Шарҳи Маснавӣ (240)

Дар хоб гуфтани ҳотиф мар Умарро разияллоҳу анҳу, ки чандин зар аз байтулмол ба он мард деҳ, ки дар гӯристон хуфтааст

* * *

Он замон Ҳақ бар Умар хобе гумошт,

То ки хеш аз хоб натвонист дошт.

Ҳамон замон, ки пири чангнавоз дар олами руъё фурӯ рафта буд, Ҳақ Таъоло хоберо бар Умар (р) чира сохт ба тавре ки натавонист дар баробари он хоб тоб оварад.

Дар аҷаб афтод, к-ин маъҳуд нест,

Ин зи ғайб афтод, бе мақсуд нест.

Умар (р) таъаҷҷуб кард, ки ин гуна хоб барояш собиқа надошта, зеро одат надошт, ки он мавқеъ бихобад. Аз ин рӯ гуфт: ман дар ин ҳангом ва дар ин гуна мавоқеъ одат ба хоб надорам, пас, ин хоб аз олами ғайб бар ман воқеъ шуда ва ин хоб албатта, ки бе ҳикмат нест.

Сар ниҳоду хоб бурдаш, хоб дид,

К-омадаш аз Ҳақ нидо, ҷонаш шунид.

Умар (р) сар бар болин ниҳод ва хоб ӯро фаро гирифт ва дар руъёе дид, ки аз боргоҳи Ҳақ Таъоло ба ӯ нидое расид ва гӯши ҷонаш он нидоро шунид.

Он нидое, к-асли ҳар бонгу навост,

Худ нидо он аст в-ин боқӣ садост.

Ҳамон нидое, ки асли ҳар бонгу навост, зеро дар воқеъ нидо ҳамон аст ва соири нидоҳо садое беш нест.

Нукта: Нидои илоҳӣ бар ду навъ аст: яке нидои таквинӣ, ки мӯҷиби пайдоиши мавҷудоту мумкинот шуд, ва дигар нидои ташреъӣ, ки ба сурати ваҳю илҳом ва руъёи содиқа зуҳур кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.644)

Турку курду порсигӯву араб

Фаҳм карда он нидо бе гӯшу лаб.

Турку курду аҷаму араб бе гӯшу лаб он нидоро фаҳмиданд. Хулоса, нидоест, ки ҳамагон онро мефаҳманд ва махсус ба забону луғати хоссе нест. Яъне ганҷи ҳақиқат дар инҳисори фирқа ва фариқе нест.

Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?

Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг.

На танҳо турку тоҷику занг ин нидоро дарк мекунанд, балки чӯбу сангу ҳамаи мавҷудот низ ин нидоро мешунаванд, зеро ин нидо нидои ваҳдат аст.

Нукта: Дар мисроъи аввал мегӯяд, ки нидои илоҳиро ҳамаи ақвом мешунаванд ва шунидани нидои илоҳӣ махсуси пайравони дини хоссе нест ва бад-ин тартиб бар ҷамиъи соликони ҳақиқат сиҳҳа мегузорад. Мисроъи дуввум нозир аст бад-ин матлаб, ки ҷамодот низ шуъур доранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.644)

* * *

Баҳсе дар бораи вожаи тоҷик

Ғайри арабу туркро тоҷик номанд. (Шарафномаи Мунирӣ). Тозик ва тожик, бар вазн ва маънии тоҷик аст, ки ғайри арабу турк бошад. (Бурҳон). Арабзодае, ки дар аҷам калон шавад. (Ғиёсуллуғот). Фарзанди араби дар аҷам зоида ва баромадаро низ гӯянд. (Бурҳон). Тозик ва тожик, ҳамон тоҷики мазкур. Тоифаи ғайри арабӣ бошад. Он, ки турку муғул набошад. Дар луғоти туркӣ ба маънии аҳли Форс навиштаанд. (Ғиёсуллуғот).

Муаллифи Фарҳанги Низом орад: “Насли эронӣ ва форсизабон, мисол: дар Афғонистон ва Тӯрон нажоде ҳастанд, ки худро тоҷик мегӯянд, мубаддали лафзи мазкур тозик аст, ва аз он баъзе аз аҳли луғат чунин қиёс кардаанд, ки маънии лафзи мазкур насли тозӣ (араб) аст, ки дар аҷам бузург шуда бошад, лекин саҳеҳ ҳамон аст, ки навиштам. Ва ин лафз дар Эрон мавриди истеъмол надорад, фақат дар Афғонистон ва Туркистон ба форсизабонони он ҷо гуфта мешавад ва бештар дар муқобили турк истеъмол мешавад…

Саъиди Нафисӣ дар муаррифии мардуми Бухоро орад: “Дар замони Рӯдакӣ шаҳри Бухоро чун дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр шаҳре будааст мураккаб аз нажоди эронӣ ва шояд яке аз қадимтарин мадоин бошад, ки нажоди мо дар он раҳли иқомат афканда. Ба ҳамин ҷиҳат мардуми он шаҳр — ба ҷуз иддае маъдуд аз нажодҳои дигар, ки баъд ба воситаи ҳаводис бад-он ҷо рафтаанд — аз нажоди эронӣ будаанд ва порсизабон, махсусан аз замоне, ки Бухоро пойтахти Сомониён маркази адабиёти форсӣ шуд ва умарои Оли Сомон дар ривоҷи ин забон ҳеч фурӯ нагузоштанд, Бухоро маъруфтарин маркази забони мо шуд, чунонки ҳанӯз пас аз ҳазору анд сол забони аксарияти мардуми Бухоро ва забони бозори он, забони порсист ва ҳанӯз аксари мардуми он аз нажоди Эронанд, ки имрӯз эшонро ба истилоҳи маҳаллӣ “тоҷик” мехонанд…” (Аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ ҷ.1 сс.67-68).

Муаллифи ҳамон китоб дар бораи мардуми Самарқанд орад: “Дар замони ҳозир ҷамъияти вилояти Самарқанд наздик ба 960 ҳазор нафар аст, ки 27 дарсади он аз нажоди эронӣ аст, ки имрӯз ба исми “тоҷик” хонда мешавад.” (Аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ, ҷ.1 с.120).

Дар Лоруси бузург (Grand Larousse encyclopédique) омада: “Тоҷикон мардумоне ҳастанд, ки ҳаддиақал 2500000 нафаранд, ки дар машриқи Эрон ва шимоли Афғонистон, дар Туркистони рус ва ҳамчунин дар иртифоъоти 3000-метрии фалоти Помир парокандаанд ва ба зироат иштиғол доранд. Ғолиби тоҷикҳо аз нажоди холиси эронианд, ҳамаи онҳо чодарнишин мебошанд, дар Эрон ва Афғонистон ба кори зироат иштиғол доранд, ва дар Туркистон бозаргон ё моликанд ва дар назди тоҷикони Туркистони улё осоре аз оташпарастии куҳан мушоҳида мешавад.”

Фрой нависад: “Иштиқоқи калимаи тоҷик мӯҳтамалан аз шакли эронишудаи “тоӣ” (қабилае аз араб) омада, бо он ки Филут онро муштаққ аз “тохтан” медонад, ва ин қавл баъид аст. Туркон номи тоҷикро монанди “тот” ба эрониён итлоқ мекарданд…

(Луғатномаи Деҳхудо, вожаи тоҷик)

* * *

Ҳар даме аз вай ҳамеояд “аласт”,

Ҷавҳару аъроз мегарданд ҳаст.

Ҳазрати Ҳақ Таъоло дар ҳар оне ва ба ҳар шаъне, бо забони маънавӣ “Аласту бираббикум” (Оё ман парвардигори шумо нестам?!) мегӯяд ва ҷавҳарҳо ва аразҳо ва хулоса ҳамаи мавҷудот зуҳур меёбанд.

Нукта: “Ҷавҳар” моҳиятест, ки агар мавҷуд шавад, қоим ба хеш аст, на қоим ба мавзӯъ, монанди ҷисм, ки ба зоти худ қоим аст. Вале “араз” моҳиятест, ки агар мавҷуд шавад, вуҷудаш қоим ба мавзӯъ аст, монанди рангу шаклу каммийяти ҷисм, ки ба ҷисм қоим аст. (Ҳикмати илоҳӣ, ҷ.1, с.88) Албатта ин гуна истилоҳот дар Маснавӣ ба сурати расмии он таъбир намешавад, пас мурод аз ҷавҳару араз дар ин ҷо ҷамиъи мавҷудот ва маротиби ҳастӣ аст.

Гар намеояд “бало” з-эшон, вале,

Омаданшон аз адам бошад, бале.

Агарчи зоҳиран садои “бале” гуфтани мавҷудот ба гӯш намерасад, вале бидонед, ки ин мавҷудот бо сарозер шуданашон аз ҷаҳони нестӣ ба ҷаҳони ҳастӣ, “бале” мегӯянд. Бинобар ин, мавҷудот бо забони ҳол рубубияти Худовандро иқрор мекунанд.

З-он чӣ гуфтам з-ошноий сангу чӯб,

Дар баёнаш қиссае ҳуш дор хуб.

Ман дар бораи идроки сангу чӯб гуфтам, ки сангу чӯб низ нидои Ҳақро мешунаванд ва инак ҳамин матлабро ба сурати достоне баён мекунам ва ту бояд бо гӯши ҳуш бад-он таваҷҷӯҳ кунӣ. (Достон дар қисмати баъдӣ хоҳад омад.)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: