Перейти к содержимому

Чин вуруди донишомӯзони мусалмон ба масоҷидро мамнӯъ кард

Бархе расонаҳои маҳаллии Чин эълом карданд, ки давлати Чин дар манотиқи мусалмоннишини ин кишвар вуруди донишомӯзони мусалмон ба масоҷидро мамнӯъ кард.

Рӯзномаи Global Times дар ин замина навишт, ки ин тасмим дар бахшномае омадааст, ки давлат барои ҳамаи дабиристонҳо ва мадориси ибтидоӣ фиристода.

Ин рӯзнома дар идома навишт: “Дар ин бахшнома, давлати Чин таъкид кардааст, ки мадорис бояд ба донишомӯзон дастур диҳанд, ки ба марокизи динӣ барои анҷоми фаъолиятҳои динӣ ё ба мадориси омӯзиши дин ё марокизи динии тиловати Қуръон рафту омад накунанд.”

Пеш аз ин низ Созмони омӯзиш ва парвариши Чин дар майи 2016 тайи бахшномае таъкид кард, ки “ҳамаи фаъолиятҳои динӣ дар мадорис мамнӯъ аст” ва ин мамнӯъият дар пайи интишори видеое аз як духтарбачча, ки Қуръон тиловат мекард, содир шуд.

Ин иқдоми ҷадиди Чин аз ҷумлаи тадобири ҷадид барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар ин кишвар аст агарчи қонуни асосии Чин озодии боварҳои диниро тазмин кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: