Перейти к содержимому

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (4)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши чаҳорум

Танҳо матлабе, ки боқӣ монда, то дар борааш як баррасии дақиқ сурат бигирад ин аст, ки бояд бибинем, робитаи “мусалмон будан” бо “тоҷик будан” (“тоҷикият” ба гуфтаи устод Қамаруддни Нурулҳақ) чист? Оё ин ду “нисбат”, ҳамзамон дар як фард қобили ҷамъ нестанд? Ва бар фарз агар қобили ҷамъанд, тақаддуму таъаххуре бояд дошта бошанд? Яъне, чорае надорем ҷуз ин ки барои яке авлавият қоил шавем ва бигӯем, аввал мусалмонам баъд тоҷик, ё аввал тоҷикам баъд мусалмон?

Бо ин ки “дин” ва “миллият” аз як синх нестанд, то бо ҳам муқоиса шаванд ё ба рақобат пардохта ва нисбат ба якдигар тақаддуму таъаххур ёбанд ва ё аҳёнан яке ҷойгузини дигарӣ бишавад (ва ин матлаб ба қадре возеҳ аст, ки ҳатто ниёз ба иқомаи далелу бурҳон барои исботи он нест), вале чун баъзеҳо (ба хусус касоне, ки дорои унвони донишмандӣ ҳам ҳастанд) исрор доранд миёни ин ду тақаддуму таъаххур қоил бишаванд, аз ин рӯ, лозим дидам, дар ин қисмат аз баҳс, ҳамин матлаби возеҳ ва равшанро боз ҳам равшантар ва возеҳтар баён бидорам, то дигар нуқтаи ибҳоме боқӣ намонад.

Барои баёни ин амри бадеҳӣ, чорае надорам ҷуз ин ки “тоҷик будан” ва “мусалмон будан”-ро таъриф бикунам:

а) Таърифи “тоҷик”. Тоҷик яъне инсоне, ки дорои ду ҷанба аст (албатта, ҳар инсоне аз ҳар нажоду миллият, дорои ин ду ҷанба аст): як ҷанбаи ӯ, дар ихтиёри худаш набуда, яъне онро худаш ихтиёр накарда ва ба дасти худаш набуда, мисли сарзамин ва ҷуғрофиёяш, падару модараш, забонаш, шаклу қиёфааш ва ғайра аз ин қабил умур. Ва ҷанбаи дуввуми ӯ, ихтиёрӣ аст, мисли андешаҳояш, оромонҳояш, ҳадафҳояш… Бале, шояд ақидаеро ба тақлид аз обо ва аҷдод пазируфта бошад, аммо асли андеша ва ақида чизе иҷборӣ нест, ва далелаш ҳам ин аст, ки ӯ метавонад ба мурури замон ақидаи тақлидиро раҳо ва андешаи дигареро бипазирад. Аз ин рӯст, ки мебинем, тоҷикҳо дар ин ҷанба (ва албатта ҳар инсоне) гуногун ва мухталифанд: яке Худобовар аст, яке атеист аст, яке шояд пойбанди ҳеч дину мактабе набошад (ки ин худаш як навъ ақида аст; ақидаи ҳеч будан).

Хулоса, тоҷик будан яъне ҳамин. Мо тоҷике надорем, ки худашро аз ин ду ҷанба холӣ биёбад. Хуб, ҳоло оё ҳеч оқилеро дар дунё метавон ёфт, ки ин ду ҷанбаи инсониро бо ҳам қобили ҷамъ надонад, масалан бигӯяд, ҷанбаи табиии ман қобили ҷамъ бо ҷанбаи ихтиёриам нест, ва ё миёни ин ду ҷанба тақаддуму таъаххур қоил бишавад ва бигӯяд, ман аввал тоҷикам баъд атеист ё мусалмон?!

Ва сониян, тоҷик, модоме, ки ҳамин аст, пас аҳаде наметавонад “тоҷик будан”-ро тавре таъриф кунад, ки андеша ва гароишҳои хоссе (ки марбут ба ҷанбаи ихтиёрии инсон аст) дохил дар таърифи “тоҷик будан” бишавад, масалан бигӯяд: тоҷик яъне инсоне, ки дар сарзамине ба номи Тоҷикистон аз падару модаре тоҷик зода шуда ва мусалмон аст. Ин таъриф таърифи “тоҷик будан” нест. Зеро бар мабнои ин таъриф, як тоҷики атеист ва ғайримусалмон дигар наметавонад “тоҷик” маҳсуб бишавад. Ва ҳамчунин аст вақте “тоҷик будан” ба гунае таъриф шавад, ки атеист будан ҷузъи он бошад, ба ин сурат, ки: тоҷик яъне инсоне, ки аз падару модаре тоҷик мутаваллид шуда ва атеист аст. Зеро бар асоси ин таъриф, тоҷикҳои мусалмон ва ё тобеи соири адён, дигар “тоҷик” ба шумор намераванд.

Хулоса, дар таърифи як миллият (хоҳ тоҷик бошад вай, хоҳ турк бошад, хоҳ олмонӣ бошад, хоҳ фаронсавӣ бошад ва ғайра…), наметавон ақидаи хоссеро ҷузъи таърифи он миллият қарор дод. Асосан ин кор, агар нек таъаммул бишавад, як кори аблаҳона ва аҳмақона аст.

б) Таърифи “мусалмон”: мусалмон яъне инсоне, ки дар ақида ва бовар, тобеъи ойини ислом аст. Ба ҳамин соддагӣ. Мусалмон будан дар воқеъ марбут ба ҷанбаи дуввуми инсонӣ яъне ҷанбаи ихтиёрии инсон аст.

Аз ин рӯст, ки мусалмон будани як инсон, на бо миллияти ӯ дар тазодд аст, на бо ранги пӯсту ҷуғрофиёи ӯ дар тазодд аст ва на бо забони вай дар тазодд аст. Дуруст мисли ин, ки як нафар масеҳӣ, масеҳӣ будани худро бо миллияташ дар тазодд намебинад, масалан як нафар олмонии масеҳӣ (воқеан боварманд ва масеҳии воқеӣ) ҳаргиз байни гароиши динӣ ва миллияташ қоил ба тақаддуму таъаххур нест; намегӯяд, ман аввал олмонӣ ҳастам баъд масеҳӣ, ё аввал масеҳӣ ҳастам баъд олмонӣ! Ва ё намегӯяд, чун оварандаи ойини масеҳият як яҳудӣ аст (ҳазрати Исо (а)), пас марбут ба мани олмонӣ нест, балки марбут ба яҳудиён аст. Ва ё як нафар тоҷики кумунист, намегӯяд, чун поягузори кумунизм ду олмонӣ (Маркс ва Энгелс) ҳастанд, пас, ба мани тоҷик рабте надорад. Балки мегӯяд, ман тоҷикам, вале дар андеша, тобеъи мактаби кумунизм ҳастам. Ва ҳаргиз миёни гароиш ва миллияти худ қоил ба тақаддуму таъаххур намешавад.

* * *

Ҳол, вақте ин ду матлаб барои хонандаи азиз равшан шуд, маълум мегардад, ки ин азизони ба истилоҳ равшанфикри тоҷик, ки исрор доранд, миёни “тоҷикият” (ба қавли худашон) ва “мусалмон будан” тақаддуму таъаххур қоил бишаванд, инҳо, дониста ва ё нодониста, мехоҳанд “тоҷикият”-ро ба гунае таъриф кунанд, ки гароиш ва ақидаи хоссе ҷузъи таърифи он аст; гароише, ки аз назари онҳо, бо ақидаи исломӣ дар тазодд аст. Вагарна, чаро ин ҳама исрор бар тақаддуму таъаххур қоил шудан миёни “тоҷик будан” ва “мусалмон будан”? Ба унвони намуна, устод Қамаруддини Нурулҳақ, файласуф ва исломшиноси тоҷик – ки дар қисматҳои пешини ин силсилмақолот аз эшон чанд иқтибос оварда будам – дар ҳамон мусоҳиба мегӯяд: “Мо ҳам бояд дар ҷойи “мани мусулмонӣ”, аввал “мани тоҷикӣ-ориёӣ” дошта бошем…”

Магар дар батни “мани тоҷикӣ-ориёӣ” ақида ва гароиши хоссе нуҳуфтааст, ки мебоист бар “мани мусалмон” тақаддум ёбад? Агар нест, пас чаро бар “мани мусалмон” бояд муқаддам фарз шавад? Ва агар ҳаст, пас ин ақида ва гароиш кадом аст? Оё шумо дар садади таҳмили ақида ва гароиши хоссе бар тоҷикон ҳастед? Ақида ва гароиш, ки гуфтем, марбут ба ҷанбаи ихтиёрии инсон аст, ва инсон дар қабул ва ё адами қабули он мухтор ва соҳибихтиёр.

Шумо надониста коре мекунед, ки фардо шояд ҳамин коратон гиребони худатонро бигирад. Яъне, фардо гурӯҳе дар кишвари мо пайдо бишаванд (ба номи равшанфикр), ва “мусалмон будан”-ро ҷузъи таърифи “тоҷикият” қарор бидиҳанд ва бигӯянд, тоҷик яъне мусалмон! Бо ин ки ин кор кори ғалат аст, чунонки дар боло ёдовар шудам, ки дар таърифи як миллият наметавон ақидаи хоссеро ҷузъи таърифи он миллият қарор дод, аммо ҳамин кори ғалатро (ки шумо дар ҳоли теуризӣ кардани он ҳастед) як гурӯҳи дигар муртакиб бишаванд. Он вақт чӣ кор мекунед?!

* * *

Мехостам ин силсиламақолот бо ҳамин чаҳор қисмат тамом бишавад, вале як масъалаи муҳимми дигар боқӣ монда, ки ба назарам зарурат дорад роҷеъ ба он каме ба тафсил баҳс бикунам. Ва он ин аст, ки оё ойини ислом марбут ба араб аст ва рабте ба дигар милал надорад? Иншоаллоҳ фардошаб, агар умре боқӣ буд, роҷеъ ба ин матлаб баҳс хоҳам кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: