Адли илоҳӣ (10)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (5)

Санавият

Башар ва махсусан нажоди ориё, аз дербоз падидаҳои ҷаҳонро ба ду қутб ( “хубҳо”-“бадҳо”) тақсим мекардааст. Нур, борон, хуршед, замин ва бисёре аз чизҳои дигарро дар қутби хайрҳо ва хубҳо ба шумор меовардааст; ва торикӣ, хушксолӣ, сел, зилзила, беморӣ, дарандагӣ ва газандагиро дар саффи бадиҳо ва шурур ҷой медодааст. Албатта дар ин дастабандӣ, башар худашро миқёс ва меҳвари ташхис қарор медодааст, яъне ҳар чиро, ки барои хеш судманд меёфта “хуб” медониста ва ҳар чиро, ки барои хеш зиёнманд медида “бад” меномидааст.

Барои инсонҳои пешин ин андеша пайдо шудааст, ки оё бадиҳо ва шаррҳоро ҳамон касе меофарид, ки хубҳо ва хайрҳоро падид овардааст? Ё он ки хубҳоро як мабдаъ эҷод мекунад ва шаррҳоро мабдае дигар? Оё холиқи неку бад якест, ё ҷаҳон ду мабдаъ ва ду офаринанда дорад? Гурӯҳе чунин ҳисоб карданд, ки офаринанда худаш ё хуб аст ва некхоҳ, ва ё бад аст ва бадхоҳ. Агар хуб бошад, бадҳоро намеофаринад, ва агар бад бошад, хубҳо ва хайрҳоро эҷод намекунад. Аз ин истидлол, чунин натиҷа гирифтанд, ки ҷаҳон ду мабдаъ ва ду офаридгор дорад (санавият).

Эътиқоди эрониёни қадим ба мабдае барои некӣ ва мабдае дигар барои бадӣ, ки баъдҳо бо таъбири “Яздон” ва “Аҳриман” баён шуда аз ҳаминҷо пайдо шудааст.

Бар ҳасби он чи таърих нишон медиҳад, нажоди ориё пас аз истиқрор дар сарзамини Эрон, ба парастиши мазоҳири табиат — албатта мазоҳири хуби табиат аз қабили оташ, хуршед, борон, хок ва бод — пардохтанд. Бар ҳасби изҳори муаррихон, эрониён бадиҳоро намепарастиданд, вале мардумоне аз ғайри нажоди ориё вуҷуд доштаанд, ки бадиҳо ва шурурро низ ба дастовези розӣ сохтани “арвоҳи хабиса” парастиш мекардаанд. Он чи дар Эрони қадим вуҷуд дошта, эътиқод ба ду мабдаъ ва ду офаридгор будааст, на дугонапарастӣ; яъне эрониён қоил ба ширк дар холиқият будаанд, на ширк дар ибодат.

Баъдҳо Зардушт зуҳур кард. Аз назари таърих, ба равшанӣ маълум нест, ки оё ойини Зардушт, дар асл, ойине тавҳидӣ будааст ё ойине санавӣ? “Авесто”-и мавҷуд ин ибҳомро рафъ намекунад, зеро қисматҳои мухталифи ин китоб тафовути фоҳише бо якдигар дорад. Бахши “Вандидод”-и Авесто сароҳат дар санавият дорад, вале аз бахши “Готоҳо” чандон дугонагӣ фаҳмида намешавад, балки бар ҳасби иддаои бархе аз муҳаққиқон, аз ин бахш яктоӣ истинбот мегардад. Ба иллати ҳамин тафовут ва ихтилофи бузург аст, ки аҳли таҳқиқ мӯътақиданд, Авестое, ки дар даст аст, асари як нафар нест, балки ҳар бахши он аз як шахс аст.

Таҳқиқоти таърихӣ дар ин ҷо норасост, вале мо бар ҳасби эътиқоди исломие, ки дар бораи маҷус дорем, метавонем дини Зардуштро дар асл як шариати тавҳидӣ бидонем, зеро бар ҳасби ақидаи аксари уламои ислом, зардуштиён аз аҳли китоб маҳсуб мегарданд.

Муҳаққиқон аз муаррихон низ ҳамин ақидаро таъйид мекунанд ва мегӯянд, нуфузи санавият дар ойини Зардушт, аз ноҳияи савобиқи ақидаи духудоӣ дар нажоди ориё қабл аз Зардушт будааст.

Албатта танҳо аз тариқи таъаббуд, яъне аз роҳи осори исломӣ метавонем шариати Зардуштро як шариати тавҳидӣ бидонем, аммо аз назари таърихӣ, яъне аз назари осоре, ки ба Зардушт мансуб аст, ҳарчанд бихоҳем фақат “Готоҳо”-ро милок қарор диҳем, наметавонем ойини зардуштиро ойини тавҳидӣ бидонем; зеро ҳаддиаксари он чи муҳаққиқон дар боби тавҳиди Зардушт ба истиноди “Готоҳо” гуфтаанд ин аст, ки Зардушт тарафдори “тавҳиди зотӣ” будааст, яъне танҳо як мавҷудро қоим ба зот ва ғайримахлуқ медонистааст ва он “Аҳуромаздо” аст ва ҳамаи мавҷудоти дигарро, ҳатто Аҳриманро офаридаи Аҳуромаздо медонистааст. Ва ба иборати дигар, Зардушт барои дарахти ҳастӣ беш аз як реша қоил набудааст. Ва ҳам метавонем бо иттико ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, Зардуштро тарафдори “тавҳид дар ибодат” яъне ягонапараст бидонем. Вале барои ин ки як ойин ойини тавҳидӣ бошад, илова бар тавҳиди зотӣ ва тавҳид дар ибодат, тавҳид дар холиқият лозим аст ва ойини Зардушт ба ҳасби мадорики таърихӣ, аз назари холиқият комилан санавӣ будааст, зеро аз ин таълимот инчунин истифода мешавад, ки қутби мухолифи Ангра-Майню (хиради хабис) Спента-Майню (хиради муқаддас) аст. Спента-Майню маншаи ашёи нек аст, яъне ҳамон ашёе, ки хуб аст ва мебоист офарида бишавад, аммо Ангра-Майню ё Аҳриман маншаи ашёи бад аст, яъне маншаи ашёе аст, ки намебоист офарида шавад ва Аҳуромаздо ё Спента-Майню масъули офаридани онҳо нест, балки Ангра-Майню масъули офаридани онҳост. Мутобиқи ин фикр, ҳарчанд ҳастӣ дурешаӣ нест, вале душохаӣ аст, яъне ҳастӣ, ки аз Аҳуромаздо оғоз мегардад, ба ду шоха муншаъиб мешавад: “шохаи нек”, ки иборат аст аз Спента-Майню ва осори некаш, ва “шохаи бад”, ки иборат аст аз Ангра-Майню ва ҳамаи офаридаҳо ва осори бадаш. Агар Готоҳоро, ки асилтарин ва мӯътабартарин ва тавҳидитарин асаре аст, ки аз Зардушт боқӣ мондааст милок қарор диҳем, Зардуштро дар панҷ шаш хайру шарр, ва ин ки низоми мавҷуд низоми аҳсан нест ва бо ҳикмати болиға ҷур намеояд, гирифтор мебинем. Ин ҷиҳат, ӯро аз паёмбарони осмонӣ комилан ҷудо мекунад.

Ойини Зардушт ба мӯҷиби ҳамин нақс ва ё ба ҷиҳоти дигар, натавонист бо санавият мубориза кунад, ба тавре, ки баъд аз Зардушт бори дигар санавият ба мафҳуми дурешаӣ будани ҳастӣ дар миёни эрониён падид омад. Зардуштиёни давраи соcонӣ ва Монавиён ва Маздакиён, ки навъе иншиъоб аз зардуштигарӣ дар Эрон маҳсуб мешаванд, дар ҳадди аъло санавӣ будаанд.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, дини Зардушт натавонистааст решаи ширк ва санавиятро ҳатто дар ҳудуди таълимоти Готоҳоро аз дили эрониён барканад, худаш низ мағлуби ин ақидаи хурофӣ гашта ва таҳриф шудааст.

Танҳо ислом буд, ки тавонист ин хурофаи чандҳазорсоларо аз мағзи эронӣ хориҷ созад. Ин яке аз мазоҳири қудрати шигарфи ислом ва таъсири амиқи он дар руҳи эрониён аст, ки тавонист мардумеро, ки санавият бо гӯшту пӯсташон омехта шуда буд то он ҷо, ки бархе аз Ховаршиносон мӯътақиданд, ки: “Санавият, асоси тафаккури эронӣ аст” ва ончунон асири ин хурофа буданд, ки дини худро низ таҳти таъсири он таҳриф мекарданд, аз ин пиндори гирифторкунанда наҷот диҳад. Оре, ислом буд, ки аз эрониёни дугонапараст инсонҳои муваҳҳид сохт, ки бо фаро гирифтани ин ҳақиқат, ки:

الْحَمْدُ لِلّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ

(“Ситоиш Худойро, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва рӯшноиро падид овард…” (Сураи Анъом, ояти 1)) ва бо эътиқод ба ин маънӣ, ки:

الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ

(“(Худой) ҳамон зоте аст, ки ҳар чизеро, ки офаридааст некӯ офарида…” (Сураи Саҷда, ояти 7)) ва бо имон ва дарки ин воқеият, ки:

رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

(“Парвардигори мо касе аст, ки ҳар чизеро хилқате, ки дар хӯри ӯст дода сипас онро ҳидоят фармудааст.” (Сураи Тоҳо, ояти 50)), ончунон ишқ ба Худо ва офариниш ва ҳастӣ ва ҷаҳон, саропои вуҷудашонро фаро гирифт, ки дар ситоиши низоми ҳастӣ чунин суруданд:

Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз ӯст,

Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз ӯст.

Ба ҳаловат бихӯрам заҳр, ки шоҳид соқист,

Ба иродат бибарам дард, ки дармон ҳам аз ӯст.

(Саъдӣ)

Эронӣ пас аз ислом на танҳо барои шурур мабдае рақиби Худо қоил нест, балки дар як диди олии ирфонӣ, бадиҳо дар низоми куллии офариниш аз назараш маҳв мешавад, мегӯяд: асосан бадӣ вуҷуд надорад ё “бад он аст, ки набошад” . Ғаззолӣ мегӯяд:

ليس في الامكان أبدع ممّا كان

Низоме зеботар аз низоми мавҷуд, имкон надорад.”

Ин, инсони дастпарвардаи ислом аст, ки фикре инчунин латиф ва олӣ пайдо карда, дарк мекунад, ки балоҳо ва ранҷҳо ва мусибатҳо, ки дар як дид, зишту номатлуб аст, дар назаре болотар ва диде амиқтар, ҳама лутфу зебоӣ аст.

Ҳофиз, ки баҳаққ “Лисонулғайб” ном гирифта ва андешаҳои амиқи фалсафӣ ва ирфониро дар пӯшишҳои киноӣ ва истиорӣ дар ниҳояти фасоҳат ва балоғат баён мекунад, тафовути ду назар — назари сатҳӣ ва маҳдуди оммиёна, ва назари амиқ ва густарда ва аз боло (назари пир яъне орифи комил) — ро бо лаҳне дупаҳлӯ ва нағз ва тавъам бо “тавриа” ва “иҳом” инчунин баён кардааст:

Пири мо гуфт, хато бар қалами сунъ нарафт,

Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!

Яъне дар назари беолоиш ва пок аз маҳдудият ва пойиннигарии пир, ки ҷаҳонро ба сурати як воҳиди таҷаллии Ҳақ мебинад, ҳамаи хатоҳо ва набоистаниҳо, ки дар дидҳои маҳдуд ошкор мешавад, маҳв мегардад. Ҷаҳон зилли Ҳақ ва сояи Ҳақ аст, зоти Ҳақ ҷамили мутлақ ва комили мутлақ аст. Зилли ҷамил ҷамил аст, маҳол аст, ки ҷамил набошад.

Дар ҳар андоми зебо агар узверо таку танҳо, бидуни таваҷҷӯҳ ба ин ки мавқеияти узвӣ дорад ва бо як силсила аъзои дигар маҷмӯан як андомро ташкил медиҳанд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем, ҳаққоният ва дурустӣ ва камоли ӯро дарк нахоҳем кард, ва аҳёнан фикр мекунем, ки агар ба гунае дигар буд беҳтар буд. Аммо ҳамин, ки бо диди густарда, онро ба унвони як узв дар маҷмӯаи як андоми зебо бибинем, назари мо дигаргун мегардад, ва он чи қаблан нодуруст ва набоистанӣ мепиндоштем, ба куллӣ маҳв мегардад.

Ҳофиз дар байте дигар аз ҳамин ғазал, ҳамчунон ки одати ӯст, ки дар ҳар ғазале (умуман ё ғолибан ва қариб ба иттифоқ) мақосиди киноӣ ва истиорӣ ва аҳёнан ибҳомомез ва тавриаомези худро бо байте тафсир кунад, мақсуди хешро тавзеҳ додааст:

Чашмам аз ойинадорони хату холаш шуд,

Лабам аз бӯсарубоёни бару дӯшаш бод!

Дар мисроъи аввали ин байт, вусули хешро ба марҳилаи “айнуляқин”, ки ҷаҳонро мазҳари хатту хол ва чашму абруи ӯ ва ҳар чизро дар ҷои худ некӯ мебинад, эълом медорад, ва дар мисроъи дуввум, орзуи вусул ба марҳилаи “ҳаққуляқин”-ро менамояд.

Ҳофиз дар ғазалҳои дигари хеш низ ин ҳақиқатро, ки ориф пас аз вусул ба ҳақиқат, ҷуз камолу ҷамол ва лутфу зебоӣ дар тафсираш нест, мукаррар баён кардааст, монанди он ҷо, ки мегӯяд:

Рӯйи хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,

З-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.

Ё мегӯяд:

Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд,

Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост.

Асосан марде чун Ҳофиз, ки ҷаҳонбиниаш ҷаҳонбинии ирфонӣ аст, ваҳдатро ҷонишини касрати фалсафӣ, таҷаллиро ҷонишини иллияти фалсафӣ, ва ишқу зебоиро ҷонишини ақлу вуҷуби фалсафӣ мекунад ва ҷаҳонро “ҷилваи ягонаи зебои ъалалитлоқ (мутлақ)” медонад, чӣ гуна мумкин аст “Хайёммаобона” ва “Булъаломаобона” биандешад?! Ҳофиз унсурҳои сегонаи “ваҳдат”, “ҷилва”, “зебоӣ”-ро дар ҷаҳонбинии ирфонии хеш дар ин се байт аз ғазали маъруфи худ ба некӯтарин ва сареҳтарин шакле баён кардааст:

Акси рӯйи ту чу дар ойинаи ҷом афтод,

Ориф аз хандаи май дар тамаъи хом афтод.

“Ҳусни” рӯй ту ба “як” “ҷилва”, ки дар ойина кард,

Ин ҳама нақш дар ойинаи авҳом афтод.

Ин ҳама акси маю нақши нигорин, ки намуд,

“Як” “фурӯғи” “рухи соқист”, ки дар ҷом афтод.

Он чи мояи иштибоҳи бархе шуда, ки байти мавриди баҳсро ба унвони эътироз ба хилқат аз ноҳияи Ҳофиз талаққӣ кардаанд, ба кор бурдани калимаи “хатопӯш” аст. Ғофил аз ин ки “иҳом” ва “тавриа” яъне ҷумла ё калимае дупаҳлӯ ба кор бурдан ва аҳёнан калимае, ки хилофи мафҳуми зоҳираш мурод аст истеъмол кардан, аз муҳассаноти бадеъия аст ва шуарои ирфонӣ зиёд аз он баҳра мегиранд. Ашъори дигари Ҳофиз ба хубӣ қаринаи матлаб аст. Ба илова, Ҳофиз фаразан эътироз ба хилқат дошта бошад, оё мумкин аст бо он ҳама эҳтирому таъзиму эътиқоди комиле, ки ба истилоҳ ба “пир” дорад, ӯро тахтиа кунад?! Зеро дар он сурат, мақсуди Ҳофиз ё ин аст, ки пир дар иддаои худ, ки мегӯяд хато бар қалами сунъ нарафт, дурӯғгӯ ва муҷомилагар аст ва ё аҳмақ ва соддадил.

Ҳофиз дар бархе ашъори худ, рози аслии тавҷеҳи шурурро, яъне таҷрибанопазирии хилқатро ба беҳтарин шакле баён кардааст ва мо дар ҷои худ он матлабро баён хоҳем кард. Бинобар ин, тасаввури ин ки Ҳофиз дар байти мавриди баҳс бихоҳад ба хилқат эътироз ва назари пирро тахтиа намояд, тасаввуре оммиёна аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: