Шарҳи Маснавӣ (241)

Нолидани сутуни ҳаннона чун барои пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам минбар сохтанд, ки ҷамоат анбӯҳ шуд, гуфтанд: мо рӯйи мубораки туро ба ҳангоми ваъз намебинем ва шунидани Расулу саҳоба он ноларо ва суолу ҷавоби Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам бо сутун, сареҳ (1)

* * *

Сутуни ҳаннона (нолакунанда) сутуне будааст аз дарахти хурмо ё чизи дигар, ки ҳазрати Расули Акрам (с) дар масҷид бад-он такя медод ва хитоба ва мавъиза менамуд. Баъдҳо барои он ҳазрат минбаре сохтанд, ки з-он пас аз болои он сухан мегуфт. Дар натиҷа он сутун ба ҷиҳати дур шудан аз он ҳазрат, ба нолаву ҳанин пардохт ва аз ин ҳиҷрону ҷудоӣ ба фиғон омад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.646)

Ин достон маъруф аст ва дар бештари манобеи ривоии исломӣ омада. Бухорӣ аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ривоят мекунад:

كَانَ جِذْعٌ يَقُومُ إِلَيْهِ النَّبِيُّ (ص)، فَلَمَّا وُضِعَ لَهُ الْمِنْبَرُ، سَمِعْنَا لِلْجِذْعِ مِثْلَ أَصْوَاتِ الْعِشَارِ، حَتَّى نَزَلَ النَّبِيُّ (ص) فَوَضَعَ يَدَهُ عَلَيْهِ

Расули Худо (с) дар ибтидо бар танаи дарахте такя мекард ва хутба мехонд, вале пас аз ин ки барои он ҳазрат (с) минбаре сохтанд, он танаи дарахт (ки дигар мавриди истифода қарор намегирифт) ба оҳу нола даромад ва монанди шутури обистан менолид, то ин ки Расули Худо (с) аз минбар поин омад ва дасти муборакашро чиҳати тасаллӣ бар рӯи он кашид.”

Мавлоно бо зикри ин ривоят, дар садади исботи ин ҳақиқат аст, ки ҷамодоту наботот низ дорои нутқу дарку ҳаётанд, мунтаҳо ку он гӯшу диле, ки ин розро дарёбад?

Устуни ҳаннона аз ҳаҷри Расул

Нола мезад ҳамчу арбоби ъуқул.

Сутуни ҳаннона аз фироқу ҳиҷрони Расули Худо (с) ҳамчун соҳибони ақлу хирад нола мекард.

Ҳаннона: нолакунанда. Ҳаҷр: ҳиҷрон ва дурӣ.

Гуфт Пайғамбар: чӣ хоҳӣ, эй сутун!

Гуфт: ҷонам аз фироқат гашт хун.

Паёмбар (с) ба он сутун гуфт: чӣ мехоҳӣ? Он сутун ба ҳазрати Паёмбар (с) гуфт: ҷону дилам аз дурӣ ва фироқи ту хунин гаштааст.

Маснадат ман будам, аз ман тохтӣ,

Бар сари минбар ту маснад сохтӣ?

Ман ба гоҳи ваъзу хитоба такягоҳат будам, ки маро раҳо кардӣ ва фарози минбарро ҷойгоҳи худ қарор додӣ.

Маснад: такягоҳ.

Гуфт: хоҳӣ, ки туро нахле кунанд,

Шарқиву ғарбӣ зи ту мева чинанд?

Паёмбар (с) фармуд: ҳол, ки нолаи ту ба хотири ман аст, оё майл дорӣ, ки ба подоши ин кор туро ба сурати нахле сарсабз дароварам ва мардуми ховару бохтар аз ту мева бичинанд?

Ё дар он олам туро сарве кунад,

То тару тоза бимонӣ то абад?

Ё ин ки дар олами маъно ва ҳақиқат туро ба сурати сарве дароварад, ки то абад тару тоза бошӣ?

Гуфт: он хоҳам, ки доим шуд бақош,

Бишнав, эй ғофил, кам аз чӯбе мабош.

Аммо сутуни ҳаннона дар ҷавоб гуфт: чизеро хоҳонам, ки бақои он ҷовидонӣ бошад. Ҳол, эй инсони ғофил! Ин гуфторро бишнав ва ба худ биё ва аз чӯб камтар мабош!

Нукта: Он чӯб бо ҳамаи чӯб буданаш фаҳмид, ки уқбо бар дунё арҷаҳ аст ва онро баргузид. Эй инсон! Ту аз чӯб чӯбтарӣ, ки дунёро бар уқбо тарҷеҳ додаӣ? (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.647)

Он сутунро дафн кард андар замин,

То чу мардум ҳашр гардад явми дин.

Он сутунро ҳазрати Паёмбар (с) дар замин дафн кард, то дар рӯзи растохез монанди дигар мардум маҳшур шавад.

Явми дин: рӯзи растохез.

Нукта: Мутобиқи бархе аз ривоёт, ҳазрати Паёмбар (с) он сутунро дар хок нуҳуфт ва ё дар сақфи масҷид қарор дод. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.4, с.836)

То бидонӣ ҳар киро Яздон бихонд,

Аз ҳама кори ҷаҳон бекор монд.

То ин нуктаро бидонӣ, ки ҳар касро Ҳақ Таъоло ба сӯи худ бихонад ва даъват кунад, ӯ аз ҳамаи умури дунявӣ даст мешӯяд ва фақат ба тоати Ҳақ меандешад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: