат, мавзӯъ, фоил ва замон.

Чун гузаштагон ҳаракати ҷавҳариро тасаввур намекарданд ва танҳо ҳаракатро дар кайфият ва каммийят ва вазъ ва айн (нисбати ҷисм ба макон) мепазируфтанд, татбиқи ин умур дар мавриди ҳаракат содда ва осон буд. Масалан, агар ҷисмеро аз як нуқта ба нуқтаи дигар ҳаракат диҳем, нуқтаи оғози ҳаракат “мабдаъ” ва нуқтаи фарҷом “мунтаҳо” ва макони ҳаракат “масофат” ва худи ҷисми мутаҳаррик “мавзӯъ” ва мо, ки муҳаррик мебошем “фоил” ва муддати ҳаракат “замон”-и ҳаракат мебошад.

Ва ҳамчунин рӯи назарияҳо ва фарзияҳои илмӣ дар ҷое, ки ҳаракатро басит ва муфрад нагирем, ба осонӣ метавон шаш чизи номбурдаро пайдо кард. Масалан, тибқи назари физикӣ гуфта мешавад, ки:

1) “Модда пайваста ва барои ҳамеша дар ҳаракат аст”;

2) “Модда дар асари тарокуми энержӣ, ки худ ҳаракат аст пайдо мешавад”.

Чун ҷаҳон ҳеч гоҳ маҷмӯан дар ҳоли ҳаракати содда, ки ақим ва нозо бошад набуда ва пайваста модда (тарокуми энержӣ) баҳра аз ҳастӣ дошта ва низ пайваста ҷозибаи умумӣ ҳаракати умумиро ба шаклҳои гуногун аз суръату ҷиҳат андохта, пас мабдаи ҳар шакли тоза аз ҳаракати мабдаи ҳаракат, ва мунтаҳои он мунтаҳои ҳаракат ва макони вай масофати ҳаракат ва модда мавзӯи ҳаракат (чунонки дар гузашта тазаккур додем, ки донишмандони имрӯза маҷмӯае аз аъроз ва ҳаракотро “ҷавҳар” ва “мавзӯъ” меноманд) ва буъди замонӣ низ замони ҳаракат ва чунонки дар мақолаи 9 гуфта шуд ҳаракат кор аст ва ҳар кор кунандаи кор лозим дорад ва он, иллати фоили ҳаракат аст.

Вале дар ҳаракоти басит, ки ба танҳоӣ гирифта шаванд, ҳамаи шаш чизи гузаштаро намешавад тавзеҳ дод. Масалан, агар бигӯем, ҷаҳони табиат, ки ҳамон ҳаракати маконӣ аст ва ё дар таҳаввул аст ва ё бигӯем, нур дар ҳар сония тақрибан 300 ҳазор километр масофат мепаймояд ва нур ҳамон энержӣ аст, тасаввури мавзӯъ дар ин мисолҳо холӣ аз ишкол нест ва бояд гуфт, мафҳуми ин ду мисол ин аст, ки ҳаракате ба номи “ҷаҳон” мутаҳаққиқ аст, ҳаракате ба шакли “300 ҳазор километр дар сония” мавҷуд аст.

Ва ҳамчунин назар ба назарияи ҳаракати ҷавҳарӣ, ки тавзеҳашро додем, тасаввури мавзӯи ҳаракат яъне мутаҳаррик ба ҳаракати ҷавҳарӣ холӣ аз ишкол намебошад.

Пас, бояд қадре дақиқтар шуда ва ҳаракати ҷавҳарии ҷаҳони табиатро, ки монанди наҳри обе бо амвоҷ ва чинҳои аъроз ва хоссиятҳои худ пайваста дар ҷараён аст, ба ин наҳв тавзеҳ дод:

Аввал ва дуввум “мабдаъ ва мунтаҳо”: чун ҷаҳон ҷавҳарест сайёл, ки қитъаҳое ба номи “ҷавоҳир ва аърози онҳо” дарбар дорад, метавон барои ҳар қитъаи он мабдаъ ва мунтаҳое фарз кард. Вале агар ин ҳаракатро якпорча ва як воҳид бигирем, мабдаи он “имкони маҳзи бе феълият” хоҳад буд ва мунтаҳои он “феълияти бе имкон” чунонки дар гузашта ишора намудем.

Севвум “масофат”: албатта мурод аз масофат дар баҳси ҳаракат, масофати заминӣ ва монанди он, ки қобили интибоқ ба буъдҳои ҷисмонӣ (хатту сатҳу ҳаҷм) буда бошад нест, балки мурод як воҳиде аст, ки ба воситаи инқисоми худ афроде аз ноҳияи ҳаракат ба даст медиҳад монанди масофат миёни дараҷаи сифр аз ҳарорат то дараҷаи 100 дар ҳаракате, ки ҷисм дар ҳарорат мекунад ва монанди нур аз 1 шамъ то 100 шамъ дар ҳаракат дар рӯшноӣ ва монанди масофат миёни нуқтаи мабдаъ ва мунтаҳои ҳаракат дар ҳаракати маконӣ. Дар ҳар ҳол он амрест, ки агарчи ба ҳасби тасаввур собит аст, вале ба ҳасби хориҷ сайёл ва пайваста дар тағайюр мебошад. Ва аз ин ҷо равшан мешавад, ки масофати ҳаракати ҷавҳарӣ низ худ “ҷавҳар” мебошад.

Чаҳорум “мавзӯъ” ва он, чизе аст, ки ҳаракат сифати ӯст ва барои ӯ собит мешавад ва чунонки мавзӯи ҳаракат дар аъроз “ҷавҳар” мебошад, мавзӯи ҳаракат дар ҷавҳар низ “ҷавҳар” аст, зеро ҷавҳар барои худаш собит аст, пас ҳам ҳаракат мебошад ва ҳам мутаҳаррик.

Панҷум “фоил”: исботи иллати фоилӣ дар мақолаи 9 гузашт ва бо тазаккури баҳсе, ки дар он ҷо кардем, ки ҷиҳати пазириш (қобилият) ҳеч гоҳ айни ҷиҳати куниш (фоилият) намешавад, назарияи зерин равшан мешавад:

“Ҳаргиз муҳаррик айни мутаҳаррик намешавад.”

Шашум (замон): он — чунонки дар баҳси замон гузашт — тобеъ ва аз лавозими ҳаракат аст.

* * *

Тавзеҳи 2

Чандест, ки мавзӯи “ҷаҳиш” ба забони донишмандон афтода ва бо ин ки ин номро бо аҳаммияти вижае мебаранд, дар тафсири он ҷониби ин аҳаммиятро муроъот накарда ва дар баҳсҳои мутафарриқа, ки пойи “ҷаҳиш” ба миён меояд, дар ҳар мавриде бо таърифи нисбатан маҳаллӣ ба таъбираш пардохтаанд, ва он чӣ рӯи ҳам рафта аз баёноти мутафарриқаашон дармеояд, “ҷаҳиш” ба “пайдоиши ногаҳонии як падида” гуфта мешавад, чунонки табиат бо фаъолияти худ тадриҷан ҳаводисеро дар дунболи ҳамдигар мезояд ва гоҳе тадриҷи номбурда якбора ба ҳам шикаста ва ба таври ногаҳонӣ падидае худнамоӣ карда ва ҳаракатро ба як маҷрои тозае меандозад монанди ин ки табиат дар ҳаракат ва фаъолияти худ аз як маҷро ҷаҳида ва ба маҷрои дигаре меафтад.

Масалан, об ба воситаи вуруди ҳарорат шурӯъ ба гарм шудан намуда ва тадриҷан сатҳи ҳарораташ боло рафта ба ҳаракати иштидодии худ идома медиҳад, вале ҳамин ки дараҷаи ҳарорат ба 100 расид, ногаҳон сайри тадриҷии ҳароратро ба ҳам зада табдил ба бухор мешавад, яъне “ҳаракати каммӣ” табдил ба “ҳаракати кайфӣ” мегардад.

Мисоли дигар: соли … мелодӣ дар Офриқо дар миёни як рамаи гӯсфанд, ки ба ҳоли оддӣ мезистанд ногаҳон ва бе собиқаи пашм яке аз гӯсфандон табдил ба пашми нағз ва абрешимосои “Меринус” шуда пас аз он дар асари баччагирӣ ва таворус, гӯсфанди Меринуси бисёре ба вуҷуд омад.

Албатта мафҳуми “ногаҳонӣ” мушаххасот ва хусусиёте дорад:

а) Мавҷуди ногаҳонӣ ба ҳасби одат, пешбинӣ нашуда ва вуқӯаш ба мулоҳизаи собиқааш мутараққаб намебошад, яъне ҳаракоти қаблии табиат бо низоме аз тадриҷ, ки пеш меравад мунтаҳӣ ба он намегардад ва аз ин рӯй гуфта шуда, ки “дар ҷаҳиш, ҳаракат табдил мешавад”.

б) Ва илова худи ҳодисаи ногаҳонӣ маълули як силсила ҳаракатҳои сареъи мундамаҷ (туи ҳам рафта) аст, ки ҳисс тамйиз намедиҳад.

Донишмандон “ҷаҳиш”-ро бо баъзе аз ин мушаххасот муаррифӣ кардаанд ва гоҳе гуфта шуда, ки дар мавриди ҷаҳиш, бақои таворусӣ низ зарурӣ ва лозим аст. Ахиран донишмандони материалисти диалектик, ки ҳадафашон татбиқи фалсафа ба мароми иҷтимоӣ мебошад, замзамаи тозае оғозида ва дар ҷаҳиш, инқилобро шарт карда ва бо ҷӯше, ки дар об пеш аз бухор шудан пайдо мешавад, мисол задаанд.

* * *

Назари фалсафа дар бораи ҷаҳиш

Хоссиятҳое, ки барои ҷаҳиш зикр шуда чунонки равшан аст куллият надоранд ва аз миёни онҳо танҳо ду хоссаро метавон бо васфи куллият ҳифз кард ва он, ғайримутараққаб будани ҳодиса мебошад ва табдили дафъии ҳаракате ба ҳаракати дигар.

Ва албатта мутараққаб будан ва набудани пайдоиши чизе як сифати зеҳнӣ аст, ки зеҳн ба воситаи нигарон будан ва набудан ва дар ҳолати нигаронӣ ба сар бурдан ва набурдан, ба шайъ медиҳад ва чунин чизеро васфи воқеии воқеиёт намешавад қарор дод.

Танҳо мемонад интиқоли сареъ аз ҳаракате ба сӯи ҳаракати дигар, ва ба забони дигар, пайдоиши сареъи ҳаракате миёни ду ҳаракати мухолиф, ки онҳоро ба ҳамдигар баста ва иртибот бидиҳад. Ва албатта ин маънӣ, як воқеияти тоза зоид бар воқеияти ҳаракат нест, ки фалсафа — ки аз вуҷуди ашё ба таври куллӣ баҳс мекунад — ӯро мавриди баҳс қарор диҳад, ва аз ҳамин ҷо равшан хоҳад шуд, ки баҳси ҷаҳиш арзиши фалсафӣ надорад. (Оре, ҷаҳиш ба маънои дигар мавзӯест фалсафӣ ва гузаштагони фалосифа гуфтаанд “туфра дар ҳаракат маҳол аст” ва он ин аст, ки мутаҳаррик бе он ки қитъае аз қитъаҳо ҳаракатро бипаймояд, қитъаи собиқ вайро ба қитъаи лоҳиқ бипайвандад. Масалан, ҳаракате, ки мураккаб аз 10 қитъа мебошад, қитъаи аввалро ба қитъаи 10-ум пайванд диҳад бе он ки 8 қитъаи вусторо паймуда бошад.

Туфра маҳол аст, зеро дар мисоли номбурда қитъаи 10-ум дорои феълияте аст, ки имкони вай ҳасбулфарз дар қитъаи 9-ум мебошад ва таҳаққуқи қитъаи 10-ум бе қитъаи 9-ум мусталзими таҳаққуқи феълияте аст, ки пеш аз худ имкон надошта бошад ва имконе ҳам, ки дар қитъаи якум мавҷуд аст, имкони қитъаи дуввум аст на даҳум)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: