Перейти к содержимому

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши севвум

Ду матлаби дигар ҳаст, ки бояд дар бораи онҳо баҳс бишавад: яке, нисбати ислом бо миллият, ва дигар он ки: оё мусалмон будан бо тоҷик будан қобили ҷамъ нест, ки ногузир қоил ба тақаддуму таъаххур миёни онҳо шавем ва бигӯем, аввал тоҷик баъд мусалмон, ё аввал мусалмон баъд тоҷик?

Инак, баҳси аввал:

* * *

Ислом ва миллият

Баъзеро бовар бар ин аст, ки ойни ислом танҳо миллияте, ки мешиносад “миллати ислом” аст ва чизе ба номи “миллати тоҷик” ё “миллати араб” ва ё “миллати рус” ва… намешиносад; гӯӣ ин ки аз назари ислом, як тоҷик агар мусалмон аст, дигар наметавонад бигӯяд, ӯ аз назари миллият тоҷик аст, балки аз ин назар ӯ фақат мусалмон аст; мусалмонӣ худаш як миллият аст. Устод Қамаруддини Нурулҳақ, файласуф ва исломшиноси тоҷик, дар ҳамон мусоҳиба ва гуфтугӯе, ки сойти “Равшанфикр” бо эшон ороста, мегӯяд:

Чаҳоркитоб таълим медиҳад: агар пурсанд, ки дар миллати кӣ мешавӣ, ҷавоб бигӯ, ки “дар миллати Иброҳими Халилуллоҳ” мешавам. Умуман, таълими динӣ дар оилаҳои тоҷикон аз хондани “Чаҳоркитоб” оғоз меёбад ва хурдсолон аз айёми наврасӣ дар руҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият ва ин яке омилҳои идеологии заиф будани худшиносии мо ва зуҳури ошкорои ҷанбаи арабгароӣ доштани андешаи космополитикии ислом аст, ки имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқони исломии тоҷик таҳқиқу тарғиб меёбад. Вақте ки ман донишгоҳро хатм кардам ва худро ҳамчун тоҷик шинохтам, дақиқ дарк кардам, ки идеяи “миллати Иброҳим”, воқеан, ба араб барои бунёд намудани хилофат ва минбаъд устувор нигоҳ доштани он чун обу ҳаво ниҳоят зарур будааст…” (Дар партави идеологияи миллӣ (суҳбати ихтисосӣ бо файласуф ва исломшиноси тоҷик, устод Қамаруддини Нурулҳақ), 05 декабри 2017)

Ин пиндор, бо ин ки роиҷ аст ва дар зеҳни баъзеҳо ҳатто донишмандонамон русух пайдо кардааст, вале аз назари илмӣ аз беху бун пиндоре ғалат аст. Тавзеҳ он ки: пиндори мазкур реша дар ин дорад, ки гумон кардаанд, вожаи “миллат” — ки як вожаи арабист – маънояш ҳамон аст, ки дар забони порсӣ (тоҷикӣ) аз он мефаҳмем, яъне “гурӯҳе аз афроди инсонӣ, ки бар хоке муайян зиндагӣ мекунанд ва тобеи қудрати як ҳукумат мебошанд”. Дар ҳоле, ки вожаи “миллат” дар луғати араб ва дар Қуръон ва ривоёти набавӣ ва куллан манобеи исломӣ, маънояш ин нест.

Барои донистани ин матлаб, кофист як муҳаққиқ ва пажӯҳишгар ба луғатномаҳо муроҷеа кунад ва матлаб дастгираш гардад. Ба унвони мисол, Ибни Асир (ҳамчунин дар “Лисонул-араб” ва “Ибни Манзур”) мегӯяд:

والملة: الدين

Миллат яъне дин.” (Анниҳоя, 4/360)

Имом Ғаззолӣ дар “Алмустасфо” мегӯяд:

والملة عبارة عن أصل الدين والتوحيد والتقديس الذي تتفق فيه جميع الشرائع

Миллат иборат аст аз асли дин ва тавҳид ва тақдисе, ки ҷамиъи шариатҳо дар он иттифоқи назар доранд.” (Алмустасфо, 1/256)

Ҳоло агар забони арабӣ надонед, метавонед ба “Луғатнома”-и Аллома Деҳхудо руҷӯъ ва ба маънои “миллат” огоҳӣ пайдо кунед. Аллома Деҳхудо мегӯяд:

Миллат: дин ва кеш ва шариат. (Ғиёс). Кеш ва дин ва ойин ва мазҳаб. (Нозимул-атиббо)… Миллат ва дин ду номанд он шаръро, ки Худой ъазза ва ҷалла ниҳод миёни бандагон бар забони анбиё. (Кашфул-асрор, ҷ.1, с.206)… Миллати ислом: шариати ислом. (Нозимул-атиббо)…

Сипас Аллома Деҳхудо шоҳидҳои зиёде аз насру назми порсӣ бар ин матлаб мисол меоварад ва дар охир мегӯяд:

Миллат дар истилоҳи ҳуқуқ: гурӯҳе аз афроди инсонӣ, ки бар хоки муайяне зиндагӣ мекунанд ва тобеи қудрати як ҳукумат мебошанд.”

Ҳамон тавр, ки хонандаи азиз таваҷҷӯҳ дорад, он маъно аз миллат, ки дар миёни мо тоҷикҳо (ва куллан дар забони порсӣ) роиҷ аст, маънои луғавии “миллат” нест, балки як истилоҳи ҳуқуқӣ аст, ки баъдҳо пайдо шуда. Яъне, дар садри ислом вақте вожаи “миллат” ба кор мерафт, ба зеҳни аҳаде маънои ҳуқуқии он хутур намекард. Ин як истилоҳ (термин) аст, ки баъдҳо сохта шуда.

Бинобар ин, маънои “миллат” дар Қуръон ва ривоёт ва манобеи исломӣ, ба маънои дин ва шариат аст. Масалан, он ҷо, ки мефармояд:

قُلْ صَدَقَ اللّهُ فَاتَّبِعُواْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

Бигӯ: Худо рост гуфт, пас, аз миллати Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва аз мушрикон набуд, пайравӣ кунед.” (Сураи Оли Имрон, ояти 95), манзур аз “миллати Иброҳим”, дини Иброҳим аст, шариати Иброҳим аст, ойини Иброҳим аст, яъне ҳамон ойини яктогароӣ ва яктопарастӣ. Ин рабте ба миллият ба маъное, ки алъон роиҷ аст надорад.

Азизон метавонанд ба тафсирҳои Қуръони Карим муроҷеа кунанд ва бо маънои “миллат” — ки ба ғайр аз ин сура, ҳамчунин дар сураҳои Бақара (ояти 120), Аъроф (ояти 88, 89), Иброҳим (ояти 13), Каҳф (ояти 20) омадааст – ошно шаванд, ки оё дар ҳеч як аз онҳо “миллат” ба маъное, ки дар миёни мо мутадовал аст, омада ё на?

Бо ин ҳисоб, ин бардошт чӣ қадр хандовар менумояд, ки: “хурдсолон аз айёми наврасӣ дар руҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият ва ин яке омилҳои идеологии заиф будани худшиносии мо ва зуҳури ошкорои ҷанбаи арабгароӣ доштани андешаи космополитикии ислом аст, ки имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқони исломии тоҷик таҳқиқу тарғиб меёбад.”

Яъне чӣ, ки “дар руҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият”?! Магар “тоҷикият” бо яктогароӣ ва яктопарастӣ мунофот дорад?! Миллати Иброҳим, чунонки баён шуд, яъне ойини яктогароӣ ва яктопарастӣ. Як тоҷик дар айни он ки ба тоҷик буданаш ифтихор мекунад, метавонад дар дину ойинаш яктопараст ва яктогаро бошад. Як рус ва як араб ва як турк ҳам инчунин. Яктопараст будан, ки бо рангу забону ҷуғрофиёи инсон мунофот надорад.

* * *

Дар забони арабӣ, вожае, ки маънои “миллат” (ки дар мо роиҷ аст)-ро мерасонад, вожаи “шаъб” ва аҳёнан вожаи “қавм” аст, мисли “қавми араб”, “қавми форс, “қавми турк”. Ва аз қазо, ойини ислом қавмиятҳоро ба расмият мешиносад, на ин ки мухолиф бошад. Дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ

Эй мардум! Мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо шаъб-шаъб (яъне миллат-миллат) ва қабила-қабила гардонидем…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Яъне, миллат-миллат гардидани одамони рӯи замин, як воқеияти ғайриқобили инкор аст, ки ҳеч кас — на як дин ва на як кеш ва на як мактаби фалсафӣ — наметавонад мункири он бошад. Оё сароҳате болотар аз ин метавон ёфт, ки “шуморо шаъб-шаъб (яъне миллат-миллат) ва қабила-қабила гардонидем”? Ва баъд аз ин тасреҳ, оё касе метавонад иддао кунад, ки ислом бо “миллият” (ба маъное, ки мо мефаҳмем) мухолиф аст?

Ва ҳатто вожаи “уммат”, ки дидаам баъзеҳо иддао мекунанд, ки ислом бо миллият мухолиф аст, зеро ҳамаи мусалмонон як “уммат” ҳастанд! Дар инҷо низ ҳамон баҳс, ки дар мавриди “миллати Иброҳиб (а)” намудем, ҷорист. Зеро маънои “уммат” дар луғат ба маънои “ҷамоате, ки ба сӯи эшон пайғамбаре омадааст” ва ё “гурӯҳе, ки ба пайғамбаре имон оварданд” ё “пайравони анбиё” (Луғатномаи Деҳхудо) аст, на ба маънои “миллат”, ки дар мо роиҷ аст. Аз ин назар, як тоҷик дар айни он ки тоҷик аст ва ба тоҷик будани худ ифтихор мекунад, вале дар дину мазҳаб пайрави ҳазрати Муҳаммад (с) аст, яъне уммати ӯст.

Дар қисмати баъдӣ, роҷеъ ба ин матлаб, ки оё мусалмон будан бо тоҷик будан қобили ҷамъ нест, ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

Идома дорад

68 Comments »

  1. Доштани давлат ва миллат шараф аст чанд миллатеро медонам ки дар орзуи давлатанд, аммо давлат надоранд барои хами бо бояд шер кнем, ки хам давлат дорем ва хам миллат

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: