Перейти к содержимому

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши дуввум

Дар қисмати пешин, собит кардем, ки “идеулужӣ”-ро чӣ муродифи “ҷаҳонбинӣ” бидонем ва чӣ муродифи “рафторҳо (боядҳо)-и муттакӣ бар як ҷаҳонбинӣ” (яъне як систем ва мактаб), дар ҳар ду сурат, барои “идеулужии миллӣ” наметавон маъное пайдо кард. Зеро “миллият” (тоҷик будан, рус будан, араб будан ва ғайра…) на илм аст, на фалсафа аст ва на ҳатто дин, то як дид ва як нигариш ва як тафсири хосс аз ҳастӣ ва ҷаҳон ва инсон ва таърих ва ҷомеаро бароямон шакл бидиҳад. Ин, илм ё фалсафа ва ё дин аст, ки чунин вазифаеро бар ӯҳда дорад. Масалан, он касе, ки дар андеша ё атеист аст ва ё Худобовар, атеист ва Худобовар будани ӯ наметавонад реша дар рангу пӯсту забону ҷуғрофиёи ӯ (хулоса миллияти ӯ) дошта бошад, балки ношӣ аз қаноатҳои дарунии ӯст, чӣ тоҷик бошад вай, чӣ рус бошад, чӣ турк бошад ва ғайра… Як атеист, масалан, зимни таҳқиқу баррасиҳои илмӣ, ба ин натиҷа расида, ки дину Худову фариштаву инҳо ҳама дурӯғу хурофа ҳастанд. Худобовар ҳам инчунин, яъне рафта ва мутолеа карда ва ба ин натиҷа расида, ки Худое будааст. Ин масоил рабте ба миллияти фард надорад.

Нигоранда дар қисмати аввали ин мақола (ва ҳатто дар ҳамин қисмат) агар рӯи ин матлаб бисёр таъкид ва ба такрор матлабро баён медорам, ин далел дорад. Зеро, касоне, ки имрӯз дар кишвари азизамон дар бораи “идеулужии миллӣ” сухан меронанд ва дар садади поярезии он ҳастанд, асли матлаб ё барояшон воқеан равшан нест ва ё ин ки амдан мағлата мекунанд. Зеро, онҳо “идеулужӣ”-ро ё ба маънои “ҷаҳонбинӣ” мегиранд ва ё ба маънои “рафторҳои муттакӣ бар як ҷаҳонбинии хосс” (яъне як мактаб). Ба унвони намуна, устод Қамаруддини Нурулҳақ, файласуф ва исломшиноси тоҷик, дар мусоҳибае, ки сойти “Равшанфикр” бо эшон ороста, мегӯяд: “Ҷойгузини холигии идеологияро пайдо кардан мумкин аст, вале он кори саҳл нест. Он ба заҳмати муштараки мансабдорони масъули самти идеологӣ ва зиёиёни зираку ҳушёр бастагӣ дорад. Имрӯз холигии идеологии моро дину хурофот пурра месозад, ки раванди хатарнок аст…” (Дар партави идеологияи миллӣ (сӯҳбати ихтисосӣ бо файласуф ва исломшиноси тоҷик, устод Қамаруддини Нурулҳақ, 05.12.2017) Комилан равшан аст, ки эшон “дин”-ро дар арзи “идеулужии миллӣ” қарор додааст. Мехоҳад бигӯяд, “зиёиёни зираку ҳушёри мо” бояд талош кунанд ва як оше бипазанд, ки ба унвони “идеулужии миллӣ” ба мардум арза ва ба ҷойи дин биншинад.

Хеле хуб, ҳоло мехоҳам як каме возеҳтар ва ошкортар ин азизонро мавриди хитоби худ қарор бидиҳам: Шумо, устод Нурулҳақ ва ё устод Бекзода ё Меҳр Собириён ва ғайра, ки дар ин гуфтугӯ ва мусоҳиба изҳори назар мекунед ва дар садади ёфтани роҳи ҳалле барои ҷо андохтани “идеулужии миллӣ” барои тоҷикон ҳастед, ҳар яке аз шумо, қатъан як дид ва як нигариш ва як тафсири хосс аз ҷаҳон ва ҳастӣ ва ҷомеа ва инсон дорад; яке ду нафари шумо шояд атеист аст, яке ҳам шояд Худобовар ва севвуме ҳам тобеъи як мактаби фалсафии дигар. Дар ин, ки тардиде нест. Хуб, ин дид ва нигариши шумо реша дар чӣ чизе дорад? Оё миллияти шумо, ки тоҷикед, мегӯяд, атеист бош, ё намедонам позитивист бош ва ё экзистенсиалист бош ва ё Худобовар?! Ё ин ки на, ин ҷаҳонбинии шумо рабте ба миллият ва рангу пӯсту ҷуғрофиёи шумо надорад, балки ҳосили қаноатҳои дарунии шумост, ки якеро атеист сохта ва якеро Худобовар ва якеро ҳам шояд экзистенсиалист?! Ҳар яке аз шумо, дар ин қаноатҳои хеш, қатъан ва бе тардид бо як рус ё як олмонӣ ва ё як омрикоӣ ё як турк ё як араб шарикед. Оё дар ин воқеият тардиде ҳаст?! Посух ба назарам комилан равшан аст.

Пас, чунонки ҳар як аз шумо, сарфи назар аз миллият ва нажоди хеш, як ҷаҳонбинӣ ва як идеулужии хосс дорад, як нафар тоҷики диндор низ дорои ҷаҳонбинӣ ва идеулужии хоссе аст, ки реша дар дини вай яъне ислом дорад.

Шумо агар атеист будани худро бо “идеулужии миллӣ” — ки аз он мегӯед — дар тазодд намебинед, пас чаро бовар ва қаноатҳои як тоҷики диндорро дар тазодд бо “идеулужии миллӣ” мебинед?! Ё фикр мекунед, “идеулужии миллӣ”, ки дар садади поярезии он ҳастед, ҳамоҳанг бо боварҳо ва мӯътақадоти фақат шумост, на як тоҷики динмадор?!

Ҳол, аз ҳамин ҷо вориди асли матлаб мешавам. Ва он — ҳамон тавр, ки дар қисмати пешини мақола ёдовар шуда будам — ин аст, ки оё метавон барои умуми тоҷикистониҳо, сарфи назар аз ин ки ҳар як дорои ҷаҳонбинӣ ва идеулужии хоссе аст, як “идеулужии миллӣ” қоил шуд? Идеулужӣ дар инҷо албатта на ба маънои “ҷаҳонбинӣ” аст ва на ба маънои як мактаб ва системи фикрӣ, балки тавзеҳаш хоҳад омад.

* * *

Идеулужии миллӣ барои Тоҷикистон

Ҳамон тарҳеро, ки дар мақолаи “Тоҷикистон ва идеулужии (идеологияи) миллӣ” пешкаш намуда будам, дар инҷо каме баст хоҳам дод ва равшантар баён хоҳам кард. Иҷоза бидиҳед, матлабро инчунин шурӯъ кунам: Тоҷикистон ба унвони як кишваре, ки 8 милюн ҷамъият дорад, мисли соири кишварҳои дунё шаҳрвандонаш дар гароишҳо ва андешаҳо ва боварҳо мухталиф ва гуногун ҳастанд; яке диндор аст, яке атеист аст, яке ҳам шояд гароиши пучгароёна дошта бошад ва ғайра… Билохира, инсон ҳамин аст. Одамӣ дар гароиш ба ақида ва андешаи хосс, фақат навкар ва чокари мантиқ ва ақл аст. Ақида ва бовар чизе таҳмилшаванда нест. Ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст ва мункираш ҳам кӯру нобино.

Ҳол, оё метавон барои одамҳои гуногун дар андеша ва гароиш (яъне мухталиф дар ҷаҳонбиниҳо ва идеулужиҳо) “ваҷҳи муштарак” ва ё “сақфи муштарак” пайдо кард, ки ҷомеъ ва гирдоварандаи онҳо бошад?

Бале, чунин чизе вуҷуд дорад. Ва лозим ҳам нест барои эҷоди “дағдағаи муштарак” барои як миллат (масалан мо, тоҷикҳо), ба дунболи поярезии мактабе ба номи “пантоҷикизм” бошем, чунонки устод Нурулҳақ дар ҳамон мусоҳиба мегӯяд, ки: “Ба андешаи ман, ҷойи холигии идеологии моро имрӯз дар ҳамин зинаи тараққиёт ва давраи гузариши мо бояд “пантоҷикизм” пурра созад.” Ин ҳарфҳоро бояд канор зад. Дар воқеъ, ин ҳарфҳо дигар кӯҳна шудаанд. Ин гуна тарҳҳо дар қарни 20-ум имтиҳони худро пас доданд ва мӯъҷизае ҳам накарданд; на барои туркҳо, на барои арабҳо, на барои урупоиҳо.

Хуб, ҳоло ин чизе, ки гуфтем чист? Яъне, ҳамон “сақфи муштарак”. Хеле содда аст. Шумо нигоҳе биандозед ба кишварҳои мутамаддини имрӯз, ки як замоне марҳилаи “пан.. пан”-ҳоро аз сар гузаронидаанд. Масалан, Олмон ё Ангилис ва ё Фаронса ва куллан кишварҳои урупоӣ. Дар ин кишварҳо, шаҳрвандон дорои афкору ақоиду гароишҳои гуногун ва балки мутазодд ҳастанд, аммо дар айни ҳол, як чиз барои ҳамаи онҳо “сақфи муштарак” аст, ки зери он ҳама гирд омадаанд. Ва он, чизе ҷуз “шаҳрванд будан” нест. Яъне, он чи ду олмонии дар фикру гароиш мухталифро масалан ҷамъ карда, зиндагӣ дар як кишвар аст, на чизе дигар. На “панолмонизм”, на “панфаронсавизм”, на “панангилисизм” ва ғайра…

Аз ин рӯ, “тоҷикистонӣ будан” (ҳатто на “тоҷик будан”, балки “тоҷикистонӣ будан”) танҳо идеяе аст, ки метавонад ба унвони “идеулужии миллӣ” барои мо, тоҷикистониҳо матраҳ шавад (ҳоло агар битавон номашро “идеулужии миллӣ” гузошт, ишколе ҳам надорад, муҳим маъност, на ному унвон). Ва чунонки дар он мақола баён карда будам, “тоҷикистонӣ будан” яъне одамони сокин дар ин сарзамин — аъамм аз тоҷику ғайра, аъамм аз мусалмону ғайримусалмон — бояд бидонанд, ки инҳо, илова бар сарзамин ва ҷуғрофиёи муштарак, сарнавишти муштарак доранд, забони муштарак доранд, таърихи муштарак доранд, ифтихороти муштарак доранд ва аз ин рӯ дағдағаи инҳо низ муштарак бошад. Эрон дар ин росто, улгуи муносибе аст. Зеро “эронӣ будан” барои эрониҳо, ба як фарҳанги муштарак табдил шуда, чӣ ӯ порсизабон бошад, чӣ туркзабон бошад, чӣ арабзабон бошад ва ғайра.

Бинобар ин, донишмандони азизи мо, ба ҷойи поярезии “пантоҷикизм” ба унвони як мактаб (ки чизе ҷуз нажодпарастӣ нест), бояд ба фикри ниҳодина кардани “фарҳанги ҳамзистӣ” бошанд; ҳамон коре, ки дигар миллатҳои мутамаддини имрӯз карданд. Коре бикунанд, ки “тоҷикистонӣ будан” ба як фарҳанг табдил гардад.

* * *

Чанд масъалаи дигар боқӣ монда, ки дар қисматҳои баъдӣ роҷеъ ба онҳо баҳс хоҳам кард, мисли ин баҳс, ки оё тоҷик будан бо мусалмон будан қобили ҷамъ нест? Ва ё ин ки: оё ислом миллиятро ба расмият намешиносад ва барои мусалмон миллате ҷуз “миллати исломӣ” қоил нест ва ғайра аз баҳсҳо, ки иншоаллоҳ пиромуни инҳо баҳс хоҳам кард. Албатта мухотаби ман дар баҳсҳои оянда, бештар баъзе аз худи мо мусалмонон ҳастем, ки дида мешавад аҳёнан мункири миллият ҳастанд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: