Перейти к содержимому

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (5)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши панҷум (поёнӣ)

Матлаби ахире, ки лозим дидам дар поёни ин силсиламақолот роҷеъ ба он баҳс бикунам ин аст, ки оё дини ислом махсуси арабҳост, ҳамон тавре ки устод Қамаруддини Нурулҳақ, файласуф ва исломшиноси тоҷик, дар ҳамон гуфтугӯ бо сойти “Равшанфикр” мегӯяд: “Ҷавҳари исломро ҳамчун падидаи динӣ-сиёсӣ андешаи космополитикии араб барои бунёди хилофат ташкил медиҳад, ки ҳатман хусусияти зиддимиллӣ дошт ва онро имрӯз бисёр ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии муосир шиори худ кардаанд”?

Барои фаҳми ин ҳақиқат, ки ислом ойинест фаромиллӣ ва фаромаконӣ ва фарозамонӣ, ҳамин андоза кофист, ки муҳаққиқ ва пажӯҳишгар омӯзаҳо ва таълимоти ин динро – аъамм аз ақоид ва аҳком ва дастуроти ахлоқиаш – баррасӣ кунад ва бибинад, ки оё дар онҳо чизе ба назараш мерасад, ки марбут ба як миллати хосс, масалан арабҳо, буда бошад? Ақоиди исломӣ аз қабили ин ки: ҷаҳонро соҳибест Худо ном, ва ӯ зотест комил аз тамомии ҷиҳот ва ҳеч айбу нақсе дар ӯ нест ва ӯ барои ҳидоят ва роҳнамоии башар паёмбароне фиристода ва ин ки зиндагии одамӣ маҳдуд ба ҳамин дори фонӣ нест, балки ӯро ҷаҳоне дигар дар интизор аст. Дастуроти ахлоқии исломӣ мисли дастур ба ороста будан ба рафторҳои писандида аз қабили ростӣ, дурусткорӣ, садоқат, вафодорӣ, ихлос, адолатпешагӣ, иффат, шуҷоат ва ғайра, ва парҳез аз рафторҳои нописанд чун дурӯғгӯӣ, хилофи ваъда, риёкорӣ, зулму ситам, бебандуборӣ, тарсуӣ ва ғайра аст. Аммо аҳкоми амалии ислом, яъне анҷоми аъмоле мушаххас аз қабили намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва ғайра.

Хуб, ин ақоид ва дастуроти ахлоқии ёдшуда ва низ анҷоми аъмоли мазкур оё марзу бум мешиносанд? Оё инҳо метавонанд мутаъаллиқ ба қавм ё гурӯҳе хосс бошанд? Оё метавон ба ин баҳона, ки тавассути марде, ки тоҷик нест, мавриди инкор қарор бигиранд?

Оре, чизе, ки ҳаст ин аст, ки ин дин 1400 сол пеш, аз тариқи фариштаи ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) — ки зодаи минтақае ба номи Ҳиҷоз дар шибҳиҷазираи Арабистон мебошад — фурӯ фиристода шуда, аммо аз ҳамон рӯзи нахусти беъсаташ, ин паёмбар маъмур гардида, ки ту фиристодаи Худо ба сӯи тамомии ҷаҳониён ҳастӣ:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا

Ва мо туро (эй Муҳаммад!) нафиристодем магар он ки барои “ҳамаи мардум” башоратдиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ.” (Сураи Сабаъ, ояти 28)

Ва аз забони он ҷаноб (с) хитоб ба мардумони ҷаҳон фармуда:

قُلْ يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنِّي رَسُولُ اللّهِ إِلَيْكُمْ جَمِيعًا

Бигӯ: эй мардум! Ман паёмбари Худо ба сӯи “ҳамаи шумо” ҳастам…” (Сураи Аъроф, ояти 158)

Рисолати Паёмбари гиромӣ (с)-ро низ Қуръони Карим инчунин баён мекунад:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِندَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُم بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالأَغْلاَلَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ فَالَّذِينَ آمَنُواْ بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَاتَّبَعُواْ النُّورَ الَّذِيَ أُنزِلَ مَعَهُ أُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

(Мӯъминон ҳамон касоне ҳастанд), ки пайравӣ мекунанд он фиристодаро; паёмбари дарснохонда ва хатнонавиштаро, ки (ному нишонаҳои) ӯро назди хеш дар Тавроту Инҷил навишта меёбанд. (Вай) ононро ба некӣ фармон медиҳад ва аз бадӣ бозмедорад, ва чизҳои покизаро барояшон ҳалол ва палидиҳоро бар онҳо ҳаром мекунад, ва бори гаронашон (яъне таколифи сахту душвор) ва банду занҷирашонро аз онҳо фурӯ мениҳад (ва озодашон мекунад). Пас, касоне ки ба ӯ гаравиданд ва ӯро бузургу гиромӣ доштанд ва ёрияш карданд ва аз он нуре (Қурон), ки ба ӯ фуруд омада пайравӣ намуданд, ононанд растгорон”. (Сураи Аъроф, ояти 157)

Дар номаҳое, ки Паёмбари азимушшаъни ислом (с) ба сарони кишварҳо мефиристод, ба рӯшанӣ ин ҳақиқат, ки ислом як ойини ҷаҳонӣ ва ба арабу аҷам ихтисос надорад, мутабалвир аст. Масалан, дар номае, ки ба Хусрави Парвиз, подшаҳи Эрон ирсол кардааст мехонем:

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Аз Муҳаммад, фиристодаи Худованд ба Хусрав, бузурги Эрон. Дуруд бар он кас, ки ҳақиқат ҷӯяд ва ба Худову паёмбари ӯ имон оварад ва гувоҳӣ диҳад, ки ҷуз Худои Ягона худое нест ва шарику ҳамтое надорад ва мӯътақид бошад, ки Муҳаммад банда ва паёмбари ӯст! Ман ба фармони Худованд туро ба сӯи Ӯ мехонам. Худованд маро ба ҳидояти ҳамаи мардум фиристодааст, то ононро аз хашми ӯ битарсонам ва ҳуҷҷатро бар кофирон тамом кунам. Ислом биёвар, то дар амон бошӣ, ва агар аз имону ислом сар битофтӣ, гуноҳи миллати Маҷус бар гардани туст.” (Таърихи Табарӣ, ҷ.2, с.295-296)

* * *

Ойини ислом ҳаргиз рангу бӯи арабӣ надошта ва надорад. Ин ойин мутаъаллиқ ба тамоми башар аст ва иртиботе ба аъроб надорад. Дар Қуръони Карим ҳеч ҷо хитобе ба сурати “Эй арабҳо!” ё “Эй Қурайшиҳо!” пайдо намешавад, балки билъакс, оятҳое дар Қуръон ҳаст, ки аз он оёт як навъ изҳори беэътиноӣ ба мардуми араб истинбот мешавад, ва Қуръони Маҷид руҳияи қавмҳои дигаре ғайр аз қавми арабро барои ислом муносибтар ва омодатар медонад, ки ин худ ба хубӣ ҷаҳонӣ будани исломро мерасонад:

فَإِن يَكْفُرْ بِهَا هَؤُلاء فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَّيْسُواْ بِهَا بِكَافِرِينَ

Агар инон (арабҳо) ба Қуръон кофир шаванд, ҳамоно мо касонеро хоҳем гуморид, ки қадри онро бидонанд ва ба он мӯъмин бошанд.” (Сураи Анъом, ояти 89)

وَإِن تَتَوَلَّوْا يَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَيْرَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُونُوا أَمْثَالَكُمْ

Агар шумо (эй арабҳо!) ба Қуръон пушт кунед, гурӯҳе дигар ҷойи шуморо хоҳанд гирифт, ки монанди шумо набошанд.” (Сураи Муҳаммад (с), ояти 38)

* * *

Нигоҳе гузаро ба Қуръону суннат худ кофист, ки бароямон ин ҳақиқатро бармало созад, ки меъёрҳои исломӣ ҳамагӣ ҷаҳонист, на миллӣ, қавмӣ ва ё нажодӣ. Масалан, ислом ба шиддат бо масоиле ҳамчун тафохур ба қабилаву нажод мубориза мекунад. Қуръон, дар камоли сароҳат мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

Эй мардум! Мо ҳамаи шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо миллат-миллат ва қабила-қабила гардондем, то бад-ин васила якдигарро бишносед. (Аммо бидонед, ки) гиромитарини шумо назди Худо, ботақвотарини шумост.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Дар суннати Паёмбар (с) низ, ҳамвора тақво ба унвони милоки бартарӣ унвон мешавад, на араб будан ё аҷам будан. Паёмбари Акрам (с) Билоли Ҳабаширо ҳамон гуна бо оғӯши боз мепазируфт, ки масалан Абӯбакри Сиддиқро мепазируфт.

Аз ин рӯ, барои касоне ки ҷор мезананд, ки пайравӣ аз ойини ислом, “тақлиди фарҳанги аъроб” аст, тавсия мешавад, ки ба ҷойи ин сухани бепоя, биёед дар ҷаҳонбинӣ ва маорифи исломӣ, ки дар Қуръону суннат ва каломи бузургони динамон таҷассум ёфтаанд, айб ҷӯед, ки агар айбе дошта бошад, он гоҳ ба рухи мусалмонон бикашед, ки ба ин далел ё он бурҳон, ойини шумо ойини ҳақ ва дурусте нест, на ин ки бигӯед, чун хостгоҳаш сарзамини араб аст, пас, барои мани тоҷик қобили қабул намебошад!

Поёни мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: