Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (156)

Мақолаи ёздаҳум:

Қидам ва ҳудус

Матни мақола

Тақаддум ва таъаххур ва маъийят (пешӣ ва пасӣ ва боҳамӣ)

Агар дар як хатте нуқтаеро мабдаъ қарор дода ва ду нуқтаи дигарро, ки боз дар рӯи он хатт ҳастанд, бо мабдаи мафруз аз ҷиҳати дурӣ ва наздикӣ бисанҷем, нуқтаи наздиктар ба мабдаъро “пеш” (мутақаддим) ва нуқтаи дуртар аз мабдаъро “пас” (мутаъаххир) меномем.

Албатта ин кор танҳо номгузорӣ нест, балки аз ин роҳ аст, ки ду нуқтаи номбурда мафҳуми қурб ба мабдаи мафрузро камтару бештар воҷид ҳастанд, ва аз ҳамин рӯй агар нуқтаи мабдаъро дар сари дигар фарз кунем, чун сифати қурбу буъди нуқтаҳо иваз мешавад, номҳо (пешу пас) низ иваз шуда ва нуқтаи пасин пеш ва нуқтаи пешин пас мегардад.

Ва ин маънӣ дар ҷоҳои дигар низ умумият дорад. Ду нафар, ки ба сӯи мақсаде равонанд он, ки наздиктар аст “пеш” мебошад ва он ки дуртар аст яъне нисбати қурбро камтар дорад, “пас” мебошад, ва агар гоҳе ихтилофи нисбатро аз даст доданд, дигар пешӣ ва пасӣ надошта ва “бо ҳам” (маъа) номида мешаванд.

Ва аз таъаммул дар ин мисолҳо ва монанди онҳо бармеояд, ки сабаби пайдоиши мафҳуми пешӣ ва пасӣ ин аст, ки ду мавҷуд дар воҷид будани сифате зиёда ва нақиса пайдо кунанд, ва дар ҳар ҷо ду чизро ба як севвуме нисбат диҳем ва дар нисбат, ихтилофи каму зиёде пайдо шавад, тақаддуму таъаххур пеш хоҳад омад. Чизе, ки ҳаст ин аст, ки мабдаи мафруз дар ин маворид, ки ном бурдем, фарзӣ ва қарордодӣ аст ва аз ҳамин ҷиҳат мафҳуми пешӣ ва пасӣ ба ҳасби табаддули фарз ҷойи худро табдил мекунанд.

Вале ин гуна ихтилофотро (ихтилофи ташкикӣ ё зиёдатӣ ва камӣ) дар воқеияти хориҷ низ дорем ва албатта равшан аст, ки каму зиёд пайваста нисбат ба мабдаъ мутаҳаққиқ мешаванд, чунонки 1 нисбат ба ададҳои дигар монанди 2, 3, 4 табъан муқаддам аст, зеро то он вуҷуд нагирад, дигарон мавҷуд намешаванд. Аҷзои ҳар мураккабе табъан то мавҷуд нашаванд, мураккаб ба вуҷуд намеояд. Аҷзои иллат нисбат ба маълул ҳамон ҳолро доранд.

Ва гоҳе, ки ду воҳидро бо адади дигар ва ё ду ҷузъи мураккабро бо мураккаб ва ё ду ҷузъи иллатро бо маълул бисанҷем, бо ҳам буда ва нисбат ба ҳамдигар пешӣ ва пасӣ нахоҳанд дошт.

Ва ҳамчунин иллати томма нисбат ба маълули худ илова бар ин ки дар вуҷуд (на дар замон) муқаддам аст, дар вуҷуби вуҷуд низ муқаддам мебошад, зеро маълул пайваста бо зарурати вуҷуд (руҷӯъ шавад ба мақолаи 8) мавҷуд аст ва то иллати томмааш ин сифатро воҷид ва доро набошад, маълул дорои он нахоҳад буд, ва чун ду иллати томма аз барои як маълул маънӣ надорад, дар ин навъ аз тақаддуму таъаххур, маъийят ва боҳамӣ вуҷуд надорад.

Ва ҳамчунин аҷзои моҳияти шайъ (чунонки дар мақолаи 5 гуфта шуд ва дар мақолаи 13 хоҳад омад иншоаллоҳ) агарчи танҳо дар зеҳн мебошанд, нисбат ба моҳияти мураккаба тақаддум доранд ва албатта ин тақаддум танҳо дар мафҳум аст, на дар вуҷуд.

Ва ҳамчунин дар миёни аҷзои замон як навъ тақаддуму таъаххури собите мавҷуд аст: имрӯз пас аз дирӯз ва пеш аз фардо мебошад.

Ва албатта набояд тасаввур кард, ки ин ихтилофи пеш ва пас дар аҷзои замон мустанад ба пайдоиши мабдаи мафрузӣ аст монанди мабдаи таърихӣ ва ҷуз он, зеро тақаддуму таъаххурҳое, ки аз ин роҳ оризи аҷзои замон мешаванд, қобили тағйир мебошанд, дар сурате, ки тақаддуму таъаххури имрӯз ва фардо ин гуна нестанд. Масалан, агар милоди Масеҳро мабдаи таърихӣ қарор диҳем, аҷзои замонӣ, ки аз ду сӯй ба мабдаи номбурда наздиктаранд, муқаддаманд бар аҷзои дуртар ва дар натиҷа дирӯз ва фардои мабдаъ бар парерӯз ва пас фардои он муқаддаманд, ва ҳамчунин дирӯз ва фардои мабдаъ, бо ҳам ҳастанд, дар ҳоле, ки ба ҳасби ҳақиқат ҳар рӯз пеш аз фардои худаш мебошад ва ҳеч гоҳ аҷзои замон бо ҳам намебошанд, балки дар воқеъ тафовути аҷзои замон (чунонки дар мақолаи 10 ба субут расид) дар имкон ва феълият мебошад ва ҳар имкон агарчи иллат ё ҷузъи иллати вуҷуди феълият нест, вале пояи ӯст. Пас имкон нисбат ба реша ва ҳастабандии вуҷуд наздиктар аз феълият мебошад ва ҳар ҷузъе аз замон чун ҳомили имкони ҷузъи пасини худ аст, бар он тақаддум хоҳад дошт. Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад, ки:

1) Мо сифоте воқеиятдор ба номи “тақаддум” ва “таъаххур” ва “маъийят” дорем;

2) Дар мавриди ҳар тақаддуму таъаххур, як сифате лозим аст, ки мутақаддим ва мутаъаххир бо ихтилоф дар он ширкат дошта бошанд, ба тавре, ки ҳар чӣ мутаъаххир дошта бошад, муқаддам низ дорои он бошад бидуни акс, ва мо ин сифатро “милок” меномем. Ва албатта милок низ дар мавориди мухталифаи тақаддуму таъаххур мухталиф мебошад, чунонки дар мавриди тақаддуми аҷзои мураккаб ва аҷзои иллат, ки “тақаддуми табъӣ” номида мешавад, вуҷуд аст, ва дар мавриди тақаддуми иллати томма, ки “тақаддуми иллӣ” ном дорад, зарурати вуҷуд аст, ва дар мавриди тақаддуми аҷзои моҳият, ки “тақаддуми таҷавҳурӣ” аст, таҳаққуқи мафҳуме аст, ва дар мавриди тақаддуме, ки аҷзои замон нисбат ба ҳамдигар доранд ва ё ҳаводис ба воситаи интибоқ ба замон ба якдигар мегиранд, ки ба “тақаддуми замонӣ” маъруф мебошад, асли вуҷуди мубҳами муштарак миёни имкон ва феълият аст;

3) Дар ҳар маврид, ки тақаддуму таъаххур вуҷуд дорад, лозим нест, ки маъийят низ вуҷуд дошта бошад, чунонки дар тақаддуму таъаххури иллӣ ва замонӣ гуфта шуд, ки маъийят маънӣ надорад;

4) Ҳар мутаъаххир як навъ адаме дар мартибаи мутақаддими худ дорад. Ба иборати дигар, бо ҳудуди вуҷудӣ ва хусусиёти зотии худ дар мартибаи иллати худ нест.

* * *

Ҳудус ва қидам

Мо назарияи гузаштаро, ки дар натиҷаи 4-ум эрод кардем, дар як ҷойи дигар низ ба кор мебандем, ва он маврид, ҳудусу қидам мебошад.

Мо вақте, ки ду мавҷудро, ки замони вуҷуди яке аз онҳо бештар аз дигарӣ бошад, монанди ду инсони пиру ҷавон, ду сохтмони куҳану нав, ду расми дерину тоза бо ҳам бисанҷем, онро, ки замони бештаре паймуда “қадим” ва дигаре, ки замонаш камтар аст “ҳодис” меномем.

Ва бо таҳлил равшан мешавад, ки мо коре, ки дар ин ташбеҳ анҷом медиҳем ин аст, ки замонеро, ки ба ҳар як аз ин ду мавҷуд гунҷоиш медиҳад гирифта ва ҳар як аз онҳоро ба он татбиқ менамоем ва дар натиҷаи ин татбиқ, ҳамаи замони номбурда ба мавҷуди қадим ишғол мешавад (монанди ҳафтод сол масалан, ки умри инсони пир аст), дар ҳоле, ки замони номбурда бо татбиқи мавҷуди ҳодис, ба ду ҷузъи тиҳӣ ва пур мунқасим мешавад, ки ҷузъи тиҳӣ муқаддам бар ҷузъи пур ва ишғолшудаи ӯст, монанди ҳафтод соли мафруз, ки 35 соли дуввумаш бо умри инсони ҷавон ишғол шуда ва нимаи аввалаш холӣ аст. Ва аз ин таҳлил натиҷа мегирем, ки:

“Ҳудус” масбуқ будани вуҷуди чизе ба адами замонӣ, ва “қидам” адами масбуқият ба адами замонӣ мебошад.

Ва чун чунонки дар мақолаи 7 баён кардем, мо адами ҳар чизеро аз вуҷуди чизҳои дигар интизоъ мекунем, метавон натиҷаи номбурдаро чунин таъбир кард:

“Ҳудус” масбуқияти замонии ӯст ба чизи дигар, ва “қидам” адами масбуқияти замонии ӯст ба чизи дигар.

* * *

Тавсиъаи мафҳуми ҳудусу қидам

Албатта пас аз он ки мафҳуми ҳудусу қидам ба ҳамон масбуқият ва адами масбуқият баргашт — ва сабқу луҳуқ (тақаддуму таъаххур — пешӣ ва пасӣ) чунонки баён шуд ақсоме дорад — ҳудусу қидам низ тибқи инқисомоти тақаддуму таъаххур инқисомот пазируфта ва ақсом пайдо хоҳанд кард, ки муҳимтарини онҳо аз назари баҳси фалсафӣ “ҳудуси иллӣ” ва “ҳудуси замонӣ” мебошад.

Дар силсилаи ҳаводиси моддӣ ҳар ҳодисае, ки маълули иллати томмаи худ мебошад, нисбат ба иллати томмаи худ ҳудуси иллӣ дошта ва иллати номбурда нисбат ба он, қадими иллӣ (на замонӣ) аст.

Ва ҳамчунин ҳар ҳодиса ҳодиси замонӣ буда ва ҳодиси пеш аз он нисбат ба он, қадими замонӣ аст.

* * *

Оё нисбат ба маҷмӯаи олам чӣ метавон гуфт?

Ҳудуси олам аз масоиле аст, ки аз замони бостон миёни донишмандони башар мавриди гуфтугӯ буда ва ҳамеша ду даста аз ононро, ки мусбит ва нофӣ будаанд, ба худ машғул доштааст ва мо то андозае, ки аз ин баҳс дар ин мақолаҳо метавон гунҷонид, дар мақолаи 14 мавриди кунҷковӣ қарор хоҳем дод ва дар инҷо танҳо шолудаи суханро дар ду мақом эрод мекунем:

1) Ҷаҳони табиат ҳодиси иллӣ аст, зеро ҳамаи ҷаҳони модда дар айни ин ки касрате ба ҳасби аҷзоъ дорад, як воҳиди ҳақиқӣ аст ва чун айни ҳаракат ва тағйиру таҳаввул мебошад, ночор ҳастии он аз худаш сарчашма намегирад, зеро чун зот ва ҳувияташ бо буду набуд тағйир мепазирад ва иттифоқе низ дар кор нест, худаш худашро эҷод накарда, ва ночор иллате ҷуз худ дорад, ки вуҷуди зарурии вай вуҷуди зарурӣ (ҷабрӣ)-и ҷаҳонро пайдоиш медиҳад ва ҳастии зарурии иллати томма муқаддам бар вуҷуди зарурии маълул аст. Дар натиҷа ҷаҳони табиат ҳодиси иллӣ аст;

2) Ҷаҳони табиат ҳодиси замонӣ аст, зеро пайкараи замоне, ки гаҳвораи ҷаҳони табиат шумурда мешавад — чунонки гуфта шуд — ҳар қитъа аз он, нисбат ба қитъаи пешини худ ҳудуси замонӣ дорад, зеро феълияташ масбуқ аст ба имконе, ки дар қитъаи пешин мавҷуд аст, ва ҳамин муқаддам будани қитъаи пешин низ мустанад ба ҳамон имкони номбурда мебошад. Пас, ҳамин имкон нисбат ба феълияти номбурда чунонки тақаддуми замонӣ дорад, қидами замонӣ низ дорад ва феълияти номбурда нисбат ба ҳамин имкон, таъаххури замонӣ ва ҳудуси замонӣ дорад.

Ва ҳамин ҳақиқат дар худи пайкараи замон, ки як воҳид аст мавҷуд мебошад, зеро феълияти замон омехта ва оғишта бо имкон ва масбуқ ба имкон мебошад, пас маҷмӯъи вуҷуди замонӣ низ дорои ҳудуси замонӣ аст ва ҳаводиси замонӣ низ якҷо тобеъи вуҷуди замон ҳастанд, чунонки аҷзои ҳаводис тобеъи аҷзои замон буданд.

Албатта равшан аст, ки ин сухан бо он чӣ дар мақолаи 10 гуфтем, ки замон сохтаи худи ҷаҳони табиат аст танофӣ надорад, балки чунонки ҳар қитъа аз қитъаҳои ҷисм, ҳаҷме (таъайюни абъоди ҷисмонӣ) дорад ва маҷмӯъи ҷисм низ бе ҳаҷм нест, ҳар ҷузъе аз аҷзои замон, ки феълияте аст, масбуқ ба имкон аст ва гирдомадаи ҳамон феълиятҳо, ки як воҳид ташкил медиҳад чун феълият аст масбуқ ба имкон мебошад.

Масоиле, ки дар ин мақола баён шуда:

1) Сифоти хориҷӣ ба номи “тақаддум” ва “таъаххур” ва “маъийят” дорем;

2) Ҳар тақаддуму таъаххуре муштамил бар милоке аст;

3) Ҳар тақаддуму таъаххуре аз ҷинси худ маъийят надоранд;

4) Ҳар мутаъаххире дар мартибаи мутақаддими худ маъдум аст;

5) Ҳудусу қидам як навъ тақаддуму таъаххур мебошад;

6) Ҳудусу қидам монанди тақаддуму таъаххур ақсоме дорад, ки аз он ҷумла “ҳудусу қидами иллӣ” ва “ҳудусу қидами замонӣ” аст;

7) Ҷаҳони табиат ҳодиси иллӣ аст;

8) Ҷаҳони табиат ҳодиси замонӣ аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: