Фалсафа ва равиши реализм (157)

Мақолаи дувоздаҳум:

Ваҳдат ва касрат

Агар чунончи ба идрокот ва афкори соддаи худ расидагӣ карда ва таваҷҷӯҳ бинамоем, хоҳем дид, ки пас аз идроки воқеияти ҷаҳони хориҷ — муқобили сафсата — яке аз равшантарини қазияҳое, ки тасдиқ мекунем ин қазия аст: “Падидаҳои бисёре дар ҷаҳон ҳаст” ва қазияи дигаре аст, ки: “Ҳамон бисёр (касир) аз якеҳо (оҳод) пайдо шудааст” ва бо забони дигар, мафҳуми “ваҳдат” ва “касрат”-ро идрок намуда тасдиқ мекунем, ки ин ду мафҳум дар хориҷ мисдоқ доранд ва мавҷуданд, ва бо таъбири дигар, мутлақи мавҷуд ба ду қисми воҳид ва касир мунқасим мешавад. Яъне чунонки мегӯем: ҳар мавҷуде, ки фарз шавад, ё имкон дорад ё феълият, ва ҳар мавҷуде, ки фарз шавад ё иллат аст ва ё маълул, ҳамчунин метавонем бигӯем: ҳар мавҷуд ё воҳид аст ва ё касир. Пас, ба ӯҳдаи фалсафа аст, ки аз ваҳдат ва касрат низ баҳс кунад.

Дуруст аст, ки мо дар бештари аҳвол ба ҷуз ваҳдат ва касрати каммӣ (як ва чанд), ки адад ва воҳиди ададӣ аст, ба чизи дигаре таваҷҷӯҳ надорем, вале бо каме диққат равшан хоҳад шуд, ки маншаи ин таваҳҳум он аст, ки сару кори зиндагии моддии мо бо ҷузъиёт ва инқисомоти модда аст, ки ваҳдат ва касрати ададӣ доранд, вагарна ба ҳамин ваҳдат ва касрат, ки мо аз онҳо мафҳуме равшан ва наздик ба мафҳуми инқисом ва адами инқисом мефаҳмем, дар куллиёт низ ҳаст, дар ҳоле, ки хоссияти онҳо дар куллиёт ҷуз хоссияти ваҳдат ва касрати ададӣ аст, зеро ваҳдати ададӣ айни касрати ададӣ нест, чӣ, намешавад гуфт, як фард аз инсон даҳ фард аст, вале ваҳдати куллӣ бо касрати ададӣ ҷамъ мешавад, чунонки масалан инсон (як) навъ аст ва айни садҳо ҳазор фард аст.

Ва аз ҳамин ҷо фаҳмида мешавад, ки ҳар ваҳдат, ваҳдати ададӣ нест, балки ваҳдати ададӣ яке аз афроди ваҳдат мебошад. Яъне ваҳдат ва билмуқобила касрат, ақсоме доранд.

Аз баёни фавқ натиҷа гирифта мешавад, ки:

1) Ду сифати умумӣ ба номи “ваҳдат” ва “касрат” дар хориҷ дорем;

2) Ваҳдат ва касрат ақсоме доранд.

* * *

Инқисомоти ваҳдат ва касрат

Тақсими 1: ваҳдат ва касрат аз роҳи навъи вуҷуд мешавад мунқасим шаванд, зеро вуҷуди шайъ ё ҷузъӣ аст ва дар хориҷ, ва ё куллӣ аст ва дар зеҳн. Ва ҷузъӣ ё бо модда мавҷуд аст монанди як ё чанд дарахт, ва ё бе модда монанди як ё чанд мавҷуди муҷаррад. Ва куллӣ низ ё навъ аст ва ё ҷинс (ба истилоҳи мантиқ) монанди як навъ, ки инсон буда бошад, ва чанд навъ, ки инсон ва дарахти бед буда бошад, ва монанди як ё чанд ҷинс. (Албатта бояд касрат дар куллиёт бо касрати ададӣ иштибоҳ нашавад. Мо гоҳе мегӯем, як навъ, ду навъ, се навъ. Вале ин гӯиш ба як эътибори ададии зеҳнӣ муттакӣ аст ва ҷуз касрате аст, ки дар куллиёт пайдо мешавад, зеро ваҳдати куллӣ ин аст, ки ҳар фард аз афроди куллиро пеши он биёварем, айни он аст ва иртифоъи ин мафҳум, ки мафҳуми касрати куллӣ мебошад, ҷуз касрати ададӣ аст).

Тақсими 2: воҳид ё аз аҷзои мухталифа мураккаб аст, яъне касрате аз ғайри ҷиҳати ваҳдат дорад, монанди як навзоди инсон, ва ё мураккаб аз касрат нест.

* * *

Аҳкоми ваҳдат ва касрат

Хоссияти ваҳдат: вақте ки чанд чиз аз ҷиҳати вуҷуд дар зеҳн ё дар хориҷ, ваҳдат пазируфта ва яке шуданд, “ҳамл” падидор мешавад (ин ӯст — ҳува ҳувият, чунонки мегӯем: “инсон инсон аст”, “дарахт сабз аст” (1. Ҳар ҳамл мавзӯъ мехоҳад; 2. Ҳар ҳамл маҳмул мехоҳад; 3. Маҳмул бояд танҳо васф ва мавзӯъ дорои зот буда бошад; 4. Аҷзои ҳамл бештар аз ду то намешавад, масоиле аст, ки дар мантиқ ба субут расида), ва аз ҳамин ҷо равшан мешавад, ки ҳамл бо инқисоми ваҳдат мунқасим мешавад ва дар натиҷа ҳамл гоҳе бар ваҳдати мафҳумӣ устувор мешавад монанди “инсон инсон аст” — ва ин гуна ҳамлро “ҳамли аввалӣ” меномем — ва гоҳе бар ваҳдати вуҷудӣ монанди “дарахт сабз аст” ва ин гуна ҳамлро “ҳамли шойеъ” мегӯем.

Хоссияти касрат: чунонки дар оғози мақола гуфта шуд, касрат бидуни оҳод таҳаққуқ намепазирад ва равшан аст, ки агар ҳар воҳид аз оҳод аз он роҳ, ки касратро ба вуҷуд меоварад, ҳар як аз воҳидҳои дигарро аз худ дафъ накарда ва аз он ҷудо нашуда дурӣ наҷӯяд, касрат пайдо нахоҳад шуд.

Ва аз ин рӯй бояд гуфт, яке аз хоссиятҳои касрат ғайрият (ҷуз ҳам будан) аст.

Ва дар натиҷа низ “ҳар феълияте феълиятҳои дигарро аз худ меронад”.

Ва низ аз ҳамин ҷост, ки зеҳни мо адами ҳар чизро — чунонки дар мақолаи 7 гуфтем — аз вуҷуди чизҳои дигар интизоъ мекунад; мегӯем: “Инсон дарахт нест” яъне инсон будан дарахт будан нест агарчи мумкин аст моддаи инсон сурати инсониро раҳо карда ва дар такопӯи табиии худ рӯзе ҷомаи дарахте бипӯшад. Мегӯем: “Анушервон Дориюш набуда” ва мегӯем: “Ҳар падида ва ҳар ҳодиса, ки ба вуҷуд омада аз падида ва ҳодисаи дигаре, ки ба вуҷуд омада буда ҷудо буда”.

Ва натиҷаи дигаре, ки аз баёни фавқ ба даст меояд ин аст, ки: “ваҳдати касир маҳол аст”, яъне ҳар касире аз он рӯй, ки касрат дорад, ваҳдат нахоҳад дошт, балки агар ваҳдат дошта бошад, аз роҳи дигар аст.

* * *

Тақобул ва ақсоми он

Фалосифа ғайриятро ба ду қисм: “ғайрияти зотӣ” ва “ғайрияти аразӣ” қисмат кардаанд. Ғайрияти аразӣ он аст, ки муғойирати ду чиз аз они ду чизи дигар буда ва маҷозан ба онҳо нисбат дода шавад, монанди ғайрият дар миёни ширинии асал ва сафедии гаҷ, ки ҳақиқатан ба воситаи муғойирати асал ва гаҷ пеш омада, вагарна ширинӣ ва сафедӣ бо ҳам муғойирати зотӣ надоранд ва мешавад, ки дар як ҷо монанди шакари сафед ҷамъ шаванд.

Ва ғайрияти зотӣ он аст, ки мунофот миёни ду чиз мустанад ба зоти худашон буда ва ба иқтизои худ як ҷо ҷамъ нашаванд, монанди нафю исбот. Гузаштагони фалосифа ғайрияти зотиро, ки ба истилоҳи фалсафа “тақобул” номида мешавад, чаҳор қисм қарор додаанд: таноқуз, адаму малака, тазоюф, тазодд. Гуфтаанд: амре, ки муқобил ва муғойири мавҷуди мафрузе аст; ё адами он аст ва ё мавҷуди дигаре аст, ва дар сурати аввалӣ ё миёни мавҷуд ва адами он мавзӯе мафруз нест, монанди вуҷуди чизе ва адами вуҷуд он, ва он тақобул “таноқуз” аст, чунонки гуфта шавад: “Инсон мавҷуд аст”, “Инсон мавҷуд нест”. Ва ё миёни мавҷуд ва адами он, мавзӯи муштараке аст монанди биноӣ ва нобиноии инсон, ки “инсон” мавзӯи муштаракашон мебошад, ва он тақобул “адаму малака” аст. Дар сурати дуввумӣ, ду мавҷуди мутақобили мафруз ё тасаввури ҳар кадом мутаваққиф ба тасаввури дигарӣ аст монанди боло ва поин, бародар ва бародар, ва ин тақобул “тазоюф” аст. Ва ё тасаввури яке мутаваққиф ба тасаввури дигарӣ нест монанди сиёҳӣ ва сафедӣ, ва ин тақобул “тазодд” мебошад. (Пайваста тақобул миёни ду чиз бояд бошад, на бештар. Дар таноқуз ҳеч чизи мафрузе аз нақизайн холӣ нест. Дар адаму малака мумкин аст ҳар ду тараф аз хориҷ рафъ шаванд, чунонки девор на биноӣ дорад ва на нобиноӣ, вале мутаноқизайн ин гуна нестанд, ҳарчи фарз шавад ё дарахт аст ва ё дарахт нест. Мутазоифон пайваста дар вуҷуду адам ва имкону феълият мутакофӣ ва баробаранд, ҳар ду бо ҳам мавҷуд мешаванд ва бо ҳам маъдум, ва ҳар ду бо ҳам феълият пайдо мекунанд ё имкон. Мутазоддон бояд мавзӯи шахсӣ дошта бошанд ва бояд дар ҷинси наздик ширкат дошта ва ниҳояти дурӣ аз ҳам гузинанд. Инҳо ва ҷуз онҳо масоиле аст, ки тавзеҳ ва бурҳони онҳоро аз китобҳои муфассал бояд ҷуст).

Дар инҷо ду нуктаи зеринро тазаккур медиҳем:

Нуктаи 1: Чунонки аз тақсими тақобул, ки зикр шуд равшан аст, ниёгони фалсафа тақобулро танҳо миёни ду мавҷуд нагирифтаанд (дар ҳоле, ки муносиб ҳамин буд) ва аз ин рӯй ду тақобул: таноқуз ва адаму малака низ пайдо шудааст, вале агар мо хоста бошем чунин коре кунем, бояд нахуст таноқузро канор гузошт ва дуввум адамро дар тақобули адаму малака аз ин рӯй, ки васфи мавҷуд буда ва баҳра аз вуҷуд дорад дохили мавҷудот шумурда ва тақсиме аз нав бунёд бигузорем;

Нуктаи 2: Мо ваҳдат ва касратеро, ки дар миёни мавҷудот ба воситаи баҳсе, ки дар ин мақола гузашт устувор сохта ва ба баррасии аҳкоми онҳо пардохтем, аз назари моҳиятҳост, ки бо либоси вуҷуд мулаббас мешаванд, вагарна агар аз ин рӯй назар кунем, ки воқеияти хориҷ як ҳақиқат беш нест ва он ҳақиқат вуҷуд мебошад, дар хориҷ ҳар касрат, ки фарз шавад, ба сӯи ваҳдат бармегардад ва касрате, ки ба ваҳдат барнагардад надорем чунонки дар мақолаи 7 ишора шуд.

Масоиле, ки дар ин мақола ба субут расид, ба қарори зер мебошад:

1) Ду сифати умумӣ ба номи “ваҳдат” ва “касрат” дар хориҷ дорем;

2) Ваҳдат ва касрат мунқасим мешаванд ба шахсӣ ва куллӣ;

3) Ваҳдат ва касрат мунқасиманд ба басит ва мураккаб;

4) Ҳақиқати ҳамл, ваҳдате аст, ки бар касрат устувор мебошад;

5) Яке аз хоссиятҳои касрат ғайрият аст;

6) Ҳар феълияте феълиятҳои дигарро аз худ меронад;

7) Ваҳдати касир маҳол аст;

8) Ғайрият мунқасим аст ба зотӣ (тақобул) ва аразӣ;

9) Тақобулро фалосифа чаҳор қисм кардаанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: