Нигаронии хонавода ва ҳомиёни Шайх Салмон Авда дар бораи вазъияти саломати вай

Вахомати вазъияти саломати мубаллиғи боздоштшудаи арабистонӣ ва интиқоли вай аз зиндон ба бемористон, боиси нигаронии хонавода ва пайравонаш шудааст.

Ба рағми ин ки ахбори марбут ба фавти Шайх Салмон Авда, мубаллиғи шаҳири арабистонӣ таъйид нашуда, аммо бархе расонаҳо эълом карданд, ки ба хотири вахомати шадиди вазъияти саломатӣ, вай аз боздоштгоҳ ба бемористоне дар шаҳри Ҷидда мунтақил шуд.

Абдуллоҳ Авда, писари Шайх Салмон Авда, дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт, ки падараш пас аз сипарӣ кардани чаҳор моҳ дар боздоштгоҳи инфиродӣ, ба бемористоне воқеъ дар устони Ҷидда мунтақил шуд.

Шайх Салмон Авда дар сентябри 2017 ҳамроҳ бо 10 тан аз шахсиятҳои барҷастаи динии дигар боздошт шуд.

Бархе аз саудиҳо пештар дар Твиттер эълом карда буданд, ки далели боздошти Авда ин аст, ки вай пас аз тамоси телефонии Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон дар ёддоште дар Твиттер, аз Худованд хост, “то қалбҳоро ба ҳам наздик кунад!”

Ҳайъатҳо ва гурӯҳҳои исломӣ боздошти Авдаро маҳкум ва хостори озодии фаврии вай шуданд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон низ аз мақомоти Арабистони хост, то “ҳикматро сарлавҳаи тасмимгириҳои худ қарор диҳанд ва уламоро дар парвандаҳои ихтилофоти сиёсӣ дахолат надиҳанд”.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: