Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (12)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (7)

Бадбинии фалсафӣ

Яке дигар аз асароти “масъалаи шурур”, бадбинии фалсафӣ аст. Фалосифаи бадбин маъмулан аз миёни материалистҳо бармехезанд. Як навъ робита ва талозум миёни материализм ва бадбинии фалсафӣ вуҷуд дорад, ки қобили инкор нест. Чаро? Равшан аст: материализм аз ҳалли мушкили “шурур” нотавон аст.

Тибқи биниши фалсафаи илоҳӣ, вуҷуд мусовӣ бо хайр аст, ва шарр амри изофӣ ва нисбӣ аст ва зери ҳар пардаи шарр хайре нуҳуфтааст. Вале бар тибқи биниши моддӣ, чунин чизе вуҷуд надорад.

Бадбинӣ нисбат ба ҷаҳон ранҷовар аст. Басе дарднок аст, ки одамӣ ҷаҳонро фоқиди эҳсосу идроку ҳадаф бидонад. Инсоне, ки худро фарзанди кучаке аз ҷаҳон медонад ва барои худаш ҳадаф қоил аст, вақте чунин биандешад, ки ҷаҳоне, ки маро ва фикри маро ба вуҷуд овардааст ва ҳадаф доштанро ба ман ёд додааст, худаш ҳадаф надорад, сахт ба худ меларзад. Касе, ки фикр мекунад дар ҷаҳон адолат нест, дар табиат табъизу зулм вуҷуд дорад, агар ҳамаи неъматҳои дунёро ба ӯ бидиҳанд, бадбин ва нохушнуд хоҳад монд.

Кӯшишҳои чунин касе аз барои саодати худ ва некбахтии навъи башар бо ҳеч гуна дилгармӣ ва умеде ҳамроҳ нест. Вақте пояи ҳастӣ бар ситамгарӣ бошад, дигар адолатхоҳии инсон бемаънӣ аст. Вақте асли ҷаҳон бе ҳадаф аст, ҳадаф доштани мо ҳамчун нақши бар об, чизе аҳмақона аст.

Ин ки соҳибони имон аз беҳтарин оромиш ва осоиши равонӣ бархӯрдоранд, аз он ҷиҳат аст, ки ҷаҳонро ҳаким ва алим ва ҳадафдор медонанд, на гиҷу мангу аблаҳу бе ҳадаф, онро одил ва тарафдори ҳақ ва аҳли ҳақ медонанд, на ситамгар ва тарафдори ситам ва ё бетафовут. Яктопарастон дар мавриди бадиҳо ва шурур, мӯътақиданд, ки ҳеч чизи ҳисобнакарда нест; бадиҳо ё кайфаре ҳастанд одилона, ё ибтилое ҳастанд ҳадафдор ва подошовар.

Аммо ашхоси беимон чӣ мекунанд? Онон ба чӣ чиз дил хуш медоранд? Онон ба худкушӣ мутавассил мешаванд ва ба гуфтаи яке аз онон, “маргро бо шаҳомат дар оғӯш мекашанд”.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ оморе мунташир карда ва эълом карда, ки омори худкушӣ махсусан дар миёни равшанфикрон боло меравад. (Ин омор марбут ба даҳаи 70 қарни 20-ум аст, яъне замоне, ки ин китоб навишта шудааст.) Бар ҳасби гузориши ин созмон, дар ҳашт кишвари урупоӣ худкушӣ хеле зиёд шудааст. Яке аз он ҳашт кишвар Суис (Шветсария) аст, ки мо он кишварро намунаи хушбахтӣ меангорем. Дар ин гузориш омадааст, ки худкушӣ севвумин омили маргу мир аст, яъне беш аз саратон талафот медиҳад ва мутаассифона дар миёни табақаи таҳсилкарда беш аз табақаи бесавод воқеъ мешавад.

Низ дар ҳамин гузориш омадааст, ки дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа, ки дар ҳоли аз даст додани имонанд, худкушӣ зиёдтар аст. Дар Олмони ғарбӣ ҳар сол, 12 000 нафар ба василаи худкушӣ мемиранд ва 60 000 нафар худкушӣ мекунанд ва наҷот дода мешаванд.

Ин аст зиндагии касоне, ки имони хешро ба Худои доно Раббулъоламин аз даст додаанд.

Барои худкушӣ, авомили мутаъаддиде зикр шудааст: ҷалби таваҷҷӯҳ, шикаст дар ишқ, шикаст дар рақобатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, фақр, эътиёд, хафақон, пучпиндории зиндагӣ ва ҳастӣ. Вале иллатул-илал як чиз аст: беимонӣ.

Вилём Ҷеймз (William James) дар фасли аввали китоби худ, ки ба номи “Дин ва равон” тарҷума шуда, дар бораи як нависандаи моддӣ ба номи Морк Урел (Marc Aurel) ва ҳам дар бораи Ниче ва Шупонҳовер мегӯяд:

Калимоти Морк Урел талхии решадори ғаму андӯҳро нишон медиҳад. Нолаҳои он монанди нолаи хуке аст, ки зери теғ сар медиҳад. Вазъи руҳии Ниче ва Шупонҳовер, абусиҳо ва каҷхулқиҳо, дар онҳо дида мешавад, ки омехта бо дандон соиданҳои талхе мебошад. Нолаҳои мароратомези ин ду нависандаи олмонӣ, одамиро ба ёди ҷир-ҷирҳои муше меандозад, ки машғули ҷон додан аст. Дар калимоти ин ду нависанда он маъно ва мафҳуми тасфияе, ки мазҳаб ба сахтиҳо ва машаққатҳои зиндагӣ медиҳад, дида намешавад…” (Сайри ҳикмат дар Урупо, ҷ.3, фасли панҷум)

Ниче, ки Вилём Ҷеймз аз ӯ ба унвони як бадбин ном мебарад, фалсафаи маъруфе дорад мабнӣ бар “асолати нерӯмандӣ”; мегӯяд:

Бояд раъфату риққати қалбро дур андохт. Раъфат аз аҷз (нотавонӣ) аст. Фурӯтанӣ ва фармонбардорӣ фурӯмоягӣ аст. Ҳилму ҳавсалаву афву иғмоз аз беҳимматӣ ва сустӣ аст… Нафс куштан чаро? Бояд нафсро парварид. Ғайрпарастӣ чист? Худро бояд хост ва худро бояд парастид ва заиф ва нотавонро бояд раҳо кард, то аз миён биравад…” (Ҳамон манбаъ)

Ниче бо чунин афкор ва андешаҳое табъан ҷаҳонро бар хештан ба сурати як зиндон сохта буд. Дар охирҳои умр самараи ин андешаҳо оидаш шуд. Дар номае, ки охирҳои умр ба хоҳараш навишта менависад:

Ҳар чи рӯзгор бар ман мегузарад, зиндагонӣ бар ман гаронтар мешавад. Солҳое, ки аз беморӣ дар ниҳояти афсурдагӣ ва ранҷурӣ будам, ҳаргиз монанди ҳолати кунунӣ, аз ғам пур, ва аз умед тиҳӣ набудам. Чӣ шудааст? Он шудааст, ки бояд бишавад. Ихтилофоте, ки бо ҳамаи мардум доштам, эътимодро ба ман аз эшон салб карда ва тарафайн мебинем ба иштибоҳ будаем. Худоё! Ман имрӯз чӣ танҳо ҳастам! Як тан нест, ки битавонам бо ӯ бихандам ва як финҷон чой бинӯшам. Ҳеҷ кас нест, ки навозиши дӯстона бар ман раво бидорад…” (Ҳамон манбаъ)

Шупонҳовер, ки Вилём Ҷеймз аз ӯ низ ёд кардааст, мӯътақид аст:

Асл дар зиндагонӣ ранҷу газанд аст, лаззату хушӣ ҳамоно дафъи алам (дард) аст ва амри мусбат нест, балки манфӣ аст. Ва ҳар чӣ мавҷуди ҷондор дар мартибаи ҳаёт бартар бошад, ранҷаш бештар аст, чун бештар ҳисс мекунад ва озори гузаштаро бештар ба ёд меоварад ва ранҷи ояндаро беҳтар пешбинӣ менамояд… Як дами хушӣ, умре нохушӣ дар пай дорад. Издивоҷ намекунӣ, дар озорӣ. Мекунӣ, ҳазор дардисар дорӣ. Мусибати бузург балои ишқ аст ва ибтилои ба зан, ки мардум мояи шодии хотир медонанд, дар сурате, ки сардафтари ғамҳост. Муошират мекунӣ, гирифторӣ. Намекунӣ, аз зиндагӣ безорӣ. Бандагӣ, банду Худовандӣ судоъ. Мухтасар, то ҷон дар тан аст, аз ин ранҷу машаққат наметавон раст. Зиндагӣ, саросар ҷон кандан аст, балки марге аст, ки дам ба дам ба таъхир меафтад, ва саранҷом аҷал мерасад, дар сурате, ки аз ҳаёт ҳеч суде бурда нашуда ва натиҷаи муфиде ба даст наомадааст…” (Ҳамон манбаъ, фасли чаҳорум)

Дар ҷаҳони ислом низ аҳёнан касоне буда ва ҳастанд, ки ҷаҳонро торик мебинанд ва ҳамвора чеҳрае гирифта ва абусу хашмгин дар баробари ҷараёноти офариниш нишон медиҳанд ва ба қавл Вилём Ҷеймз, гуфтаҳояшон навъе дандон соидан аст. Абулъалои Муъаррӣ, файласуф ва шоири маъруфи араб ва ҳамчунин Хайёми шоир аз ин гурӯҳанд. Ин ки мегӯям “Хайёми шоир” аз он ҷиҳат аст, ки муҳаққиқон бовар надоранд, ки ашъори маъруфи бадбинона, аз Хайёми файласуф ва риёзидон бошад. Он чи барои Хайёми шоир мӯҷиби ҳайрату ранҷу нола аст, барои “Хайёми файласуф” ҳал шудааст.

Дар асри мо, ба тақлид аз урупоиён, ва ба иллатҳои дигар, ки акнун ҷои зикраш нест, нависандагоне бадбин пайдо шудаанд, ки заҳрҳое аз ин роҳ ба ҷони ҷавонон мерезанд ва ононро беалоқа ба зиндагӣ ва аҳёнан водор ба худкушӣ мекунанд ва аз тарафи авомили маръиву номаръӣ мавриди ташвиқ қарор мегиранд ва рӯз ба рӯз бар ададашон афзуда мегардад. Содиқи Ҳидоят аз ин гурӯҳ аст. Навиштаҳои вай ба қавли Вилём Ҷеймз, ҳолати ҳамон хукеро менамоёнад, ки зери теғ, нола сар медиҳад ва ё муше, ки дар ҳоле, ки машғули ҷон додан аст, ҷир-ҷир мекунад.

Нуқтаи муқобили амсоли Ниче ва Шупонҳовер ва Абуъало ва Хайёми шоир, фалосифа ва ҳукамои хушбинанд. Илоҳиюн умуман ё аксар, аз ин гурӯҳанд. Мавлавӣ, он орифи бузург, сухангӯи ин гурӯҳ аст. Дар саросари гуфтаҳои ӯ, ишқу шӯру ҳол дида мешавад.

Инсон аз назари ин ориф бузург, конуни хушӣ ва лаззат ва саодат аст, аммо ба шарти он, ки бихоҳад аз ин конуни ройгон баҳрабардорӣ кунад. Ҳеҷ ғаме дар ҷаҳон нест, ки қобили табдил ба суруру баҳҷат набошад. Ӯ инсонҳоеро, ки лаззатро мунҳасиран аз маю ҷимоъ ё самоъ мехоҳанд, мавриди таҳқир қарор медиҳад; инсонро мухотаб сохта мегӯяд:

Бода к-андар хум ҳамеҷӯшад ниҳон,

З-иштиёқи рӯйи ту ҷӯшад чунон.

Эй ҳама дарё! Чӣ хоҳӣ карданам?

В-эй ҳама ҳастӣ! Чӣ меҷӯйӣ адам?

Ту хушиву хубиву кони ҳар хушӣ,

Ту чаро худ миннати бода кашӣ?

Тоҷи “каррамно”-ст бар фарқи сарат,

Тавқи “аътайнока” овези барат.

Илм ҷӯйӣ аз кутубҳои фусус?!

Завқ ҷӯйӣ ту зи ҳалвои сабус?!

Май чӣ бошад ё ҷимоъу ё самоъ,

То ту ҷӯйӣ з-он нишоту интифоъ?!

Офтоб аз зарра кай шуд вомхоҳ?

Зӯҳрае аз хумра кай шуд ҷомхоҳ?

Ва ҳам ӯст, ки мегӯяд:

Ошиқам бар лутфу бар қаҳраш ба ҷидд,

Эй аҷаб, ман ошиқи ин ҳар ду зидд!

Саъдӣ ва Ҳофиз ва соири шоирони ирфонмаслак низ ҳамин роҳро паймудаанд. Баъзе калимоти дупаҳлӯ дар калимоти Ҳофиз ва дигарон пайдо мешавад, аммо касоне, ки бо забони инҳо ошно бошанд, медонанд, ки дар мактаби онон ҷуз хубӣ дида намешавад.

Марбут ба ирфон ва тасаввуф нест; ба таври куллӣ хоссияти имон ин аст. Беимонӣ навъе камбуд аст, ки ба навбаи худ, адами таъодул эҷод мекунад, ва адами таъодул ранҷ ба вуҷуд меоварад. Дар имон, хоссияти тағйиру табдил вуҷуд дорад, ғаму ранҷро табдил ба лаззату сурур мекунад.

Тарбиятшудагони ислом, дар ҳангоми рӯйдодҳо ва мусибатҳо, ба ин ҳақиқат таваҷҷӯҳ мекунанд, ки: мо мамлуки Худойем ва бозгашти мо низ ба сӯи Ӯст:

الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُم مُّصِيبَةٌ قَالُواْ إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعونَ

(Мӯъминон) ҳамон касоне ҳастанд, ки чун мусибате ба онон бирасад, мегӯянд: мо аз они Худо ҳастем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем.” (Сураи Бақара, ояти 156)

Барои нишон додани як намунаи хориҷӣ аз ин тарбиятёфтагон, достоне аз як зану мард мусалмон аз саҳобаи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) меоварем:

Абӯталҳа яке аз ёрони Расули Худост. Зане боимон дошт ба номи Умми Салим. Ин зану шавҳар писаре доштанд, ки мавриди алоқаи ҳар ду буд. Абӯталҳа писарро сахт дӯст медошт. Писар бемор шуд, беморияш шиддат ёфт, ба марҳилае расид, ки Умми Салим донист, ки кори писар тамом аст.

Умми Салим барои ин, ки шавҳараш дар марги фарзанд бетобӣ накунад, ӯро ба баҳонае ба хидмати Расули Акрам фиристод ва пас аз чанд лаҳза тифл ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Умми Салим ҷанозаи баччаро ба порчае печид ва дар як утоқ махфӣ кард, ба ҳамаи аҳли хона супориш кард, ки ҳақ надоред Абӯталҳаро аз марги фарзанд огоҳ созед. Сипас рафт ва ғизое омода кард ва худро низ орост ва хушбӯ намуд. Соате баъд Абӯталҳа омад ва вазъи хонаро дигаргун ёфт, пурсид:

— Бачча чӣ шуд?

Умми Салим гуфт:

— Бачча ором гирифт.

Абӯталҳа гурусна буд, ғизое хост. Умми Салим ғизоеро, ки қаблан омода карда буд ҳозир кард ва дунафарӣ ғизо хӯрданд ва ҳамбистар шуданд. Абӯталҳа ором гирифт. Умми Салим гуфт:

— Матлабе мехоҳам аз ту бипурсам?

Гуфт:

— Бипурс.

Гуфт:

— Оё агар ба ту иттилоъ диҳам, ки амонате назди мо буда ва мо онро ба соҳибаш рад кардаем, хашмгин мешавӣ?

Абӯталҳа гуфт:

— На, ҳаргиз, нороҳатӣ надорад, амонати мардумро бояд пасдод.

Умми Салим гуфт:

— Субҳоналлоҳ! Бояд ба ту иттилоъ диҳам, ки Худованд фарзанди моро, ки амонати ӯ буд назди мо, аз мо гирифт ва бурд.

Абӯталҳа аз баёни ин зан такони сахте хӯрд, гуфт:

— Ба Худо қасам, ман аз ту, ки модар ҳастӣ сазовортарам, ки дар сӯги фарзандамон собир бошам.

Аз ҷо баланд шуд ва ғусли ҷанобат кард ва ду ракъат намоз баҷо овард ва рафт ба ҳузури Расули Акрам ва моҷароро аз аввал то охир барои он ҳазрат шарҳ дод.

Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

— Худованд имрӯз шуморо қарини баракат қарор диҳад ва насли покизае насиби шумо гардонад. Худоро сипос мегузорам, ки дар уммати ман монанди “собира”-и Банӣ Исроил қарор дод.

Оре, ин аст таъсири имону мазҳаб дар тасфияи сахтиҳо ва машаққатҳо, балки дар табдили онҳо ба хушӣ ва лаззат ва саодат.

Вилём Ҷеймз дар китобе, ки қаблан ном бурдем, баҳсе дар бораи фарқи мазҳаб ва ахлоқи маҳз (ахлоқи минҳои мазҳаб) мекунад; мегӯяд:

Асос дар мазҳаб ё ахлоқ ин аст, ки мо чӣ гуна ҷаҳони ҳастиро талаққӣ мекунем? Оё ин ҳастӣ ва коинотро бо сахтӣ ва ранҷ талаққӣ карда, порае аз онро қабул дошта ва қисмате аз онро қабул надорем? Ё он, ки баръакс, онро бо оғӯши боз ва диле оканда аз ишқу муҳаббат истиқбол менамоем? Ахлоқи маҳз қавонини куллии ҷаҳонро, ки ҳоким бар коинот медонад, аз рӯи илм ва иттилоъ итоат мекунад, аммо ин итоат бо як сангинӣ ва малол ҳамроҳ аст, ки дар қалби худ ҳеч гуна ҳарорат ва шавқе надорад, ва ҳеч вақт эҳсоси ин ки ин қавонин монанди юғе аст ба гардани ӯ, аз ӯ ҷудо намешавад. Аммо дар мазҳаб, баръакс, ин итоати сарду ғамангез, ҷои худро ба истиқбол ва пазириши гарм, ки ҳама чизи зиндагиро пур аз лутфу шавқу самимияту нишот месозад, вомегузорад. Ҷони ҷонони ҷаҳон, ки файласуфи ривоқӣ худро ба он таслим мекунад, эҳтиром ва таъзимро мутаваққаъ аст, аммо Худои масеҳӣ (Худои мазҳаб) муҳаббату ишқро толиб мебошад. Ин ҷост, ки мебинем, ки ин ду даста дар ду муҳити мухталиф аз авотифу эҳсосот воқеъанд, ки дар муқобили якдигар, яке ба сардии қутб, ва дигаре ба гармӣ ва ҳарорати хатти истивост, гӯ ин ки натиҷае, ки ҳар як аз онҳо ба даст меоваранд яъне “таслими маҳз ва бидуни чуну чаро” яке бошад…” (Ҳамон манбаъ)

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: