Адли илоҳӣ (13)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: адли башарӣ ва адли илоҳӣ (8)

Ноз ё эътироз?

Баҳс дар бораи шурур, ва аҳёнан эътироз ба вуҷуди онҳо, бахши нисбатан муҳимме аз адабиёти моро ташкил медиҳад. Шоирон ба забони ҷидд ё ҳазл, фаровон дар ин майдон ворид шудаанд. Албатта он чиро дар ин замина гуфта шудааст, наметавон ба ҳисоби ҷидд яъне интиқод ва эътироз ба хилқат гузошт, ғолибан ҷанбаи ҳазл дорад ва ба истилоҳ, “сужаи” шеър аст.

Бархе аз онҳоро метавон аз навъи “даллоли ориф” ба шумор овард. Дар рубоиёти мансуб ба Хайём, аз ин гуна ашъор фаровон аст. Ҳамчунон, ки қаблан гуфтем, ин ашъор маълум нест, ки аз Хайёми файласуф бошад, он чи ба сурати суол ё эътироз дар шеъри Хайёми шоир унвон шудааст, барои Хайёми файласуф ҳал шуда будааст. Бинобар ин, ин ашъор ё аз Хайёми файласуф нест, ва ё ҷанбаи ҳазлӣ ва сарбасар гузоштан бо муташарреъони қишрӣ дорад ва ё аз навъи “даллоли ориф” аст. Ба ҳар ҳол, Хайём дар ин рубоиёти мансуб ба ӯ мегӯяд:

Аҷром, ки сокинони ин айвонанд,

Асбоби тараддуди хирадмандонанд.

Ҳон, то сарриштаи хирад гум накунӣ,

К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд.

* * *

Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,

Нанҳанд баҷо, то нарубоянд дигар.

Ноомадагон агар бидонанд, ки мо

Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.

* * *

Чун ҳосили одамӣ дар ин шӯристон,

Ҷуз хӯрдани ғусса нест то кандани ҷон.

Хуррам дили он, ки з-ин ҷаҳон зуд бирафт,

В-осуда касе, ки худ наёмад ба ҷаҳон.

* * *

Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,

Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.

Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,

Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.

Ин эътирозҳо ва дашномҳо, ки нисори чарху фалак мегардад, дар ҳақиқат эътироз ба мақоми болотар аст, зеро чарху фалак корае нест, каҷравӣ ва каҷрафтории фарзӣ, ки бад-он муттаҳам аст, на ба майли худи ӯст. Шояд ба ҳамин ҷиҳат дар ҳадис омадааст:

لا تسبوا الدهر فان الدهر هو الله

Замонаро дашном надиҳед, ки замона ҳамон Худост.”

Ҳамчунин мегӯяд:

Доранда, ки таркиби табойеъ орост,

Аз баҳри чӣ афкандаш андар каму кост?

Гар нек омад, шикастан аз баҳри чӣ буд?

В-ар нек наёмад ин сувар, айб кирост?

* * *

Таркиби пиёлае, ки дар ҳам пайваст,

Бишкастани он раво намедорад маст.

Чандин сару пойи нозанину сару даст

Зи баҳри чӣ сохту зи барои чӣ шикаст?

* * *

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,

Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.

Ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф,

Месозаду боз бар замин мезанадаш.

Носири Хусрав шоирест, ки ба ҳақиқат метавон ӯро ҳаким хонд. Ин шоир аз тарафе нуктасанҷ аст ва аз назари фикру фалсафа фавқи ин гуна эътирозот будааст, ва аз тарафи дигар ақоиди мазҳабии нерӯманде дорад ва бар тибқи мӯътақадоти мазҳабӣ низ набояд лаб ба эътироз гушояд. Дар айни ҳол, дар девони ӯ низ ашъоре дар ин замина вуҷуд дорад, ки ё бояд онро навъе ҳазлу шӯхӣ донист ва ё “даллоли ориф”. Аз он ҷумла мегӯяд:

Бор Худоё, агар зи рӯйи худоӣ

Тинати инсон ҳама ҷамил сириштӣ.

Чеҳраи румию сурати ҳабаширо

Мояи хубӣ чӣ буду иллати зиштӣ?

Талъати ҳиндую рӯйи турк чаро шуд

Ҳамчу дили дӯзахию рӯйи биҳиштӣ?

Аз чӣ саъид уфтоду аз чӣ шақӣ шуд

Зоҳиди меҳробию кашиши куништӣ?

Чист хилоф андар офариниши олам

Чун ҳамаро дояву машшота ту гаштӣ?..

Неъмати мунъим чарост дарё-дарё?

Меҳнати муфлис чарост киштӣ-киштӣ?

Носири Хусрав қасидаи тӯлонӣ ва маъруфе дорад, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Илоҳӣ, тӯлу арзи оламатро

Тавонӣ дар дили мӯре кашидан.

Дар ин қасида мегӯяд:

Ҳама ҷаври ман аз булғориён аст,

К-аз он оҳам ҳаме бояд кашидан.

Гунаҳ булғориёнро низ ҳам нест,

Бигӯям гар ту битвонӣ шунидан.

Худоё, рост гӯям фитна аз туст,

Вале аз тарс натавонам чағидан.

Лабу дандони туркони Хаторо

Набоистӣ чунин хуб офаридан.

Ки аз дасти лабу дандони эшон,

Ба дандон дасту лаб бояд газидан.

Ба оҳу мекунӣ ғавғо, ки бигрез,

Ба тозӣ мезанӣ ҳей бар давидан.

Бархе аз соҳибназарон муддаиянд, ки ин қасида манҳул аст ва аз Носири Хусрав нест.

Дар ҳудуди чиҳил сол пеш, шоире аз аҳли Шероз, чакомае дар ин замина суруд ва посухи он аз тарафи марҳуми сарҳанг Ахгар дар маҷаллаи “Ахгар” ба мусобиқа гузошта шуд ва аз аҳли завқу дониш дархост шуд назари хешро иброз доранд. Аз атрофу акнофи кишвар, аъамм аз руҳониву ғайрируҳонӣ, ва аъамм аз зану мард, дар ин мусобиқа ширкат карданд, бархе ба назм ва бархе ба наср посух доданд ва бархе аҳёнан назари шоирро таъйид карданд. Ҳамаи онҳо дар китобе ба номи “Асрори хилқат” аз тараф марҳуми Ахгар чопу мунташир шуд.

Ин ки арзиши он посухҳо чист?, матлабе аст, ки ин банда акнун намехоҳам дар бораи онҳо изҳори назар кунам. Албатта бархе аз фузало нукоти ҷолибе дар баёноти худ овардаанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: