Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (11)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (6)

Шайтон

Мумкин аст тасаввур шавад, ки агар дар ойини зардуштӣ фикри санавии “Яздон ва Аҳриман” вуҷуд дорад, дар дини ислом ҳам ақидаи “Худо ва шайтон” ба сурати ду қутби мухолифи якдигар матраҳ аст. Чӣ фарқ аст миёни Аҳримани кеши зардуштӣ ва шайтони дини ислом?

Миёни андешаи Аҳриман дар кеши зардуштӣ ва ойини маздоӣ, ва андешаи шайтон дар ойини ислом, тафовут аз замин то осмон аст. Ин матлаб ниёзманд ба тавзеҳи мухтасаре аст.

Дар таълимоти авестоӣ, аз мавҷуде ба номи “Ангра-Майню” ё Аҳриман ном бурда шудааст ва хилқати ҳамаи бадиҳо ва шурур ва офот ва мавҷудоти зиёновар аз қабили бемориҳо, дарандаҳо, газандаҳо, морҳо ва ақрабҳо ва ҳамчунин заминҳои беҳосил, хушксолӣ ва амсоли онҳо ба ӯ нисбат дода шудааст, на ба “Аҳуромаздо”, ки Худои бузург аст ва на ба “Спента-Майню”, ки рақиби “Ангра-Майню” аст.

Аз баъзе таълимоти авестоӣ зоҳир мешавад, ки Аҳриман худ як ҷавҳари қадими азалӣ аст монанди Аҳуромаздо, ва ба ҳеч ваҷҳ офаридаи Аҳуромаздо нест, Аҳуромаздо ӯро кашф кардааст, вале ӯро наофаридааст. Аммо аз баъзе таълимоти дигари Авесто махсусан қисмате аз “Готоҳо”, ки мӯътабартарин аҷзои Авестост, равшан мегардад, ки Аҳуромаздо ду мавҷуд офарид: яке “Спента-Майню” ё хиради муқаддас, ва дигаре “Ангра-Майню” ё хиради хабис (Аҳриман).

Ва ба ҳар ҳол, он чи аз Авесто зоҳир мешавад ва мавриди эътиқоди зардуштиён буда ва ҳаст ин аст, ки мавҷудот ва махлуқоти ҷаҳон ба ду дастаи хайру шарр тақсим мешаванд.

“Хайрот” онҳо ҳастанд, ки ҳастанд ва боист бошанд ва хуб аст, ки бошанд ва вуҷудашон барои низоми олам лозим аст, аммо “шурур” онҳо ҳастанд, ки ҳастанд аммо набоист бошанд, вуҷуди онҳо сабаби нақси олам шудааст ва ин шурур ба ҳеч ваҷҳ махлуқи Аҳуромаздо нестанд, балки махлуқи Аҳримананд, хоҳ худи Аҳриман махлуқи Аҳуромаздо бошад ва хоҳ набошад.

Пас, ба ҳар ҳол Аҳриман холиқ ва офаринандаи бисёре аз махлуқоти ҷаҳон аст; қисмате аз ҷаҳони офариниш ҷузъи қаламрави  ӯст ва ӯ худ ё як асли қадимии азалӣ аст ва шарик ва мумосили Аҳуромаздост дар зот, ва ё махлуқи  ӯст, вале шарики  ӯст дар холиқият.

Вале дар ҷаҳонбинии исломӣ асосан ҷаҳон ва мавҷудоти ҷаҳон ба ду дастаи хайру шарр мунқасим намегардад; дар ҷаҳон, офаридае, ки набоист офарида шуда бошад ва ё бад офарида шуда бошад, вуҷуд надорад, ҳама чиз зебо офарида шуда ва ҳама чиз баҷо офарида шуда ва ҳама чиз махлуқи зоти аҳадият аст.

Қаламрави шайтон “ташреъ” аст, на “таквин”, яъне қаламрави шайтон фаъолиятҳои ташреъӣ ва таклифии башар аст. Шайтон фақат дар вуҷуди башар метавонад нуфуз кунад, на дар ғайрибашар. Қаламрави шайтон дар вуҷуди башар низ маҳдуд аст ба нуфуз дар андешаи ӯ, на тану бадани ӯ. Нуфузи шайтон дар андешаи башар низ мунҳасир аст ба ҳадди васваса кардан ва хаёли як амри ботилеро дар назари ӯ ҷилва додан. Қуръон ин маъониро бо таъбирҳои “тазйин”, “тасвил”, “васваса” ва амсоли инҳо баён мекунад. Ва аммо ин ки чизеро дар низоми ҷаҳон биёфаринад ва ё ин ки тасаллути таквинӣ бар башар дошта бошад, яъне ба шакли як қудрати қоҳира битавонад бар вуҷуди башар мусаллат шавад ва битавонад ӯро бар кори бад иҷбор ва илзом намояд, аз ҳавзаи қудрати шайтон хориҷ аст. Тасаллути шайтон бар башар маҳдуд аст ба ин ки худи башар бихоҳад дасти иродат ба ӯ бидиҳад:

إِنَّهُ لَيْسَ لَهُ سُلْطَانٌ عَلَى الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ. إِنَّمَا سُلْطَانُهُ عَلَى الَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُ

Ҳамоно шайтон бар мардуме, ки имон доранд ва ба Парвардигори хеш эътимод ва иттико мекунанд тасаллуте надорад, тасаллути ӯ мунҳасир аст ба ашхосе, ки худашон вилоят ва сарпарастии шайтонро пазируфта ва мепазиранд… (Сураи наҳл, оятҳи 99-100)

Қуръон аз забони шайтон дар қиёмат нақл мекунад, ки дар ҷавоби касоне, ки ба ӯ эътироз мекунанд ва ӯро масъули гумроҳии хеш мешуморанд мегӯяд:

وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيْكُم مِّن سُلْطَانٍ إِلاَّ أَن دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي فَلاَ تَلُومُونِي وَلُومُواْ أَنفُسَكُم

Ман дар дунё қувваи иҷбор ва илзоме надоштам. Ҳудуди қудрати ман фақат “даъват” буд. Ман шуморо ба сӯи гуноҳ хондам ва шумо ҳам даъвати маро пазируфта ва иҷобат кардед, пас маро маломат накунед, хештанро маломат кунед, ки ба даъвати ман посухи мусбат додед. Иртиботи ман бо шумо сирфан дар ҳудуди “даъват” ва “иҷобат” будаву бас…” (Сураи Иброҳим, ояти 22)

Фалсафа ва ҳикмати ин андоза тасаллути шайтон бар башар, “ихтиёр”-и инсон аст. Мартибаи вуҷудии инсон эҷоб мекунад, ки ҳурру озоду мухтор бошад. Мавҷуди мухтор ҳамвора бояд бар сари ду роҳ ва миёни ду даъват қарор гирад, то камол ва феълияти хешро, ки мунҳасиран аз роҳи “ихтиёр” ва “интихоб” ба даст меояд, таҳсил кунад.

Аз ҷаҳон ду бонг меояд ба зидд,

То кадоминро ту бошӣ мустаидд.

Он яке бонгаш нушури атқиё,

В-он дигар бонгаш нуфури ашқиё.

Дар ҷаҳонбинии исломӣ, ҳеч мавҷуде нақше дар офариниш ба сурати истиқлол надорад. Қуръон барои ҳеч мавҷуде истиқлол қоил нест. Ҳар мавҷуде ҳар нақшеро дорад, ба сурати восита ва маҷро воқеъ шудан барои машият ва иродаи болиғаи илоҳия аст. Қуръон барои фариштагон нақши восита будан барои инфози машияти илоҳӣ дар хилқат қоил аст. Вале барои шайтон ҳатто чунин нақше низ қоил нест, то чӣ расад ба он, ки ӯро дар холиқият мустақил бидонад он чунон, ки дар Авесто Аҳриман холиқи мустақиллест дар баробари Аҳуромаздо.

Аз ин рӯ, ин ки маъмулан калимаи шайтонро дар тарҷумаи мутуни исломӣ ба “Аҳриман” ё “Дев” тарҷума мекунанд, ғалати фоҳиш аст. Калимаи шайтон муродифе дар форсӣ надорад ва бояд айни лафз дар тарҷума биёяд.

Шайтон аз назари Қуръон, ба ҳеч ваҷҳ қутбе дар муқобили Худованд нест, ҳатто қутбе дар баробари фариштагон, ки ба изни Парвардигор дастандаркори хилқатанд ва муҷрии машияти илоҳӣ дар офариниши ашё мебошанд низ нест.

Ба таври куллӣ, тасаввури мардуми мо аз “ҷин” бо тасвире, ки Қуръон аз ҷин медиҳад мутафовит аст. Ҷин дар Қуръон мавҷудест монанди инсон ва мукаллаф ба таколифе монанди таколифи инсон, вале мавҷуде номаръӣ. Аммо ҷин дар тасаввури оммаи мардум мавҷудест дар радифи фаришта. Қуръон ҷинро бо инс (инсон) радиф мекунад ва оммаи мардум бо фаришта. Шайтон ба насси Қуръон аз навъи ҷин аст. Дар ҷаҳонбинии исломӣ, фариштагон нақши иҷроӣ дар низоми таквин доранд, бар хилофи ҷин, ки аз ин назар ҳеч нақше надорад. Радиф қарор додани “ҷинну малак” дар адабиёти исломӣ, ба эътибори иштибоҳест, ки мусалмонон аз собиқаи зеҳнӣ бо мафоҳими зардуштӣ домангирашон шудааст.

Ба асли матлаб баргардем: ҷаҳонбинии исломӣ бар хилофи ҷаҳонбинии зардуштӣ ва монавӣ ва маздакӣ, якқутбӣ аст. Шайтон аз назари Қуръон мисдоқи:

الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ

(Худой) ҳамон касест, ки ҳар чизеро, ки офаридааст некӯ офарида…” (Сураи Саҷда, ояти 7)) ва ҳамчунин мисдоқи:

رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

(“Парвардигори мо касе аст, ки ҳар чизеро хилқате, ки дар хӯри ӯст дода сипас онро ҳидоят фармудааст.” (Сураи Тоҳо, ояти 50)) аст.

Вуҷуди шайтон ва шайтанат ва излоли (гумроҳсозии) ӯ худ мабнӣ бар ҳикмат ва маслиҳатест, ва ба мӯҷиби ҳамон ҳикмат ва маслиҳат, шайтон шарри нисбӣ аст, на шарри ҳақиқӣ ва воқеӣ ва мутлақ.

Аз ҳама шигифттар ин аст, ки бар ҳасби мантиқи Қуръон, Худо худаш ба шайтон, мақоми “излол” ва “гумроҳсозӣ”-ро эъто фармудааст. Дар ин бора Қуръони Карим мефармояд:

وَاسْتَفْزِزْ مَنِ اسْتَطَعْتَ مِنْهُمْ بِصَوْتِكَ وَأَجْلِبْ عَلَيْهِم بِخَيْلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكْهُمْ فِي الأَمْوَالِ وَالأَوْلادِ وَعِدْهُمْ وَمَا يَعِدُهُمُ الشَّيْطَانُ إِلاَّ غُرُورًا

Дар ин ҷо Худо шайтонро мухотаб сохта ба вай фармон медиҳад, ки:

Ҳар киро аз фарзандони Одам метавонӣ билағзон, бо саворанизом ва пиёданизомат бар онон битоз, дар сарвату фарзанд шарикашон шав ва навидашон деҳ! Шайтон ҷуз дурӯғу фиреб навидашон намедиҳад.” (Сураи Исро, ояти 64)

Гӯӣ шайтон омодагии худро барои таҳвил гирифтани мақоми излол (гумроҳсозӣ) эълом медорад он ҷо, ки мегӯяд:

فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ. ثُمَّ لآتِيَنَّهُم مِّن بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ وَعَنْ أَيْمَانِهِمْ وَعَن شَمَآئِلِهِمْ وَلاَ تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ

Ба ин сабаб, ки маро гумроҳ сохтӣ, бар сари роҳи эшон (инсонҳо) хоҳам нишаст, он гоҳ аз пеши рӯ ва аз пушти сарашон, ва аз рост ва аз чапашон хоҳам омад, ва бештари ононро сипосгузор нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Аъроф, оятҳои 16-17)

Албатта маънӣ ва мафҳуми излол (гумроҳсозӣ) ва қаламрави шайтон дар ин мақом, ҳамон аст, ки қаблан ишора шуд ва на бештар. Яъне ҳеч гуна иҷбору илзоме нисбат ба башар дар кор нест, ҳар чӣ ҳаст “васваса” аст ва “даъват” аст ва “тазйин” аст ва “тасвил”.

Тазаккури ин нукта лозим аст, ки мақсуди мо аз ин ки таквин аз қаламрави шайтон хориҷ аст, ин нест, ки шайтон ҳеч нақше дар таквин надорад. Магар мумкин аст мавҷуде дар олами таквин вуҷуд дошта бошад ва ҳеч нақшу асаре надошта бошад?! Мақсуд ин аст, ки шайтон на холиқи мустақилли бахше аз мавҷудот ва қутбе дар баробари Худованд аст, ва на дар низоми тӯлии ҷаҳон монанди фариштагон нақше аз тадбиру идораи коинот ба ӯ супурда шудааст, ва на тасаллуташ бар башар дар ҳадде аст, ки битавонад ӯро ба он чи мехоҳад маҷбур намояд.

Қуръон барои шайтон ва ҷин нақше дар таквин қоил аст, аммо маҷмӯан аз нақши инсон бартар ва болотар нест.

Мақсуди аслии мо аз ин баҳс ин аст, ки Қуръон масъалаи шайтонро ба шакле тарҳ кардааст, ки кучактарин хадшае бар тавҳиди зотӣ ва асли:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ

(“Чизе монанди Ӯ нест…” (Сураи Шӯро, ояти 11)) ва ҳамчунин бар тавҳид дар холиқият ва асли:

أَلاَ لَهُ الْخَلْقُ وَالأَمْرُ

(“Огоҳ бош, ки олами халқ (офариниш) ва амр аз они Ӯст…” (Сураи Аъроф, ояти 54))

قُلِ اللّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ

(“Бигӯ: Худост офаринандаи ҳар чизе…” (Сураи Раъд, ояти 16))

وَلَم يَكُن لَّهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ  

(“Ва на дар мулк шарике дорад…” (Сураи Исро, ояти 111)) ворид намесозад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: