Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (239)

Бақияи қиссаи пири чангӣ ва баёни махласи он (3)

* * *

Мурғи обӣ ғарқи дарёи асал,

Айни айюбӣ, шаробу муғтасал,

Он пири чангнавоз монанди ҳазрати Айюб (а) ғарқи дарёи асал буд. (Дар хобе, ки рафта буд)

Айни айюбӣ: чашмае, ки дар зери пойи ҳазрати Айюб (а) ба фармони Худо падид омад. Муғтасал: ҷойи шустушӯ.

Нукта: Ҷони одамиро ташбеҳ мекунад ба мурғи обӣ аз он рӯ, ки обошност, ва олами хобро тамсил мекунад ба дарёи асал бад-он ҷиҳат, ки лаззат мебахшад ва коми ҷонро ширин мекунад ва ба чашмае, ки аз зери пойи Айюб (а) барҷӯшид ва ӯро аз бемории тан ва маломати хотир раҳоӣ дод аз он сабаб, ки хоб низ руҳро аз оломи олами маҳсус мераҳонад ва осуда ва комраво медорад. Дар байти ахир ишоратест ба ояти 42 аз сураи Сод:

ارْكُضْ بِرِجْلِكَ هَذَا مُغْتَسَلٌ بَارِدٌ وَشَرَابٌ

Эй Айюб! Пойи худ бар замин кӯб, инак чашмае хунак, ки ҷойи тан шустан ва сазои нӯшидан аст.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.855)

Ҳазрати Айюб (а) аз анбиёи бузург буда ва дар Қуръон чаҳор бор аз ӯ зикре ба миён омадааст: сураи Нисо, ояти 186, сураи Анъом, ояти 48 ва сураи Анбиё, ояти 83 ва 84. Дар адабиёти форсӣ низ инъикоси бисёр ёфтааст.

Ки бад-ӯ Айюб аз по то ба фарқ,

Пок шуд аз ранҷҳо чун нури Шарқ.

Ки ба василаи он чашма, ҳазрати Айюб (а) аз по то фарқи сар монанди нури офтоб аз ранҷҳо пок шуд.

Нури Шарқ: нури офтоб, ки аз Ховар метобад.

Маснавӣ дар ҳаҷм гар будӣ чу чарх,

Дарнагунҷидӣ дар ӯ з-ин ним барх.

Агар Маснавӣ аз лиҳози ҳаҷм ба андозаи ҳаҷми осмонҳо буд, аз ин асрор дар он ба андозаи ним пора бештар намегунҷид. (Аз бас, ки ҳақоиқ ва асрори ҷаҳон бекарон аст.)

Барх: пора ва ҳисса.

К-он замину осмони бас фарох

Кард аз тангӣ диламро шох-шох.

Он замину осмони бисёр васеъ, аз фарти тангӣ, диламро пора-пора мекунад, зеро олами сурат дар муқобили олами маъно бисёр кучаку ҳақир аст.

В-ин ҷаҳоне, к-андар ин хобам намуд,

Аз гушоиш парру боламро гушуд.

Ин ҷаҳоне, ки дар олами хоб ба ман намоён гашт, ба воситаи гушоиш ва фарохиаш, пару боламро боз кард. Яъне дар воқеъ пару боли ақлу руҳам, ки дар қафаси ҷисмоният маҳбус буд, аз ҳамаи ин қайдҳо озод шуд.

Ин ҷаҳону роҳаш ар пайдо будӣ,

Кам касе як лаҳзае он ҷо будӣ.

Агар роҳи ҷаҳони ғайб барои ҳамагон намоён буд, камтар касе пайдо мешуд, ки лаҳзае дар ҷаҳони моддӣ диранг кунад. (Бас, ки он ҷаҳон зебову шукӯҳманд аст.)

Амр меомад, ки: на, томеъ машав,

Чун зи поят хор берун шуд, бирав.

Фармони илоҳӣ ба руҳи он пири чангнавоз даррасид, ки: тамаъ мабанд, ва инак, ки хори ҷисмонӣ ва шавоғили дунёӣ аз пойи руҳат берун омада, бирав ба сӯи дунё, ки бар ту боке нест.

Томеъ: тамаъкунанда.

Мул-муле мезад он ҷо ҷони ӯ

Дар фазои раҳмату эҳсони ӯ.

Ҷони пири чангнавоз дар он олами руҳонӣ диранг ва таваққуфе кард ва дар он саҳрои раҳмат ва эҳсони илоҳӣ интизор кашид.

Мул-мул: диранг кардан ва интизор кашидан.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: