Тозамусалмон

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Тозамусалмон

Ду ҳамсоя, ки яке мусалмон ва дигаре насронӣ буд, гоҳе бо ҳам роҷеъ ба ислом сухан мегуфтанд. Мусалмон, ки марди обид ва мутадайине буд, он қадр аз ислом тавсифу таъриф кард, ки ҳамсояи насрониаш ба ислом мутамойил шуд ва қабули ислом кард.

Шаб фаро расид. Ҳангоми саҳар буд, ки насронии тозамусалмон дид дари хонаашро мекӯбанд. Мутаҳайир ва нигарон пурсид:

— Кистӣ?

Аз пушти дар садо баланд шуд:

— Ман фалон шахсам, ва худашро муаррифӣ кард. Ҳамон ҳамсояи мусалмонаш буд, ки ба дасти ӯ ба ислом ташарруф ҳосил карда буд.

— Дар ин вақти шаб чӣ кор дорӣ?

— Зуд вузӯ бигир ва ҷомаатро бипӯш, ки биравем масҷид барои намоз.

Тозамусалмон барои аввалин бор дар умри хеш вузӯ гирифт ва ба дунболи рафиқи мусалмонаш равонаи масҷид шуд. Ҳанӯз то тулӯи субҳ хеле боқӣ буд. Мавқеи нофилаи шаб буд.

Он қадр намоз хонданд, то сапеда дамид ва мавқеи намози субҳ расид. Намози субҳро хонданд ва машғули дуо буданд, ки ҳаво комилан равшан шуд. Тозамусалмон ҳаракат кард, ки биравад ба манзилаш, рафиқаш гуфт:

— Куҷо меравӣ?

— Мехоҳам баргардам ба хонаам. Фаризаи субҳро, ки хондем, дигар коре надорем.

— Муддати каме сабр кун ва таъқиби намозро бихон, то хуршед тулӯъ кунад.

— Бисёр хуб.

Тозамусалмон нишаст ва он қадр зикри Худо кард, то хуршед дамид. Бархост, ки биравад, рафиқи мусалмонаш Қуръоне ба ӯ дод ва гуфт:

— Феълан машғули тиловати Қуръон бош, то хуршед боло биёяд, ва ман тавсия мекунам, ки имрӯз нияти рӯза кун, намедонӣ рӯза чӣ қадр савобу фазилат дорад!

Кам-кам наздики зуҳр шуд, гуфт:

— Сабр кун, чизе ба зуҳр намонда, намози зуҳрро дар масҷид бихон.

Намози зуҳр хонда шуд. Ба ӯ гуфт:

— Сабр кун, тӯле намекашад, ки вақти фазилати намози аср мерасад, онро ҳам дар вақти фазилаташ бихонем.

Баъд аз хондани намози аср гуфт:

— Чизе аз рӯз намонда… Ӯро нигоҳ дошт, то вақти намози мағриб расид.

Тозамусалмон баъд аз намози мағриб ҳаракат кард, ки биравад, ифтор кунад. Рафиқи мусалмонаш гуфт:

— Як намоз бештар боқӣ намонда ва он намози ишо (хуфтан) аст. Сабр кун.

Вақти намози ишо расид ва намози ишо ҳам хонда шуд. Тозамусалмон ҳаракат кард ва рафт.

Шаби дуввум ҳангоми саҳар буд, ки боз садои дарро шунид, ки мекӯбанд, пурсид:

— Кистӣ?

— Ман ҳамсояат ҳастам, зуд вузӯ бигир ва ҷомаатро бипӯш, ки ба иттифоқи ҳам ба масҷид биравем.

— Ман ҳамон дишаб, ки аз масҷид баргаштам, аз ин дин истеъфо кардам. Бирав як одами бекортаре аз ман пайдо кун, ки коре надошта бошад ва вақти худро битавонад дар масҷид бигузаронад. Ман одаме фақир ва аёлмандам, бояд дунболи кору касбу рӯзӣ биравам.

* * *

Имом Содиқ баъд аз ин ки ин ҳикоятро барои асҳоб ва ёрони худ нақл кард, фармуд:

— Ба ин тартиб, он марди обиди сахтгир бечораеро, ки вориди ислом карда буд, худаш аз ислом берун кард. Бинобар ин, шумо ҳамеша мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқат бошед, ки бар мардум танг нагиред, андоза ва тоқату тавоноии мардумро дар назар бигиред. То метавонед коре кунед, ки мардум мутамойил ба дин шаванд ва фирорӣ нашаванд. Оё намедонед, ки роҳу равиши мо бар нармӣ ва мудоро ва ҳусни муошират ва ба даст овардани дилҳост?!

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Васоил”)

* * *

Суфраи халифа

Шарик ибни Абдуллоҳи Нахаъӣ, аз фуқаҳои маъруфи қарни дуввуми ҳиҷрӣ, ба илму тақво маъруф буд. Маҳдӣ ибни Мансур, халифаи аббосӣ, алоқаи фаровон дошт, ки мансаби қазоро (қозигиро) ба ӯ вогузор кунад, вале Шарик ибни Абдуллоҳ барои он ки худро аз дастгоҳи зулм дур нигоҳ дорад, зери ин бор намерафт. Низ халифа алоқаманд буд, ки Шарикро муаллими хусусии фарзандони худ қарор диҳад, то ба онҳо илми ҳадис биёмӯзад. Шарик ин корро низ қабул намекард ва ба ҳамон зиндагии озоду фақиронае, ки дошт қонеъ буд.

Рӯзе халифа ӯро талабид ва ба ӯ гуфт:

— Бояд имрӯз яке аз ин се корро қабул кунӣ: ё ӯҳдадори мансаби қазо бишавӣ, ё кори таълиму тарбияти фарзандони маро қабул кунӣ, ё он ки ҳамин имрӯз ноҳор бо мо бошӣ ва бар сари суфраи мо биншинӣ.

Шарик бо худ фикре кард ва гуфт:

— Ҳоло, ки иҷбору изтирор аст, албатта аз ин се кор, севвумӣ бар ман осонтар аст.

Халифа зимнан ба мудири матбах (ошпазхона) дастур дод, ки имрӯз лазизтарин ғизоҳоро барои Шарик таҳия кун. Ғизоҳои рангоранг аз мағзи устухони омехта ба наботу асал таҳия карданд ва сари суфра оварданд.

Шарик, ки то он вақт ҳамчу ғизое нахӯрада ва надида буд, бо иштиҳои комил хӯрд. Хонсолор оҳиста бехи гӯши халифа гуфт:

— Ба Худо қасам, ки дигар ин мард рӯи растгорӣ нахоҳад дид.

Тӯле накашид, ки диданд Шарик, ҳам ӯҳдадори таълими фарзандони халифа шуда ва ҳам мансаби қазоро қабул карда ва барояш аз байтулмол муқаррарӣ низ муайян шуд.

Рӯзе бо мутасаддии пардохти ҳуқуқ (маош) ҳарфаш шуд. Мутасаддӣ ба ӯ гуфт:

— Ту, ки гандум ба мо нафурӯхтаӣ, ки ин қадр симоҷат мекунӣ?

Шарик гуфт:

— Чизе аз гандум беҳтар ба шумо фурӯхтаам, ман дини худро фурӯхтаам.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Муруҷуз-заҳаб”-и Масъудӣ)

* * *

Шикояти ҳамсоя

Шахсе омад ҳузури Расули Акрам ва аз ҳамсояаш шикоят кард, ки маро азият мекунад ва аз ман салби осоиш карда. Расули Акрам фармуд:

— Таҳаммул кун ва сару садо алайҳи ҳамсояат роҳ наяндоз, шояд равиши худро тағйир диҳад.

Баъд аз чанде думартиба омад ва шикоят кард. Ин дафъа низ Расули Акрам фармуд:

— Таҳаммул кун.

Барои севвумин бор омад ва гуфт:

— Эй Расули Худо! Ин ҳамсояи ман даст аз равиши хеш барнамедорад ва ҳамон тавр мӯҷиботи нороҳатии ман ва хонаводаамро фароҳам месозад.

Ин дафъа Расули Акрам ба ӯ фармуд:

— Рӯзи ҷумъа, ки расид, бирав асбобу асосияи худатро берун биёвар ва сари роҳи мардум, ки меоянд ва мераванд ва мебинанд, бигузор, мардум аз ту хоҳанд пурсид, ки чаро васоилат ин ҷо рехтааст? Бигӯ аз дасти ҳамсояи бад, ва шикоятатро ба ҳамаи мардум бигӯ.

Шокӣ (шикояткунанда) ҳамин корро кард. Ҳамсояи озоррасон, ки хаёл мекард Пайғамбар (с) барои ҳамеша дастури таҳаммул ва бурдборӣ медиҳад, намедонист он ҷо, ки пойи дафъи зулм ва дифоъ аз ҳуқуқ ба миён биёяд, ислом ҳайсият ва эҳтироме барои мутаҷовиз қоил нест. Аз ин рӯ ҳамин ки аз мавзӯъ иттилоъ ёфт, ба илтимос афтод ва хоҳиш кард, ки он мард васоили худро баргардонад ба манзил. Ва дар ҳамон вақт мутаъаҳҳид шуд, ки дигар ба ҳеч наҳв мӯҷиботи озори ҳамсояи худро фароҳам насозад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Усули кофӣ”)

Реклама


Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Торих

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: