Фалсафа ва равиши реализм (155)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (23)

Тавзеҳи мафҳуми ҳаракати умумӣ (7)

Матни мақола

Хотимаи мақола (2)

Тавзеҳи 3

Гузаштагони фалосифа ҳаракатро ба мулоҳизаи мабдаъ ва фоилаш, ба ҳаракати нафсонӣ ва ҳаракати табиӣ ва ҳаракати қасрӣ (хилофи табиат) қисмат кардаанд. Ва чун қисмати номбурда дар ҳақиқат қисмати фоили ҳаракат мебошад на худаш, аз кунҷковӣ дар он дар ин мақола худдорӣ кардем.

* * *

Тавзеҳи 4

Чунонки аз мабоҳиси гузашта дастгир шуд, ҳаракат, ки як воқеияти “ҳанӯзи” аст агарчи ба ҳасби воқеъ сайёл ва қобили инқисом мебошад, тибқи як назари воқеии дигар, пайкараи тамоми ҳаракат ва ҳамчунин аҷзои ҳаракат баъд аз фарзи инқисом, дигар саялон ва қабули инқисоми худро аз даст дода табдил ба як воқеияти холӣ аз имкон шуда ва феълияти маҳз ва амре собит мегардад ва бадеҳист дар ин сурат чун имкон мунтафӣ мешавад, дигар ниёзе ба иллати моддӣ надошта ва бо сурати мавҷуди худ танҳо ба ду иллати фоилӣ ва ғоӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт.

Ва аз ин ҷост, ки ҷамъе аз донишмандони улуми моддӣ гуфтаанд, ки қазовати мо ба эҳтиёҷи ҳар ҳодисае ба иллате, аз ин роҳ аст, ки ашёро фақат бо се буъд дарк намуда ва аз дарки буъди чаҳорум оҷиз ва забун мебошем ва агар чунончи ашёро бо чаҳор буъд дарк мекардем, эҳтиёҷ ба иллатро нафй мекардем.

Чунонки пайдост, муроди ин донишмандон ин аст, ки чун мо аҷзои замон (буъди чаҳорум)-ро ба ҳасби назари ҷамъ, наметавонем ҷамъ кунем ва ҳар ҷузъе аз замонро, ки рукни вуҷуди ҳодисаи муқорини худаш мебошад пас аз ҷузъи дигар дарк мекунем, аз ин рӯй дар умуми ҳаводис, ҷараён ва саялон дарк намуда ҳар ҳодисаро иллати ҳодисаи баъдӣ медонем ва агар ҳар чаҳор буъдро дарк мекардем, ҳар ҳодисаро дар ҷои худаш бе ҷараён ва ба шакли собит дида ниёзманд ба иллат яъне ба вуқӯи ҳодисаи қаблӣ фарз намекардем. Пас қонуни иллату маълул дар ҳақиқат ва нисбат ба назари мо, ки ашёро бо се буъд дарк мекунем арзиш дорад, вагарна ашё яъне ҳаракот ба ҳасби воқеъ донаҳои резанд, ки паҳлӯи ҳам чида шудаанд ва ҳеч гуна иртибот ва иттисоле ба ҳамдигар надоранд, ки ҳоҷат ба иллатро эҷоб кунад.

Бо таъаммули кофӣ дар атрофи ин сухан равшан хоҳад шуд, ки бинои вай ба ду назария устувор аст:

Аввал: тараккуби модда ва энержӣ аз аҷзоъ. Ва мо дар баҳсҳои гузашта баён кардем, ки ин баҳсҳои фалсафӣ ҳеч гуна иртиботе ба тараккуби номбурда надорад.

Дуввум: ин ки иллат мунҳасир аст ба иллати моддӣ. Ва мо дар мабоҳиси “иллату маълул” собит кардем, ки ғайр аз иллати моддӣ ва сурӣ, ду иллати дигар дорем, ки ҳеч ҳодисаеро аз онҳо истиғно нест ва онҳо иллати фоилӣ ва иллати ғоӣ мебошанд.

Масоиле, ки дар ин мақола ба субут расида ба шарҳи зер мебошад:

1) Мо нисбате ба номи “имкон” дорем;

2) Имкон ниёзманд ба феълияте аст, ки онро нигаҳ дорад;

3) Ҳар феълияте феълияти дигарро аз худ меронад;

4) Дар ҳар воҳиди хориҷӣ ба ҷуз як феълият, феълиятҳои дигар ҷузъи модда ҳастанд;

5) Ҳомили имкони шайъ, моддаи он аст, на сураташ;

6) Бо пайдоиши феълият, имкони он аз миён меравад;

7) Моддаи ҷисмонӣ имкони суратҳои ғайримутаноҳиро дорост;

8) Модда ба воситаи имкон, ба дурӣ ва наздикӣ муттасиф мешавад;

9) Нисбат ва робита миёни мавҷуд ва маъдум маҳол аст;

10) Миёни имкон ва феълияти шайъ фосила нест;

11) Ҳаракати маконӣ ин аст, ки нисбати маконии ҷисм табаддулу саялон пайдо кунад;

12) Имкон ва феълият (вуҷуд ва адами тадриҷӣ) дар ҳаракат ба ҳам омехта ҳастанд;

13) Ҳар тағайюри тадриҷӣ дар яке аз сифоти ҷисм, ҳаракат аст;

14) Ҷаҳони табиат мусовии ҳаракат аст;

15) Ҳаракат мусталзими такомул аст;

16) Ҳаракат, бе ғоят намешавад;

17) Ҳаракат, матлуби биззот намешавад;

18) Мутаҳаррик бо ҳаракати худ такомул мепазирад;

19) Қонуни умумии ҷаҳони табиат таҳаввулу такомул аст;

20) Ҷавҳари анвоъи табиия мутаҳаррик аст;

21) Аърози ҷавҳар низ ба табаъи он мутаҳарриканд;

22) Ҳар падидаи ҷавҳарӣ қитъаи ҳаракатест, ки аз қитъаҳои қаблӣ ва баъдии худ мунфасил нест;

23) Ҳаракатҳои дигари маҳсусро “ҳаракат дар ҳаракат” бояд донист;

24) Ғояти ҳаракати ҷавҳарӣ таҷарруд аз модда аст;

25) Вуҷуди сукун дар ҷаҳон вуҷуди нисбӣ аст;

26) Ҳаракат ба ду маънӣ аст: қатъия ва тавассутия, ва ҳар ду маънӣ мавҷуданд;

27) Замон, миқдори ҳаракат мебошад;

28) Ба адади ҳаракоти мавҷудаи ҷаҳон метавон замон фарз кард;

29) Замон сохтаи вуҷуди ҷаҳони табиат аст ва пеш аз он ва пас аз он маҳол аст таҳаққуқ дошта бошад;

30) Дар миёни аҷзои замон як навъ тақаддуму таъаххур собит аст;

31) Яке аз асбоби санҷиши суръату бутъи ҳаракат, замон аст;

32) Замон аз синхи худ, аввалу охир надорад;

33) Ҳаракат шаш чиз лозим дорад;

34) Ҷаҳиш дар ҳаракат ба маънии ҳақиқӣ маҳол аст ва ҷаҳиш ба маъное, ки ахиран тафсир мешавад мавзӯе фалсафӣ нест;

35) Ҳаракат, тақсиме низ аз ноҳияи иллати фоилии худ ба ҳаракати нафсонӣ ва ҳаракати табиӣ ва ҳаракати қасрӣ дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: