Гӯш ба дуои модар

(Чаҳор достони дарсомӯз аз таърихи ислом)

* * *

Гӯш ба дуои модар

Дар он шаб, ҳамааш ба калимоти модараш — ки дар гӯшае аз утоқ рӯ ба тарафи қибла карда буд — гӯш медод. Рукӯъу суҷуд ва қиёму қуъуди модарро дар он шаб, ки шаби ҷумъа буд, таҳти назар дошт. Бо ин ки ҳанӯз кӯдак буд, муроқиб буд бибинад модараш, ки ин ҳама дар бораи мардону занони мусалмон дуои хайр мекунад ва як-якро ном мебарад ва аз Худои бузург барои ҳар як аз онҳо саодату раҳмат ва хайру баракат мехоҳад, барои шахси худ аз Худованд чӣ чизе масъалат мекунад?

Имом Ҳасан он шабро то субҳ нахобида ва муроқиби кори модараш Сиддиқаи Марзия ҳазрати Фотимаи Заҳро буд ва ҳамааш мунтазир буд, ки бибинад модараш дар бораи худ чӣ гуна дуо мекунад ва аз Худованд барои худ чӣ хайру саодате мехоҳад?

Шаб субҳ шуд ва ба ибодату дуо дар бораи дигарон гузашт ва Имом Ҳасан ҳатто як калима нашунид, ки модараш барои худ дуо кунад. Субҳ ба модар гуфт:

— Модарҷон! Чаро ман ҳар чӣ гӯш кардам, ту дар бораи дигарон дуои хайр кардӣ ва дар бораи худат як калима дуо накардӣ?

Модари меҳрубон ҷавоб дод:

يا بنيّ! الجار ثم الدار

— Писараки азизим! Аввал ҳамсоя, баъд хонаи худ.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Дар маҳзари қозӣ

Шокӣ (шикояткунанда) шикояти худро ба халифаи муқтадири вақт Умар ибни Хаттоб таслим кард. Тарафайни даъво бояд ҳозир шаванд ва даъво тарҳ шавад. Касе, ки аз ӯ шикоят шуда буд, Алӣ ибни Абӯтолиб буд. Умар ҳар ду тарафро хост ва худаш дар маснади қазо нишаст. Тибқи дастури исломӣ, ду тарафи даъво бояд паҳлӯи якдигар биншинанд ва асли “тасовӣ дар муқобили додгоҳ” маҳфуз бимонад. Халифа муддаиро ба ном хонд ва амр кард дар нуқтаи муайяне рӯ ба рӯи қозӣ биистад. Баъд рӯ кард ба Алӣ ва гуфт:

— Эй Абулҳасан! Паҳлӯӣ муддаии худат қарор бигир.

Ба шунидани ин ҷумла, чеҳраи Алӣ дарҳам ва осори нороҳатӣ дар қиёфааш пайдо шуд. Халифа гуфт:

— Эй Алӣ! Майл надорӣ паҳлӯи тарафи мухосимаи хеш биистӣ?

Алӣ гуфт:

— Нороҳатии ман аз ин набуд, ки бояд паҳлӯи тарафи даъвои худ биистам; баръакс, нороҳатии ман аз ин буд, ки ту комилан адолатро муроъот накардӣ, зеро маро бо эҳтиром ном бурдӣ ва ба куния хитоб кардӣ ва гуфтӣ “Эй Абулҳасан!”, аммо тарафи маро ба ҳамон номи оддӣ хондӣ. Иллати таъассур ва нороҳатии ман ин буд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз шарҳи “Наҳҷул-балоға”)

* * *

Дар сарзамини Мино

Мардуме, ки ба ҳаҷ рафта буданд, дар сарзамини Мино ҷамъ буданд. Имом Содиқ ва гурӯҳе аз ёрон, лаҳзае дар нуқтае нишаста аз ангуре, ки дар ҷилавашон буд мехӯрданд.

Соиле (гадое) пайдо шуд ва кӯмак хост. Имом миқдоре ангур бардошт ва хост ба соил бидиҳад. Соил қабул накард ва гуфт:

— Ба ман пул бидиҳед.

Имом гуфт:

— Хайр аст, пуле надорам.

Соил маъюс шуд ва рафт. Соил, баъд аз чанд қадам, ки рафт, пушаймон шуд ва гуфт:

— Пас ҳамон ангурро бидиҳед.

Имом фармуд:

— Хайр аст… ва он ангурро ҳам ба ӯ надод.

Тӯле накашид соили дигаре пайдо шуд ва кӯмак хост. Имом барои ӯ ҳам як хӯшаи ангур бардошт ва дод. Соил ангурро гирифт ва гуфт:

— Сипос Худованди оламиёнро, ки ба ман рӯзӣ расонд.

Имом бо шунидани ин ҷумла ӯро амр ба таваққуф дод ва сипас ҳар ду муштро пур аз ангур кард ва ба ӯ дод. Соил барои бори дуввум Худоро шукр кард. Имом боз ҳам ба ӯ гуфт:

— Биист ва нарав.

Сипас ба яке аз касонаш, ки он ҷо буд рӯ кард ва фармуд:

— Чӣ қадр пул ҳамроҳат ҳаст?

Ӯ ҷустуҷӯ кард, дар ҳудуди бист дирҳам буд. Ба амри Имом ба соил дод. Соил барои севвумин бор забон ба шукри Парвардигор гушуд ва гуфт:

— Сипос мунҳасиран барои Худост. Худоё! Мунъим туӣ ва шарике барои ту нест.

Имом баъд аз шунидани ин ҷумла ҷомаи хешро аз тан канд ва ба соил дод. Дар ин ҷо соил лаҳни худро иваз кард ва ҷумлае ташаккуромез нисбат ба худи Имом гуфт. Имом баъд аз он дигар чизе ба ӯ надод ва ӯ рафт.

Ёрон ва асҳоб, ки дар он ҷо нишаста буданд, гуфтанд:

— Мо чунин истинбот кардем, ки агар соил ҳамчунон ба шукру сипоси Худованд идома медод, боз ҳам Имом ба ӯ кӯмак мекард, вале чун лаҳни худро тағйир дод ва аз худи Имом тамҷид ва сипосгузорӣ кард, дигар кӯмак идома наёфт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳорул-анвор”)

* * *

Вазнабардорон

Ҷавонони мусалмон саргарми зӯрозмоӣ ва мусобиқаи вазнабардорӣ буданд. Санги бузурге он ҷо буд, ки миқёси қувват ва мардонагии ҷавонон ба шумор мерафт ва ҳар кас онро ба қадри тавоноии худ ҳаракат медод. Дар ин ҳангом Расули Акрам расид ва пурсид:

— Чӣ мекунед?

Гуфтанд:

— Дорем зӯрозмоӣ мекунем. Мехоҳем бибинем кадом як аз мо қавитар ва зӯрмандтар аст.

Расули Акрам фармуданд:

— Майл доред, ки ман бигӯям чӣ касе аз ҳама қавитар ва нерӯмандтар аст?

Гуфтанд:

— Албатта, чӣ аз ин беҳтар, ки Расули Худо довари мусобиқа бошад ва нишони ифтихорро ӯ бидиҳад!

Афроди ҷамъият ҳама мунтазир ва нигарон буданд, ки Расули Акрам кадом якро ба унвони қаҳрамон муаррифӣ хоҳад кард? Иддае буданд, ки ҳар як пеши худ фикр мекарданд алъон Расули Худо дасти ӯро хоҳад гирифт ва ба унвони қаҳрамони мусобиқа муаррифӣ хоҳад кард. Расули Акрам фармуд:

— Аз ҳама қавитар ва нерӯмандтар он кас аст, ки агар аз як чизе хушаш омад ва маҷзуби он шуд, алоқа ба он чиз ӯро аз мадори ҳақ ва инсоният хориҷ насозад ва ба зиштӣ олуда накунад. Ва агар дар мавриде асабонӣ шуд ва мавҷе аз хашм дар руҳаш пайдо шуд, тасаллут бар хештанро ҳифз кунад, ҷуз ҳақиқат нагӯяд ва калимае дурӯғ ё дашном бар забон наёварад. Ва агар соҳиби қудрат ва нуфуз гашт ва монеъҳо аз ҷилаваш бардошта шуд, зиёда аз мизоне, ки истеҳқоқ дорад, дастдарозӣ накунад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: