Перейти к содержимому

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши севвум

Ду матлаби дигар ҳаст, ки бояд дар бораи онҳо баҳс бишавад: яке, нисбати ислом бо миллият, ва дигар он ки: оё мусалмон будан бо тоҷик будан қобили ҷамъ нест, ки ногузир қоил ба тақаддуму таъаххур миёни онҳо шавем ва бигӯем, аввал тоҷик баъд мусалмон, ё аввал мусалмон баъд тоҷик?

Инак, баҳси аввал:

* * *

Ислом ва миллият

Баъзеро бовар бар ин аст, ки ойни ислом танҳо миллияте, ки мешиносад “миллати ислом” аст ва чизе ба номи “миллати тоҷик” ё “миллати араб” ва ё “миллати рус” ва… намешиносад; гӯӣ ин ки аз назари ислом, як тоҷик агар мусалмон аст, дигар наметавонад бигӯяд, ӯ аз назари миллият тоҷик аст, балки аз ин назар ӯ фақат мусалмон аст; мусалмонӣ худаш як миллият аст. Устод Қамаруддини Нурулҳақ, файласуф ва исломшиноси тоҷик, дар ҳамон мусоҳиба ва гуфтугӯе, ки сойти “Равшанфикр” бо эшон ороста, мегӯяд:

Чаҳоркитоб таълим медиҳад: агар пурсанд, ки дар миллати кӣ мешавӣ, ҷавоб бигӯ, ки “дар миллати Иброҳими Халилуллоҳ” мешавам. Умуман, таълими динӣ дар оилаҳои тоҷикон аз хондани “Чаҳоркитоб” оғоз меёбад ва хурдсолон аз айёми наврасӣ дар руҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият ва ин яке омилҳои идеологии заиф будани худшиносии мо ва зуҳури ошкорои ҷанбаи арабгароӣ доштани андешаи космополитикии ислом аст, ки имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқони исломии тоҷик таҳқиқу тарғиб меёбад. Вақте ки ман донишгоҳро хатм кардам ва худро ҳамчун тоҷик шинохтам, дақиқ дарк кардам, ки идеяи “миллати Иброҳим”, воқеан, ба араб барои бунёд намудани хилофат ва минбаъд устувор нигоҳ доштани он чун обу ҳаво ниҳоят зарур будааст…” (Дар партави идеологияи миллӣ (суҳбати ихтисосӣ бо файласуф ва исломшиноси тоҷик, устод Қамаруддини Нурулҳақ), 05 декабри 2017)

Ин пиндор, бо ин ки роиҷ аст ва дар зеҳни баъзеҳо ҳатто донишмандонамон русух пайдо кардааст, вале аз назари илмӣ аз беху бун пиндоре ғалат аст. Тавзеҳ он ки: пиндори мазкур реша дар ин дорад, ки гумон кардаанд, вожаи “миллат” — ки як вожаи арабист – маънояш ҳамон аст, ки дар забони порсӣ (тоҷикӣ) аз он мефаҳмем, яъне “гурӯҳе аз афроди инсонӣ, ки бар хоке муайян зиндагӣ мекунанд ва тобеи қудрати як ҳукумат мебошанд”. Дар ҳоле, ки вожаи “миллат” дар луғати араб ва дар Қуръон ва ривоёти набавӣ ва куллан манобеи исломӣ, маънояш ин нест.

Барои донистани ин матлаб, кофист як муҳаққиқ ва пажӯҳишгар ба луғатномаҳо муроҷеа кунад ва матлаб дастгираш гардад. Ба унвони мисол, Ибни Асир (ҳамчунин дар “Лисонул-араб” ва “Ибни Манзур”) мегӯяд:

والملة: الدين

Миллат яъне дин.” (Анниҳоя, 4/360)

Имом Ғаззолӣ дар “Алмустасфо” мегӯяд:

والملة عبارة عن أصل الدين والتوحيد والتقديس الذي تتفق فيه جميع الشرائع

Миллат иборат аст аз асли дин ва тавҳид ва тақдисе, ки ҷамиъи шариатҳо дар он иттифоқи назар доранд.” (Алмустасфо, 1/256)

Ҳоло агар забони арабӣ надонед, метавонед ба “Луғатнома”-и Аллома Деҳхудо руҷӯъ ва ба маънои “миллат” огоҳӣ пайдо кунед. Аллома Деҳхудо мегӯяд:

Миллат: дин ва кеш ва шариат. (Ғиёс). Кеш ва дин ва ойин ва мазҳаб. (Нозимул-атиббо)… Миллат ва дин ду номанд он шаръро, ки Худой ъазза ва ҷалла ниҳод миёни бандагон бар забони анбиё. (Кашфул-асрор, ҷ.1, с.206)… Миллати ислом: шариати ислом. (Нозимул-атиббо)…

Сипас Аллома Деҳхудо шоҳидҳои зиёде аз насру назми порсӣ бар ин матлаб мисол меоварад ва дар охир мегӯяд:

Миллат дар истилоҳи ҳуқуқ: гурӯҳе аз афроди инсонӣ, ки бар хоки муайяне зиндагӣ мекунанд ва тобеи қудрати як ҳукумат мебошанд.”

Ҳамон тавр, ки хонандаи азиз таваҷҷӯҳ дорад, он маъно аз миллат, ки дар миёни мо тоҷикҳо (ва куллан дар забони порсӣ) роиҷ аст, маънои луғавии “миллат” нест, балки як истилоҳи ҳуқуқӣ аст, ки баъдҳо пайдо шуда. Яъне, дар садри ислом вақте вожаи “миллат” ба кор мерафт, ба зеҳни аҳаде маънои ҳуқуқии он хутур намекард. Ин як истилоҳ (термин) аст, ки баъдҳо сохта шуда.

Бинобар ин, маънои “миллат” дар Қуръон ва ривоёт ва манобеи исломӣ, ба маънои дин ва шариат аст. Масалан, он ҷо, ки мефармояд:

قُلْ صَدَقَ اللّهُ فَاتَّبِعُواْ مِلَّةَ إِبْرَاهِيمَ حَنِيفًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

Бигӯ: Худо рост гуфт, пас, аз миллати Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва аз мушрикон набуд, пайравӣ кунед.” (Сураи Оли Имрон, ояти 95), манзур аз “миллати Иброҳим”, дини Иброҳим аст, шариати Иброҳим аст, ойини Иброҳим аст, яъне ҳамон ойини яктогароӣ ва яктопарастӣ. Ин рабте ба миллият ба маъное, ки алъон роиҷ аст надорад.

Азизон метавонанд ба тафсирҳои Қуръони Карим муроҷеа кунанд ва бо маънои “миллат” — ки ба ғайр аз ин сура, ҳамчунин дар сураҳои Бақара (ояти 120), Аъроф (ояти 88, 89), Иброҳим (ояти 13), Каҳф (ояти 20) омадааст – ошно шаванд, ки оё дар ҳеч як аз онҳо “миллат” ба маъное, ки дар миёни мо мутадовал аст, омада ё на?

Бо ин ҳисоб, ин бардошт чӣ қадр хандовар менумояд, ки: “хурдсолон аз айёми наврасӣ дар руҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият ва ин яке омилҳои идеологии заиф будани худшиносии мо ва зуҳури ошкорои ҷанбаи арабгароӣ доштани андешаи космополитикии ислом аст, ки имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқони исломии тоҷик таҳқиқу тарғиб меёбад.”

Яъне чӣ, ки “дар руҳи миллати Иброҳим тарбия меёбанд, на тоҷикият”?! Магар “тоҷикият” бо яктогароӣ ва яктопарастӣ мунофот дорад?! Миллати Иброҳим, чунонки баён шуд, яъне ойини яктогароӣ ва яктопарастӣ. Як тоҷик дар айни он ки ба тоҷик буданаш ифтихор мекунад, метавонад дар дину ойинаш яктопараст ва яктогаро бошад. Як рус ва як араб ва як турк ҳам инчунин. Яктопараст будан, ки бо рангу забону ҷуғрофиёи инсон мунофот надорад.

* * *

Дар забони арабӣ, вожае, ки маънои “миллат” (ки дар мо роиҷ аст)-ро мерасонад, вожаи “шаъб” ва аҳёнан вожаи “қавм” аст, мисли “қавми араб”, “қавми форс, “қавми турк”. Ва аз қазо, ойини ислом қавмиятҳоро ба расмият мешиносад, на ин ки мухолиф бошад. Дар Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ

Эй мардум! Мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо шаъб-шаъб (яъне миллат-миллат) ва қабила-қабила гардонидем…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Яъне, миллат-миллат гардидани одамони рӯи замин, як воқеияти ғайриқобили инкор аст, ки ҳеч кас — на як дин ва на як кеш ва на як мактаби фалсафӣ — наметавонад мункири он бошад. Оё сароҳате болотар аз ин метавон ёфт, ки “шуморо шаъб-шаъб (яъне миллат-миллат) ва қабила-қабила гардонидем”? Ва баъд аз ин тасреҳ, оё касе метавонад иддао кунад, ки ислом бо “миллият” (ба маъное, ки мо мефаҳмем) мухолиф аст?

Ва ҳатто вожаи “уммат”, ки дидаам баъзеҳо иддао мекунанд, ки ислом бо миллият мухолиф аст, зеро ҳамаи мусалмонон як “уммат” ҳастанд! Дар инҷо низ ҳамон баҳс, ки дар мавриди “миллати Иброҳиб (а)” намудем, ҷорист. Зеро маънои “уммат” дар луғат ба маънои “ҷамоате, ки ба сӯи эшон пайғамбаре омадааст” ва ё “гурӯҳе, ки ба пайғамбаре имон оварданд” ё “пайравони анбиё” (Луғатномаи Деҳхудо) аст, на ба маънои “миллат”, ки дар мо роиҷ аст. Аз ин назар, як тоҷик дар айни он ки тоҷик аст ва ба тоҷик будани худ ифтихор мекунад, вале дар дину мазҳаб пайрави ҳазрати Муҳаммад (с) аст, яъне уммати ӯст.

Дар қисмати баъдӣ, роҷеъ ба ин матлаб, ки оё мусалмон будан бо тоҷик будан қобили ҷамъ нест, ба тафсил баҳс хоҳем намуд.

Идома дорад

68 Comments »

  1. Идеяи ойини ислом факат як миллатро мешиносад — миллати ислом. Ин идеяро арабхо бо максади барпо кардани «Хилофати исломи» ташкил карданд!

    Нравится

  2. Идеяи ойини ислом факат як миллат — миллати исломро мешиносадро халифахои араб, вакте, ки мардуми араб пароканда буданд бо максади муттахид кардани онхо ин идеяро бароварданд.

    Нравится

  3. Барои он миллати точик дар арсаи чахон кадр надорад, ки аз аёми таваллуд точикистониён худро хамчун миллати Иброхими Халилуллох мешиносанд. Яъне аввалан мусалмон баъд точик.

    Нравится

  4. Дини мубини исломро бояд нуктаи фархангию маърифатияшро барои мустахкам кардани хусусиятхои инсонпарвари ва инсондусти истифода бурд!

    Нравится

  5. Агар мо точикистониён дини мубини исломро барои баланд бардоштани маърифатнокиямон истифода барем, идеологияи миллиямон боз хам мустахкам мешавад.

    Нравится

  6. Барои он, ки идеологияи миллии устувор пайдо шавад, бояд, ки мо аз гахвора бишнавем, ки мо точикистонием ва таърихи кухану бой дорем!

    Нравится

  7. Агар дини ислом танхо миллияти исломро мешинохт, пас чаро давлатхои исломи мусулмононро чудо мекунанд???

    Нравится

  8. Мусалмони ягон вакт миллият шуда наметавонад! Агар мусалмони миллият шавад — ЧАНГИ БУЗУРГИ ЧАХОНИ сар мешавад! Миллати мусулмон ба мукобили хамаи миллатхои номусулмон!

    Нравится

  9. Идеяи миллати Иброхимро арабхо барои ташкил кардани хилофати араб ва дар оянда устувор нигох доштани он ташкил намуда истифода мекунанд!

    Нравится

  10. Ягон дини чахони наметавонад асос барои идеологияи милли бошад. Чунки дар хамаи руи замин пайравони хамаи динхо хастанд.

    Нравится

  11. Хастанд точиконе, ки динхои дигарро парастиш мекунанд ва дигар миллатхое, ки дини исломро парастиш мекунанд. Лекин онхо идеологияи миллияшон ин миллаташон мебошад на динашон!

    Нравится

  12. Миллати Иброхим будан ин ба маънои дини мебошад. Чунки мо пайрави дини ислом хастем ва онро мепарастем. Аммо идеологияи милли ин дигар аст! Барои идеологияи милли бояд, ки миллати точик ва точикистони бошем!

    Нравится

  13. Хамаи он бузургоне, ки миллатро ба ислом баробар мекунанд. Онхо максади динияшонро мегуянд. Лекин хамаи онхо араб мебошанд!

    Нравится

  14. Идеяи он, ки миллат — дин ва шариат аст, барои муттахид кардани одамон барои сохтани хилофати Исломи мебошад!

    Нравится

  15. Як тоҷик дар айни он ки ба тоҷик буданаш ифтихор мекунад, метавонад дар дину ойинаш яктопараст ва яктогаро бошад

    Нравится

  16. Хол он, ки дини ислом халкиятхоро хамчун миллату кабила мешиносад, пас чаро мегуянд, ки миллат ин яъне дин ва шариат аст????

    Нравится

  17. Ин аз он шаходат медихад, ки идеяи миллат — дин ва шариат, хадафи ягонаи ташкили хилофати исломи ва тобеъ кардани мардум зери як хукумат мебошад!

    Нравится

  18. миллат-миллат гардидани одамони рӯи замин, як воқеияти ғайриқобили инкор аст, ки ҳеч кас — на як дин ва на як кеш ва на як мактаби фалсафӣ — наметавонад мункири он бошад.

    Нравится

  19. Дар байни мардуми мо чунин шиоре пахн аст, ки дар ислом миллат вучуд надорад! Хама — миллаташон мусалмон аст! Аммо дини ислом вучуд доштани миллату кабиларо инкор намекунад. Пас бармеояд, ки ин шиорро бо максади муттахид кардани миллатхо барои сохтани Хилофат бофтаанд

    Нравится

  20. Барои чи мусалмон будан ин маънои точик буданро надоштааст. Миллат точик ва дин ислом аст инчо ягон мухолифат нест

    Нравится

  21. Чи тавре ки кайд карданд барои устувор шудани идеологияи милли бояд, ки бояд хар як фарди дар Точикистон таваллудёфта, фахр аз точикистони буданаш кунад. На аз точик будан!

    Нравится

  22. Дар маколаи мазкур ошкоро ба хонанда фахмонида шудааст, ки шиорхои «ислом миллатро намешиносад» ва «дар ислом факат як миллат аст»-ро баъзе аз шахсони манфиатдор бо максади муттахид намудан ва барпо намудани Давлати исломи ва ё Хилофати исломи бофта баровардаанд!

    Нравится

  23. Бародарон мусалмон будан ин маънои араб буданро надорад ислом ин дин аст хар инсон дар интихоби дин озод аст ва дар баробари ин миллат дорад ва аз арзишхои у химоя мекунад

    Нравится

  24. Агар миллат исломи мешуд агар, арабхо барои мардуми бечораи мусалмон, ки дар азобу шиканча мебошанд як кисмати бойигарихояшро хайру садака мекарданд!

    Нравится

  25. Барои баланд бардоштани сатхи идеологияи милли — чавононро аз хурдсоли дар рухияи гояхои ватандусти, омузонидани таърихи кахрамонихои халки точик тарбия намуд!

    Нравится

  26. Идеяи ислом ин як оинро намепарамтад инро арабхо ихтироъ карданд. Идеяи ислом ин баробархукук будани хар як мусалмон аст

    Нравится

  27. Миллати точик таърихи бойи пур аз кахрамонихо доранд, ки дар намуди филмхо бояд ба насли Точикистон расонида шавад.

    Нравится

  28. Давлат хамон вакт шухрат пайдо мекунад ва мардумаш дар чахон кадру киммат пайдо мекунад, ки агар идеологияи миллии устувор дошта бошад!

    Нравится

  29. Арабхо барои чамь кардани хар гуна халкият зери як шиор гутанд ки муъмин бародари муъмин аст вале пас аз марги пайгамбар с бартарияти кабилаи курайш ва арабро ба миен гузоштанд ки ин амал боиси норозигии сокинони мадина ва дигар халкиятхо шуд

    Нравится

  30. Ин макола барои рохгумзадагоне, ки дар бахсу мунозирахояшон даъвои «дар ислом миллат нест»-ро мекунанд, дарси хубе мебошад!

    Нравится

  31. Дини поки ислом — дини хак аст, ки хама руза ин динро кабул мекунанд. Аммо хамаи он шахсоне, ки онро кабул мекунанд, бинобар хак буданаш ва барои истифода аз нуктахои фархангию маърифатии он кабул мекунанд!

    Нравится

  32. Ба чойи даъво кардани бунёди давлати исломи мо бояд дар чомеаи Точикистон, ки парастиши дин ба тарзи озод мебошад, аз чанбаи фархангии он истифода барем!

    Нравится

  33. Ба фикри ман дар чоркитоб галат омадааст ки мо миллати иброхим хастем барои ин бояд уламои дин далел ва тахкикхо кунанд ки ое ин оят аз куръони карим аст ва ё аз уламои араб барои аз байн бурдани хуввияти дигар миллатхо бароварда шудааст

    Нравится

  34. Дар Куръони Карим миллату кабиларо мешиносанд ва мухолиф нестанд, аммо барои чи дар чахони хозира мегуянд, ки дар ислом миллат вучуд надорад?

    Нравится

  35. Дар замони пайдоиши ислом мардум ба миллат онкадар ахамият намедоданд барои хамин арабхо хостанд миллатро аз байн бурда марумро мутеи худ гардонанд

    Нравится

  36. То замони ислом дар арабистон чандин кабила ва миллатхо мезистанд ва арабхо тавонистанд онхоро зери шиори хилофат чамъоваранд ва баъди ин холат онхо хастанд чахони арабиро бунёд кунанд вале мардуми форс инро кабул накарданд барои хамин моро табармусалмон ном карданд

    Нравится

  37. Сабаби аз миллати иброхим шудани мо ин ба фикрам дар чомеаи шурави хостанд мухолиф тайер кунанд. Муаллифи бисёр китобхои динии замони шурави ин саидакбар турачонзода аст шумо инро нагз медонед ки вай хеч гох хуввияти милли надошт ва бинобар ин бо хочагонаш точикистонро огуштаи хун кард

    Нравится

  38. Мо дар хакикат ба муллохои замони шурави бовар карда кариб давлатро аз даст дода будем. Ин бесаводхо намедонистанд дар он давра чи кор кунанд барои хамин ихтилоф ба миен омад

    Нравится

  39. Мо точикон дар баробари мусалмон будан аз манфиатхои милли химоя мекунем
    Танхо беватан ба кадри ватан мерасад инро фаромуш накунед

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: